Бо устоди донишвару пироставу ҷони одам, Саъдулло Раҳимов ҳамеша дар рӯбарӯ ва ҳам телефонӣ чунин суханро оғоз мекардем:

-Дуруд устодҷун!

-Дуруд, дуруд, Зоҳирҷон!

Ҳолатон чӣ тур аст?

– Як навъе!

-Яъне тоқат кардан мумкин?

-Бале, тоқат кардан мешавад, ин ҳоли маро як сӯ гузореду бигӯед худатон чӣ ҳол доред?

Ҳоли ман ҳам, устод, чун ҳоли Шумо як навъеву тоқат карда мешавад

Лабханди малеҳе мезаданду мегуфтанд, ҳоли ҳардумон, ки як бошад, маълум, ки мо танҳо нестем

Ва ҳамин тур суханро идома медодем аз вазъи кору чӣ навишта истоданҳову ояндаи илму адабу фарҳанги миллӣ

Тайи чанду анд сол, ки албатта, гумон мекардаму мекунам устод Раҳимовро садсолаҳо мешиносам, армонҳову арзишҳои инсониву маънавишонро чунон дарёфтам, ки бо арзишҳову армонҳои ман тавъам ҳастанд. Дар чӣ мавзуе суҳбат намекардем, анқариб назарҳои яксон доштем, албатта, ман ин ҷо иғроқ мекунам, зеро устод куҷову ман куҷо, аммо ҳамин лаҳза ба худ иҷоза медиҳам, ки андешаҳои миллигароии худро дар паҳлуи андешаҳои устод бигзорам.

Устод Раҳимов, дар андешаи ҳеч кадомамон чунин фикр боре чархида буд, ки рӯзе мерасаду ман дар бораи Шумо хотира менависам, яъне Шумо ҳузури физикиатонро гуселондеду мо дигар маънаван суҳбат мекунем ва барои аҳли завқи илму фарҳанг аз хотираҳои бо Шумо доштаам, қисса мекунам? На! Боре ҳам устод мо дар ин фикру гумон набудем, ман ҳам ба худ иҷоза намедодам, ки чунин рӯзи шумро як лаҳза тасаввур кунам. Чӣ сангин аст, дар бораи тавонотарин марди арсаи илму фарҳанг, наздиктарин инсони баркамоли дилат ёддошт ё арзишмандиҳояшро бозгӯӣ кунӣ. Шахсан, иқрор мешавам, тавоноии онро надорам, ки шахсияти илмиву фарҳангии Шуморо шарҳу баён бидиҳам, охир, Шумо устод, дарёи нопайдоканорро мемондед, ман чӣ, қатрае аз баҳрро оё мемонам ё на. Дар фарҳанги зиндагии Шумо устод вожаи ғуруру такаббуру мағрурӣ буд? Ман надидам, ки Шумо боре аз ин хислатҳои номаймун ба касеву хасе муомилаву гуфтор карда бошед, охир, ин гуна пиндору рафтор аз Шумо дури дур буд. Бо ин ҳама донишу фаҳму дарки тавоноятон худро боз шогирд медонистед. Пеши бузургони ҷаҳонӣ, ки бешак худ ҳам ҷузъи он сайёра будед, густохӣ мешавад мегуфтед, ки агар ман ҳам даъвои бузургманишӣ кунам. Яқинан, устод, Шумо барои ононе, ки дар ҷустуҷӯи инсони баркамол ҳастанд, намунаи олитаринаш будед, оё онҳо Шуморо пайдо карданд ва шинохтанд?

Дар номаи аъмоли Шумо, гумони бориз дорам, ки гуноҳи кабирае навишта нашуда, чун Шумо қодир набудед бадиро раво бинед ё аз бадӣ ба касе кор гиред, ҳамеша “Бо дӯстон муруввату бо душманон мардоро”-ро пеш мегирифтед. Фикр накунам, ки дар сар ҳавои дунёпарастӣ доштед, ҳар боре телефонӣ ё рӯ ба рӯ суҳбате доштем, танҳо аз илму фарҳанг ва дар бораи рисолаи навэҷоди олиме ё китоби нависандае суҳбат мекардеду бас, гуфтаи Хоҷа Ҳофиз ба рӯзгори Шумо, устод, чӣ бас тавъам уфтода:

Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас.

Дар боби рисолаи нимтамоми банда низ соатҳо гуфтгузоре мекардем, чӣ ширину бо оҳанги дилангез мегуфтед, зебоишиносии Ҷашни Наврӯз бебаҳру бар аст, аз зебоиҳо бояд гуфту мардумро ба сӯйи он ҳидоят кард. Аз ҳар лағжиши ҳамтабори худ хуни дил мехӯрдеду оҳу афсус аз дил бароварда, бо сад алам мегуфтед, ки чаро мардуми маърифатпарвару фарҳангофари мо имрӯз дар инзиво афтодааст? Ҷавонон майлу рағбате ба илму фарҳанг надоранд ва ҳатто дар мавриди мусиқии ҷаълӣ, ки мардум бештар ба он майл доранду ба мусиқии асил на, такрор ба такрор гуфтору нигарониҳо мекардед, ки ин тамоюли нохуш моро ба сӯйи куҷо мебарад? Охир, устод, дар мағзу фаҳму дарки Шумо чӣ маънавиёти нодиру барои мо норӯшане ҷо дошту нақш баста буд, ки ба умқи гуфтору кирдору рафтори Шумо расидагӣ карда наметавонистем… Худ ба танҳоӣ олами маониеро мемондед, ки дар он тамоми осору наво, ноҷӯриву ноадолатӣ, бурду бохти ҳазору андсолаи бар сари миллат омада нуҳуфта буд.

Дар олами олимиву инсонии Шумо, устод, вожаи ғайбату нафрин, бадгӯиву нотавонбинӣ бегона буд. Ба кӯчактарин одамону ноодамон эҳтиром қоил будед. Борҳо шуда, ки дар суҳбати ину он ғайбати ҳарифонашонро шунидаам, аммо дар суҳбатҳои Шумо баракси он буд. Чӣ дунёи вораставу пиростаеро барои худ кашф карда будед, зеҳни кӯчаки ман ба маънии ростинаш расидагӣ карда наметавонад.

Ҳамзамон, дар оини Шумо заифноливу гиламандӣ ба ҳеч инсу ҷинсе набуд, ҳамеша дар олами зебонигориву зебошиносии худ ғутавар будед. Ҳеч касеро надидаам ва нашнидаам, ки гуфта бошад, Саъдулло Раҳимов дурӯя ё бадгуфтор аст, баракси онро села-села, ки ҳисобу китоб надоранд, шунидааму мешунавам. Вале, устод, Шумо дар як маврид ҳеч шиносу ношинос ё шахсияту ношахсиятро намебахшидед ё, ҳеч не, бо забони иғроқ таърифу тавсифаш намекардед, ин эҷоди мақола ё рисола буд, агар бад буд, дар рӯяш мегуфтед, агар нек буд, чун кӯдак хушҳоливу истиқбол мегирифтед ва ҳатто ба хотири як мақола ё рисолаи хуб, ки аз ҷониби фарқ надошт ӯ кист, чандин рӯзу моҳ шодмонӣ мекардеду дар ваҷҳи шодмонӣ ба хотири он шабнишинӣ низ мекардед. Олими асил будани Шумо ҳам шаҳодаташ ин ҳама хислатҳои волои Шумост, ки онро ба ҳеч арзишу унвоне хариду фурӯш накардаед.

Шумо, устод, мақоли мардумро, ки дар натиҷаи таҷрибаҳои ҳазорсолаҳо офаридааст, фаротар аз гуфтааш маъно карда будед, ки “Олим шудан осону одам шудан на!”. Дар замони мо исботи он ки одаму олим тавъам ҳастанду инҳо бидуни ҳамдигар ноқисанд, дар шахси Шумо бармало шуда буд ва мардум ҳам инро баъдҳо дар мисоли чун Шумо ҷони одам хоҳанд фаҳмид, ки одаму олими асил танҳо бо тавъамии онон ба даст меояд.

Боре ёд дорам, ки суҳбате дар хонаатон доштему гуфтам устод навиштаҳоятон бори маъниаш чун классикон аст, аз ин гуфтори ман дар рухсоратон сурхӣ пайдо шуду гуфтед, каме муболиға кардед, ҳарчанд худам ҳам солҳои охир аз навиштаҳоям эҳсоси хирадмандӣ мекунам. Боз ҳам таъкид кардед, ки ба назари худам чунин менамояд, назари дигарон муҳимтар аст, барои ман нигоҳу бардошти хонанда авлавият дорад.

Намедонам, чӣ неруе Шуморо осемасар мекард ё талқин мекард, ки баъди пайдо гардидани бемории ҳарина, ҳар сонияро мехостед баҳри мутолиаву навиштан сарф кунед. Ағлаб одамҳо ба андозаи донаи арзан агар дар ҷисмашон эҳсоси дард кунанд, навиштан куҷо, ҳатто дар қиссааш намешаванд. Аммо Шумо дар рӯ ба рӯи дард чун Рустам истод шудеду чун Фирдавсӣ хомафарсоӣ кардед. Ба Шумо аз куҷое неруи азиме баҳри навиштан ато мегардид, вагарна бо чунин дарду ранҷ имкон надошт, ки аз даъвогарони илму фарҳанг бештар осор халқ кунӣ. Ин ҳама пеши худатон бармалост, аммо ман ҷуръат намекардам, ки ба таври конкретӣ ба Шумо суол диҳам, ки, Устод, ин неру аз куҷо меояд ва ин фатҳи қуллаҳои балантари илм аз чӣ сарчашма мегирад? Солҳо бистарӣ будед, на танҳо банда, балки донандагони осори маънавиятон низ дар ҳайрат уфтода буданд, ки Раҳимов бо вуҷуди бемориш ин қадар навиштанҳои тозаро рӯи кор меорад ва ҳатто худ шоҳид будам, ки ба худатон ҳам суол медоданд, ки маҳсули эҷодиатон аз солимон афзунтар шуда, дар посух бо лабханди ба худатон хос, мегуфтед, охир, дигар бекорам, менависаму менависам…

Шеърҳои баландмазмунро ончунон хуш доштед, ки ҳар дафъа мегуфтед:

Аз об баромадӣ, танат ларзон аст,

Ҳар қатраи об дар танат марҷон аст.

Пас аз хондани ин порчаи манзум, бо як хушҳолӣ, баҳ-баҳ, ин тасвири зеборо бубинед, мегуфтед. Банда дар мавридҳои ноҷӯриву яъсҳо ба Шумо муроҷиат карда мегуфтам:

Ман тоҷи ҷаҳонаму вале бетоҷам,

Дарёдиламу ба чашмаҳо муҳтоҷам.

Умрам ба шитоб ҳамчу дарё ҷорист,

Ман соҳиламу силихӯри амвоҷам.

Мешунидеду бо як андешамандии ба худатон хос мегуфтед, ки ин гуфтори Шумо дар худ заифнолӣ надорад, баракс ситеза ба дунёи каҷдору марез аст, ки чаро чунин қонунҳои ворунаатро бар сари ман таҳмил мекунӣ…

Дар он рӯзе, ки ба шахсияту осоратон шинос гардидам, бароям дунёи наверо боз кардам ва мактаби илмиву инсонии шумо маро мафтун кардааст ва то ҳол пеши худ ҳайронам, ки бо ин ҳама тавонмандиҳои инсониву маънавӣ Шумо чӣ қадар фурутану заминӣ будед.

Дигар дар чорсӯйи ин роҳҳои пуршебу фароз мунҷамид мондам, ки ба ҷуз Шумо додгару раҳнамову ҳамсуҳбат нахоҳам дошт ё дигар пайдо нахоҳам кард. Дарёи поку тозаеро мемондед, ки ба кашфи ин дарё ба сарвақтӣ нарасидам… Самимияти Шумо, устод, зиндагиро рангу бори дилбастагӣ мебахшид ва дар мактаби Шумо дарс гирифтану фаъолият кардан бароям камоли ифтихор буд. Дар бештари мушкилоти рӯз ба сӯйи Шумо муроҷиат мекардаму аз Шумо раҳи дурусти баромаданро пурсон мешудам, дигар ба кӣ гӯяму ноламу хандам?

Бештари мардум гапи маъмулӣ доранд, ки мегӯянд, моро ғофилгир кардеду рафтед, на, устод, марги шумқадаму конопарасту донокуш Шуморо ғофилгир кард. Дар андешаи худатон ҳам ба ин зудӣ рафтан набуд, ҳарчанд маргро табиӣ хонанд ҳам, аммо Шумо пайваста мегуфтед, ки ҳолиё мурданӣ нестам, зеро корҳои нотамомам зиёд асту бояд онҳоро ба сомон расонам. Корҳои нотамоми Шумо, устод, дунёпарастиву дунёхорӣ набуд, баракс паҳлуҳои норушани фарҳанги миллиро рушан кардану ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан буд. Ҳатто аз ин чанд соле, ки дар бистари беморӣ будед, дар фикри бемориатон набудед, пайваста мекӯшидед, ки осореву мақолае эҷод кунеду онро зуд нашр кунед.

Рӯзҳои охири умратон, устод, хушҳолтар менамудед, хабари он ки баъди ҷарроҳӣ беҳтар хоҳед шуду ба корҳоятон дигар беморӣ халал намерасонад, бештар шодмонӣ мекардед, ки акнун фурсати бештар хоҳад расид, ки кор кунеду ба илми тоҷик саҳми боризи хешро гузоред. Ҳар дафъае суҳбат мекардем, мегуфтед, танбалӣ накунеду рисолаи илмиатонро барвақттар ба охир расонед. Ман ин гуфтаҳои Шуморо ба гӯш мегирифтам ва аз паяш ҳам мешудам ва дар ниҳоят қисми зиёди кори рисоларо ба дасти Шумо ҳам барои таҳриру дурусттар кардан супурдам, аммо, Устод, маро ҳамеша як чиз азият медод, бемории сангини Шумо. Бисёриҳо аз ман пурсон мешаванд, ки ту ҳамеша бо устод будиву ҳастӣ, чаро коратро то ҳол ба охир нарасондӣ ва ҳатто ин гап дар рӯзи ҷанозаатон ҳам ба ман гуфта шуд. Вале дар дилу зеҳни ман чӣ мегузашту мегузарад, онҳо аз куҷо медонистанд. Дигарон аз куҷо аз ҳоли вахими Шумо огоҳӣ доштанд? Аз куҷо медонистанд, ки Шумо шабу рӯз яксон ранҷи ҷисмониву равонӣ мекашед? Бо ин вуҷуд, дар сари эҷоди осор будед, ҳолиё мефаҳмам, ки ин ҳама солҳои бистарӣ буданҳоятон, бо марг даст багиребон будед, ҳарбу зарб бо марг доштед, он мехост шуморо бо худ барад, аммо Шумо ба ин мазмуни манзум бештар такя зада будед:

Дардо, аламо, ки оқибат мемирам,

Беҳуда бувад пеши аҷал тадбирам,

Доруи намурдан аст мурдан хушном,

Ман қасди аҷалро зи амал мегирам!

Тани худро ба осонӣ ба марг таслим намекардед, пайваста бо марг дар набард будед. Инҳоро ман бо чашми сарам медидам, ҳарчанд Шумо дарду ранҷи худро мекӯшидед, ки ба дигарон маълум накунед, дар назди одамон ҷисми худро бардамтар нишон медодед. Дар мардӣ кӯҳи ғурурро мемондед. Заъфҳои ҷисми бемори худро ончунон пинҳон мекардед, ки касе пай намебурд, ки бо аҷал дар размед. Мардонагии Шумо ибратест, ки танҳо мардони воқеӣ дарку фаҳм мекарданд.

Дар ниҳояти кор, Шумо ҳам аз чунин ҳоли вахим хаста шудед. Роҳи наҷоташро меҷустед. Пас аз ташхиси ниҳоии табибон ба Шумо гуфтанд, акнун иҷозаи ҷарроҳӣ кардан ҳаст ва ҳамзамон ба Шумо қавл доданд, ки пас аз ҷарроҳӣ анқариб аз ин маризӣ дар ҷисми Шумо нишонае нахоҳад монд. Ин хабар Шуморо бештар хушҳол кард ва зуд аз паси ҷарроҳӣ шудед. Маро рӯзе, ки ба бемористон мерафтед, занг зада гуфтед, агар имкон доред, биёед, маро то бемористон ҳамроҳӣ кунед ва ман ҳам рафтам. Дар ҳуҷра бистарӣ шудед. Ҳолати равониатон хуб буд, зеро бовариатон буд, ки ҳолатон беҳ мешавад. Аммо боз ҳам дар сар ғами бемории худро надоштед, ба ман гуфтед, ки нетбукамро меовардам беҳтар буд, ки ин чанд рӯзам дар бемористон беҳуда талаф мешавад, беҳ аст, ки нетбукро оварда, ин ҷо корҳои нотамомамро анҷом диҳам. Дар посухи ин гуфторатон, устодҷун, ман каме бо оҳанги сарду дурушт ба Шумо гуфтам, ки устод, ду рӯз пас ҷарроҳӣ мешавед, хоҳиш мекунам, як бор дар фикри худатон бошеду руҳану ҷисман ҳамин ду рӯз ба худ истироҳат эълон кунед, пас аз ҷарроҳӣ, албатта, дубора боз сари корҳои нотамоматон бармегардед.

Устод, лабханд задед, бо табассум гуфтед, ки дуруст мегӯед, ман ба гапи Шумо итоат мекунам, зеро ҳарфатон мантиқан барои ман писанд омад. Вале Шумо пеш аз омадан ба бемористон барои устод Аскаралӣ Раҷабов ба таври тезист дар мавзуи “Оид ба масоили ҳифзу рушди «Шашмақом» ва «Фалак» барои наслҳои оянда” навишта кардаеду аз ман хоҳиш кардед, ҳаминро ба воситаи почта ба он кас равон кунед, ки ман ба он кас қавл додам, ки омода кардаму ҳамин рӯз дастрасатон мекунам.

Ман ҳам аз дасти Шумо онро гирифтаму гуфтам устодҷун, дар қиссааш набошед, ҳамин ҳоло, ки ҷои кор расидам, равон мекунам. Ва бо ҳамин хайрухуш кардему рафтам. Пас аз ду соат занг задед, ки чӣ кор кардед, гуфтам, устод, ба почтаашон равон кардам. Арзи сипос кардеду телефонро хомӯш кардед, аммо пас аз чанд дақиқа занг задед, ки почтаи Аскаралӣ Раҷабов нав шудаасту Шумо ба почтаи куҳнаашон ирсол кардед, хоҳиш мекунам, ба почтаи навашон равон кунед ва ҳамзамон почтаи навашонро ба ман гуфтед. Чӣ осемасарӣ ё огоҳие дар вуҷудатон буд, ки дар токопӯ будед, устод, пас аз чанд соати дигар занг зада, гуфтед, ташаккур, Зоҳирҷон, матлаб ба дасти устод Раҷабов расидаасту ба ман занг зада, гуфтанд.

Боз ҳам ман ба Шумо гуфтам, ки устод, дар бемористон бистарӣ ҳастед, худро ташвиш надиҳед, ҷисми худро роҳат диҳед, хандида гуфтед, ташаккур барои ғамхориатон, ман ҳоло роҳатам, вале пас аз ҷарроҳӣ роҳаттар хоҳад шуд. Дар посух бо хушҳолӣ гуфтам, кошки чунин шаваду Шумо аз ин бемории сабилмонда барои ҳамеша халос шавед.

Дигар аз паси коратон шавед, гуфтед, рӯзи газета асту ташвишатон зиёд, ҳарфу гуфторҳоро ба баъди ҷарроҳӣ боқӣ мегузорем.

Устод, дар фикри кору пайкор будед, мурданро ҳолиё на қабул доштеду на интизораш будед. Ҳатто ҷарроҳиро ба зудӣ анҷом доданатонро ҳам ба ин сабаб гуфтед, ки охири моҳи май мизи мудаввар дорему бояд ман то он замон, ба қавли табибон, аз бемористон ҷавоб шаваму сари кор равам. Боз ҳам ба хотири илму фарҳанг худро қурбон мекардед.

Пас аз ҷарроҳӣ ҳоли Шуморо нохуб арзёбӣ карданд, бовар мекунед устод, ман дар дилам сиёҳие пайдо шуд, ҳарчанд табибон мегуфтанд, беҳтар мешаванд ва пас аз соати даҳи рӯз асбоби нафаскаширо аз рӯйи Шумо гирифтанду мо ҳамагон хушҳол шудем, вале бозам таги дили ман сиёҳӣ боқӣ монда буд…

Субҳи пагоҳаш занг омад, ки устод Риҳимовро аз даст додем…

Устод, тасаввур мекунам, ки он лаҳзаҳое, ки бори охирин бо марг даст багиребон мешудед, чӣ талошу ҷонканиҳое мекардед. Аммо марги ноҷавонмард ин дафъа ба Шумо ғолиб омад. Устод, охирин илтиҷоят аз марг, яқин дорам, ин буд, ки хоҳиш мекунам, зинда гузорам, ки конференсияи илмиамро баргузор кунам, гузорам, ки корҳои нотамомамро ба охир расонам, гузорам, ки нашри китобамро, ки дар нашриёт аст, бо чашми сар бубинам, гузорам зинда, ки мақолаам аз нашр баромадаасту онро бубинам. Боз ба марги филкуши мушпарвар чиҳо гуфтед, устод?

Дигар, устод, ба кӣ занг занаму гӯям, ки дар фалон барнома ё конфронс дар фалон мавзуъ баромад кардам ва ину он гуфтам, устод, ба ин андешаҳои ман ҳамнаво ҳастед? Дигар ба ман кӣ занг зада мегӯяд, ки мақолаи навбатиамро равон мекунам, хонеду албатта, андешаҳоятонро гӯед. Дигар ба ман кӣ занг зада мегӯяд, ки фалон навиштаи ман чоп шудаву хонда назаратонро гӯед… Устод, ман зарфиятҳое надорам, ки навиштаҳои Шуморо баҳо диҳам, аммо намедонам, аз чӣ буд, ки назари ман ҳамеша барои Шумо муҳим буд. Ҳатто дар рӯзи ҷаноза ман ба сӯйи устод Сафар Ҳақдод менигараму он кас ба сӯйи ман. Устод Сафар сар то ба по месӯхтанд ва ман низ, мо ҳарду чун ҳезуми тар дуд аз фиғонамон мебаромад. Ба ҳамдигар чизе гуфта наметавонистем. Танҳо нигоҳҳоямон ба ҳам бармехӯрду ҳарфи гуфтан ё тасаллое меҷуст, аммо намеёфт. Талафот буд, талафоти бузург. Мо интизор надоштем, ки чунин мешавад. Устод Сафар рафиқи шафиқу ба ибораи устод Хуршед Атовулло, ҳамаламу ҳамқалами Шумо буданд. Гумон мекунам, ки банда низ аз наздиктарин одамони дилатон будам. Чун ҳар ҳарфи дилатонро ба ман боз мекардед ва нақшаву таманноҳои дилатонро ба ман мегуфтед. Устод, рафтани Шумо ҷуброннопазир аст.

Ёд доред, устод, ки ҳар дафъае, ки суҳбатамон ба охир мерасид, ман мегуфтам, Худо ҳофиз, устодҷун, Шумо ҳам такрор мекардед, мегуфтам, бо умеди дидор, такрор мекардед, аммо дар охири падруд бо як овоз мегуфтем: ТО БОЗДИД, ЭЙ ОФТОБ!

Зоҳири Сайфулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь