(Ё худ ҳар кас Акбари Саттор шуда наметавонад)

Ӯ монда хоксории худро ба хокҳо,

Бар шуд ба бодҳо…

Аз гарду чанги мо, ки ба рӯяш нишаста буд,

Бар рӯю мӯю гулӯяш нишаста буд,

Афшонд дасту пою таконид ҳушу гӯш,

Аз мо на ёд бурд, на хотироти хуш.

Бозор Собир

Рӯзҳои нахусти рӯзноманигори касбӣ буданаму дар ҳафтаномаи “Паёми андоз” (ҳоло “Боҷу хироҷ”), ки фаъолияти кории хешро охири соли 1999 оғоз намудам, чун наворе пеши чашмам баргардон аст. Муҳити серғавғову чун ҳазорхонаи гов… Сармуҳаррир Исматулло Ибод (ёдаш ба хайр) боз се нафар муовини сармуҳаррир: шоири тавоно Низом Қосим, Азизи Азиз, Раҷаби Мардон ва зиёда аз 18 нафар кормандони асосиву боқӣ аз ҳамаи рӯзномаҳои дигар ба тариқи шартномавӣ ҷалб гардида.

Ҳаҷми ҳафтанома бошад ҳамагӣ 8 саҳифа. Ҳама аз сармуҳаррир дафтару қалам дар даст барои тайёр намудани мавод супорише мегирифтанд. Дӯстам Шодмони Карим як рӯз дар байн аз баҳсу мунозира ба сармуҳаррир асабӣ гардида, ҷузвдонашро таги каш намудаву қаҳр карда баромада мерафт. Саҳарии рӯзи дигар боз медидӣ, ки дар маҷлиси саҳар ҳозир мешуд. Аҷаб сару савдое. Худ ба худ меандешидам:

Ин амал то кай давом мекунад?…

Баҳсҳои тӯлоние атрофи музди маош. Танқисию рӯзи ногузарон. Ҳама ба умеди он ки аз Кумитаи андоз чӣ хабаре паҳн мегардад. Танҳо Сурайёи Шуҷоат (гӯяндаи хушсадои “Садои Душанбе”) менавишту менавишт…

Сари мавзӯи таҳияи маводи хонданӣ назди сармуҳаррир баҳсе бархосту яке ҳамкорон мегуфт: “Чаро ки “Чархи гардун” ҳафтаномае дасти ба даст мегардаду рӯзномаи маро касе намехонад”. Дуюмӣ шиква дошт, ки онҳо маводи сабук таҳия мекунанду чорчӯбаеро риоя намекунанд. Ҳатто Сиёвуш иддао дошт, ки “эҳ онҳо афсона мебофанд, мо бошем кӯҳро чаппа мекунем”. Ҳамин вақт Исматулло Ибод аз паси айнакҳояш нигоҳи бовиқоронае намудаву садо баланд намуд:

“Ҳуй гӯш доред: ҳар ҳафтанома ‘“Чархи гардун” шуда наметавонаду ҳар рӯзноманигор Акбари Саттор”.

Ростӣ сармуҳаррир ниҳоят сахтгир буданду тому ҷузъи журналистикаро аз даруну берун медиданд… Ҳинни ҳамкор буданам бо Шодмони Карим дар ҳафтаномаи “Бидуни сиёсат” (ё худ замимаи “Миллат”) тору пуди рӯзноманигориро соли 2007 дар тани худ танидам. Ҳарду маводҳои асосии шумораро то нимашабӣ таҳия мекардем. Ӯ низ аз Акбари Саттор чун фидоии матбуот зуд-зуд қиссаҳо мегуфт… Чанд гузориш ҳам дар ҳафтанома нашр шуду боҷуръаттар қиссаи муҳоҷиратро навиштам ва аз паи таблиғу паҳн намудани “Бидуни сиёсат” кӯ ба кӯю дар бадар будам.

… Соати ҳашти шом Шодмон занг заду гуфт маслиҳате ҳаст зуд ба охири хатсайри мусофиркаши 25 биё. Ростӣ аз чизе огоҳ набудаму вақти таъиншуда наздаш ҳозир шудам. Ӯ бошад чун одат тез-тез гaп мезаду аз ҷузвдонаш шумораи ҳозиракак нашршудаи рӯзномаро чун “нони гарм” ба даст гирифту саҳифаи ҳаштро кушод. Онҷо як саҳифа қиссаи навиштаам бо номи “Соярӯшанҳои қисмат” ба табъ расида буд. Дар бораи муҳоҷирзане, ки аз Ваҳдат сарсону саргардон айёми ҷанги шаҳрвандӣ ҳамсарашро паси кӯҳи Сайёд дар низоъи гурӯҳе аз даст дода буду тифлашро назди модар гузоштаву ба Маскав ба муҳоҷират рафт. Чун шоҳиди ҳол аз нолаи пурсӯзи ӯ азобу азияти кашидааш буд нақли воқеии банда. Шодмон бошад алъон маводро таъриф намуду гуфт: “Устод Акбари Саттор қаламатро писандиду таъкид кард, ки мавзӯи муҳоҷиратро дар як саҳифа давом бидиҳӣ”.

Ҳамин тавр оғоз шуд мавзӯи марказии ҳарҳафтаинаи дар бахши муҳоҷират. Масъули бахши фарҳангии ҷамъияти тоҷикони шаҳри Екатеринбурги Русияро дар гулгашту раҳравҳои назди майдони варзишгоҳи футбол пайдо намудам. Сари як пиёла чой мусоҳибае оростам аз кору рӯзгори тоҷикони Екатеринбург. Дар шумораи навбатии ҳафтанома бошад бо номи “Дур аз Ватан” мусоҳибаам дар саҳифае ба табъ расид. Боз ҳам аз Шодмон изҳори сипос шунидаму мегуфт: “Аком Акбар ҳар шумораи “Бидуни сиёсат”-ро бевосита муҳокима мекунад, мавзӯи муҳоҷиратро давом бидеҳ”. Иттифоқо омадем ба суроғу пурсуҷӯи сармуҳоҷири муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия олиму академику нависанда, чеҳраи саршиноси ҷомеа Бурӣ Карим. Он замон ӯро чун сафири “ғайрирасмии” Тоҷикистон дар Русия низ мешинохтанд. Бурӣ суолномаи пешниҳоднамудаи маро як назар хондаву аз замоне, ки минбаре надошт, барои мусоҳиба бо “Бидуни сиёсат” ниҳоят хурсанд гардида, аз рӯи одати ҳамешагӣ нидо дардод:

Чаро кӣ не? Суолгузориатон ҳамааш маъқул бо сармуҳаррир фардо субҳ биёед ба қабул… мусоҳиба меороем. Шодмонро, ки ин ҷавобро аз ман интизор буд тариқи телефон аз назди Умедаи Карим коргузору духтари Бурӣ Карим огоҳ намудам.

Фардо субҳ дар вақти таъиншуда ману Шодмон Карим барои мусоҳиба оростан ба назди Бурӣ Карим омадем. Мусоҳибамон саволҳоро пеш гузошту ман суол пешниҳод менамудам. Суоли нахустинамон чунин оғоз шуд:

– Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст…

Бурӣ Карим бошад, айёми баччагиву мактабравияшро дар деҳаи Учқули ноҳияи Рӯдакӣ ёдовар шуда, аз меҳрубониҳои модари азизаш дар тарбияву камолоти ӯ нақлҳои аҷибе намуд. Аксари суолҳои пешгузоштаи мо вазъи муҳоҷири он вақт сарсахти тоҷикро дар сохтмону савдо дар бозору сарсонии бонувони муҳоҷирро дарбар мегирифт.

Ростӣ сари шиори ҳамешагии Бурӣ Карими овозадор, ки дар лавҳае ҳаккокӣ шуда буду онро дар тамоми сафару сарсониҳояш бо худ то ба Бишкеку Алмаатову Маскав мебурд баҳси хосае оростем:

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Атрофи маҳфилҳои фарҳангии оростааш, асарҳои ба табъ расондааш дар алманахи”Боргоҳи сухан” мавзӯе буд доманадор…

Дар бораи роҳсозиву купруксозиҳояш низ ҳамчун мутахассиси варзидаи ин соҳа суолгузориҳо намудем… Мусоҳибаи тӯлоние доштем то нимарӯзӣ.

Ҳини омода намудани мусоҳиба бошад, ки ин бори вазнин бар дӯши Шодмони Карим буд бо муассиси ҳафтанома, бонуи Адолат дастбагиребон будем. Вале бо пойфишории Шодмон, ки хабарнигори ман ин қаҳрамонро пайдо намудаасту Қосими Бекмуҳаммад чаро ба суроғи ӯ нарафт? – мусоҳибаи таърихии мо ба унвони “Розҳои гуфтаву ногуфта” рӯи чоп омад. “Бидуни сиёсат” бошад фардо субҳ даст ба дасти хонандаи худ чун кабутаре болафшонӣ дошт.

Ин муваффақияти муҳоҷирнависии ману Шодмон раиси Иттифоқи журналистон Акбари Сатторро низ рӯҳбаланд гардонид ва домани баҳсу мунозираро худ ба муассисамон ҳаллу фасл намудаву моро бошад таъкид мекард:

-Мавзӯи муҳоҷират бояд мавзӯи меҳварии ҳафтаномаи “Бидуни сиёсат” бошад. Ба пеш шербачаҳо!…

Мо бошем бо Шодмон Карим аз паи қаҳрамонони худ чӣ дар муҳоҷирату чӣ дар Ватан бо шахсиятҳои барҷастае чӣ соҳибкору тоҷир, муҳандису омӯзгор, уламои дин мусоҳибаҳо ороста, саҳифаҳои ҳафтаномаи “Бидуни сиёсат”-ро “пуробуранг” менамудем. Сафи хонандагони рӯзнома низ рӯз то рӯз зиёд мешуд. Ягона такягоҳу хонандаи аввалини маводи нашрнамудаамон сарпарасти журналистон устод Акбари Саттор буд.

Имрӯз метавон бе ибо ҳадс зад: Ҳафтаномаи “Чархи гардун” маркази иттилоотии “Чархи гардун” ҶДММ “Чархи гардун” дар якҷоягӣ донишгоҳи таъсисдодаи Ҳоливуди Акбари Саттор буда, бешак барои пайвандону наздикон ва ҳамкорони имрӯза, бахусус Манижабонуи Акбаралӣ мероси гаронбаҳову сарвати маънавию зеҳнии ноёбест ба ёдгор монда. Кохи бегазандест, ки Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар бузургиву шаҳомати “Шоҳнома”-и безаволаш сутудааст:

Биноҳои обод бигарданд хароб,

Зи-борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Ва инҷо метавон низ ҳусни мақтаъ ин мисраҳои ашкбори шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбоноваро дар сӯги Акбари Саттор рӯи саҳфа овард:

Акбари мо назми пуранвор буд,

Мунису дилдодае бар кор буд.

Мониро шогирд будӣ килки ӯ,

 Саҳфаи афлокро афкор буд…

Аз замин парвоз карда бар само,

Чунки аз дарди дилаш абгор буд.

Беғуруб аст ӯ, Ҳадиса ғам махӯр Баски бо Хуршед ӯ ҳамкор буд.

…Ва боз ҳам суханони пурҳикмати шодравон Исматулло Ибод, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” бехи гӯшам садо медиҳад:

“Ҳар ҳафтанома “Чархи гардун” шуда наметавонад, ҳар рӯзноманигор низ Акбари Саттор шуда наметавонад”

Яъне, Акбари Саттор ҳамчун рӯзноманигор, падарсолори журналистикаи имрӯзаи тоҷик барҳақ рӯзноманигору сармуҳаррири соҳибмактаб буд…

Сармуҳаррире, ки нақши қалам муаҳрираш солҳои сол саҳфаи матбуоти тоҷик зуду да нахоҳад шуд…

Аз мӯҳтавои ҳикоёту нигоштаҳои нависанда Наҷмиддини Шоҳинбод ин матлабро, ки Акбари Саттор бо ифтихори саршор ба бозмондагони хеш ирсол доштааст, инҷо овардан айни муддаост:

“Бо ин ҳама ба фарзандонам ишора мекунам: пас аз сари ман касе ангушт сӯи шумо нахоҳад дароз кард, ки падаратон як порахӯр, як номард ва одами паст буд. Агар кӯдак соҳиби ҳама чиз шуд, ҳатто имкони орзу карданро аз даст медиҳад… Инро ман дар умри нимасраам борҳо дидаам…”

Оре, ин аст рисолати падарии Акбари Саттор нисбати фарзандон, наздикону пайвандони хеш…

Аз худ номи неку “сармоя”-и бебаҳову ганҷинаи адонашавандаи маърифатро ба пайвандонаш боқӣ гузоштааст Акбари Саттор…

Маҳмадмуроди Сайдалӣ,

 узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь