Шахсияти фалсафӣ ба ин маъност, ки ин ё он шахс дар асоси мутолиаҳои тулонӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ шахсияти маҳаллӣ, миллӣ ва мазҳабии пешинаи худро тағйир додааст. Барои мисол, устод Раҳимӣ соли 1951 дар Бухоро таваллуд шудааст. Аммо ӯ чун дигар бухороиҳои имрӯза набуд ва аз онҳо фарқ дошт. Ҳам аз тарзи муошират ва ҳам аз тарзи андеша ва ҷаҳонбиниаш. Чаро, ки ҷаҳонбинии С. Раҳимиро фарҳангҳои ҷаҳонӣ тағйир дода буданд.

Зоҳиран аз назари қиёфа ва шаклу сурат Бухороӣ буд, вале аз назари маънавиёт монанди Бухороиҳои дигар набуд. Чуноне, ки юнониҳои қадим бо ҳам аз ҷиҳати одобу ахлоқ монанд буданд, вале Суқрот аз ҳамаи онҳо фарқ дошт. Ба динҳои бутпарастонаи онҳо бовар намекард. Ақидаҳои илмии онҳоро беасос медонист. Ахлоқи онҳо хурофотпарастона буд. Аммо Суқрот ҷаҳонбинии дигар дошт. Аз рӯи ченакҳои дигар, ахлоқро месанҷид. Ченакҳои мардуми он замон, анъанавӣ ва тақлидӣ буданд. Суқрот ба ин ахлоқҳо бо назари танқидӣ нигоҳ мекард. Онҳоро бо илму дониши таҷрибии замони худ муқоиса менамуд. Дарёфта буд, ки мардуми Юнони бостон дар бисёр масъалаҳо ба иштибоҳ роҳ додаанд. Кӯшиш мекард, ки онҳоро аз ин хатогиҳо огоҳ намояд. Роҳи дурустро ба онҳо нишон диҳад. Вале мардум ба суханҳои ӯ бо ҷиддият таваҷҷӯҳ намекарданд. Баъзан меранҷиданд ва баҳсу ҷадал менамуданд. Аммо Суқрот босаброна ба гуфтаҳои онҳо гӯш медод ва он гуфтаҳоро бо якдигар муқоиса мекард. Натиҷа ин мешуд, ки ҳамзамонони Суқрот пай мебурданд, ки Суқрот рост мегӯяд ва назари ӯ хайрхоҳона аст… Ин бархурдҳои фикрӣ бо муосиронаш солҳо давом карданд ва асрҳо мавриди гуфтугу қарор гирифтанд. Ин аст, ки Суқрот дорои шахсияти фалсафӣ гардид. Яъне, сабаб шуд, ки ҳамзамононаш шахсияти ӯро шинохтанд ва дурустии фикри ӯро эътироф карданд…

Файласуфони дигар миллатҳо низ аз ҳамин роҳи Суқрот рафтанд. Ҳадафи онҳо низ кӯмак расонидан ба мардум буд. Вале онҳо низ ба осонӣ ақидаҳои файласуфони худро бовар намекарданд. Аз ҳамин қабил буданд моҷароҳои фикрӣ ва ахлоқии Николай Федорови рус бо ҳамдиёрони худ; Фридрих Нитше бо олмониҳои асри XIX; Бертран Рассели англис бо мардуми суннатгарои англис; Ҷон Пол Сартр ва Симона де Бовуари фаронсавӣ бо мардуми Фаронса дар асри XX;

Масалан, Сартр ва Симона ахлоқи фаронсавиҳои асри XX-ро қабул накарданд. Даъвои издивоҷи озод карданд. Никоҳи масеҳиро хурофот ва зидди ишқи инсонӣ эълон намуданд. Ҳарду бо  ҳам ошиқӣ намуда, никоҳро қабул накарданд ва аз савганди вафодорӣ то рӯзи марг, сар боз заданд. Ин ва дигар рафторҳои густохонаи онҳо шахсияти фалсафии Сартр ва Симона де Бовуарро ташкил дод. Ин аст, намуна ва мисоли мухтасаре доир ба таъриф ва формулаи шахсияти фалсафӣ дар илми муосир.

Ҳоло баргардем ба шахсияти файласуфи тоҷик, Саъдулло Раҳимӣ:

Якум: Доир ба файласуфон ва фарҳангиёни муосири тоҷик мегӯяд, ки:

Онҳо бовар надоранд, ки халқи тоҷик илми фалсафа дошта бошад!

Дар мо вақтҳои охир чи будани илми фалсафаро инкор мекунанд…

Дар барномаҳои мактабҳои олӣ фани фалсафаро ихтисор менамоянд…

Устод Раҳимӣ мегӯяд, ки ин кори  нодуруст аст…

Устод мегӯяд, ки як профессори илмҳои дақиқ ба ман гуфт, ки мо аз рӯйхати имтиҳоноти давлатӣ илми фалсафаро берун намудем… Гуфтам, ки бачаҳоро ба ин фалсафанамоиҳо овора накунем…

Устод Раҳимӣ дар ҷавоб мегӯяд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон доир ба шахсиятҳои ношинохта ва ё камшинохта машғул шуда, аз масъалаҳои ҷиддии илмӣ аз қабили масъалаҳои имрӯзаи инсон, ҷомеа, нажод, миллат ва ғайра мавриди таҳқиқ қарор дода намешаванд… Дар воқеъ фалсафаи мо ғайри ҳирфаӣ ва ғайри профессионалӣ шудааст… Худи файласуфон дар масъалаҳои муҳими ин илм бо ҳам баҳс намекунанд… Ба ҷои масъалаҳои фалсафӣ файласуфони мо машғули ғайбату туҳмати якдигар ва ниқоргирӣ аз якдигар мебошанд!

Ин аст, ки фалсафаи муосири Тоҷикистон бештар ба сиёсатҳо дода шуда, аз мавзӯи аслии худ, дӯрӣ меҷӯяд…

Пас, файласуфони имрӯзаи тоҷик доир ба кадом масъалаҳо машғули баҳсу таҳқиқ ҳастанд? Бо эътирофи аксарият мавзуъҳои ҷолиби файласуфони имрӯзаи тоҷик: астрология, яъне фолбинӣ аз рӯи ситораҳо, доир ба фаро расидани рӯзи қиёмат, хурофотҳои мазҳабӣ ва ғайра мебошанд…

Дар сурате, ки фалсафаи илмӣ ва ҳақиқӣ ошкоркунандаи ҷавҳари мушкилоти ҷаҳон, инсон ва ҷомеа мебошад…

Пас, халқ ва миллате, ки фалсафа надорад, он халқи қафомонда, бесавод, бадбахт ва пойбанди мавҳумоти динӣ мебошад… Ин аст, бо як калима ақидаи Устод Раҳимӣ доир ба мақоми илми фалсафа дар ҷаҳон ва махсусан дар Тоҷикистон…

Ногуфта пайдост, ки ин андешаҳо бо андешаҳои бузургтарин файласуфони прогрессивии ҷаҳони имрӯза ҳамоҳанг ва созгор мебошанд.

Аз ин гузашта, Устод Раҳимӣ ҳамчун файласуфи асил ва реалист ба тамоми шартҳои ихтисоси худ, ҷавобгу мебошад. Аз ҷумла:

Аз муҳимтарин риштаи илми муосири фалсафа: илми эстетика ба хубӣ огоҳ аст ва муаллифи чандин рисолаҳои илмӣ мебошад. Аз қабили: “Аз таърихи ақидаҳои эстетикии халқи тоҷик” (2005); ва “Эстетикаи зардуштия” (2006);

Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро хуб медонад ва аз ин тариқ ба фарҳанг ва фалсафаи ҷаҳонӣ робитаи танготанг дорад;

Ихлосманди андешаҳои файласуф Акбари Турсон ва академик Мусо Диноршоев аст.

Дӯстдори ашъори Устод Лоиқ мебошад. Ин мисраи дӯстдоштаи уст:

Ҳар қатраи об дар танат марҷон аст!

Аз муҳаққиқони хориҷӣ, мухлиси таҳқиқотҳои устурашиносии доктор Меҳрдоди Баҳор мебошад.

“Шашмақом” ва оҳангҳои Аҳмади Зоҳирро дӯст медорад. Махсусан, мисраи ин байтро:

Ҳама ёронам ба парешонӣ, ки сияҳ шому саҳаре дорам!…

Устод марде ҷаҳондида аст ва дар аксари кишварҳои Шарқу Ғарб чун намояндаи фалсафа, фарҳанг ва кинои Тоҷикистон ширкати фаъол варзидааст.

Ҳакими зебоишинос

Эй Ҳакими нуктасанҷи ин замону ҳар замон,

Номи некат, ҳасту бошад, доимо вирди забон.

Фитратат аз баски  зебоипараст афтодааст,

Ҷилваҳо афкандайӣ, аз оташи Маздоиён.

Дар раҳи озодагӣ, пайваста заҳмат мекашӣ,

Ҳеҷ парвое надорӣ, з-ин ҳама суду зиён.

Аҳли дил доранд аз ному нишонат, огаҳӣ,

Зинда медорӣ, мақоми Одамиро дар ҷаҳон.

Доимо фархунда бошӣ, эй ҳакими ростин,

Ахгаре ҳастӣ ниҳон, аз чашми қавми Ориён!

К.Бекзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь