Соли равон дар таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» фаъолияти пурсамар нишон дода, зери назорати доимии роҳбарият кӯчактарин вайроншавӣ дар роҳро бартараф мекунад. Тавре иттилоъ дода будем, соли равон доираи фаъолияти IRS васеъ гардида, бо харҷи 21167,37 тонна асфалт таъмири 189011 метри квадратии роҳ дар назар буд.

Тибқи нақша, дар минтақаи Варзоб 46050 метри квадратӣ бо масрафи 6595,35 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон  42821 метри квадратӣ бо сарфи  6072,52 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 100140 метри квадратӣ бо харҷи 14499,50  тонна асфалт  бояд таъмир мегардид. Ин нақшаҳое буданд, ки филиали IRS пешорӯйи худ гузошта бо  масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти IRS  фароҳам шуда дар минтақаҳои Зарафшон, Варзоб ва Суғд нақша барзиёд иҷро гардид. 57299,28  метри мураббаъ роҳ дар Зарафшон (134%)  50363  метри квадратӣ дар Варзоб (109%) 103237, 94 метри мураббаъ дар Суғд  дар сатҳи хубу сифати баланд таъмир карда шуд

Ёдрас мешавем, ки ҳоло зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чаноқ мунтазам кушода аст.

Филиали IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода мекунад. Ҳар рӯз садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба бо кӯмаки техникаи махсусгардонида ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз лиҳози моҳият дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг аст, машғул буда,  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

 Матолиби дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки пештар аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, ҳастанд нафароне, ки аз набудани роҳи ба истилоҳ “алтернативӣ ” нигаронанд. Ин ашхос шояд намедонанд, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр сохтани роҳи ба истилоҳ “алтернативӣ ” мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад? Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе – Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи “алтернативӣ” низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст.

Шахсоне, ки зимни  сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ мегузаранд, аз фаъолияти пурсамари корхона шод буда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи расмии филиал  изҳори миннатдории хешро мерасонанд. Омили мазкур масъулияти кормандони IRS-ро афзун намуда, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои фаъолият такони ҷиддӣ  мебахшад.

 Маркази матбуотии IRS

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь