Барои як эҳтиёҷ, як хоста аз доштаҳое, ки дорему яке дигар орзуяш мекунад, мемонем. Аз дунболи хушҳоливу маънои зиндагӣ овораву саргардон ба ҳар ҷодаву пайроҳа ворид шуда, дар чорроҳаи зиндагӣ раҳгум мезанем. Он яке хушбахтиро дар оилаи хуб доштан мебинад, дигаре дар пул, сеюмӣ – дар саломатӣ.

Ҳар он чизе, ки ба инсон намерасад, вай асоси хушбахтӣ мешавад. Вақте солимем, парвои бадани худ намекунему овораву саргардон аз паси хостаи дигар медавем ва афсӯс мехӯрем, ки ба даст наметавонем овардан. Дар нимароҳ саломатиро аз даст медиҳему хостаи мо сиҳат будан мешавад ва орзуи дар аввали ҷода будан мекунем.

Хонавода хостаи бузургтарини ҳар яке аст. На пулу на мол метавонад хонаводаро як ҷой нигоҳ дорад. Шояд пул метавонад, гӯед, аммо рӯзе он тамом хоҳад шуд. Ва ин хонаводаи бо пул нигоҳдошта пароканда хоҳад гашт.

Асоси хушбахтӣ барои ҳар яке ҳар хел аст. Фақир эҳтиёҷ ба пул дорад, то бой гардад. Бемор эҳтиёҷ ба саломатӣ дорад, то ба зиндагӣ идома бахшад. Бефарзанд эҳтиёҷ ба фарзанд дорад. Ятим эҳтиёҷ ба навозиши модар дорад. Нобино хостаи бинои дораду  маъюб орзуи давидан.

Баъзеҳо пул асоси хушбахтӣ нест, мегӯянд. Баъзеи дигар асоси хушбахтӣ медонанд. Ҳарду худ на пул доранду на хушбахтӣ. Вақте пул дорӣ, эҳтиёҷ ба хушбахтӣ мекунӣ, ба навозишу якҷой будани оила талош меварзӣ, вақте пул надорӣ, эҳтиёҷ ба ёфтани ҷои кор мекунӣ, то пул ба даст орӣ. Ҳар яке эҳтиёҷ ба чизе дорад ва ҳар яке асоси хушбахтияшро дар он чизе ки надорад, мебинад.

Қонеъ кардани нафси худ душвор аст магар? Вақте гуруснаӣ, бароят ҳама чиз беҳамтову болаззату беҳтарин аст. Вақте серӣ, ин хӯрок хунук асту намак надорад ва нон қоқ аст, хоҳӣ гуфт.

Ҷавоне ки дар кӯи ишқ афтодааст, асоси хушбахтияшро танҳо дар як чиз медонад, он ҳам ба маъшуқааш расидан. Дар хобу хаёлаш симои дилдодааш асту дар рӯъёҳояш худро бо ӯ як ҷой дар байни лолазорон, канори рӯдҳо мебинад. Хонавода гоҳ – гоҳ ба ёди ҷавон мезанад, аммо дар он ҳолат талошаш танҳо аз баҳри наздикӣ ба ҷавондухтарест, ки дӯсташ медорад, машғул аст. Гӯё барои ӯ агар бо он духтар бирасад, тамоми хушбахтиаш ҳамон хоҳад буд.

Ғариби дур аз ватан афтода барояш ватан аз ҳар дороӣ болосту дар ёду хаёлаш хоку хори ватан беҳтар аз гулу боғи чамани дигар макон метобад. Аммо баъзеҳо дар дохил васфи берун мекунанду дар берун ёди ватан.

Навҷавоне, ки мактабро хатм кардаасту мехоҳад ба донишгоҳ қабул шавад, хостаи вай он аст, ки ҷавоби СМС-и аз ММТ меомада чунин бошад:  “Шумо аз рӯи ихтисоси … роҳ ёфтед”. То ин вақт донишҷуй шудан хоста буд, баъди ин, ҷои кор ёфтан эҳтиёҷ мешавад.

Шахсе, ки дар назди об аст, на фикри ташнагӣ мекунаду на ба қадри об мерасад, чун эҳтиёҷ надорад. Вақте дорӣ, беғамӣ. Онҳое, ки дар қитъаи беоб зиндагӣ мекунанд,  барояшон қатраи об бузургтар аз ганҷи Қорун меистад. Обҳои бороне, ки аз осмон ба замин меборанд, барояшон арзиш дорад. Он рӯз ид асту хурсандӣ. Кӯлмакчаҳои об ба монанди баҳре ба назар метобанд. Онҳо ба об эҳтиёҷ доранду ба қадри об мерасанд. Ба гуфте, то азоб накашӣ, ба қадри чизе намерасӣ, чунки ки дошта бепарвову надошта дар кӯю саҳро – овора.

Нақлиёте, ки аз оҳанпора сохта шудааст, эҳтиёҷ ба бензин дораду ронанда эҳтиёҷ ба пул. Бензин гарон асту мошин норавон. Бензин ҳаракат сӯи боло дорад, сабабаш чист? Чун мо чоҳи нафткашӣ надорем, то сӯзишворӣ аз қаъри замин фаввора занад. Гар нархи бензин поён равад ҳам, эҳтиёҷи калон дар қалби ронанда манзил карда, барои ин намешавад роҳкиро поён.

Замини пахта эҳтиёҷ ба деҳқони асил дорад. Вале пахта дар ватанамон ғунучин мешаваду  истеҳсоли либос дар  Хитой. Эҳтиёҷ ба либос пайдо мегардаду хостаи дигарон бароварда. Аз мо як гирифтаву бармо ду медода.

Кӯдаке, ки   овора аст, эҳтиёҷ ба сарпаноҳу хостори оғӯши модар, либоси гарму хӯроки болаззат ва болини нарм аст. Он кӯдаке, ки ин ҳамаро дорад, хоҳиши бузургтару ҳақи интихоб дорад. Яке дар ҳасрату дигар ношукр.

Раиси ҷамоат, орзуи раиси шаҳр шудан дораду раиси шаҳр хостгори раиси вилоят. Ҳамин гуна ин ба дигаре хостгор асту аз вазифаи худ норозӣ, яъне ҳар мақоме, ки дорӣ, орзуи яке дигар ҳаст, ки дар ҷои ту будан мехоҳад.

Аз ин ҳама дидаҳову хулоса карданҳо ҳар яке эҳтиёҷу хоҳише доштаасту дорад ва барои ин талош мекунад то охири умр. Ҳарчанд ба чизе расида бошӣ, боз хостаи бузургтар пайдо мешаваду эҳтиёҷ зиёд мегардад. Агар ба асос нигарем, ҳама талош барои қонеъ кардани нафс аст. Инсон шукр аз буда бояд кунад, ки ин буда шояд дар ҷои нобуда нест ва орзуи ҳар яки онҳост.

Шаҳзод Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь