(Ёде аз куштори 25 нафар афсару сарбозони ВМ ҶТ дар дараи Камароб)   

Мусаллам аст, ки барои ҳар як давлат аз қадимулаём муҳимтарин ва асоситарин рукни ҳастӣ, маҳз мавҷудияти артиш ба ҳисоб меравад. Зеро артиш на танҳо қудрату тавоноӣ, балки обурӯву нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад.

Маҳз артиш аст, ки давлатҳо аз соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии хеш дарак медиҳанд, чунки масъулият ва нигаҳдошти марзу бум, таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва истиқлолияти комили сиёсӣ бар дӯши артиш вогузор аст. Аз ин рӯ, эҳтироми артиши миллӣ, чун эҳтироми дигар муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як фарди ба нангу номус ва соҳибмеҳану миллатдӯст аст.

Боиси хушнудист, ки кишвари мо новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда тавонист  тамоми ниҳодҳои давлатдории худро ташкилу тақвият диҳад. Ба роҳ монда шудани фаъолияти муназзами Артиши миллӣ яке аз ин дастовардҳои кишвари мо мебошад.  Феълан иқтидору маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст. Дар давраи мавҷудияти хеш Артиши миллии кишвар собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат аст ва сипари боэътимоди миллат дар баробари ҳар гуна тазоҳуроти номатлуб мебошад.

Ҳамасола аз ҳисоби ҷавонони ҷасуру ватандӯст сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пурра гардида, ҷавонон бо ифодаи садоқату вафодорӣ ба марзу буми кишвар, ба муқаддасоти давлат, ба арзишҳои миллӣ ва Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Савганди Ҳарбӣ ёд мекунанд. Дар воқеъ хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии  ҳар ҷавонмарди тоҷикистонӣ буда, далериву ҷасурӣ ва садоқати афроди бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи хеш донад.

Дар ин даврони соҳибистиқлолии кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон худро ҳамчун  ҳимоятгари қавии амният ва сулҳу суботи сартосарии кишвар нишон доданд.  Хизматчиёни ҳарбӣ, баҳри оромии аҳолии мамлакат дар ҳама ҳолатҳо, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ маҳорати баланди касбӣ, малакаю дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ ва қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, ба Ватану миллати хеш то нафаси охирин содиқ мемонанд.

Аз ҳуҷуми мусаллаҳона ва куштори 25 нафар аз афсару сарбози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Камароби водии Рашт, ки аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи  ташкилоти террористӣ – экстремистии наҳзати исломӣ   содир гардида буд, 12 сол сипарӣ гашт.

19 – уми сентябри соли 2010 тақрибан соати 12:30 дақиқа дар минтақаи шарқии мамлакат, дар дараи Камароби водии Рашт автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи кишвар бо ҳайати шахсӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ногаҳон мавриди оташи шадиди гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ  бо роҳбарии Абдулло Раҳимов бо лақаби “Мулло Абдулло” ва Аловиддин Давлатов бо лақаби “Алии Бедакӣ”, қарор гирифтанд. Дар ин ҳамлаи ногаҳонии душманони миллату давлат, хоинону нотавонбинон, каҷтинатону ноҷавонмардони наҳзатӣ, ки ба сӯи мошини хизматии афсарону сарбозони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд, 25 нафар афсарону сарбозони шуҷоъи миллат ба ҳалокат расиданд.

