Бо мақсади бо вазъ ва шароити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо ректори муассисаи мазкур Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат изҳор дошт, ки соли равон барои сокинони кишвари азизамон соли таърихӣ хоҳад буд, зеро 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар ин сол таҷлил гардид ва ҳар сокини кишвар аз ин санаи таърихӣ хуш истиқбол намуданд ва ҳамчунин дар сар то сари ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардиданду мегарданд, ки албатта, баҳри худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин, мавсуф таъкид дошт, ки таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар бораи Истиқлолияти давлатӣ моро барои дӯст доштани Ватан ва тақвияти худшиносии миллӣ водор менамояд ва бояд мо пеш аз беш бо кору пайкори шоиста садоқати худро ба Ватан нишон диҳем ва муташаккилонаву сарбаландона, бо дилу дасти пок ва масъулияти баланд фаъолият намоем. Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат зикр намуд, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, кулли шаҳрвандони кишвари азизамонро ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар муборакбод мегӯем ва таманнои онро дорем, ки Истиқлолият ҷовидон бимонад!

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, эълон кардани “Солҳои 2020 – 2040 – бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва ислоҳоти барномаву консепсияҳои рушди низоми таълим ва илму техника фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкилию тарбиявӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.

Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ, тавсеаи равобити байналмилалӣ, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва афзун намудани дастовардҳои илмӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида, мавқеи донишгоҳро дар бозори таҳсилоти ватанӣ устувортар гардониданд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат изҳор дошт, ки шоистаи таъкид аст, ки мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2021 ҷойи ҳафтумро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид ва минбаъд мустаҳкам кардани мавқеъ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти донишгоҳро мақсад гузошт.

Раёсат ва Шӯрои олимони ДДТТ бо назардошти талаботи замони муосир рисолати нави худро дар шакли зерин таҳия ва тасдиқ намуд:

Рушди технологияҳои инноватсионии таълим дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ташаккули тафаккури эҷодӣ ва салоҳияти касбӣ, ҳифз ва афзун намудани арзишҳои иҷтимоию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ дар асоси ҳамгироии таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ (силсилаи АУ № 0002291 аз 06.06.2017, №1992), Шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи давлатӣ (силсилаи ИА № 0000877 аз 13.11.2018, №412) ва Оинномаи донишгоҳ ба роҳ монда, аз рӯи 34 ихтисоси барномаи бакалавриат, 9 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунад.

Сохтори донишгоҳ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои 1 донишкада, 4 факултет ва литсей мебошад: Донишкадаи иқтисод ва савдо дар ш. Хуҷанд; Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ; Факултети иқтисодиёт ва тиҷорат; Факултети молия ва қарз; Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ; Литсей.

Дар донишгоҳ 18 кафедра, аз ҷумла 4 кафедраи умумитаълимӣ ва 14 кафедраи тахассусии зерин фаъолият менамоянд: Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит; Менеҷмент; Ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикорупсионӣ; Экспертизаи молҳо, технология ва сервиси тарабхонаҳо; Фаъолияти гумрукӣ; Маркетинг ва тиҷорат; Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ; Молия; Фаъолияти бонкӣ; Андоз ва суғурта; Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ; Системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт; Забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ; Назарияи иқтисодӣ; Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ; Фанҳои гуманитарӣ; Забонҳо; Тарбияи ҷисмонӣ.

Донишгоҳ аз рӯи 34 ихтисосҳои зерин тибқи барномаи бакалавр мутахассисонро дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ тайёр мекунад: 25.01.07.05 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо; 25.01.07.17 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои сайёҳӣ; 25.01.07.20 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои хизматрасонӣ; 25.01.07.31 – Иқтисодиёти бизнеси электронӣ; 5) 25.01.07.32 – Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо; 25.01.08 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит; 25.01.08.01 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо; 25.01.11 – Аудит ва ревизия; 25.01.12 – Информатикаи иқтисодӣ; 26.02.01.01 – Бизнес – маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат; 26.02.02 – Менеҷмент; 26.02.02.22 – Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо; 40.01.02 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод); 89.01.01 – Саёҳат ва меҳмондорӣ; 25.01.09 – Молшиносӣ ва муоинаи мол; 25.01.10 – Тиҷорат дар бозори берунӣ; 26.02.03 – Маркетинг; 91.01.01.01 – Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ; 91.02.01 – Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо; 96.01.01 – Хадамоти гумрукӣ; 23.01.01.03 – Ташкили робитаҳои байналмилалӣ; 23.01.02.05 – Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ; 25.01.03 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ; 24.01.01 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; 240103 – Ҳуқуқи иқтисодӣ; 24.01.02.04 – Ҳуқуқи андозу бонкӣ; 24.01.02.05 – Ҳуқуқи гумрукӣ; 24.01.02.16 – Ҳуқуқи иттилоотӣ; 25.01.04 – Молия ва қарз; 25.01.04.02 – Кори бонкӣ; 25.01.04.03 – Андоз ва андозбандӣ; 25.01.04.04 – Суғурта; 25.01.05 – Омор; 96.01.01.03 – Бехатарии иқтисодӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо мақсади диверсификатсия намудани ихтисосҳо ва мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори таҳсилоти олии касбии ватанӣ 8 ихтисоси нави зеринро таъсис дода, қабули онро роҳандозӣ намуд: 25.01.07.31 – Иқтисодиёти бизнеси электронӣ; 25.01.07.32 – Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо; 26.02.02.22 – Менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо; 91.02.01 – Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо; 24.01.02.04 – Ҳуқуқи андозу бонкӣ; 24.01.02.05 – Ҳуқуқи гумрукӣ; 24.01.02.16 – Ҳуқуқи иттилоотӣ; 96.01.01.03 – Бехатарии иқтисодӣ.

Номбурда қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи бакалавр ва 2 барномаи магистрӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шудаанд:

25010705 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо, барномаи таълимии бакалавр;

240103 – Ҳуқуқи иқтисодӣ, барномаи таълимии бакалавр;

250103 – Иқтисоди ҷаҳон, барномаи таълимии бакалавр;

25010407 – Молия ва қарз, барномаи таълимии бакалавр;

250103 – Иқтисоди ҷаҳон, барномаи таълимии магистрӣ;

25010407 – Молия ва қарз, барномаи таълимии магистрӣ.

Базаи илмӣ

Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ 17 нафар доктори илм, 115 нафар номзади илм, 88 нафар муаллими калон, 37 нафар ассистент, дар маҷмуъ 257 нафар устодон ҷалб шудаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 51,4%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи ҳисоботии соли 2020 омӯзгорони унвондор 5,5% зиёд мебошанд.

Базаи моддӣ-техникӣ

Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ базаи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳӣ ва илмӣ-тадқиқотии замонавӣ бунёд намуда, дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 адад синфхонаи лингафонӣ, 803 компютер, 102 проектор бо экран, 100 тахтаи электронӣ, 86 ноутбук ва 150 принтер мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудааст. Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷӯён мувофиқат мекунад.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳолати 02.06.2021-ум 5755 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 3379 нафар, шуъбаи ғоибона 993 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1126 нафар ва шуъбаи магистратура 257 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 1400 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 24,3%-ро ташкил медиҳад.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 пурмаҳсул меҳнат карда, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии зиёдеро бо забони давлатӣ барои донишҷӯён аз чоп бароварданд.

Фаъолияти илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

Самти илму инноватсия ва иҷрои корҳои таҳқиқотӣ дар донишгоҳ тибқи амру фармон, дастуру супоришҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, фармоишҳои вазири маориф ва илм, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шуда, барои татбиқи нуқтаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ҷаҳду талош доранд. Шароити кунунӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, барои рушди илму инноватсия ва пешрафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва ҳамқадами ҷаҳони муосир будани илми тоҷик ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Имрӯз дар баробари таълиму тарбия сарбории илмӣ қисми пайвастаи фаъолияти устоди мактаби олиро ташкил дода, тақозо менамояд, ки баробари омӯзонидани насли ҷавон худ низ омӯзад ва муҳаққиқи сермаҳсул бошад.

Аз ин рӯ, раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ низ ҳамчун яке аз ниҳодҳои асосӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод, гумрук, тиҷорат, ҳуқуқ ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши назаррасро соҳиб мебошад. Кормандони донишгоҳ бо ҳисси баланди дарки масъулият дар замони рушди босуръати илм ва техника фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри татбиқи дастовардҳои нав ба нави илмӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.

Дар марҳалаи ҳисоботӣ татбиқ ва амалӣ сохтани барномаҳо, консепсия ва стратегияҳои давлатии роҷеъ ба илм ва инноватсия яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар татбиқи барномаҳо, консепсия ва стратегияҳои давлатӣ, ки доир ба ҳар яки он нақша-чорабиниҳо мураттаб гардидааст, натиҷаҳои чашмрас ба даст омадаанд.

Аз ҷумла, дар самти амалӣ намудани талаботи «Консепсияи миллии ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» раёсати донишгоҳ раванди таъминот бо воситаҳои компютерӣ ва дигар технологияи муосирро ба куллӣ таҷдиди назар намуда, барномаи пурра электронӣ намудани раванди таълимро тавассути шабакаи ягонаи локалии донишгоҳӣ татбиқ менамояд.

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар донишгоҳ тавассути зинаҳои магистратура, докторантура, доктор аз рӯи ихтисос (PhD), аспирантура, докторантура ва унвонҷӯӣ ба амал бароварда мешавад.

Дар донишгоҳ миқдори таҳсилкунандагон дар магистратура, аспирантура ва докторантура PhD ҳамагӣ 353 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 54 нафар магистратура, 22 нафар аспирантура ва 7 нафар докторантура PhD-ро хатм менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар соли охир афзоиши шумораи хатмкунандагон дида мешавад.

Дар донишгоҳ айни ҳол ду Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият доранд. Дар соли 2020 то инҷониб донишгоҳ бо 26 донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Британияи Кабир шартномаи дуҷонибаро ба имзо расонидааст.

Дар ин радиф, 1-уми апрели соли 2021 дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат вохӯрӣ доир намуданд. Дар доираи мулоқот ҷонибҳо барои амалӣ намудани самтҳои хуби ҳамкорӣ оид ба таъсис додани ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, мубодилаи мутақобилаи иттилоотӣ-илмӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, иҷрои лоиҳаҳо, таҳияи барномаҳои таълимӣ, мусоидати ҳамкорӣ дар баланд бардоштани табодули академии донишҷӯён, докторантура (PhD) бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Сумӣ, Донишгоҳи миллии ғарбии Украина, Донишгоҳи миллии Ужгород, Донишгоҳи миллии баҳри Сиёҳ ба номи Питер Могила, Донишгоҳи Алфред Нобели Украина, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт ва савдои шаҳри Киев, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технологияи Кривожски, Донишгоҳи гумрук ва молияи Украина, Донишгоҳи миллии технология ва тарроҳии Киев, Донишгоҳи давлатии Нижин ба номи Николай Гогол, Донишгоҳи давлатии экологии Одесса ва Академияи байниминтақавии идоракунии кадрҳо ва Донишгоҳи миллии Академияи Острох созишномаҳои дуҷониба ва ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Инчунин, санаи 19-21-уми майи соли 2021 дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Российское образование. Таджикистан-2021» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федаратсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар натиҷаи вохӯриҳои ректори ДДТТ Қурбонзода М. Р. бо ректорону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Федаратсияи Русия, аз ҷумла бо Донишгоҳи федералии шаҳри Сибир, Донишгоҳи давлатии шаҳри Тюмен, Донишгоҳи давлатии шаҳри Воронеж, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи политехникии шаҳри Москва, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кемерово, Донишгоҳи миллии тадқиқотии Мордовия ба номи Н. П. Огарёва, Донишгоҳи милии тадқиқотии давлатии шаҳри Томск ва Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург созишномаҳои ҳамкории тарафайнро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо донишгоҳҳои дар боло зикршуда ба имзо расониданд.

Инчунин, шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ моҳи апрели соли 2021 лоиҳаи навро (Таҳияи дастурамал оид ба таҳлили миқдорӣ ва ҷорӣ намудани он дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар доираи барномаи Инсутитути “Ҷамъияти Кушода” ва инчунин дар доираи барномаи аврупоии Эразмус+ лоиҳаи “Education for Technological Literacy and Inclusion”, яъне “Таҳсил барои саводнокии технологӣ ва фарогирӣ”-ро дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Испания, Португалия, Эстония ва Ҳиндустон пешниҳод намудааст.

Инчунин, тибқи нақша, 19-уми январи соли ҷорӣ дар мавзӯи “Шуруъи тиҷорат дар Тоҷикистони пас аз COVID-19” (Starting Businesses in Tajikistan Post-COVID) доир гардид. Дар онлайн лексия устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа (University of Nebraska at Omaha, NE) доктор Ҷеймс Кларк (Dr. James Clark), доир ба баланд бардоштани фаъолияти соҳибкорӣ пас аз COVID-19 баромад намуд. Лозим ба ёдоварист, ки сафари ҳайати намояндагони Донишгоҳи Омахаи ШМА моҳи октябри соли 2021 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани лексияи амалӣ барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар доираи барномаи созмони ЮНЕСКО низ бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла бо Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Русия хуб ба роҳ мондааст. Бояд қайд намуд, ки 10-уми декабри соли ҷорӣ мизи мудаввари онлайнӣ оид ба рушди иқисодиёт, ҷаҳонишавӣ ва коопертасия дар доираи созмони ЮНЕСКО ба муносибати 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО бо иштироки ташкилкунандагони чорабинӣ Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгород ва иштирокчиёни мизи мудаввар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи савдои кооперативии Ҷумҳурии Молдова, коллеҷи Авид дар Малдив ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шуд.

Инчунин, дар доираи барномаи ЮНЕСКО, санаи 6-уми апрели соли 2021 бо ибтикори кафедраи ЮНЕСКО дар заминаи Донишгоҳи кооператсия, ҳуқуқ ва иқтисоди шаҳри Белгород, конфронси навбатии онлайнӣ оид ба ҳуқуқи кооперативӣ дар мавзӯи “Эволютсияи қонунгузории корпоративӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон”, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон узви кумитаи тадорукоти конфронси мазкур маҳсуб меёбад, бо иштироки намояндагони Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгород, Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи савдои кооперативии Ҷумҳурии Молдова, инчунин намояндагон аз донишгоҳҳои Булғористон, Бразилия, Испания, Юнон, Лаҳистон ва Люксембург баргузор гардид.

Корҳои тарбиявӣ

Мавсуф зикр намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 таҳти рақами 94 Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад. Аз ин лиҳоз, Нақшаи корҳои тарбиявии донишгоҳ, нақшаи қисми тарбия ва зерсохторҳои он дар асоси консепсияи номбурда таҳия ва тасдиқ мегардад.

Корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ дар соли хониши 2020 – 2021 аз рӯи нақшаи муайяни тасдиқгардида дар ду самт ҷараён гирифт:

  1. Корҳое, ки ба фаъолияти сарпарастон вобастагӣ дорад.
  2. Чорабиниҳое, ки дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он гузаронида шуд.

Баргузории конфронсҳо

Мувофиқи нақшаву чорабиниҳои илмии тасдиқшуда дар донишгоҳ конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмии зерин гузаронида шуданд: Рӯзи 13-уми январи соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии донишгоҳ Конференсияи VI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 50 нафар устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Рӯзи 26-уми феврали соли 2021 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар шароити муосир” гузаронида шуд, ки дар кори он 53 нафар кормандони Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдо, Тоҷикстандарт, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

16-уми апрели соли 2021 конференсияи илмию адабӣ ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

21-26-уми апрели соли 2021 “Ҳафтаи илм”- конференсияҳои илмӣ-назариявии омӯзгорону донишҷӯён ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун баргузор гардида, дар кори он зиёда аз 300 нафар иштирок доштанд.

Рӯзҳои 21- 22-юми майи соли 2021тибқи нақша-чорабинии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Форуми I-уми иқтисодии байналмилалии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи «Ҷавонон ва соҳибкорӣ» баргузор гардид. Барномаи форум аз 5 бахш иборат буда, 56 мақолаи илмиро фарогир буд.

31-уми майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи дуюми илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва иқтисод: масъалаҳои ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он 63 нафар омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ иштирок дошанд.

Рӯзҳои 18-19-уми июни соли 2021 конференсияи IX-уми илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир: масоили мубрами рушди иқтисодиёти инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Дар донишгоҳ имрӯз нашрияи «Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Тоҷир» нашр мешавад. Аз 30-юми майи соли 2018 Паёми донишгоҳ ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Тоҷикистон ворид гардид. Инчунин Паём дар сомонаи алоҳида ҷойгир ва чоп карда мешавад.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар соли ҳисоботӣ бо супориши Раёсати донишгоҳ ба мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳо, муассисаҳоеро, ки ҳамарӯза аз фаъолияти шуъба вобастагӣ дошт, натиҷагирӣ намуда, иҷрои онҳоро сари вақт амалӣ намуд.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь