Ҳунар аз қадим инсонро баландқадру соҳибмартаба гардонидааст ва ҷойи ҳунарманд ҳамеша дар дидаҳост. Ҳар як инсон дар дунë бо ягон касбу ҳунар зиндагӣ мекунад. Бе муҳобот, соҳиби пешае будан умри инсонро ҳам дароз мекунад ва ҳам ҳаëташро рангину дигаргун.
Қаҳрамони мо Махфират Адҳамова 60 сол боз ба ҳунарҳои кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва сӯзаниҳои миллӣ машғул аст. Ҳамзамон, муаллими калони Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан буда, барои ба воя расидани ҳунармандони асил ҳамеша дар талош мебошад.
Махфират Адҳамова 14-уми декабри соли 1947 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ëфтааст. Вай дар муҳити оилаи ҳунарпарвар ба воя расидааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ офаридани нақшу нигорро дар порчаи матоъҳое, ки аз дасти модаркалонаш мемонданд, машқ мекард. Баъдан шӯру шавқи ҳунар дар дилаш зиëд гашт. Синфи 8-ум мехонду аллакай маҳсули дасташ дар намоишҳои умумииттифоқӣ роҳ меëфт. Аз аввалин сӯзание, ки таваҷҷӯҳи ташкилотҳои байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст, ëдоварӣ намуда, қаҳрамони мо чунин нақл кард: “Нахустин сӯзание, ки маро номдор кард, ин ҳамон буд, ки онро бо сими зар дӯхта будам. Вақте ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ сӯзаниро гузоштам, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кард, хусусусан ташкилотҳои байналхалқиро. Маҳз ҳамин намоиш сабаб шуд, ки робитаи ман бо ташкилотҳо пайдо шуд”.
Махфират Адҳамова баъди он ки аз ҷониби ҳукумат ва ташкилотҳои байналмилалӣ соҳиби грантҳо мегардад, дар хонаи худ барои омӯзонидани касбу ҳунар ба занҳои хонашин курсҳои омӯзишӣ мекушояд. Тавре қаҳрамони мо қайд кард, “вақте ман аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ грант гирифтам, курси омӯзишӣ барои 25-30 нафар занҳои хонашин ташкил кардам, ки ҳамаи онҳо имрӯз соҳибҳунару соҳибмактабанд”. Он замон ҳоло Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ташкил нашуда буд. Аз ин рӯ, қариб ҳар сол занону бонувон рафта аз муаллима ҳунар меомӯхтаанд. Инчунин дар МТМУ №10 ба духтарон дарс гуфта, нозукиҳои ҳунарро ба онҳо меомӯзонид. Пас аз он, ки соли 2009 дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ кушода мешавад, аз ҳамон лаҳза сар карда то имрӯз дар ин ҷо ба ҳунардӯстон ҳунар меомӯзонад.
Маҳсули меҳнати дастии ӯ соли 2002 бахшида ба “2500-солагии Истаравшан”, соли 2003 дар намоиши ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ дар “Симпозиуми оби тоза”, соли 2004 бахшида ба “80-солагии пойтахт – шаҳри Душанбе” ба намоиш гузошта мешавад.
Инчунин, дар намоишҳои байналмилалӣ соли 2011 ҳамчун ҳунарманд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоиши санъати ороиши амалии дастӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2014 дар чорабинии форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон” дар шаҳри Маскав ва дар солҳои гуногун дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст ва соҳиби диплому сипосномаҳо гардидааст. Ҳамзамон дар озмуну фестивалҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоëнро ишғол кардааст. Дар озмуни “Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳë менамоем” сазовори ҷойи аввал ва соҳиби 10000 сомонӣ мукофотпулӣ мегардад.
Вақте маҳсули ҳунари дастии ӯ дар намоишҳо гузошта мешавад, тамошобинонро шефтаву шайдо мегардонад. Ҳатто онҳо сари ҳар эъҷози офаридаи эҷодкор истода, ба дастони мӯъҷизаофари ӯ аҳсан мехонанд. Тавре худи ҳунарманд гуфт, “дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ шуда гузашт. Дар он ҷо ҳама намуди ҳунарҳои дастӣ ба тамошо гузошта шуда буд. Аз байни ҳамаи онҳо сӯзании мо, ки бениҳоят бо гулҳои зебо ва бисëри ранга дӯхта шуда буд, кормандони сафоратро моту маҳбут кард”.
Сӯзание, ки дар намоиш аз ҷониби Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузоштаанд, қариб ҳашт рӯз дар сафоратхона нигоҳ дошта мешавад ва ба девори сафорат зеб мебахшад. Онро бо як дилбастагии сахт ба соҳибонаш бармегардонанд.
Имрӯзҳо гулдӯзиву сӯзаниҳои дӯхтаи муаллима зиннатбахши толорҳои бошукӯҳанд, зеро арзиши маънавию эстетикии баланд доранд.
Махфират Адҳамова дар баробари он ки ба шогирдон ҳунар меомӯзонад, барои аз байн нарафтани ҳунар ва чуқур омӯхтани онҳо ба рӯйи авроқ сабт мекунад. Имрӯз китоби ҳаммуаллифӣ бо Дилором Адҳамова бо номи “Кашидадӯзӣ” омодаи нашр аст. Қаҳрамонамон “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дорандаи медали “Хизмати шоиста” мебошад.
Махфират Адҳамова дар эҳë ва рушду ривоҷи арзишҳои маънавии ҷомеа, ҳунару ҳунармандӣ саҳми калон дорад ва барои ба воя расонидани ҳунармандону аз байн нарафтани ҳунари воло ҳамеша дар хизмат аст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