Дар роҳи ҳифзи Ватан, иҷрои қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва савганди ҳарбӣ, афсарону сарбозони далери тоҷик, аз қабили полковник Маҳмудов Абдуҳаким Раҳмонович (соли таваллудаш 1961), подполковник Сайвалиев Акрам Давлатович (соли таваллудаш 1974), капитан Саидов Саидҷамол Муродович (соли таваллудаш 1976), капитан Исоев Наврӯз Раҷабмамадович (соли таваллудаш 1984), лейтенант Гиёев Давлатҷон Бурҳонович (соли таваллудаш 1987), сержантҳо Мирзанов Элмурод Саиддинович (соли таваллудаш 1990), Ҳотамов Даврон Аъзамович (соли таваллудаш 1989), Шодиев Фарҳод Хушвахтович (соли таваллудаш 1989), сарбозҳо Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович (соли таваллудаш 1985), Авазов Нурмаҳмад Тоҷиддинович (соли таваллудаш 1986), Одинаев Файзмаҳмад Қурбонович (соли таваллудаш 1984), Абдураҳмонзода Раҷабалӣ Мирзоалиевич (соли таваллудаш 1992), Ҷиянов Зуҳуриддин Пардабойӯғлӣ (соли таваллудаш 1991), Каримов Сиддиқҷон Ҳабибуллоевич (соли таваллудаш 1988), Норинбекзода Фаридуни Тӯхта (соли таваллудаш 1990), Акрамалӣ Абдураҳмон (соли таваллудаш 1991), Раҷабов Фаррух (соли таваллудаш 1989), Холиқов Эмомалӣ Аҳтамшоевич (соли таваллудаш 1991), Расулов Мансур Орифович (соли таваллудаш 1991), Алишери Умаралӣ (соли таваллудаш 1991), Оймаҳмадов Насриддин Авлиёқулович (соли таваллудаш 1991), Аҳмадқул Муродуғлӣ (соли таваллудаш 1991), Ҳурматов Неъматулло Қодирович (соли таваллудаш 1985), Норов Фармонқул Ҳамроҳқулович (соли таваллудаш 1991), хизматчӣ – ронанда – Абдуллоев Баҳрулло (соли таваллудаш 1985), дар роҳи ҳифзи Ватан ва пойдории суботу оромии диёри азизамон, қаҳрамонона ҳалок гаштанд. Бояд қайд намуд, ки мақсад аз зикри номи неки ин диловарону қаҳрамонони миллат, ки барои ҳифзи марзу бум, оромию сулҳу суботи кишвар ва хушбахтии миллати тоҷик дар айни камолоти ҷавонӣ ҷони худро нисор карданд,  бояд ибрати дигарон бошад. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони чунин  ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Имрӯз саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо чанде аз пасмондаҳои наҳзат  дар Аврупо қарор гирифта, бо мақсади  сафед кардани худу пайравони хунхори наҳзатиаш, аз ҷомеа пинҳон доштани ақидаҳои ифротӣ – террористиашон, аз арзишҳои «демократӣ» ва «дунявӣ» сухан мекунанд. Ин разилони наҳзатӣ, ки дасташон то оринҷ  дар хуни мардуми бегуноҳ, аз ҷумла 25 афсару сарбозони ғурамарг оғушта аст боз бо як рӯсиёҳию мардумфиребӣ  аз адолату мардумсолорӣ сухан мекунад. Вале бо ин разилию бадхоҳӣ, наҳзатиҳои хунхор ҳеҷ гоҳ ба ниятҳои нопоки хеш намерасанд. Зеро миллати тоҷик ҳаргиз ҳодисаи ноҷавонмардонаи рӯзи 19-уми сентябри соли 2010 – ро ва дигар ҷиноятҳои мудҳиши ин палидони наҳзатиро фаромӯш намекунанд.

Халқи шарафманди тоҷик ҳаргиз намегузоранд, ки ин наҳзатиҳои ҷинояткору меҳанфурӯш мамлакати ободамонро боз ба коми оташ дода, аз нав боиси марги даҳҳо ҷавонони дунёнадида, ятим гардидани садҳо нафар тифлони маъсум, нолаи ҷонсӯзи модарону хохарони тоҷик гарданд.

Хотираи неки 25 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи Ватан, ҷони худро нисор карданд, дар қалбу дидаи ҳар як тоҷикистонӣ боқи ҳохад монд.  Ёди қурбониёни роҳи Ватан гиромӣ бод!

Маҳмадализода  Фаридун,

сардори  Маркази матбуоти  ВМ  ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь