Хатти сиёҳ: Аз сӣ то чил?

Боре дар кадом мусоҳибаи донишманди Афғонистон хондам, ки гуфта буд: “Агар Аҳмад Зоҳир ҷавонмарг намешуд ва ба ҷабр кушта намешуд, шояд то ба имрӯз маҳбубияташ пойдор намемонд”. Воқеан ба ғайр аз он ки ба сатҳи “Булбули Шарқ” (ин лақабро алоқамандони ҳунар ба Аҳмад Зоҳир арзонӣ доштаанд), даҳсолаҳо касе ба ӯ нарасидаасту гумон аст расад, марги пурасроре дошт. Шурӯъ аз он ки дар рӯзи таваллудаш кушта шуд ва то ба ҳанӯз гирди саҳнаи маргаш мегӯянду менависанд. Ҷанозаи ӯ ва ҳунарманди дигари замони Шӯравӣ Владимир Висотский бошад, дар таърихи ин маросим ҳамто надошт.

Нависандаи ҷавонмарги мо Муҳаммадзамони Солеҳ боре навишта буд: “Барои марги зебо дар зиндагӣ зебо бояд буд!”. Воқеан, чандин ахтарони ҳунари ҷавонмаргро медонам, ки то ба имрӯз афсонаю достони маргашон аз забон ба забон меравад.

Шурӯъ аз марги пурмуаммои ҳунарманди театру кино Маҳмуди Воҳид, ки ба таври мармуз дар синни 38 – солагӣ дар Бағдод бар асари як фоҷиа гузашт. Чуну чароҳо дар бораи марги Маҳмудҷон ба ҳадде зиёд буданд, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дубора ин мавзӯъро думболагирӣ кард ва ба баъзе аз фарзияю гумонҳо посух ёфт.

Ҳамин гуна, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳунарманди дастаи “Гулшан” Хурмо Ширинова, ки бо лаҳну саҳнаороию ҳунараш аз дигарон тафовут дошт, бар асари бемории саратон дар синни чил даргузашт. Хеле фурсате гузашт, ки мухлисони воқеии ӯ аз ин фоҷиа огоҳӣ ёбанд. Хурмо ҳам дигар барои касе такрор нашуд, ягона буду ягона рафт.

Думболаи Хурмо, ҳунарманди нотакрору ширинсадо Тоҷиддини Муҳиддин, ки ҳавасхӯрдагони овозаш ӯро “Аҳмад Зоҳири Тоҷикистон” меномиданд (чун ба симою ба овоз шабоҳате ба “Булбули Шарқ” дошт), қурбони марги тадриҷии замони ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Тоҷиддин ҳамагӣ 38 сол умр дошт, вале дар ин умри кӯтоҳ аз худ ҳазорон суруду тарона ва мактаби эҷодии хешро ба мерос гузошт. Сабки худро дошт, шогирди зиёд дошт, ҳаводорони зиёд дошт. Вале фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ қалби нозуки ӯро ҳам шикаст.

Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти Восит ном қотил Кароматуллоҳи Қурбон, ҳунарманди соҳибноми дастаи эстрадии “Гулшан” дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон, ҳангоми бозгашт аз як маросими хурсандии мардум бо ҳамраҳии аъзои дастаи ҳунариаш дар синни 32 – солагӣ кушта гардид. Дар он солҳои бесару сомонӣ маросими ҷанозаи Кароматуллоҳ ҳам ба як маросими азои миллати тоҷик бадал шуд. Журналистони тоҷик Ҷумъаи Давлат ва Бурҳон Сафарӣ ҳамон солҳо рисолати касбии хешро анҷом дода, силсиламақолаи давомдоре перомуни ин фоҷиа дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” нашр карда буданд.

Марги Муборакшо Мирзошоев (“Миша”, дӯстонаш ӯро чунин меномиданд) ҳам дар синни чил барои алоқамандони ҳунар ногаҳонӣ буд. Як тадқиқоти анҷомдодаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон собит кард, ки мавсуф аз бемории сил азоб мекашид ва табибон сабаби маргашро чунин гуфтанд. Вале дар ҷараёни тадқиқот далелҳое дар мавриди аз ҷониби шахсони мусаллаҳ лату кӯб шудани вай ҳам ошкор гардид, ки эҳтимол ба хурӯҷи бемориаш рабт дошт. Муборакшо дар он солҳои бесомонӣ консерти худро доир кард ва маҳбубияти бештаре пайдо карда буд.

Лидуш Ҳабиб ҳанӯз дар замони Шӯравӣ барои сурудани таронаҳо ба забони шуғнонӣ зери фишори мақомоти он замон буд. Бо забони шуғнонӣ китоби ашъоре ҳам дошт бо номи “Дарёта тизд”. Солиёни сол чун рӯзноманигор фаъолият ҳам дошту маҳбубият ҳам дошт. Дар нашрияи “Бадахшон” фаъолият мекард. Таъсири рӯҳии ҷанги шаҳрвандӣ Лидуши нозанину нотакрорро ҳам аз бари мо дар синни сию нӯҳ бурд. Баъди маргаш гитореро, ки ҳамеша дар даст дошт, сари қабраш гузоштанд.

Сӯҳроби Сафарзод бо чанд таронаи аввалинаш маҳбуб шуд. Сабки хешро дошт, чанд таронаи ҳунармандони ирониро батакрор, вале бо сабки худ хонд. То ба ҳанӯз чуну чароҳо перомуни марги ногаҳониаш зиёд аст ва ба тозагӣ як ҳунарманде ҳам дубора ин мавзуъро расонаӣ кард. Суҳроб ҳамагӣ сӣ сол умр дид, аммо ҷилои ӯ ҷилои як ахтари тобони ҳунар буд, ки ба тезию ба зудӣ ҳамаро тарк кард.

Дамирбек Олимов, ситораи ҳунаре, ки бар асари фоҷиаи нақлиётӣ моро дар синни 33 тарк кард, аз хеш таронаҳои сурудаю носурудаи зиёдеро ба ёдгор гузошт. Таронаро самимӣ мехонд, дарди инсониро бо лаҳну бо сабки махсус ба шунавандагонаш пешниҳод мекард. Таронаи “ Дунё” – и ӯ ғами инсоният буд, суолҳое буд, ки посух надоштанд. Ба тезӣ рафт, вале номи неки худро чун як ҳунарманди чирадаст ба ёдгор гузошт. Айни замон пешниҳод доранд, ки пас аз маргаш ба ӯ унвони Ҳунарманди мардумӣ диҳанд, то номаш барои ҷовидон боқӣ монад. Кош, чунин мешуд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь