Вақте шахс ба ҷамъият ворид мешавад, бо инсонҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки хислатҳои гуногун доранд. Агар хохӣ, бо инсони нек ҳамсӯҳбату ҳамнишин шавӣ, сараввал ӯро бояд шинохт.

 Солҳои 80-уми асри гузашта шиносоии ман бо устод Сайфулло Махкамов ба вуқӯъ пайваст. Он солҳо Сайфулло Маҳкамов раиси ҷамъияти китобдӯстони шаҳрро бар ӯҳда доштанд. Дар яке аз вохӯриҳо, ки дар толори калони кумитаи шаҳрии Уротепагии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир гардида буд, банда низ чун дигар иштирокчиён дар толор ширкат доштам.

Устод зимни баромад самимона ва бо лаҳни буррову ширин сухан мекарданд. Бо гузашти вақт соли 1991 ман аз идораи омори шаҳри Истаравшан ба идораи телевизиони навтаъсиси «Афшин» (бунёдгузораш Эҳсонулло Абдуллозода, фарзанди адиби шинохта Разиуллоҳ Абдуллозода) ба кор омада, сараввал ба ҳайси наттоқ ва пас аз чанд муддат дар вазифаи муҳаррир фаъолият доштам. Устод Сайфулло Маҳкамов, ки худ пас аз хатми Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе (имрӯза ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият бурдаанд, аз таҷрибаи бойи кории худ ба ман – мутахассиси ҷавон маслиҳатҳои хешро дареғ намедоштанд.

Азбаски таъсиси телевизион дар Истаравшан як навгонӣ буд, мардумаш ҳар шомгоҳон барномаҳои онро бо шавқ тамошо карда, аз навгониҳои шаҳр бохабар мегаштанд. Ман бештар барномаи «Ахбор»-ро ба саъми тамошобинон пешкаш мекардам.

Устод Сайфулло Маҳкамов пас аз тамошои барномаҳои телевизиони маҳаллӣ ҳамчун муҳаққиқ, таҳлилгар барои пешрафти фаъолияти ман ва ҳамкоронам маслиҳатҳои судманд медоданд.

Устод як хислати хубе доранд, ки ҳақиқатро рӯйирост мегӯянду аз пас ҳарф намезаданд. Агар гӯям, ки Сайфулло Махкамовро дар ҷумҳурӣ ҳамагон мешиносанд, хато нахоҳам кард. Ҳангоми сафарҳои корӣ ҳамчун журналист ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамагон бо як нигоҳ пай мебаранд, ки он кас Сайфулло Маҳкамов – бунёдгузор ва сармуҳаррири нашрияи наврасону ҷавонон «Корвони умед» мебошанд. Бе муҳобот гуфта метавонам, ки устодро на танҳо бо навиштаҳояшон, балки бо тоқии дар сар доштаашон (ӯ аз айёми наврасию ҷавонӣ то имрӯз тоқии ӯротеппагӣ мепӯшанд) мешиносанд.

Устод бо маънои томаш дӯстпарвару меҳмоннавоз ҳастанд ва бештар шоҳид ҳам шудаам, ки дӯстони аз шаҳру навоҳии кишвар ба Истаравшан омадаро бе як пиёла чой гусел намекунанд. Вақте дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезананд, хурду калон ба устод салом дода, аҳволпурсӣ мекунанд. Шояд ин натиҷаи ана ҳамон хислати неку меҳрубониашон бошад, ки имрӯз меҳри устод дар умқи дили ҳамагон ҷой гирифтааст.

Устод бо аҳли адаби вилояту ҷумҳурӣ ҳамкории зич доранд. Навиштаҳояшон дар рӯзномаҳои расмию ғайрирасмӣ тез-тез ба чоп мерасанд. Ҳар боре, ки ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар мекунанд, албатта ба Хонаи адибон ва идораи рӯзномаю маҷаллаҳо рафта бо адибон, ҳамкасбони худ вохӯрда, аз маҳсули эҷоди ҳамдигар воқиф мегарданд ва дар як вақт навиштаҳои хешро барои чоп манзур мекунанд.

Албатта, аҳли адаб ба Сайфулло Маҳкамов бо назари нек менигаранд ва ба сабку услуби эҷодашон баҳои баланд медиҳанд. Устод зиёда аз 17 сол аст, ки хабарнигори рӯзномаи «Нақлиёт» дар вилояти Суғд мебошанд. Он кас аз соли 1976 аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1993 узви конфедератсияи байналхалқии журналистон, соли 2022 Барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ба номи Набӣ Каримов, аз соли 2011 Аъзои хазинаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии бойгонии СССР, дорандаи ду Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1972 ва 1988) ва соҳиби «Ифтихорномаҳо»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000), ғолиби озмуни вилоятии «Мутахассиси беҳтарини соли 2012» дар соҳаи журналистика дар вилояти Суғд, ғолиби озмуни вилоятии «Инсон, замон ва ҷомеа» дар соли 2014 мебошанд. Мавсуф аз соли 1994 то 2000-ум депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа, аз соли 2000 то 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Уротеппа (Истаравшан) буд.

Дар муддати наздик 57 соли рӯзноманигорӣ 32 номгӯй китобҳои гуногун аз таърихи диёр, маҷмӯи очеркҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватанпарастӣ, ҳаёти одамони наҷиб, ба монанди «Сарбози Инқилоб», қиссаи «Бӯи хун», «Фидоӣ», «Фарзанди Истаравшан», «Хишти аввал», «Сарчашмаи зиндагӣ», «Фарзандони диёр», «Сафобахш», «Ҳунармандон», «Мактаби маҳорат ва ҷасорат», «Нони ҳалол», «Роҳи оҳан – шарёни зиндагӣ», «Абадзиндагон», «Қиссаи як коса зардолуи қандак», «Саҳифаҳои нонавишта аз таърихи Ӯротеппа (Истаравшан)», ду раҳнамо «Ура-Тюбе» ва «Истаравшан» ва ғайраҳоро аз чоп баровардааст.

Адиби шинохта Ато Мирхоҷа, ки бо устод дӯстӣ доранд, доимо ҳангоми сафарҳои корӣ ва чӣ бо воситаи телефон ва чӣ мустақиман аз ҳолу аҳволи ҳам пурсон шуда, хабар мегиранд. Ато Мирхоҷа дар шеъри «Меҳрномаи»-и худ нисбати хислатҳои инсонии устод Сайфулло Маҳкамов чунин навиштаанд:

Меҳрнома

Чу Сайфуллоҳ Маҳкам кун ирода,

Агар хоҳӣ шавӣ марди баимон.

Надидам ҳеҷ содиқтар аз ӯ дӯст,

Надидам одаме аз ӯ бавиҷдон.

Бародарвор неку меҳрубон аст,

Ду дасташ дастгоҳи хайру эҳсон.

Ба шодию ғами ёрон шарик аст,

Бувад бо ӯ шарикӣ роҳати ҷон.

Дилаш аз шиша, аҳди ӯ зи санг аст,

Чӣ санге ҳаст дар ин шиша рахшон!

Ҳама меҳру ҳама ишқу ҳама сидқ,

Ҳама ҳусну ҳама ҳилму ҳама шон.

Барояш равшании Истаравшан,

Кушояд пар зи рӯи гарми эшон.

Худовандо, насозӣ дар ду олам,

Маро аз ӯ, варо аз ман парешон!

Нисбат ба кору фаъолияти доманадори устод бисёр ҳарф занем ҳам кам аст. Дар бораи устод шогирдоне, ки аз мактаби Сайфулло Маҳкамов баҳра бурдаанд, бисёр навиштаанд. Банда низ худро шогирди устод меҳисобам, тавре дар боло зикрашон рафт, барои мо журналистони ҷавон дарси маънавият додаанд.

Ёд дорам, соли 2003 буд. Ман бо устод Сайфулло Маҳкамов дар саҳни ҳавлии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вохӯрдем ва пас аз аҳволпурсии ҳамдигар устод ба ман пешниҳод намуданд, ки бояд дар рӯзнома ҳам қувва озмоям. Пас аз шунидани ин пешниҳоди устод аввал худро каме ноҳинҷор эҳсос намуда, чӣ гуфтанамро надонистам.

Устод аз хомӯшии ман истифода карда гуфтанд: “Шуморо ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи минтақавии «Заҳматкаш» пешниҳод мекунам, фақат не нагӯед, зеро Шумо маҳорати хуби навиштани хабару мақолаҳоро доред.”

Рости гап, ба устод чизе гуфтанамро надонистам. Устод дасти маро сахт дошта, гуфтанд, ки ба Шумо бовар дорам, албатта аз ӯҳдаи кор мебароед. Пас аз чанд рӯз фаҳмидам, ки устод ба котиби аввали кумитаи шаҳрии ҳизб, баъдан раиси вақти шаҳр Ҷумъа Зокиров пешниҳод додаанд.

Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2003 маро ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи минтақавии «Заҳматкаш» таъин намуданд. Дар ин вазифа қаблан худи устод кор мекарданд. Азбаски соли 2000-ум устод рӯзнома барои кӯдакону наврасон «Корвони умед»-ро таъсис дода буданд, бинобар он маро ба ҳайси сармуҳаррир дар рӯзномаи «Заҳматкаш» дидан мехостанд. Дар ин ҷода устод ба нияти неки худ расиданд.

Бояд зикр намоям, ки ман дар вазифаи сармуҳаррир дар рӯзномаи «Заҳматкаш» 13 соли пурра фаъолият бурдам. Роҳбаладии устод буд, ки соли 2015 роҳбарияти шаҳр маро ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи МИҲД-и шаҳр, рӯзномаи «Паёми Истаравшан» бо қарори худ тасдиқ намуд. Дар ин вазифа низ зиёда аз 6 сол фаъолият бурдам. Алҳол дар ҳамин рӯзнома вазифаи ҷонишини сармуҳарриро бар ӯҳда дорам.

Ҳамаи ин комёбию муваффақиятро нисбат ба худ ман аз дастгирии бевоситаи устод Сайфулло Маҳкамов медонам. Имрӯз устод дар нафақа буда, синнашон ба 80 мерасад.

Вале ҳамоно серкоранду эҷод менамоянд ва ба пирии худ нигоҳ накарда сармуҳарририи рӯзномаи кӯдакону наврасон «Корвони умед»-ро бар ӯҳда дошта, ҳамарӯза аз кору пайкори кормандони рӯзнома воқиф гардида, ҷиҳати пешбурд ва хонданбоб гаштани рӯзнома ба ҳайати эҷодии он маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Устод Сайфулло Маҳкамов соҳиби 7 фарзанд, 24 набера ва 14 абера мебошанд. Фарзанди калонии устод Саъдулло Маҳкамов идомадиҳандаи кору пайкори падар буда, дар ҷодаи рӯзноманигорӣ заҳмат кашида ба эҷод машғул мебошад.

Имрӯз Сайфулло Маҳкамов, ки барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, нафақагир буда шукри даврони истиқлолият, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, фазои ороми Тоҷикистонро мекунад.

Ӯктами Нурулло

Раиси созмони Иттифоқи

журналистон дар шаҳри Истаравшан

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь