Муддатҳост корам мушкил андар мушкил аст. Як мушкил рафъ мешавад, ки мушкили дигар рӯ мезанад. Дар талошҳо гоҳ муваффақам ва гоҳи дигар на. Зиндагӣ худ ҳамин аст: маҷмӯъи комёбиву нокомиҳо. Баъзан дилмонда мешавам, хастагии руҳӣ ғолиб меояд, вале бо гузашти як фурсате дигар бора дар талош мешавам. Ин воқеъиятро касоне метавонанд дарк кунанд, ки модари танҳоянд ва ба танҳоӣ бори вазнини зиндагиро мекашанд. Ин гуна модарон басо зиёданд, ҳазорҳо нафаранд. Вале мо кам онҳоро медонем, ба мушкилашон камтар воридем.

Шавҳарам, ки дар айни бемории азиятборам маро бо ду духтарчаам тарк кард, сахттарин зарба ба ман зад. Худованд мани беморро шифо дод ва сипосгузорам аз он зоти Ҳақ, ки дубора маро ба фарзандонам баргардонд. Ҳоло ин ду паризодам бо мананд. Субҳгоҳон ба боғча мебарам, бегоҳиҳо ба хона. Ва ҷойи кор ҳам дорам, ҳарчанд мушкилотам зиёд аст, вале боз ҳам шукри онро мекунам, ки бо фардандонам ҳастам.

Аммо шавҳарам ҳамеша аз пардохти алименте, ки суд таъин карда буд, саркашӣ мекард. Рӯ ба фирор дошт, ба зангҳои телефонӣ посух ҳам намедод. Ҳолатҳое доштам, ки ниёзманди ғизо барои тифлонам будам. Вале ӯ ҳамоно дар гурез буду ҳеч парвои ақаллан пардохти алименти қонунан таъиншуда намекард. Дари лутфи Худованд ҳамеша баста нест, он дар замони худ боз мешавад, инсонҳои хуб дасгирӣ ба мушкилуфтодагон мешаванд. Худованд раҳмату мағфират кунад акаи Абдуқаюмро. Дар суҳбати онлайн (он кас дар Русия буданд) бо тавсияи якеи дигар аз дӯстон машварати ҳуқуқӣ пурсидам. Ошкор посух доданд, ки ин кор хеле мушкил аст, аммо ту метавонӣ ба назди муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ генерал-лейтенанти адлия Абдуманнон Холиқзода Ғаффар равӣ арзи матлаб кунӣ, бовар дорам мушкилат ба зудӣ ҳал мешавад.

Ҳамин буд дари лутфи Илоҳӣ, ки ба ҳалли мушкилам боз гардид. Назди генерал Холиқзода рафтам ва дар суҳбати рӯ ба рӯ аз мушкилам ҳарф задам ва гуфтам, ки чор моҳ аст, ки шавҳарам на танҳо алимент намепардозад, ӯ маро бадиққат шунид ва ба мутахассиси пешбари Хадамоти иҷро Баҳоваддин Мансурзода супориш дод, ки қарздорро зуд пайдо кунад. Аммо шавҳарам ба зангҳои телефони корӣ посух надод. Билохира, генерал аз телефони мобилияш занг зад ва ба ӯ ним соат фурсат дод ва гуфт агар то ним соат худатро дар Хадамоти иҷро нарасонӣ, пайдоят мекунем. Мо тамоми маълумотро дар бораат дорем, ҳамин ҳоло дар куҷоӣ мо дида истодаем. Мо тамоми равуоятро наззора дорем ва дида истодаем, ки ҳоло дар куҷо қарор дорӣ.

Ҷавобгар аз тарс ним соат нагузашта дар Хадамоти иҷро ҳозир шуд ва мо рӯ ба рӯ шудем.

Муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтинанти адлия Холиқзода Абдуманон Ғаффор, бо касбияти баланду ҷиддияти генералӣ бори дигар ба шавҳари собиқам уҳдадориҳои ӯро дар мавриди сари вақт пардохтани алимент барои ду фарзандаш фаҳмонд, қонунро ёдрас кард, оқибати фирор ва сарпечӣ аз талаботи қонунро низ гуфт.

Баъди ду соат ҳақи чормоҳаи алименти фарзандонам ба корти бонкиам гузашт.

Самимона изҳори сипос мекунам ба муҳтарам генерал-лейтенанти адлия Абдуманнон Холиқзода ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки дар Тоҷикистон қонунҳо амал мекунанд, касоне ҳастанд, ки иҷрои ин қонунҳоро ҷиддан назорат мекунанд. Бовар кардам, ки агар мо бонувон ҳуқуқҳои худро донем ва ҳамчунин донем, ки барои чӣ ба куҷо бояд арз кард, шавҳарони гирезпо наметавонанд то охир фиреб кунанд.

Дуо мекунам, ки сафи чунин кормандону роҳбарони масъулиятшинос ва содиқ зиёд шавад, то мисли ман дар чанги беадолатиҳо монда, аз ҷабри шавҳарони собиқи гурезпо ба ҳадафҳои худ расанд ва ақаллан ҳақи фарзандонашонро рӯёнида тавонанд.

Раҳима АЪЗАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь