Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро,

Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро.

Ман охир рӯдҳоро раҳнамоӣ мекунам рӯзе,

Паёми об меорам ҷавори даштзоронро.

Оре, шоир чунин мисраъҳоро аз дили саршор аз ишқу ихлоси бепоён, аз муҳаббати зиёд, аз кору заҳмати хастанопазир ва аз ишқи меҳан гуфтааст.

Ишқ… Чунин як мафҳумро агар ба таври васею воқеӣ дарк кунем, пас мебинем, ки чӣ тавр он хеле фароху бекарон ва чун ин оламу ин коинот бемаҳдуд мебошад. Вақте калимаи «меҳан»-ро ба забон меорем, оё ба назар мегирем, ки ин мафҳум чун садо медиҳад?! Чӣ тавр он талаффуз мешавад? Агар содаю одӣ бошад, пас чӣ? Агар буррою пурра ифода гардад, пас чӣ?

Оре, ҷавобҳо ҳар гуна хоҳанд буд. Бовар дорам, ки иддае бо шунидани ҷавоби шахсе, ки баёни мафҳумҳои Ватану меҳан аз забону қалбашон содаю одӣ ифода мешавад, шояд норозӣ мегарданд. Чӣ тавр кас ба ин ифодаҳо бепарвоӣ мекунад?! Шояд ҷавоби дуруст онро донем, ки ифодаҳои «диёри арҷманд», «меҳани бузург», «ватани азиз», ки ҳаммаънои модари ҷонамон аст, бояд ҳатман пурифтихор, бо ғурури беандоза ва эҳсосоти гуворо чун фавворае аз дил сар ба берун кашаду ҳамагонро ба худ ҷалб кунад! Он бояд нидое, бонги бедорие бошад! Расм шудааст, ки хусусан, амалдоре, мансабдору масъуле дар тантана ё ҷашну сур барои тақвияти гуфтаҳои худ ҳатман аз сиёсатмадорони бузург, шоирони машҳури гузашта пораву байтеву шоҳбайте меоваранд. Баъзан худ аз корнамоии қаҳрамонҳо ёдовар мешавему худро қаноатманд медонем. Шояд чунин амал ё чунин ҷавоб аз таҳи дил набошад ва сард садо диҳад, зеро ба ин монанд гуфтаҳо метавонанд баъзан вақт на намунаи хуб ё олие, балки қолабе ва ё барои бархе ниқобе бошаду бо истифодаи ин қолабу парда ё зери ин ниқоб амалҳои манфуре дар нақшаҳояшон бошаду амалдоре чӣ корҳои баду зарароваре мекунад?! Мисолҳо кам нестанд, ки дар таърихи давлатдориҳо, ҳатто дар асри ХХ ва ХХI маҳз сиёсатмадорони сатҳи болоӣ ва ё хешу ақрабо ва одамони ба онҳо наздик чӣ амалҳои бузурги ришваситонию ришвагириро ба як низоми мукаммале табдил додаанду чу анкабути заҳрандоз дар маркази он ба таври ноаён худ ҷой гирифта, ба дому торҳои хеш на танҳо як соҳа, балки ҳатто чанд давлату давлатдорро афканда, корҳои худро идома медиҳанду ба назари аксарият шояд ҳамчун фариштаву поксириште намоён бошанду ҳамагон ӯро мадҳиясароӣ кунанд. Аммо чун корашон ошкор гардида, аъмоли баду сияҳашон маълум мешавад, мебинем, ки чӣ манфуре, палиде, оқипадару ватанбезору будаанду аз зумраи манқуртони ин давр будаанд ва аҷаб давроне доштанду аҷаб рӯзгоре гузарониданд! Ин «зоғҳои бадмур»-у заҳрпечакони рӯзгор шояд бо талхком кардани рӯзгори ҳазорон одам ком ширин мекарданд. Онҳо аз ватану ватандорӣ дур будаанду дур мемонанд!

Ба наздикӣ аз рӯзномаи маъруфи «Аргументы и факты» матолибе хондам ва боз бештар огоҳ шудам, ки  фарзандони аксари роҳбарони вақти давлати Шӯравӣ дар хориҷи кишвар на танҳо таҳсил кардаанду ба вақти соҳибдавлат будани падарони хеш берун аз давлат кору тиҷорат кардаанд, балки дар оянда ва то ба имрӯз зиндагӣ мекардаанд. Он ҳама шиорҳои «ватандорию ватандӯстӣ» аз забони ҳокимони вақт самимона садо намедод ва юа фарзндонашон низ меҳанпарастиро наохта буданд. Ин аст, ки чанде аз фарзандону наберагон ва наздикони роҳбарони вақти давлати паҳновари Шӯравӣ чун наберагони Лев Тротский дар Мексика, ИМА ва Исроил, ворисони Никита Хрушёв дар ИМА, духтар ва набераи Юрий Андропов дар ИМА, духтар ва набераи Леонид Брежнев дар Англия ва Амрико, духтар ва набераи Михаил Горбачёв дар Олмон ва дигар давлатҳои мухталифи Аврупои Ғарбӣ, набераи собиқ вазири корҳои  хориҷии Иттифоқи Шӯравӣ Максим Литвинов дар Шветсия, духтари Михаил Суслов – идеологи асосии ин давлати паҳновар дар Австрия зиндагӣ мекунанду тақрибан касе аз онҳо, ҳатто нияти ба зодбуми худ, ба ватани хеш баргаштанро намекунанд ва солҳо ба дидору ёру диёр ҳам наомадаанд. Чаро? Охир замони хурдсолӣ, навҷавонӣ ва ҷавониашон онҳо бо беҳтарин шароит фаро гирифта шуда, дар беҳтарин дабистону донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ таҳсил карда, ба таври комёбиовар ба кор сар карда буданд-ку?! Ягон мушкилоте ҳам надошта, дар давлату ватани худ хеле олиҷанобона зиндагӣ мекарданд-ку? Бобою падарони онҳо шахсони аввал дар давлатдорӣ буданд ва мебоист муҳаббат ба меҳан, ишқу алоқа ба Ватанро аз онҳо меомӯхтем, аммо ҳайҳот. Ҳоло ҳам ин раванд идома дорад ва нимшӯхию нимҷиддӣ худи русҳо мегӯянд, ки «Вазорати маориф ва илмро онҳое роҳбарӣ мекунанд, ки фарзандонашон дар хориҷа мехонанду масъули бахши молию иқтисод онҳое мебошанд, ки сармояи ҳангуфти хешро дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд!»

Пас, дар ин маврид ҷавоби дуруст кадом аст? Ё имрӯз низ ҳамон ҳолате идома дорад, ки ҳазрати Ҳофиз ба риққат омада, гуфта буд:

    Воизон, кин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

   Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

«Ватандорӣ ба гуфтор аст ё пиндор ё ҳарду?» Ҳангоми ба чунин гуфтаҳо рӯбарӯ шудан, ҳамин мисраъ аз ғазали маъруфи Абулқосим Лоҳутӣ пеши назар меояду он пурратар вирди забон гашта, гӯё як навъ ҷавоб ва давоми мантиқии ҳамон ғазали маъруфи Ҳофизи Шерозист, ки зикраш рафт. Аммо фосила байни ду ғазал аз 600-700 сол бештар аст ва ин хеле аҷиб аст, ки хислати хӯи инсонӣ гӯё дигар нашудааст!

Ватандорӣ! Аз мавзӯи ватану ватандорӣ дида дар адабиёти бадеии олам абадитар мавзӯе несту дигар ҳама мавзӯҳои боарзиш, ба қавли дӯстам  Ҳафиз Раҳмон: «аз қабили меҳри модар, сидқу сафою муҳаббат, дӯстиву шафқат, родмардиву сахо, ҳама реша дар хоки муқаддаси ватан доранд». Ва медонем, ки ин арзишҳо бо меҳан алоқамандӣ дошта, чунин ишқу робита аз гаҳвора оғоз меёбад. Дар ақлу ҳуши мо меҳан хеле азиз мебошаду онро хеле муқаддас медонем. Аммо боз ҳам саволҳое зиёде пайдо мешаванд, ки пас чаро иддае бо гуфтани ин мафҳумҳо боз он корҳоеро мекунанд, ки ягон заррае ба суханрониаш мувофиқат намекунад. Бар хилофи ҳама гуна ваъдаю савганд ба Президенту Ватан, сарфи назар аз волоияти қонун, ҳарчӣ метавонанд аз вазифаю мансаб, ҷоҳу мақоми хеш ва наздикӣ ба амалдорони мансабдор истифода карда, соҳаю вазоратҳои алоҳидаро фалаҷ намуда, ба диёр зиён меоранд. Дар хориҷа бо маблағҳои ҳангуфт хонаю бӯстонсаро харида, зану фарзандону хешро берун аз кишвар мебаранд ва худ омодагӣ гирифта, баробари ба нафақа рафтан, ё барканор шудан аз мансабҳо ва ё гумонбар шудани худ, ки дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад, осемасар тарки меҳан мекунанд.  Оё онҳо ватандоранд? Оё онҳо Ватан доранд? Оё ҳамин аст соҳибватанӣ? Оё онҳо соҳиби Ватананд?

Бо ҳама ашку хуну тиру туфанг

Чӣ кунам, к-ин замин диёри ман аст!

Бале, ин мисраҳои ҷовидониро шоири ҳақбину ҳақгӯйи миллат зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфта буд. Ҳамон замоне иншо карда буд, ки он солҳо давлатамон «ба гурӯҳу гурӯҳчаҳо, ба маҳалу растаҳо, ба майдонҳо ҷудо шуда буд». Хатару таҳдид ва талафоти ҷанги шаҳрвандии кишвар аз тамоми ҷангу набардҳои дигари асри ХХ зиёдтар, шадидтар ва бераҳмтар буду он ҳатто гуфтан мумкин аст, ки аз ҶБВ зиёдтар ба ҷисму рӯҳи миллат, ба тоҷикистониён шикасту рехти афзунтаре овард. Гурезагон на танҳо ба кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Афғонистону Ӯзбекистону Қирғизистон, балки то ба кишварҳои Аврупои Шарқию Ғарбӣ ва Амрикои Ҷанубӣ – Бразилия рафта, пайи дарёфти сарпаноҳе шуданд. Аммо онҳое, ки монданд, алайҳи ҳама гуна мушкилот истодагарӣ карданд, худу миллатро ба рӯзи саид, ба моҳу солҳои босаодат расониданд, қаҳрамонӣ карданд.

Имрӯз ҷавоби он шахсоне, ки бо нармию оромӣ ва бе сохтакориҳо «ватан» мегӯянду меҳанро самимона дӯст медоранд, аз ҳамон ҷавоби дурӯғину сохтаи чанд амалдорону мансабдор болотару волотар ва боарзиш аст. Хушбахтона, шумораи одамони ватандори воқеӣ дар мо хеле зиёд мебошанд. Онҳо бо меҳру муҳаббат пайи кори худ мебошанд. Яке кӯчаҳои шаҳру манотиқи моро субҳгоҳон мерӯбаду покиза мекунад, ки мо баъзан ҳатто эътибор намедиҳему ҳис намекунем. Шояд дигаре гулпарвар асту мо дар ин шаҳри озодаи гулистонӣ на танҳо ба фасли баҳор, балки ҳама моҳу ҳама сол онро гулзор мебинем, вале шояд андеша намекунем, ки ин ҷо заҳмати кист. Ва савумӣ ронанда, ошпаз, сохтмончӣ, муҳандис, омӯзгор, барномасоз, табиб, шоир, нависанда, коргари одӣ ва… Ҳамаи ин одамонро ҳамон ишқу алоқа ба Ватан муттаҳид карда, ба ҳам мепайвандад. Дигар сафсатагӯ, ҳарзагӯ, ноодаму беинсофе байни онҳо ҷой гирифта натавониста, худ барканор мегардад. Радди ин ҷомеаи ояндасози миллат шуда, бесамар ва бепоя мемонанду як мушти хокистар шуда, бо дамидани боде нопайдо мегарданд!

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь