Имрӯзҳо дар бисёр мулоқотҳо савол ба миён омада истодааст, ки оё дар маросими азодорӣ таом додан ба мардум дуруст буд ва забҳи чорво дар маросимҳои дафну азодорӣ бо дини мубини ислом чӣ иртиботе дошта бошад?
Аввалан, ҳар яки мо бояд тӯйро аз маросими мотам фарқ карда, хоҳ ҳангоми омодагӣ ба чунин маъракаҳо, хоҳ дар мавриди иштирок дар онҳо талаботҳои дини мубини ислом ва одоби инсонгароиро риоя намоем. Тибқи анъанаҳои аҷдодии миллати мо ва мувофиқи оинҳои динӣ, дар хонаи маит (яъне, шахси фавтида) дар давоми 3 рӯз пухтупази таъомро макруҳ меҳисобанд ва солҳои пеш одати хубе буд, ки ҳамсояҳою хешовандон ба оилаҳои мусибатдошта хӯрок омода карда мефиристоданд.
Солҳои охир дар бисёр минтақаҳо одат шудааст, ки бо баҳонаи бегоҳи охир, бисту чил ва идҳои суннатӣ дар хонаи шахсони мотамдор бо омодасозии чандин намуд таъом, зиёфат дода шавад. Ҳатто дар баъзе маҳалҳо дар рӯзи дафн, пеш аз ҷаноза барои иштирокдорони он аз ҳисоби шахсони азодор хӯрок (оши палав ё дигар таъом) омода карда мешавад, ки он куллан нодуруст буда, танҳо шахсони ягон зарра раҳму шафқат надошта метавонанд чунин зиёфатҳоро хӯранд.
Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ, хуб мебуд, ки дар рӯзҳои аввали мотамдорӣ дар хонаи азодорон ташкил намудани ҳама гуна таъомпазӣ (ҳатто барои аҳли ин оилаҳо ва хешовандони наздики онҳо) манъ карда шуда, анъанаи хуби ба чунин оилаҳо дастраскунии таъом аз тарафи ҳамсояву хешовандони наздик барқарор карда шавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки фавран барҳам додани баъзе маъракаҳои анъанавии азодорӣ (40-умин рӯзи вафот, идҳои суннатӣ ва сол) имконнопазир аст, вале бо роҳи танзими қонунӣ ё худ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ (алалхусус бо ҷалби шахсони барӯманд ва аҳли уламо) қатъиян пешгирӣ намудани “зиёфатороиҳои пурдабдаба” дар маъракаҳои азодорӣ мумкин аст. Мо бояд ба мардум фаҳмонида тавонем, ки аз ташкили зиёфатҳои пурҳашаммат, бо куштани чорво, оростани дастурхони “тӯёна” дар маросимҳои азодорӣ, бо гузоштани шириниҳо, пистаю бодом, меваю обҳои ташнагишикани гароннарх ва худнамоиҳое, ки барои нишон додани қудрату дороиҳоямон мекунем, на Худованд розӣ мешаваду на руҳи гузаштагонамон шод мегардад. Барои фавтидагон дуои фотеҳаи наздикону пайвандонашон кифоя аст ва агар мо ризоияти руҳи онҳоро хоста бошем, аввалан дар вақти зиндагии азизонамон бояд ба қадрашон расида, барояшон парастории ҳаматарафаю меҳрубониҳоро дареғ надорем ва пас аз фавти эшон, бо идомадиҳии корҳои неки онҳо, руҳашонро шод гардонем. Чуноне, ки шоир фармудааст:
Чу мирам, об аз чашмат марезон,
Марав бар турбатам ҳар субҳ нолон.
Ба вақти зиндагӣ гӯйӣ, ки чунӣ?
Маро беҳтар бувад аз чашми гирён.
Хеле хуб шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат ва бо мақсади ҷилавгирӣ намудан аз тамоми зуҳуроти исрофкориҳои мавҷуда дар гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ, санаи 23-юми августи соли равон аз тарафи парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он минбаъд дар маъракаҳои дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таъом қатъиян манъ карда мешавад, ки ин тадбирҳо ҳам аз нигоҳи шариати ислом ва ҳам аз боби инсонгароӣ хеле бамавриданд.
Олимон исбот кардаанд, ки дар ҳар 3 сония як нафар дар дунё мемирад ва яке аз ин 3 сонияҳо навбати мост.
Дар ҳамин муддате, ки ҷумлаи болоро хондед, ҳадди ақал 2 нафар мурданд.
Пас, биёед қадри сонияҳои ҳаёти ба мо аз тарафи Офаридгор додашударо бидонем ва ба ҳамдигар дар вақти зиндагӣ содиқу меҳрубон бошему баъд аз вафот бо зиёфатороиҳо не, балки бо хондани оятҳо аз Қуръони Карим хотираи онҳоро шод гардонем!
Карамулло ОДИЛОВ,
Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон