Йигитчаи серҳаракат, олуфтанамо ва хеле сергап ба курсии таклифнамудаи ман нишаста, аз «Раъду барқи ҳаррӯза» омаданашро гуфта, илова кард:

-Шояд барои бо шумо интервю намудан омаданам эътироз нанамоед?

-Чаро омадам гуфтед?

-Барои интервю намудан.

-Аҳа, фаҳмо. Ҳа-ҳа. Ҳм! Ҳа-ҳа.

Субҳи ҳамон рӯз худамро нохуш ҳис намуда истода будам. Аз чӣ сабаб бошад, каллаам ҳеч кор намекард. Чунин бошад ҳам, аздусар назди ҷевони китоб омада, то шаш-ҳафт дақиқа ину он чизҳоро ҷустагӣ барин шудаму пасон ба йигитча муроҷиат намудам.

-Ҳамон калима чӣ хел навишта мешуд?-пурсидам аз ӯ.

-Чӣ хел калима?

-Калимаи интервю.

-Э Худои ман-ей! Ин ба шумо барои чӣ даркор аст?

-Ба луғат нигариста, мазмунашро донистан хостам.

-Ҳм! Ин чизи хеле аҷоиб! Чӣ тавр навиштани онро гуфтанам мумкин, агар шумо… агар шумо…

-Марҳамат, гуфтан гиред. Беҳад миннатдор мешавам.

-Ба фикри шумо ин калима бо «и» оғоз мешавад?

-Албатта!

-Э-э, сабаби луғатро хеле титу пит намуданам дар ҳамин ҷо будааст-да!

-Хуб, зоти муҳтарам, ин калимаро чӣ тавр навиштан даркор буд?

-Ман… росташро гӯям, намедонам. Охири луғатро варақ зада, онро миёни расмҳо бисёр ҷустаам-а. Лекин дар дастам нашри хеле кӯҳнаи луғат будааст.

-Эй, дӯстам, будани чунин расм мумкин нест. Ҳатто дар нашри навтаринаш ҳам ёфт намешавад… Маро авф намоед, шуморо ранҷондан намехоҳам, аммо ба мисли тасаввуркардаи ман одами бомаърифат набудаед.

-Ҳоҷати узр пурсидан нест. Аз одамони ба ман хушомад намекардагӣ ва ҳоҷати хушомад намудан набуда беинтиҳоии нодониамро чандин маротиба шунидаам. Ҳа, ҳа, нодонии ман завқи онҳоро меорад. -Худам ҳам чунин фикр карда будам! Лекин, ба масъалаи интервю баргардем. Медонед, аз одамони машҳур интервю гирифтан ба одат табдил ёфтааст.

-Не-е?! Инро акнун мешунавам. Шояд хеле аҷоиб бошад. Хуб, интервюро чӣ тавр мегиред?

-Медонед… хеле аҷоиб мешавад! Гоҳо ба дастат гурз гирифтан ҳам рост меомад, аммо одатан интервючӣ савол медиҳад, ҳамсӯҳбаташ ҷавоб мегардонад. Ҳозир чунинаш мӯд шудааст. Иҷозат медиҳед, ки барои муайян кардани паҳлӯҳои муҳими фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳаёти шахсиатон ба шумо якчанд савол диҳам?

-Марҳамат, бемалол! Зеҳнам хеле нохуб аст, фикр дорам, ки албатта, барои ин маро авф менамоед. Гуфтаниям, ки зеҳнам хеле ғалатӣ, ким-чӣ хел номуназзам аст. Гоҳ шитобон, гоҳ мисли сангпушт хазиданаш маро хеле ранҷонда истодааст.

-Зарар надорад, аздусар барои чизеро фикр намудан кӯшида бинед.

-Кӯшиш менамоям.

-Ташаккур. Шумо тайёред? Шурӯъ намудан мумкин аст?

-Ҳа, ман тайёрам.

-Чандсолаед?

-Моҳи июн нуздаҳсолагиро пур менамоям.

-Қоил! Ба ман бошад, шумо ба сиюпанҷ-сиюшаш даромадаед, мегуфтам. Дар куҷо таваллуд шудаед?

-Дар Миссурӣ.

-Навиштанро кай шурӯъ кардаед?

-Соли ҳазору ҳаштсаду сию шашум.

-Гапи беҳуда, охир шумо акнун нуздаҳсолаед-ку!

-Намедонам. Дарҳақиқат ким-чӣ хел ғалатӣ шуда истодааст.

-Ҳа, ҳамин тавр шуда истодааст. Шумо кадоме аз ин одамони то ҳамин вақт мулоқотнамударо шахси аҷоибтарин меҳисобед?

-Аарон Барраро[1].

-Мумкин нест, шумо нуздаҳсолаед-ку!

-Агар дар бораи ман аз худам зиёдтар донед, чаро аз ман пурсида истодаед?

-Ман тахмин карда будам. Бо Барра чӣ хел шинос шуда будед?

-Дар маросими дафни ӯ тасодуфан шинос шуда будам. Барра аз ман шавқун накарданро хоҳиш намуд ва…

-Ё аз қудратат! Агар дар маросими дафн иштирок намуда бошед, яъне ӯ фавтида будааст-да, агар фавтида бошад, шавқун мекунед ё не, ба ӯ чӣ фарқ дорад?

-Намедонам. Барра чунин одам буд.

-Ҳеч чизро фаҳмида натавонистам. Яъне, бо шумо суҳбат намуда, баъд фавтидааст…

-Ман фавтид, нагуфтаам.

-Лекин фавтидани ӯ рост аст?

-Баъзе одамон фавтид гуфтанд, баъзеи дигарашон нафавтид, гуфтанд.

-Худатон чӣ фикр доред?

-Ман чӣ кор дорам? Охир, маро дафн накардаанд-ку!

-Шумо бошед… Ҳа, ин масъаларо ҳеч гоҳ ҳал карда наметавонем. Барои аз шумо пурсидани чизи дигар иҷозат диҳед. Кай таваллуд шудаед?

Сию якуми октябри соли ҳазору шашсаду наваду се, рӯзи душанбе.

-Чӣ? Чиҳо гуфта истодаед? Агар чунин бошад, яксаду ҳаштодсола будаед-да! Инро фаҳмонда метавонед?

-Ҳеч гоҳ фаҳмонда наметавонам.

-Худатон навакак ман нуздаҳсолаям, гуфта будед, ҳоло бошад, яксаду ҳаштод гуфта истодаед. Гапи ба ҳамдигар зид-ку!

-Э, инро дарк кардед? Худам ҳам бештар чунин мепиндоштам, лекин аҳамият намедодам, Шумо бошед, зуд дарк намудаед-а!

-Барои мулозимататон ташаккур. Акою уко ва апаю хоҳаронатон буданд?

-Э-э… ба фикри ман буданд… боз намедонам, ба ёд оварда натавониста истодаам.

-Чунин гапи ғалатиро маротибаи аввал мешунавам.

-Наход?

-Албатта! Шумо чӣ гуфта фикр карда будед? Ба ман гӯед, дар девор расм (портрет)-и кист? Акоятон нест?

-Ҳа! Хуб аст, ки ба ёд овардед, дар ҳақиқат ӯ акои ман аст! Номаш Вилям бошад ҳам, мо ӯро Билл гуфта фарёд менамудем.

-Чӣ?! Яъне ӯ фавтида будааст-да?

-Ҳа, фавтида буд. Бешубҳа фавтида буд, гуфтан ҳам душвор аст. Ҳамин чиз аниқ нашуда монд.

-Воқеаи аламовар. Ба фикри ман бедарак шуда будааст-да?

-Ҳа, умуман гирем, чунин гӯем ҳам мешавад. Мо ӯро дафн намудаем.

-Дафн намудаем?! Мурда-зинда буданашро надониста истода дафн намудаед-да?

-Не-е! Гап дар ин нест. Ба фавтиданку фавтида буд-а…

-Росташро гӯям, ҳеч чизро нафаҳмида истодаам! Агар ӯро дафн карда бошед, яъне шумо фавтиданашро дониста будаед-да…

-Не, не! Мо фақат фавтида будааст гуфта фикр намудем.

-Ҳа, фаҳмидам! Ӯ боз зинда шудааст-да!

-Ҳеч гоҳ!

-Дар умрам ҳеч гоҳ чунинашро нашунида будам. Одам фавтид. Одамро дафн намуданд. Ҳеч чизро фаҳмида намешавад-а?

-Ман ҳам ҳаминро гуфта истодаам-да! Гап дар ҳамин аст. Медонед, мо бо марҳум дугоник будаем. Вақти пас аз таваллуд дуҳафтаина шуданамон моро дар ванна оббозӣ дорондаанд, яке аз ҳардуи мо ғарқ шудаем. Аммо ғарқ шудани кадоме аз моро намедонистем. Баъзе одамон Биллро, дигарон маро ғарқ шуд, гуфта фикр кардаанд …

-Қоил! Шумо чӣ фикр доред?

-Фақат ба худи Аллоҳ таоло маълум аст. Барои аниқ донистани ин ҳама чизи дунёро медодам. Ин мавҳумии мудҳиш тамоми ҳаётамро заҳролуд карда истодааст. Аммо ман ба шумо то ин вақт як сири ба ҳеч кас маълум нанамударо мегӯям. Дар яке аз ҳардуямон нишонаи алоҳида-дар дасти чапамон холи калонакак буд. Ин ман будам. Худи ҳамон кӯдак ғарқ шуда буд.

-Қоил! Яъне, ҳеч гуна сир набудааст-да.

-Сир нест, гуфта истодаед? Ба фикри ман ҳаст. Ба ҳар ҳол ба ин қадар саросема шуда ҳамон кӯдакро дафн накардани падару модарам ҳайронам. Лекин дар назди падару модарам дар ин бора даҳон накушоед. Худо шоҳид, бе ин ҳам ғаму ташвишашон аз сарашон зиёд аст.

-Хуб, ба фикри ман ба дараҷаи даркорӣ мавод гирифтам, барои илтифотатон раҳмат. Аммо, маълумоти додаатон дар бораи дафн карда шудани Аарон Барра барои ман ҷолиб шуд. Ба ман гуфта наметавонед, ки аз чӣ сабаб Барраро одами аҷоибтарин гуфта фикр менамоед?

-Гуфтанам мумкин аст. Умуман, ба ин аз панҷоҳ нафар якеаш таваҷҷуҳ мекард. Пас аз хондани ҷаноза тобути марҳум хобондашударо ба аробаи махсус гузошта акнун ба тарафи қабристон роҳ пеш гирифта истодани халоиқ ногоҳ Барра чашмашро кушода, ин дунёи равшанро маротибаи охирин тамошо кардан хостанашро гуфту дар паҳлӯи аробакаш нишаст…

Ҷавони интервюгир бо эҳтиром хайрухуш намуд. Аз бо ин ҳамсуҳбати аҷоибам бисёртар муошират намуда натавонистанам хеле афсӯс хӯрдам.

[1] Аарон Барра (1756-1836)-Арбоби давлатии Амрико.

Марк ТВЕН,

Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь