Субҳ дамид. Боз рӯзи нав оғоз шуд. Зиндагии нав. Ҳама ба ҳар коре банд. Яке роҳ сӯи таълимгоҳ, дигаре аз пайи кори давлат, сеюмӣ баҳри давои дарди худ ё пайвандаш сӯи дармонгоҳ равонаи роҳ аст.

Бенавое дар роҳ менишинад ва талаби хайр мекунад. Ӯ ҳам ноилоҷ аст, дар илоҷи кори худ дармонда аст ва барои зинда мондан дар дунёи гузарон талош мекунад. Аммо мегӯянд, “андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст”. Ҳар инсон  мехоҳад кори хайре кунад, дасти бенавоеро пур созад. Вале ба кадомаш хайр кунад?

Ин субҳ ҳангоми ба донишгоҳ рафтан шоҳиди ҳодисаи аҷибе шудам: Роҳи ман, ки тариқи автобус аст, бояд аз истгоҳи Боғи ҳайвонот то Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 8 то 10 дақиқа роҳро пиёда тай намоям. Дар тӯли ин дақиқаҳо бо даҳ талбанда вохӯрдам: аз кампири барҷомонда, то кӯдаки 5-сола.

Кӯдакон аз роҳгузарон талаби хайр мекарданд. Ҳангоме роҳгузар бе ягон аксуламал ё бо ишораи “надорам” гузаштанӣ мешуд, ба талбандаҳои хурдакак маъқул намеомад ва онҳо ба ин амал ҷавобе медоданд: ё сухани қабеҳе мегуфтанд, ё бо лағад мезаданд ё (духтар бошад) мӯйҳояшро мекашиданд ва ё аз либосаш дошта, то чанд дақиқа сар намедоданд. Ин амали онҳо на ба як нафари роҳгузар, балки ба аксарият писанд намеомад. Хайр амале нест, ки барои иҷрояш маҷбур кунанд. Он аз дил мебарояд ва барои гирифтани савобе дода мешавад. Аммо он талбандагони хурди “Ҷазира” ба ин гуфтаҳо таззод буданд.

Шояд онҳо дар ҳақиқат мӯҳтоҷи чизе буданд ва дар зиндагӣ камбуде доштанд, аммо дар роҳ истодану хайри маҷбурӣ гирифтан камбудии онҳоро бартараф намекунад. Он кӯдакон бояд инро дарк карда тавонанд, ки роҳи ҳалли мушкилиҳояшон дар азобу азият додани донишҷӯён баҳри маблағи ночизе нест ва онҳо барои ин роҳи зиндагонӣ ба дунё наомадаанд.

Албатта, онҳо низ ҳақ доранд, дар ҳавои сард либоси гарм пӯшида бошанд, дар хонаи гарм нишинанд, ё ба мактаб рафта илм омӯзанд, вале барои ин набояд алами Исоро аз Мусо гирифта, даст ба ҷайби бе ин ҳам тиҳии донишҷӯён зананд. Охир, дар илоҷи кори худ ҳама бечораанд.

Суман Убайдуллозода, донишҷӯи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь