…Баъди 10 то 60 дақиқа тариқи телефон суҳбат кардан организми шахс барои барқароршавӣ бояд 8 – 14 соат истироҳат кунад…

Телефон ягона аз таҷҳизотҳое гардид, ки ҳамдаму ғамбарор рафиқу ёвар ва чун як узви нав мисли ангушти шашум ё як аъзои зиёдатӣ ба бадани инсон насб шуд. Тавонист, дар муддати кӯтоҳ бисёре аз мавзӯъҳову корҳоро бартараф сохта, дарҳақиқат кӯмакрасон дар ҷомеа гардад.

Пеш аз телефон агар дар деҳае тӯй ё маросими дафне баргузор мешуд, то хабарро ба наздиконе, ки берун аз деҳа буданд, мерасид,  чаҳор – панҷ рӯз ва ҳатто ҳафтаву моҳ тӯл мекашид. Ҳоло чи, дар таи чанд сония метавонем аз як минтақа ба минтақаи дигар бипайвандему хабару масоилҳоро расонем.

Ҳоло шумораи истифодабарандагони телефон дар ҷаҳон афзудаасту баъзеҳо дорои ду телефони ҳамроҳ мебошанд. Рӯз ба рӯз ҳар тарҳи ҷадиди телефонҳо мавриди истифода қарор мегиранд ва боз зиёде аз намуди телефонҳо аз муд ё бозор мераванд…

Ҳамчунин телефон ҷои чанд таҷҳизоту масоилҳои дигаро низ худ ба танҳоӣ пур месозад: фонус, тақвими рӯз, аксбардор, буделник, ҳисобкунак (конкулятор) ва ғайраҳои дигар…

Аммо на ҳамавақт чизе ки хубӣ меорад, пура хубист, боз дар дохил бадиҳоро низ меоварад. Ҳамин тавр телефон низ ба ҷуз фойидаҳояш зарарҳояш ҳам ҳастанд, ки бештар аз фойидаҳо мебошанд.

Аксари мо аз зарарҳояш воқифем. Вале нодида мегирему фаромӯш месозем. 80%-и одамон зарари телефонро медонанд, аммо истифодаи онро ҳеҷ гоҳ тарк намекунанд.

Телефон моро идора дорад ё мо телефонро? Шояд гӯед, мо телефонро идора мекунем. Дуруст аст, аммо дар ин баробар телефон низ моро идора месозад. Телефон агар дурро ба мо наздик созад, наздиконро аз мо дур сохтааст: дар як утоқем, аммо аз ҳамдигар фарсахҳо дурем; дар сари мизи хурокхӯрӣ як даст ба телефону як даст ба нон…

Бераҳмӣ дар вуҷуди ману ту пайдо шудааст ё водор сохт бераҳм шавем, мардеро гар дар бари мо латукӯб кунанд, мо чи мекунем, ба ҷои халос намудан, зуд бо телефони ҳамроҳ сабт мекунем, гарчанде дар ҳолати марг ҳам бошад.

Субҳ аз хоб бедор шудан замон аввалин коре, ки мекунем, ба телефон таваҷҷӯҳ сохтан аст, на ба аъзои ойила саломе додан ва на кору чизе дигар. Агар дар бар телефон набошад, гӯё чизеро гум карда бошему чизе намерасад ба мо.

Аз ҳад зиёд бо худ гардондани телефон сабабгори зиёди аз бемориҳову мушкилотҳо гаштаву мегардад ва яке аз ифлостарин таҷҳизотҳост, ки дар ҳама ҳолат истифода мебаранд, дар хона, дар кор, дар ташноб, дар дасти кӯдак, дар рӯи замин, бо дастони ифлосу тоза мегиранд ва бо худ мегардонанд.

Заҳролудшавии мазкур ба дарди сар, чархзании сар, хасташавӣ, паст шудани фаъолнокӣ, хотира ва зеҳн оварда мерасонад. Олимон исбот карданд, ки баъди 10 то 60 дақиқа тариқи телефон суҳбат кардан, организми шахс барои барқароршавӣ бояд 8 – 14 соат истироҳат кунад.

Таъсири телефони мобилӣ ба чашм низ мушоҳида мешавад, ки зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ва сайтҳои интернетӣ ба хирашавии чашм ва пастшавии тезии биноӣ оварда мерасонад. Хирашавии чашм нишонаи пиронсолист, аммо имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон ду чашм ба телефону роҳ чи буданашро фаромӯш сохтаанд. Гӯё кӯр, чашмҳо ҳастанду биноиш не ва телефон сабабгори марги онҳо низ шуданист: сар хам, ду чашм ба телефон дар роҳи мошингард мегарданд; ҷони худу ҳаёти як нафари дигарро табоҳ месозад. Ва хуб медонанд нигоҳкунӣ ба экрани телефон тезии биноии чашмашонро паст мекунад.

Нуктаи дигар ин аст, ки доштани телефони мобилӣ дар киса қобилияти мардонро то 30% барои ба вуҷуд овардани насл паст мекунад.

Олим Ҳютер муайян кардааст, ки таъсири майдони электормагнитии телефон ба мағзи сар самараи манфӣ мерасонад, ба мисли бисёр истеъмол кардани кофе ё чой талх. Олими британӣ, профессор Вилям Стюарт чунин меҳисобад, ки барои кӯдакони то 8-сола истифодабарии телефонҳои мобилӣ умуман маън аст. Аммо модарони азизи мо телефонро ҳамчун як васоили саргармсозӣ ва оромбахши кӯдак медонанду дар ҳолати гиряи кӯдак зуд телефонро ба дастонаш медиҳанд ва ё аллаи модарӣ аз байн рафтаасту бархе мусиқии телефонро истифода мебаранд, то кӯдак хоб кунад.

Шумо одат кардаед, ки телефони мобилиро барои бедоршудан истифода баред ва барои ин онро дар назди болишт мегузоред, ки ин низ хуб нест. Мувофиқи тадқиқотҳои олимони ҷаҳон 40%-и одамон телефонро зери болин нигоҳ медоранд, ки дар ҳолати наздик будан ва дар вақти хоб таъсири манфияш ду баробар мегардад.

Тадқиқотҳои олимон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар байни ҳомиладорон, кӯдакон ва наврасон паҳншавии бемориҳои баччапартоӣ, нуқсонҳои модарзодӣ, безурриётӣ, вайрон шудани ҳайзбинӣ, суст шудани қобилияти шаҳвонии мардҳо маълум шудааст. Аммо зиёди мо – инсонон зарарҳои телефонро медонему боз бе ҳадаф истифода мебарем. Чизеро, ки бе самараву ҳадаф истифода мебарем, талафот ба худу ба атрофиён аст. Ҳама чизро дар вақташу мавқеъаш истифода бояд бурд, чун телефонро сараввал на барои вақтгузаронӣ ва саргарми бозиҳо шудан баровардаанд. Дар итиҳо чанд тавсияи коршиносонро лозим донитем, ки айни муддао ва бар нафъи мост:

– Телефонро дар ҷуздон нигоҳ доред! На дар камар ва қафаси сина;

– Бе зарурияти ҷиддӣ телефон истифода набаред!;

– Тавассути телефон бо овози паст ва муддати кӯтоҳ гап занед!;

– Ҳангоми бо телефон гап занад, онро аз гӯш 3 см дуртар нигоҳ доред!;

– Пеш аз хоб телефонро хомӯш кунед ва аз худ дар масофаи 5 метр дур нигоҳ доред!

– Истифодаи телефон аз тарафи занҳои ҳомиладор, занҳои ширмакон, кӯдакон, наврасон, беморони гирифтори саратон ва системаи маркази асаб ва пиронсолон қатъиян маън аст!

– Аз ҷиҳати талаботҳои санитарию гигиенӣ дар як шабонарӯз на бештар аз 3 дақиқа бо телефон гап задан мумкин асту халос.

Шаҳзоди ЗАФАРҶОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь