Чӣ гуна Тоҷикистон рушди истеъдодҳо ва маҳоратҳои бонувонро ташвиқ менамояд?

Тоҷикистон кишвари посдорандаи анъанаи хонаводагӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ модарони серфарзанд соҳиби иззату эҳтироми бузурги давлату ҷамъият ҳастанд. Занон метавонанд озодона фаъолияти ояндаи худро интихоб кунанд, мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол намоянд ва ба тиҷорат машғул шаванд. (Аз рӯйи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон занон низ чун мардон метавонанд, ба дилхоҳ тиҷорат машғул шаванд). Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар замони истиқлолият дар Тоҷикистон бисёр духтарони номдори Ватан – олимон, санъаткорон, варзишгарон ба камол расиданд.

БО ИБТИКОРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ СОЛИ 2009 8-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ҲАМЧУН РӮЗИ МОДАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД.

Модаронро дар ҳама ҷо эҳтиром мекунем

Унвони «Қаҳрамон – модар» ва ордени «Қаҳрамон – модар» дар Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) 8-уми июли соли 1944 таъсис дода шуд. Тибқи қонун ба модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд кардаанд, ин унвон дода мешуд. Ҳангоми додани унвон кӯдаконеро, ки модарон ба фарзандӣ (фарзандхондӣ) қабул карда буданд, низ ба назар мегирифтанд. Дар тӯли 40 сол аз замони тасвиби унвони “Қаҳрамон – модар” беш аз 750 ҳазор нафар бо ин унвон сарфароз шудаанд.

УНВОНИ «ҚАҲРАМОН – МОДАР» ДАР ИҶШС 8-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1944 ТАЪСИС ЁФТААСТ.

Дар моддаи 35-и Кодекси манзили Тоҷикистон омадааст, заноне, ки дар як вақт се ва зиёда аз он фарзанд таваллуд кардаанд, ба таври ғайринавбатӣ бо манзил таъмин карда мешаванд. Заноне, ки 5 ва зиёда аз он фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия кардаанд, ҳангоми доштани собиқаи суғуртавии на кам аз 240 моҳ, ҳуқуқ доранд на аз синни 58-солагӣ, балки дар синни 53-солагӣ ба нафақа бароянд.

Барои занон кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ, кӯмакпулии яквақта барои таваллуди кӯдак; кӯмакпулӣ барои нигоҳубини фарзанд то синни 1,5-солагӣ пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистон унвони «Қаҳрамон – модар» ҳанӯз нест.

Вале дар ҳамин ҳол, дар Русия соли гузашта Владимир Путин аз ғояи эҳёи унвони фахрии «Қаҳрамон-модар» пуштибонӣ карда буд. Путин дар ин бора чунин гуфт: «Барои медал ба оилаҳои серфарзанд — 200 ҳазор рубл, барои ордени «Шарафи падару модар» — 500 ҳазор рубл, барои «Каҳрамон – модар» — 1 миллион рубл кӯмакпулии яквақта муқаррар карда шавад».

ДАР ТОҶИКИСТОН  ИЗДИВОҶИ ОМЕХТА КАМ НЕСТ. ОНҲОЕ, КИ БАРОИ КОР БА РУСИЯ МЕРАВАНД, БО ЗАНҲОИ РУС ОИЛА БАРПО МЕКУНАНД.

Бонувон дар тиҷорат

Тоҷикистон рейтинги худро дар Индекси занон, тиҷорат ва ҳуқуқ баланд бардошта, аз Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пеш гузашт.

Тибқи гузориши охирини Индекси занонтиҷорат ва ҳуқуқи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2022, Тоҷикистон метавонад ислоҳоти минбаъдаро барои беҳбудии баробарҳуқуқии занон дар бахшҳои гуногун, ба  монанди тасмими занон дар бораи ба кор баромадан, музди меҳнат, фаъолияти пас аз таваллуд ва миқдори нафақа баррасӣ кунад.

ТО 1-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2023 ДАР ТОҶИКИСТОН 345000 СОҲИБКОР БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААНД, КИ АЗ ИН 80000 НАФАРАШОНРО ЗАНҲО ТАШКИЛ МЕДИҲАНД.

Барои боз ҳам беҳтар кардани аҳволу мавқеи занон дар тиҷорат бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон барномаи “Рушди соҳибкорӣ дар байни занон то соли 2030” таҳия карда мешавад. Ин барнома ба тавсеаи ҳузури занон дар рушди саноати сабук равона карда мешавад. Дар баробари ин, айни ҳол, занони соҳибкори муваффақи Тоҷикистон дар бахшҳои кишоварзӣ, сохтмон, хидматрасонӣ, сайёҳӣ, қаннодӣ ва ҳунармандӣ машғули кор ҳастанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ташкилотҳои қарзӣ барои занон қарзҳои бе гарави амволи ғайриманқул ва собиқаи расмии қарзиро ҷорӣ кунанд. Инчунин, оид ба саводнокии молиявӣ ва рақамӣ, сарварӣ ва ташкили тиҷорат тренингҳо гузаронида шаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолияти занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои онҳо курсҳои махсуси тайёр кардани занони роҳбар ташкил мекунад.

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ ҳамчун бизнес-инкубатор баромад карда, ба занони соҳибкори навкор ёрӣ мерасонанд.

Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон барои омӯзиши занон оиди соҳибкорӣ, ки дар вазъияти душвор қарор доранд, таъсис дода шудааст. Имрӯз яке аз ташаббусҳое, ки ин ниҳод ба роҳ мондааст, ҷоизаи ҳарсолаи «Фараҳ» барои муваффақият дар тиҷорат мебошад. Дар озмун танҳо занон иштирок карда метавонанд.

Фирӯза Носирова, муаллифи барномаи соҳибкории занон дар Тоҷикистон, тренер дар бахши мудирияти кадрҳо ва тиҷорат, низ ба таълими бонувон машғул аст: «Танҳо шахси боғурур метавонад соҳибкор бошад. Ва ман мебинам, ки занон аз паи орзуҳои худ мераванд. Барои онҳо тиҷорат на танҳо воситаи ғанисозӣ, балки имкони беҳтар кардани муҳити атроф аст. Ин ба манфиати ҳама мебошад».

Фирӯза тавассути чунин курсҳо иқтидори занонро инкишоф дода, чорабиниҳои васеъро баргузор менамояд, аз ҷумла форуми «Ман» ва “Менторинг” барои занони соҳибкор, Клуби занони муваффақ, Ҷоизаи «100 зани бузурги Тоҷикистон» ва ғайра.

“Форуми “Ман”- ин майдонест, ки танҳо барои занҳо сохта шудааст. Пас аз 4 соли баргузорӣ он ба макони вохӯрии на танҳо бонувон, балки мардону наврасон низ табдил ёфтааст. Дар натиҷа лоиҳаи «Мани дигар» пайдо шуд, ки боиси тағйир ёфтани ҳаёти бисёре аз занон гардид», – қайд мекунад Фирӯза Носирова.

«РОСТАШРО ГӮЯМ, БАРОИ МАН ИФОДА КАРДАНИ ЭҲСОСОТИ ХУД НИСБАТ БА ФОРУМ ДУШВОР ГАРДИДААСТ, ҲАРФҲОЯМ ДАР СЕНАРИЯИ ҲАР ЯК ФОРУМ САДО МЕДИҲАНД. ДАР ҲАР ЯК СУРУД, ДАР СУХАНИ ҲАР ЯК НОТИҚ, ДАР ҲАР САТР МУҲИМТАРИН ВОЖАҲОЕ ҲАСТАНД, КИ АЗ УМҚИ ДИЛ МЕБАРОЯНД” – ФИРӮЗА НОСИРОВА.

Ин лоиҳаҳо ба пешбурди таҳсилоти тиҷоратӣ, инчунин, ба манфиати рушди иқтисодиёт ва шарикии босамар бо кишварҳои дигар хидмат мекунанд.

Ифтихори мо

Дар Тоҷикистон ва Русия бонувони тоҷикро, ки дар таҳкими робитаҳои байни халқҳо саҳм гузоштаанд, хуб мешиносанд ва қадр мекунанд, аз ҷумла балерина Малика Собирова, чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова, ситорашинос Светлана Герасименко, беҳтарин мутахассиси соҳаи акушерӣ ва гинекологии ИҶШС ва тамоми ҷаҳон Софя Ҳакимова ва дигарон.

Малика Собирова дар 9-солагиаш ба Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград ба номи А. Ваганова рафта буд. Гарчӣ таҳсил дар ин омӯзишгоҳ ройгон буд, вале талаботҳои хеле баланд ва сангин дошт. Ба ғайр аз барномаи таълимии умумӣ онҳо мусиқӣ, балет ва санъатро  меомӯхтанд. Дар соли дуюми таҳсил Малика нақши “Машаи хурдакак”-ро дар балети «Шелкунчик» бомуваффақият иҷро кард. Малика ҳангоми хатмкунанда буданаш аз балети «Зебосанами хобида» қисми «Аврора» ва нақши “Машаи бузургшуда”-ро аз балети «Шелкунчик» иҷро кард.

Дуэти Малика ва шарики ӯ ва баъдан шавҳараш Музаффар Бурҳонов ба онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Онҳо сазовори унвони ҳунармандони хизматнишондода ва баъд Ҳунарманди  халқии Тоҷикистон гардиданд. Вақте ки Малика дар Москва баромад мекард, чиптаҳо хеле пеш аз оғози намоишнома тамом мешуданд. Дар бисёр мамлакатҳои дигари ҷаҳон низ ҳамин тавр буд. Дар ибтидои солҳои 70-ум Малика Собирова ба унвони Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС сарфароз гардид. Моҳи феврали соли 1982 Малика аз олам гузашт. Аз вафоти ин ҳунарманди маҳбуб тамоми мардуми ИҶШС андӯҳгин гардид ва то ба ҳанӯз дар ин мамалакатҳо ӯро бо некӣ ёд мекунанд.

Софя Ҳакимова олими тоҷик аст, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф гардида, ғанитарин дониш ва таҷрибаи риштаи акушерӣ, гинекология ва илмҳои ба он алоқамандро дар кори бунёдӣ ҷамъбаст кардааст.

Софя Ҳакимова муаллифи теъдоди зиёди мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 10 монография, 4 дастур ва зиёда аз 100 маводҳои илмии дигар мебошад. Вай бо унвони Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, бо орденҳои Ленин, «Нишони Фахрӣ», «Дӯстии халқҳо» ва дигар орденҳо мукофотонида шудааст. Софя Ҳафизовна аввалин ва ягона зани пизишк аз Осиёи Миёна мебошад, ки узви Академияи илмҳои тиббии ИҶШС интихоб шудааст.

Светлана Герасименко – ситорашиноси Шӯравӣ аз Тоҷикистон ва кашфкунандаи ситораи думдори Чурюмов-Герасименко. Моҳи сентябри соли 1969 ӯ ҳамроҳи корманди расадхонаи асосии астрономии Академияи илмҳо Клим Чурюмов ҳангоми мушоҳидаи кометаи Комас-Сола кометаи дигарро кашф кард, ки он номи кашфкунандагон — Кометаи Чурюмов-Герасименкоро ба худ гирифт.

Соли 1973 бо даъвати Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон ба Душанбе омада, то охири умр дар ин ҷо монд. Астероиди № 3945, ки соли 1982 аз ҷониби Николай Черних кашф шудааст, низ ба номи Светлана Герасименко гузошта шудааст.

Зебинисо Рустамова – Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС. Чемпиони ҷаҳон дар мусобиқаи инфиродӣ ва даставӣ оид ба камонварӣ дар соли 1975, қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқоти даставӣ дар солҳои 1985 ва 1987, дорандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпиадаи Монреал дар соли 1976, инчунин, соҳиби ҷоизаҳои зиёди Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Дар Тоҷикистони занони номдор зиёданд, ки дар байни онҳо ин варзишгаронро низ метавон қайд кард:

Мавзуна Чориева. Аввалин зани муштзани тоҷик, ки соҳиби медали олимпӣ гардид. Пас аз Олимпиада Мавзунаро дар Тоҷикистон ҳамчун қаҳрамон истиқбол гирифтанд. Ҳоло дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Кристина Пронженко яке аз беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон мебошад. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Сабина Тюряева қаҳрамони даҳкаратаи Осиё ва секаратаи ҷаҳон оид ба таэквондо мебошад.

Нодира Исоева яке аз беҳтарин намояндагони дастаи занонаи таэквондо аст. Соҳиби бисёр ҷоизаҳои байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон бонувон метавонанд озодона ба тиҷорат, варзиш, илм ва санъат машғул шаванд. Коршиносон мегӯянд, ки ҳоло занони Тоҷикистон, дар муқоиса бо вазъе, ки даҳ сол пеш доштанд, хеле кам ба маҳдудиятҳои қонунӣ рӯбарӯяд.

Анна Мирзоева

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь