Ба муносибати Рӯзи модарону бонувон!

(Нигоштаҳои мазкур ба шодравон модари 80-солаи меҳрубону дилсӯз Хонумаҷон, ки чанд лаҳза пеш аз маргашон ба фарзанди дилбанду навидофари улуми тибби хеш Муллоғоиб Машрабов ва дигар фарзандон вопасин дуо додан, бахшида мешавад)

“Ҳеҷ чиз ба андозаи дидани як модар вақте, ки тифлашро дар оғуш дорад, рӯҳпарвар нест ва ҳеҷ чиз ҳисси эҳтироми ситоиши моро ба қадри ҳолати Модаре, ки кӯдаконаш ӯро иҳота кардаанд, бедор намекунад”.

Файласуфи ҷаҳонӣ Ҳиёте

Тифлию домони Модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.

Саъдӣ

Модаро, чун хоб дидам, ман тypo вақти саҳар,

Эй ту гуфтӣ, хоб мондӣ, хез аз хобат писар!

Шарифи Гулзод

Рӯзи бисту панҷуми феврали соли равон буд. Зери резаборони найсонии даромади аввали баҳор, оҳиста – оҳиста қадамзанон роҳ сӯи махзани дониш, Китобхонаи миллии Тоҷикистон омадам, то вопасин дуои модарро дар ин ҷо қаламфасо бошам…

Раҳо – раҳ, лаҳзае дар зери маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ сукут варзида, худ ба худ гӯфтам:

“Эй Худованди Бузурги олам! Чунин абармардони дунёро охир Модар офаридааст, ки боиси ифтихори миллату Ватанамон гардидаанду мо зи онҳо ифтихору сарбаландем…”.

Бо гузашти рӯзорон, замоне ба қадри модар мерасидаем, ки аллакай дер шудааст…

Зеро модаре, ки ҷавонию хастиашро барои ба воя расонидани фарзандони хеш бахшидааст, гӯё рисолаташро ба анҷом расонида бошад, ки дигар ба пӯшидани пироҳанҳои рангорангу хӯрокаҳои лазиз рағбате надорад…

Имрӯз агар имкон бароям даст медод, ки модар дар қайди ҳаёт мебуданд, ҳамаи ҳастию дороиямро ба хотири лаҳзаи ашки ҳасраташон мебахшидам, вале афсусу афсус…

Пеш аз он, ки вопасин дуои модари кашшофи улуми тибб Муллоғоиб Машрабовро қаламфарсоӣ намоям, лаҳзаи “Ашки ҳасрати модар”-и хешро, ки чандин сол пеш, дар давраҳои донишҷӯиям аз cap гузашта буд, барои мутолеагарони закиву хирадманд пешкаш намоям, зеро он аз манфиат холӣ нест ва баъдан идомагари вопасин дуои модар бошам…

Ашки ҳасрати модар

Ашки модар чун ба ёдам мерасад,

Чашми гирёнаш ба додам мерасад.

Нолаҳояш ҷовидон дар ёди ман,

Ҳамчу гоҳе хайрбодам мерасад.

Лутфи ӯ буд чашмаи умри ҷавон,

Лутфҳояш умрбодам мерасад.

Дасти ҷуди ӯ ба дастони Худо,

Навҳаҳояш мисли бодам мерасад.

Шуд Шариф аз модари ҷонаш ҷудо,

Сӯзи ёдаш бар ниҳодам мерасад.

Солҳои донишҷӯиам ба зодгоҳам деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ рафтам. Он солҳо донишҷӯёнро мардуми деҳа бениҳоят ҳурмату эҳтиром мекарданд ва баробари ба деҳа омадан тамоми хешовандон ва ҳамсояҳо ҳаққи намак мекарданд. Як дӯстам ва ҳамсинфам ба ман низ ҳаққи намак кард. Баъди аз хонаи дӯстам ба хона омадан нигоҳ кардам, ки модарам дар як гӯшаи хона нишаста хомӯшона гиря мекунанд. Аввал ба худ андешидам, ки шояд аз хурсандӣ ва сиҳату саломат ба хона омадани ман модарам ашки шодӣ мерезанд.

Вақте пурсон шудам, баъд фаҳмидам, ки ҳайҳот…

«Модарҷон, барои чӣ шумо гиря карда истодаед?».

Дар ҷавоб чунин гуфтанд: «Писарам, гӯр бар сари камбағалию нодорӣ шавад. Ба як маърака (маврид) рафтам ба ҳама дастрӯймол додану ба ман не…».

Аз ҳамон вақт ҳамин қадар, ки ман модарамро тасалло кардам, нашуд ва то охири умр дигар ба ягон мавриду маърака нарафтанд…

Ташхиси бемории модари Муллоғоиб пеш аз марг…

Ман бо ин марди шарифу табиби ҳозиқ, Муллоғоиб Машрабов, ки шахси фозилу хирадманданд, тахминан чилу панҷ сол пеш, бо сабаби хусурам, доктори фанҳои тибб, профессор Ёров Haрзӣ Қурбонович, шиносоӣ пайдо намуда будам, зеро ки онҳо бо ҳам ҳамкурсу рафиқу ҳаммаслаканд…

Агар хато накунам моҳи декабри соли 1985-ум буд. Саломатиам бад шуду назди падарарусам улуми тибб Ёров Haрзӣ Қурбонович барои ташхиси бемориам сӯи шифохонаи шаҳраки тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон раҳсипор гардидаам.

Ҳинни вориди ин шаҳраки тиббӣ гардиданам, дар дасти шифокор Муллоғоиб аробачаи тиббиеро дидам, ки дар дохили аробача, беморе нолиш дораду интизори имдоду мадади табибон аст. Зуд аз табиб Муллоғоиб пурсон шудам, ки духтурҷон ба хайр аст, ҷавобан изҳор намуданд, ки Шарифҷон модар бемору паси ташхисашон тахминан муайян намудем, ки рӯдаи дувоздаҳангуштаашон захмдору шояд нишонаҳои бемории саратон бошаду бо ҳамроҳии табиб, ҷарроҳӣ чиррадаст Шодибой Амонов маслиҳат намуда истодаем, ки ҷарроҳӣ кунем ё на?!

Дар ин асно улуми тибб Ёров Нарзӣ Қурбонович ногаҳон наздамон омада, ин ҳолатро шунидаву дида, пурсон шуданд ва ба ҳамкурсашон Муллоғоиб тавсия доданд, ки модарро баро ташхис ба назди идораи кории ман баред, то ки мо бо ҳам санҷиш намоему пасон ба хулосае оем, ки ҷарроҳӣ кунем ё на гуфтанду боз таъкид намуданд, ки пас аз даҳ дақиқа меоям.

Мо ҳамроҳи Муллоғоиб модари беморро назди идораи кории профессор Нарзӣ Қурбонович овардем. Баъди даҳ дақиқа доктори фанҳои тибб профессор Ёров Haрзӣ Қурбонович омада, модари табиби ҳозиқ Муллоғоибро якҷоя ташхис намуда, бо ҳам ба хулосае омаданд, ки модарро ҷарроҳӣ накарда, ба воситаи сӯзандору табобатгар бошем.

Паси гусели табиб Муллоғоиб ва модари беморашон, баъдан хусурам маро ташхис намуда, гуфтанд, ки домоди шумо ба бемории куррӯда гирифтор гардидеду шуморо ҳатман ҷарроҳӣ намудан даркор…!

Чунин буд ташхиси бемории модарии табиби ҳозиқ Муллоғоиб Машрабов…

Вопасин дуои Модар

Модаро он дуоят, вопасин буд муътабар,

То қиёмат мебарем мо ин, дуоят босамар.

Шарифи Гулзод

Зиндагӣ ва марг зояндаи якдигаранд, яке дигареро дар пай дорад. Ҳамаи мо нағз медонем, ки тамоми мавҷудоти олами зинда дер ё зуд фанопазираст. Аммо дар вуҷуди инсон марг аст ва чун фурсат фаро расад, инсон ин ҷаҳонро тарк мекунад ва руҳан ба олами бекарон – Худованд мепайвандад…

Вале инсони огаҳ аз худу Худо, аз ин хавф эмин аст ва ӯ амали худро дар зиндагии заминӣ возеҳан дарк карда, яъне гуноҳу савоби хешро дар тарозуи адолату хирад бар кашида, ба Кирдигор шукргӯзор мебошад…

Модари табиби ҳозиқ Муллоғоиб аз зумраи чунин заноҳое буданд, ки дар зиндагӣ адлу хиради худро дар тарозуи ақл баркашида ва ҳамоно аз Худованди бениҳоят меҳрубон ҳамеша шукру сипосгӯзор буданд…

Модар Хонумаҷон худ нағз медонистанд, ки аз ин бемори шифои комил ёфтан, бениҳоят вазнин аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз вазидани боди марг, намеҳаросиданд.

Худовандро шукру сипосгӯзорӣ намуда, ки бароям фарзандони солеҳу фозилу хирадманд ато фармудааст, ки ба онҳо ҳамеша саногӯӣ ҳастам…

Ҳолати бемории Модар, то вопасин дам, ҳамаи фарзандону наберагон мисли парвона, барояшон хизматгӯзор буданд.

Хусусан писари калони Муллоғоиб, ки табиби ҳозиқ буданд ҳар соату дақиқа аз бемории Модар ғофил намемонданд, зеро медонистанд, ки аз ин дард раҳоӣ ёфтани қиблагоҳ амрест муҳол…

Муллоғоиб ҳарчанд, ки табиби ҳозиқ буданд, лекин барои Модар духтури табобатии алоҳида аз шаҳраки тиббӣ оварда, модарро табобату сӯзандору мегузарониданд, то ки каме ҳам бошад беҳбудӣ ёбанд…

Бад – ин минвол қариб ду моҳ гузашту Модар рӯз ба рӯз ҳис менамуданд, ки бароям то вопасин дам рӯзу соатҳои ба шумор мондааст.

Дами марг, Модар ба фарзанди калони Муллоғоиб, ки дар болои сарашон рост истода, хизмат менамуданд, ишора карданд, ки бароям дақикаҳои ба шумор мондаасту ҳамаи фарзандонро наздам фарёд намоед, то ман ба онҳо дуо диҳам, шояд ин дуои вопасини ман дар оянда роҳбаладу мададгори онҳо бошад…

Дуои Модар

“Саратон сабзу рухатон зебо, вуҷудатон бебало бодо,

Ба ҳар ҷое қадам монед, нигаҳбонатон Худо бодо!”

– гуфтанду боз ба писарашон таъкид намуданд, ки Муллоғоиббой дастони шифобахши ту, ҷони Модар, ҳеҷ гоҳ дардро набинаду ҳамеша табобатгари мардумон бошад… Омин!

Ниҳоят паси чанд лаҳзаи вопасини дуо, Модар роҳ ба сӯи абадият намуданд. Паси вопасин дуои Модару роҳ ба сӯи абадият пайвастанашон тамоми фарзандону наберагон бо ашкони шашқатор ба Худованд муноҷот намуданд, ки Модар рӯҳашон шоду ҷояшон ҷаннат бошад!

Дар як дам хабари шуми марги модари табиби ҳозиқ Муллоғоиб ба тамоми мардуми диёр ва берун аз он паҳн гардид. Тахминан 20-уми феврали соли 1986-ум буд. Соати нӯҳи пагоҳӣ телефони хона занг зад, баробари гӯширо бардоштан Муллоғоиб бо садои ларзону гиряолуд, чунин иброз намуданд:

“Шарифҷон, модар даргузаштанду ба хусуратон Нарзӣ Қурбонович аз ин ҳолат низ хабардор намоед!”.

Ҷавобан гуфтам Муллоғоиббой худатонро ба даст гиреду аз Худованди Мутаъол илтиҷо мекунем, ки ҷои Модарро ҷаннат гардонаду руҳашонро шод кунад…

Ман зуд ба Нарзӣ Қурбонович занг зада, ҳолати воқеаро хабардор намуда, пасон роҳ сӯи таъзияхонаро пеш гирифтам. Баробари вориди таъзияхона шудан ва ба Муллоғоиб салому алейк намудан, аз дидагонашон қатраҳои булурини ашк рӯи миҷгон омаданду мисраҳои шоҳбайти устод Лоиқро, ки дар модарномаашон гуфтаанд, зери лаб зам-зама намуданд, ки онҳо ба таври зайл буданд:

Қиблагоҳам!

Модари Олипаноҳам!

Рафтаи гарчи зи дунёи дудар,

Дар сарат қарси сафед,

Дар рӯхат нури умед,

Дастҳо дар пеши бар, дар пеши дар истодаӣ,

Гӯиё дар пешвози меҳмон омадӣ,

Модарам, Модари Олипаноҳам!

Хайру хайрбодат мекунам!

Чунин буд вопасин дуои Модар.

Зиёрати Мазори Модар

Агар хато накунам, якуми марти соли 2020-ум буд. Маро ба сӯйи Хуҷанди бостонӣ ба сафари хизматӣ раҳсипор намуданд…

Бо ҷомадони сафари хизматӣ назди саристгоҳи мошинҳои Хуҷанд равон гардидам. Ҳангоми ба ин мавзеъ омадан, яке нигоҳам ба улуми тибб Муллоғоиб Машрабов афтоду мо бо ҳам салому алейки самимиву меҳрубонона намудем.

Паси пурсу поси ҳамдигар ман ба Муллоғоиб гуфтам, ки ба сафари хидматӣ сӯйи Хуҷанд роҳсипораму Шумо ба кадом тараф равон ҳастед, ҷавобан Муллоғоиб гуфтанд, ки Шарифҷон, ба зиёрати Мазори Модар суйи зодгоҳ рустои Сангистони ноҳияи Айнӣ рафта истодаам…

Бе ягон истиҳолаву дудилагӣ гуфтам, ин тавр, ки бошад, ман ҳамроҳи Шумо равонаму аз онҷо пасон ба шаҳри бостонии Хуҷанд меравам… Шумо розӣ! Муллоғоиб ҷавобан гуфтанд, ки Шарифҷон, агар чунин шавад, “Нуран ало нур” мешавад.

Сӯҳбати ширини роҳ бо ин шахси наҷибу шифокор он чунон хуб буд, ки ба рустои Сангистони ноҳияи Айнӣ омаданамонро нафаҳмидем.

Раҳо – раҳ Муллоғоиб ёдовар шуда, гуфтанд, ки Шарифҷон, ман имрӯз ба иродаву матонати бузургии Модар, нисбат ба хизмати фарзандон тан додам, ки ҳамаи хушиҳои ҷавонию нишоти ҳаёти бебозгашти худро барои ояндаву осудагии мо, тифлонашон фидо кардаанд…

Ҷавобан ба Муллоғоиб гуфтам, ки бале, бузургии Модар низ дар ҳамин аст, ки ба даргоҳи Худованд нисбати фарзандон дуо мекунанд, то ки дуои неки ӯ ба куллаи мақсуд онҳоро бирасонад…

Паси каме истироҳат дар рустои Сангистони хонаи падарии Муллоғоиб ба он кас таклиф намудам, ба зиёрати мазори Модар меравем, зеро ки ман боз ба сафари хизматӣ бояд биравам.

Муллоғоиб маро ба ҷону ҳолам намонданд, ки Шарифҷон якшаб меҳмони хонаи падариву бобия шавед. Ҷавобан гуфтам бори дигар, ки омадам, як шаб не, даҳ шаб меҳмон мешавам…

Хулоса, мо пиёда роҳ сӯйи қабристони рустои Сингистонро барои зиёрати Мазори Модар пеш гирифтем.

Ҳинни назди Мазори Модар омаданамон, якбора Муллоғоиб, ки ҳам табибу ҳам шахси фарҳангианд, мисраҳои шеърии шоир Эраҷ Мирзоро, ки барои Модарон гуфтааст, зери лаб зам – зама намуданд, ки онҳо ба ин лаҳзаи зиёрати Мазори Модар мувофиқу ба таври зайл буданд:

Модар сари қабрат омадем боз,

Бо меҳру муҳаббат омадем боз.

То мужда зи фасли гул расонем,

Гул чинему рӯйи қабр монем.

Паси дуою фотиҳа бар Мазори Модар ман бо иҷозати Муллоғоиб роҳ сӯйи Хуҷанди бостониро пеш гирифтам…

Чунин буд зиёрати Мазори Модар…

Даҳ панд ба зани Порсо

Дар ин рӯзи биҳиштосо барои он, ки хотири Модарону Бонувон ба “Вопасин дуои Модар” мушавваш нашавад, лозим донистем, “Даҳ панд ба зани Порсо”-ро ба Шумо Модарону Бонувон пешкаш намоем то мутолеагару хулосабарору хушнуди он бошед!

Даҳ панд ба зани порсо

Соли 1620 яҳудии муқими шаҳри Познан Исҳоқ бин Ал-Яқим барои духтараш китобчае навишт, ки ба зуди дар байни занони яҳудӣ машҳур шуд ва дар асри ҳабдаҳум чандин бор рӯи чопро дид.

Китоб «Дили меҳрубон» унвон дошта, дар қатори дигар матолиб даҳ панд ба зани порсоро низ дар бар мегирифт.

Боэҳтиёт бош, агар шавҳарат қаҳролуд аст, бо лабони пурханда суханҳои нарм бигӯ.

Fизояшро сари вақт муҳайё кун, гуруснагӣ зояндаи хашм аст.

Вақте, ки хоб аст, бедораш макун.

Пулҳояшро эҳтиёт кун ва харҷи худро аз ӯ пинҳон мадор.

Асрори ӯро фош макун, агар лоф занад ҳам, махфӣ нигаҳ дор.

Бо душманонаш душман ва бо дӯстонаш дӯст бош.

Гапашро ду макун ва нагӯй, ки маслиҳати ту хубтар аст.

Амали номумкинро аз ӯ интизор машав.

Агар хоҳишҳояшро бипазирӣ, ғуломат хоҳад шуд.

Сухани нофорам барояш магӯ, агар бо ӯ ҳамчун бо шоҳ рафтор кунӣ, туро шаҳбону хоҳад хонд.

Дар охир бори дигар ҳамаи модарону бонувони зебои тоҷикро ба ин рӯзи Саид муборакбод гуфта, ғазали хоксоронаеро, ки чанде пеш барои равоншод модарам ӯ модари Муллоғоиб Машрабов навиштаам ҳадя, мекунам.

Модаро, чун хоб дидам…

Модаро, чун хоб дидам ман туро вақти саҳар,

Эй ту гуфтӣ: «Хоб мондӣ, хез аз хобат писар!»

Чашмро бикшодаву ман боз дида акси ту,

Муждаҳо додӣ ба хобам сатрҳое аз гуҳар.

Оҳгӯён дарк кардам дар замирам ҷои ту,

Ашкрезон чашми ман монанди мавҷи даргузар.

О, ба ёдат модаро, ман сӯхтам, ман сӯхтам,

Ёди он лаҳни гуворо хуштар аз шаҳду шакар.

Монд дар лавҳи хаёлам акси рӯят ёдгор,

Ёдгори ҷовидонӣ монда бар ҷонам асар.

Орзу дорад, Шариф, ҳам аз Худо бори дигар,

Модаро, ойи ба хобам бо ғазал субҳи дигар.

То иди дигар дар амони Худованд бошед модарону бонувони азизу меҳрубон: Омин!

Шарифи ГУЛЗОД,

аълочии маориф, омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь