Пешниҳод

Ба ҳамаамон маълум аст, ки сафи сокинони нави аз гирду атрофи Душанбе ва ҳам аз ноҳияҳои дуру наздики кишвар ба пойтахт омада, рӯз ба рӯз афзоиш дорад. Аслан, бо сабабҳои гуногун ба пойтахти кишвар кӯч баста, маскун шудани мардум як раванди умумиҷаҳонист ва ҷойи эрод надорад. Лекин ба як шарт. Шахсони аз гирду атроф ба пойтахт омада сокин шуда, аз кӯдак то мӯйсафед, бояд, ки тартибу низоми шаҳрнишиниро писанданду ба он мутобиқ шаванд. Аз миёни бисёр масъалаҳое, ба фарқ аз деҳот, хоси тартибу низоми шаҳрнишинӣ ҳастанд, танҳо риояи тозагии кӯча ва гирду атрофи биноҳои истиқоматиро гирем.

Дар кӯчаю пиёдароҳҳо, боғу гулгаштҳо сари ҳар 10-15 қадам қуттиҳои ахлотпартоӣ гузошта шудааст, вале боз ҳам мебинем, ки қоғазу шишаю халтаҳои пластмассӣ, пасмондаи хуришҳои навбаромади “тез-тайёр” рӯйи роҳу даруни ҷӯйборҳо пур аст. Дар саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи биноҳои баландошёна аҳвол аз ин ҳам бадтар асту беҳтар не. Ҳол он ки қуттиҳои калон-калони ахлотпартоӣ аз даромадгоҳи хонаҳо дур нест ва навиштаҷоти огоҳкунанда ба маънои зарурати ба ахлотқуттӣ партофтани ахлоту хокрӯба дар деворҳо насб гардидааст.

Нисбати онҳое, ки гирду атрофи истиқоматгоҳҳоро ифлос мекунанд, оё бетарафем? Бетараф нестем, вале эроду хоҳиши мо дар бораи нодуруст будани кирдори онҳо, яъне аз тиреза поён партофтани қоғазу баклашка, ба кӯчаю роҳравҳо рехтани партовҳо на танҳо таъсир намекунад, ё шармашонро меоварад, балки баръакс, қаҳру ғазабашонро меоварад ва рӯйирост ҳақорат ҳам накунанд, ҳатман ҷавобашон чунин аст: – Э, бра, ба ман чӣ кор дорӣ?

Дар ин гуна ҳолат дигар чӣ мегӯйӣ? Калонсолаш чунин ҷавоб диҳад, кӯдак ё наврасаш эродро писанд мекунад ё миннатдор мешавад?

Пас, чӣ бояд кард?

Шояд ба мисли баъзе кишварҳои пешрафта, аз камераҳои назоратӣ, ки дар мағозаву биноҳои баландошёна ва хиёбону чорроҳаҳо гузошта шудааст, бо ин мақсад истифода барем. Яъне, масъулони чунин камераҳо вазифадор гарданд, ки  бо фосилаи ду – се рӯз, дар ҳудуди муайян «рейд» гузаронанд ва аз камераҳои назоратӣ нафарони партовҳоро дар роҳи калон  ё назди бино гузоштаро муайян намуда, ҷаримабандӣ кунанд.

Албатта, чунин амалро бо маслиҳату машварати пешакӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ намуда, тавассути  Воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кардан лозим аст. Музди кори мутасаддиёни ба ин амал ҷалбшуда аз маблағи аз ҳисоби ҷарима ҳосилшуда пардохта мешавад.

Бояд гуфт, ки чунин таҷриба дар кишвари Сингапур истифода мешавад. Дар он ҷо нафаре, ки партовро дар ҷойи муқарраршуда намегузорад, бо ҷарима ва ба корҳои рӯбу чини чандрӯза ҷазо дода мешавад.  Ба ин монанд таҷриба тобистони соли 2022 дар пойтахти кишвари ҳамсояи Қазоқистон низ ҷорӣ гардидааст, ки тибқи муқаррароти он ҳатто шахсони дар роҳ туф кардаро тариқи камераҳои назоратӣ ёфта, ҷарима мебанданд.

Пешниҳоди мазкурро шояд ба баъзеҳо нақзи ҳуқуқи инсон рабт диҳанд, баъзеҳо амали мушкили иҷронашаванда ҳисобанд. Вале таҷрибаи милитсияи кишвар, ки тавассути камераҳои назоратӣ авбошу нафарони тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардаро дастгир мекунанд, имкон медиҳад, ба самарабахшии амалигардонии он умед бандем.

Фархунда Шарифова,

сокини шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь