Бо дастрасӣ ба сархати 16 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат”, банди 6 “Низомнома оид ба тартиби танзими нарх (тариф) ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон” ва дар асоси банди 12 Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармоиши сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарифҳои тағйирёфтаи гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ”, ки аз ҷониби Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд, ба мувофиқа расида, аз 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор мегиранд.
Лозим ба ёдоварист, ки филиали Ширкат фаъолияти худро вобаста ба нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки мувофиқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №369 аз 1 августи 2008 яке аз объектҳои махсусан муҳим эътироф гардидааст, дар асоси Шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба имзорасида, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2009 №33-1 маъқул дониста, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 апрели соли 2009, №1288 1-14с тасдиқ шудааст, дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намудааст.
Маълум аст, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан, вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Ҳукумати мамлакат маҳз бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе – Чанок мавриди амал қарор диҳад.
Таъмин будани рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол дастоварди асосӣ маҳсуб шуда, ба масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсули роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, як қисм ҳатто ҷонашонро аз даст доданд.
Дар марҳилаи аввали фаъолият барои пешбурди фаъолият тибқи талаботи бахши роҳнигоҳдорӣ даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфт. Дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расида, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.
Муҳимтар аз ҳама, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали Ширкат мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.
Бояд мадди назар дошт, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори он зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, амсоли истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, инчунин, соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъектҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад.
Онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, кунун эътироф намуданд, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун “IRS” роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.
Ёдрас шудан бамаврид аст, ки то ин вақт сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум, бениҳоят зиёд шудани хароҷот барои нигоҳдории роҳ ва амалӣ гардидани як силсила корҳо, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллӣ ва ҷории садҳо километр роҳ, роҳбарияти филиали Ширкат ягон маротиба тарофаҳо боло набурда буд.
Мувофиқи Шартномаи консессионии мазкур, филиали Ширкат баҳри ҷуброн намудани маблағе, ки барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳи мавриди назар харҷ мешавад, бояд барои гузариши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз роҳи мазкур, тарифҳоро муқаррар намояд. Илова бар ин, бо назардошти сатҳи таваррум ҳар сол ин тарифҳоро таҷдиди назар карда, маълумотро доир ба онҳо, барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Тарифҳои муқарраршуда бояд хароҷоти тиҷоратии марбут ба нигоҳдории роҳи зикршуда дар асоси низоми толлингӣ, инчунин, нигаҳдошт ва истифодаи самараноки тамоми объектҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқро ҳангоми татбиқи муқаррароти Консессия ҷуброн намояд.
Мутобиқи қисми 7 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 25 июни соли 2021, № 1794, тарифҳои гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар мешаванд.
Дар асоси далелҳои дар боло қайдгардида, филиали Ширкат тарифҳои гузаришро таҷдиди назар намуда, онҳоро ба хароҷоти воқеии худ мутобиқ намуда, тасдиқ кард ва барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.
Сабаб таҷдиди назар шудани тарифҳо, ин пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир мебошад, ки дар баробари дигар субъектҳо, ба фаъолияти филиали Ширкат низ таъсири манфӣ расонида истодааст.
2,5 маротиба беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА, ки бо ин намуди асъор филиали Ширкат аз хориҷи кишвар техникаву механизмҳои роҳдорӣ, маҳсулоти нафтӣ, таҷҳизоти замонавии соҳаи технологияи информатсионӣ ва ғайраро бо мақсади тибқи талабот нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ харидорӣ менамояд, инчунин, аз тарафи истеҳсолкунандагон баланд бардоштани арзиши масолеҳи роҳдорӣ, хароҷоти филиали Ширкатро хеле зиёд намуданд.
Сабаби дигаре, ки хароҷоти Филиали Ширкатро зиёд намуда истодааст, ин ба итмом расидани муҳлати истифодаи ҷузъҳо ва элементҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ мебошад. Онҳо пай дар пай корношоям шуда, аксарият дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. “IRS” ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат баҳри сари вақт таъмир намудани қисмҳо ва элементҳои корношоямшудаи роҳ ва амалӣ намудани дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳ, маблағи зиёд сарф намуда истодааст.
Далели возеҳи ин гуфта, аз сари нав сохтани купруки воқеъ дар километри 267+300-и роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ мебошад. Инчунин, ҳар сол аз ҷониби филиали Ширкат масофаи зиёди роҳи автомобилгард, ки дар натиҷаи таъсири офатҳои табиӣ (аз қабили фаромадани тарма, лағжиши кӯҳпора, омадани селу ярч ва сангфароӣ) осеб дидаанд, бо харҷи маблағи зиёд , таъмир мегарданд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки айни ҳол Филиали Ширкат зиёда аз 800 шаҳрванди ҷумҳуриро бо ҷои кор таъмин намудааст. Вале бо сабаби тағйир наёфтани тарифҳо, филиали Ширкат имконияти зиёд намудани музди маоши кормандони худро пайдо накарда, бо дигар ташкилотҳо, дар бозори меҳнат, рақобат карда наметавонад. Ҳарчанд сатҳи таварум дар давоми 11 соли охир 130 фоизро ташкил дода бошад ҳам, филиали Ширкат тарифҳои дар таҳрири нав мувофиқашударо бидуни ин нишондод, бо дарназардошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва бо мақсади пешгирии афзоиши сарбории иҷтимоӣ, таҳия намудааст.