Дуруд ҷаноби Картошка ва Сабзӣ!

Фикр мекунам маро шинохтед. Агар нашинохтед, пас мехоҳам худро шинос кунам. Ман Сирпиёз ном дорам, бародарбузурги Пиёз мебошам. Ростӣ дарди дилатонро дар ҳафтанома хондам. Худ аслан одати рӯзнома хонданро надорам, аммо бародарам Пиёзбой тавсия дод, ки якбор хонам. Ман ҳам гапи ӯро дар замин нагузошта, як бор не, чанд бор аз боло ба поён, аз поён ба боло, аз чап ба рост, аз рост ба чап, такрор ба такрор дарди дили ҳардуятонро хондам. Дар натиҷа, ба хулосае омадам, ки барои ин худи шумо гунаҳкор ҳастед!

Барои чӣ мегӯед? Тоқат кунед, бо навбат ба шумо гунаҳкори асосии ин ҳама беқадриатонро исбот месозам. Вале, дар аввал мехоҳам ба Сабзӣ як чизро гуфта монам, ки дар боло шудани нархи ман худи мардум гунаҳкор ҳастанд на ман! Шумои мӯҳтарам бошед, маро тӯҳматҳои беасос кардаед ва қайд кардаед, ки гӯиё ман дурӯғчӣ бошам. Оё ҷаноби Сабзӣ, шумо медонед, ки барои ин амалатон ман метавонам шуморо ба суд диҳам?

Шумо солҳои даҳшатноки паҳн шудани коронавирусро фаромӯш кардаед! Он солҳо, вақте дар ҷаҳон миллионҳо нафар мурданд, кадоме эълон кард, ки танҳо ва танҳо сирпиёз давои ин вабои аср аст. Ва зери ин овоза ҳангомаи мардум оғоз шуд.

Дуруст аст, ки ин ҳама бофтаҳои мардум буд. Аммо дар ин шумо наметавонед маро гунаҳкор кунед,зеро ин дурӯғҳоро ман набофтаам. Балки худи мардум ва боз ана ҳамон савдогарони беинсоф фикр карда баромадаанд. Чӣ тавре ки худи шумо медонед, бо гузашти рӯзҳо дурӯғ будани ин ҳама гуфтаҳо аниқ шуда буданд. Вале, бовар кунед, то ҳол ман намедонам ба дастандакорони ин овоза раҳмат гуям ё лаънат. Зеро якбора ҷимати ман то сад сомонӣ боло рафт, аммо баъди соле якбора нархи манп аст фаромаду мисли солҳои пеш шуд.

Шумо бошад Картошка – ако, бечоранолиро бас кунеду аз паси ҳалли мушкил шавед. Бо бузургон ва пирони кор маслиҳат кунед. Чораи пешгирии беқадр шуданатонро шояд онҳо донанд.

Ман ба шумо аз таҷриба мегӯям, ки ҳар қадар серистифода шудӣ, ҳамон қадар беқадр мегардӣ. Беҳуда шоирони гузашта нагуфтаанд:

 Бисёр қадам намон бар  хонаи кас,

 Ҳарчанд азизӣ, оқибат хор шавӣ.

Ана ҳамин аз ҳад бисёр ва серистеъмол будан, шуморо беқадр кардааст.
Мегӯед ин дурӯғ аст? На, шумо иштибоҳ мекунед! Ин рост аст!!!

Мисол, маро бинед аз ҳад кам истифода мешавам. Аммо қиматам доим болост. Маро ҳамчун доруворӣ низ истифода мебаранд. Шумо медонед, ки айни ҳол қиммати ман дар бозор чанд сомонӣ ҳаст? На, намедонед. Минбаъд донед ҳам, худро ба нодонӣ мезанед. Айни ҳол ман дар бозорҳо аз 15 то 20-25 сомонӣ қадр дорам. Шумо бошад 2-2.50 сомонӣ. Фарқро эҳсос карда истодаед? Фарқ байни ману шумо аз замин то осмон аст!

Бар замми ин ҳама ман мисли шумо меҳнати зиёдро талаб намекунам. Парваришам назар ба шумо хеле осонтар аст. Аммо мардум медонанд, ки ман чизи зарурӣ ва камёфт ҳастам. Маро мисли шумо беқадр намекунанд. Ман мисли шумо дар ҷариҳо хоб намекунам. Ҳатто як донаи ман зимистон дар бозорҳо ба қиммати як килои шумо баробар мешавад. Ин ҳама аз бузургӣ ва роҳи корро донистан аст.

Ман мисли шумо бечоранолӣ намекунам. Балки доим роҳи ҳалро меҷӯям. Мебинам, ки дар бозор мардум аз ман рӯй гардонданианд. Даррав назди табиби шинос меравам ва ӯ барои беморонаш маро тавсия медиҳад. Ба гӯши ду – се бемор каме аз каромотҳои ман мехонад. Дидед, ки боз ман дар бозор қадру манзалат пайдо кардаам.

Акннун ба шумо оғои Сабзӣ рӯй оварданиам, ки дар муроҷиати худ бо акои Картошка аз ман ба бадӣ ёд кардаед. О ман ба шумо коре надорам. Шуморо эҳтиром мекардам. Аммо шумо ин ҳамаро зери по кардеду маро назди мардум бадгӯӣ намудед. Ман ин кори шуморо ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳам кард.

Шумо аз беқадрии худ шикоят бурдаед. О ба ин ҳама худи шумо гунаҳкор ку. Магар ҳамин шумо набудед, ки баъди баланд шудани нархатон, хати биниатон осмонро мебурид.

Ба якборагӣ дигар моро писанд намекардед. Ҳатто чандин маротиба ба наздатон рафтам, аммо қабул ҳам накардед. Дар ҷои коратон будед, вале доим зертобеъҳои Шумо мегуфтанд, ки раис нестанд, раис дар маҷлис. Яке аз сабабҳои ба якборагӣ аз сари мансаб рафтанатон, ана ҳамин маҷлисбозиҳоятон мебошанд. Шумо ба ҷои он ки сари чӣ гуна нигоҳ доштани нарх фикр кунед, вақтатонро бо маҷлисҳои бекора сарф мекардед. Оқибат душманонатон тавонистанд бар зидди шумои азиз нақша кашанд ва шуморо аз пой афтонанд.
Онҳо бо муваффақият ин корро анҷом доданд ва шумо боз ба ҷои аввала баргаштед. Боз мисли пешин дар бозорҳову ҷариҳо беқадр хоб мекардагӣ шудед.

Бале, дарди шуморо ҳам мефаҳмам. Шахсе, ки якбора аз аспи мансаб меафтад, ба чунин ҳол дучор мешавад. Ба шумо Худо дода буд, аммо шумо ҳамон додаро ҳам натавонистед саранҷом кунед. Дар баробари ин нафси бадатон сабаби муфлис гардидани Шумо гардид.
Ҷаноби Сабзӣ, шумо бояд дили мардумро ба даст меовардед на ин ки баҳри фоидаи савдогар амал мекардед. Беҳуда намегӯянд, ки ғазаб ва дуои халқ сахт мегирад.

Шумои “мӯҳтарамро” дуои халқ гирифт ва чашмгуруснагии савдогарон сабаб шуд то ба ин ҳол гирифтор гардед.

Бинобар ҳамин аз шумо хоҳиш месозам, ки акои азизу меҳрубони мо Картошкаро бо роҳи бад ҳидоят накунед. Балки ба он шахс кӯмак кунед, то дар ин бозори беинсофон роҳи худро пайдо кунанд. Аз ҳосили акои азиз деҳқон фоида бардораду қусури азобҳои кашидааш барояд. Дигар ба сари ако Картошка бори маломатро нарезанд. Шумо баръакс, ҳаракат карда истодаед, то акои Картошка ва деҳқон қурбони найрангҳои савдогарон гарданд. Оё боре фикр кардаед, ки дар баланд шудани нархи маҳсулот кӣ гунаҳкор аст? Алббатта, ки на! Шумо низ мисли дигарон гуноҳро ба сари деҳқон мезанед. Ҳол он ки аз ман бештар медонед, ки деҳқон барои парвариши кишт чӣ қадар заҳмат ва маблағ сарф мекунад. О, як бор деҳқони бечора ҳам аз ин Картошка ё пиёзи сабилмонда фоидае ба даст орад боке нест. Афсӯс, боз ҳам фоидаро баъзе ҷаллобон мебинанду таънаву маломатро деҳқони бечора мешунавад.

Бародарони азиз Картошка ва Сабзӣ, ман оиди мактубҳои шумо бо бародарам пиёз гап задам. Ӯро насиҳат кардам. Пиёз чӣ тавре ки шумо дар мактубҳоятон қайд кардед маҳсулоти бад нест. Ӯ низ дар ҷомеа қадру манзалати худашро дорад ва бе пиёз на лаззати шашликро мефаҳмеду на ошу на қурутобро. Инро фаромӯш накунед!

Худи пиёз ҳам аз боло рафтани нархаш низ он қадар хушҳол нест. Дирӯз назди ман барои маслиҳат омада буд ва ман ҳам ҳамчун шахси соҳибтаҷрибаву соҳиби мақому мартаба, маслиҳати худро додам.

Медонед – чӣ, Пиёз ба ман сирри боло рафтани нархашро гуфт. Ба шумо ҳам ин сирро мегӯям ба умеде ки байни худамон монад. Чун шумо низ қадрдонед барои ман. Сир ва сабаби болоравии нархи пиёз боз ҳамон ҳаммолони беинсоф будаанд. Онҳо соҳиби пиёзи бечораву нохондаро фиреб дода, Пиёзро бо нархи аз 1 то 2 сомонӣ харидорӣ карда будаанд. Баъд ба бозор бурда, дар ҳаққи деҳқон дурӯғпароканӣ карда, нархро то ба 8 сомонӣ боло кардаанд.
Дирӯз пас аз маслиҳату насиҳати ман Пиёз бо соҳибаш маслиҳат кардааст. Онҳо тамоми пиёзпарваронро даъват намуда, ба хулосае омадаанд, ки бояд ба фурӯши пиёз худи деқонҳо машғул шаванд. Ин кор аллакай чанд рӯз боз дар вилояти Суғд идома дорад. Аллакай нархи пиёз ба 4-4.50 сомонӣ баробар шудааст, ки ин ҳам як дастовард мебошад.

Бинобар ҳамин, ман мехоҳам, ки мо як маҷлиси ғайринавбатии маҳсулоти хурокворӣ ташкил намоем. Дар онҷо бояд аз бурду бохти маҳсулот сӯҳбат карда, аҳсулотҳои қимматашон боло бударо насиҳат намоем. То дигар мардум бо маоши ночизи худ, барои сер кардани фарзандонашон сарсон нашаванд.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ҳамаи маҳсулотҳои хурокаро ба маҷлис даъват намоям. Шумо низ бародарони азизи ман акои Картошка ва ҷаноби Сабзӣ ҳатман ширкат варзед!

Натиҷаи ва суратмаҷлис расо пас аз як ҳафта дар шумораи навбатии “Фараж” ба нашр мерасад.
Барои чӣ дар “Фараж”? Чун ин газета доимо масъалаҳои муҳими моро инъикос месозад.

Шунавандаи дарди дили сирпиёз, – Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь