Дар ҷомеаҳои мутамаддин зан ҳамчун муҳаррики пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф гардидааст. Дар баробари ин, донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як фарди баору номус аст. Зани бонанги тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон дар паҳлуи мардон бори рӯзгордориву давлатдориро бар дӯш доштааст. Набзи имрӯзаи замон низ тақозои онро дорад, ки зан аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт, фарҳанг ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад. Моҳи декабри соли1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҳамзамон, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Дар асоси ин фармон иштироки бонувон дар идоракунии мақомоти давлатӣ бозбинӣ шуда, шумораи онҳо дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда сол то сол афзоиш меёбад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори мавқеи зан дар ҷомеа тамоми шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам овард. Дар ин замина, моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон» қабул гардид. Ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз заминаи ҳуқуқию иҷтимоии пешбурди сиёсати давлатиро дар байни занон муайян намуд. Баъдан, «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ба имзо расид.

Тавре зимни суҳбат муовини раиси ноҳияи Ховалинг Гулбарг Аҳрорзода иброз намуд, “аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба ин васила дар ҳошияи иқдоми мазкур аз андоз озод гардидани ҳунармандон ба пешаварони ноҳияи Ховалинг низ нерӯи тоза бахшида, барои дигарбора эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намуд. Ҳамакнун ҳунармандони ховалингӣ метавонанд дар хонаҳои худ барои худу аҳли оилаашон ризқ пайдо намоянд ва инчунин,ба бисёр шогирдон ҳунари асили худро омӯзонанд”.

Инчунин, тавре Гулбарг Аҳрорзода афзуд, дар семоҳаи аввали соли 2021 дар ноҳия 3 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо пешниҳоди 143 ҷой гузаронида шуда, муроҷиати 31 нафар қайд гардид, ки аз ин шумора 12 нафар зан мебошанд. Дар умум 29 нафар бо ҷойи кор таъмин  шудаанд. Ҳамчунин, дар ин давра 3 нафар шаҳрвандон соҳиби шаҳодатнома аз рӯи ихтисосҳои гуногун гардидаанд.

Дар баробари ин, барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 4 нафар ба маблағи 14,5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд, ки 3 нафарашон зан мебошанд ва онҳо бо 13 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд.

Зимнан, музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1366,79 сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 123,10 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба қавли мавсуф, шумораи муҳоҷирон дар се моҳи соли 2021-ум 672 нафарро ташкил намуда, аз он 32 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Тӯраева Паригул бошад, мегӯяд, ки “шумораи умумии занҳо дар ноҳия 29535 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 8 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 5 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 32 нафар вакилони ҷамоатҳо, 14 нафар хизматчии давлатӣ, 274 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Дар соҳаи тандурустии ноҳия бошад, 50 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 308 нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 15 нафар дар беморхонаи марказӣ, 33 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолият мекунанд.

Дар ин зимина Мирзоева Момагул – машваратчии Маркази ВНМО-и ноҳияи Ховалинг чунин андеша дорад: “Тӯли 40 сол мешавад, ки ман дар соҳаи тиб кору фаъолият дорам. Дар рафти кор аз рӯи масъулияти бар дӯш доштаам бо ҷавонон бисёр вохӯриҳоро барпо мекунем. Машваратҳои мо бештар ба роҳҳои гузариши бемориҳои сироятӣ равона карда шудаанд. Мо ба ҷавонон, бахусус занон мефаҳмонем, ки чи тавр онҳо бояд худро аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт кунанд. Аз ин ҷост, ки занону ҷавонон ҳамеша бо мо дар тамос мебошанд. Ҳамзамон, барои ҷоннок намудани кор дар ин самт ба ҳамаи бонувону ҷавонон мо китобчаву брашураҳои усулҳои эҳтиёткорӣ ва тарзи ҳаёти солимро тақсим мекунем. Дар баробари ин, барои ҳамаи он шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷират ба Русия сафар мекунанд, вохӯриҳо барпо мекунем, онҳоро аз ташхис мегузаронем. Дар бораи ин беморӣ маълумот медиҳем. Ҳамчунин, бо ҷавононе, ки нав хонадор мешаванд, перомуни бемориҳои сироятиву гузаранда суҳбат мегузаронем. Мефаҳмонем, ки хун бемор мешавад. Беморӣ метавонад аз хун ба хун гузарад. Ҳамчун момодоя ман худ чунин ақида дорам, ки зани солим насли солимро ба дунё меорад. Ҷомеаи мо солим мешавад. Мақсади машварату суҳбатҳо ва вохӯриҳои мо ба солимии ҷомеа равона карда шудааст. Вақте чунин вохӯриҳоро мегузаронем, шахсан худам оид ба масъалаҳои нашъамандӣ, бемории ВНМО ва боз роҷеъ ба дигар масъалаҳои муҳими зиндагӣ ҳамсуҳбат мешавам. Бояд фарзандони мо ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст назананд, то рӯзгорашонро барбод надиҳанд”.

Дар идомаи суҳбат Момагул Мирзоева аз таҷрибаи ҳаётии худ мисол оварда, афзуд, ки ҳар як зан новобаста аз он ки коргари давлат мебошад, бояд дар ҷараёни рӯзгори ҳаррӯза ҳам фаъол бошад. Ва дар ин робита ҳамчун намунаи ибрат аз Хайринисо Юсуфӣ, Руқия Атоева, Озодаи Раҳмон ёдовар гардид, ки аз бонувони фаъоли ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Муаррифиномаи «Фараж»:

Мирзоева Момагул зодаи шаҳри Кӯлоб буда, соли 1976 мактаби миёнаи рақами №36-и шаҳри мазкурро хатм кардааст. Соли 1980 донишгоҳро бо ихтисоси фелдшерӣ ба итмом расонида, баъди як сол бо сабаби барпо намудани оила ба ноҳияи Ховалинг рафтааст. Онҷо аввал ба ҳайси момодоя ва соли 1985, пас аз он, ки дар деҳаи Технизони ноҳияи Ховалинг Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид, фаъолияти кориашро дар ин марказ идома бахшид. Баъд аз он, ки сардухтури марказ ба Русия рафт, дар ҷаласа ӯро роҳбари ин марказ таъйин намуданд. Соли 2017 Маркази ВНМО-и ноҳияи Ховалинг ташкил ёфт. Дар маркази мазкур ба ҳайси машварачӣ ба кор қабул гардид.

Соли 2006 ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро сазовор гаштааст. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд. Ҳамаи фарзандонаш хизмати ҳарбиро бо сари баланд иҷро кардаанд.

Соҳаи маорифи ноҳия ҳамрадиф бо дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа рушд карда истодааст. Тибқи омори расмӣ, айни ҳол дар 51 муассисаи таълимии ноҳия 12 ҳазору 307 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 917 омӯзгор таълим медиҳанд, ки 262 нафари онҳо ҷинси латиф мебошанд. Дар ҷараёни суҳбат Сафарова Моҳбону – директори муассиссаи таҳсилоти умумии асосии рақами №30-и ноҳияи Ховалинг изҳор намуд, ки “хонандагони мо дар олимпиадаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойҳои назаррасро ишғол менамоянд. Дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ…” низ иштироки фаъолона доштанд. Дар ҷамоати деҳот ҷой гирифтанд. Инчунин, дар озмуни ноҳиявӣ ҳам сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ман ҳамчун зан – модар миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоям, ки нисбати мо занон хеле ғамхор мебошанд. Сол то сол нақши занонро Сарвари давлат дар ҳама ҷо баланд бардошта истодаанд. Аксаран занон дар ҷомеа фаъолияти кории хуб доранд. Мо бо роҳбарии занони ноҳияи Ховалинг бисёр вохӯриҳо мегузаронем. Тариқи телефон низ суҳбат мекунем. Оид ба зиндагӣ ва фаъолияти занони деҳа бохабар мешаванд. Айни замон дар муассиса 107 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 53 нафарашон духтарон мебошанд. Зани роҳбар бояд барои дигар занон намуна бошад. Чунки бовар карда, ӯро роҳбар таъин кардаанд. Зани роҳбар бояд дар ҳама чорабиниҳо иштироки фаъол дошта бошад”.

 Муаррифиномаи “Фараж”:

Сафарова Моҳбону 18-уми августи соли 1966 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Оиладор, соҳиби 5 нафар фарзанд. Аз соли 1996 дар муассиссаи таҳсилоти умумии асосии рақами №30-и ноҳияи Ховалинг ҳамчун омӯзгор корро шуруъ намудааст. Дар деҳа корро дар хонаи истиқоматии худ оғоз кардааст. Дар ҳамон давра омӯзгорон ангушшумор буданд. Деҳа аз ноҳия 10 км дур буда, коркунони шуъбаи маорифи ноҳия омада, ӯро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо маълумоти миёнаи умумӣ ба кор қабул карданд. Соли 1999 тариқи квотаи президентӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик супоридааст. Бинобар сабаби вазъи оилавӣ, фарзандони хурд доштанаш, аз шуъбаи рӯзона ба шуъбаи ғоибона гузаштааст. Дар баробари таҳсил карданаш, боз кори худро идома дода, аз соли 1993 то 2009 дар муассиссаи таҳсилоти умумии асосии рақами №30-и ноҳияи Ховалинг ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба кор шуруъ кардааст. Аз соли 2004 дар худи муассиса роҳбар таъин гардид. Соли 2010 муассисаи мазкур аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба таълими асосӣ гузашт.То инҷониб ба ҳайси роҳбари муассиса кору фаъолияти худро идома дода истодааст. Ҳамагӣ 25 сол таҷрибаи корӣ дар самти маориф дорад. 

Дар ҳамин ҳол, Кабирова Зарҳалбӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №5-и ба номи Ҳабиб Сафаров зикр намуд, ки “пеш аз ҳама, зани роҳбар аввал бояд фаъол бошад. Нисбати касби интихобнамудааш бояд меҳрубон бошад. Фаъолияти кории ҷиддӣ дошта бошад. Зеро агар дар соҳаи маориф сахтгирӣ набошад, ҳеҷ гоҳ самти маориф пеш намеравад. Аз сӯи дигар, бояд сахтгирии мо нисбати омӯзгорону хонандагон ҷиддӣ ба роҳ монда шуда бошад. Дар муассисаи мо 567 нафар хонандагон таҳсил карда истодаанд. Аз онҳо 224 нафарашон духтарон мебошанд. 42 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Кормандони хоҷагӣ 26 нафарро ташкил медиҳанд. Дар давоми фаъолияти кориам дар соли таҳсили соли 2016 -2017 дастпарвари ман, хонандаи синфи 9 Алиева Дилноза дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни шаҳрӣ аз фанни биология иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Шокирова Дилноза дар Академияи илмҳои хурд аз фанни биология дар мавзуи “Диабети қанд” баромад карда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Бояд қайд намоям, ки дар муассисаи мо имсол низ комёбиҳои нав хеле зиёд буданд. Аз ҷумла, 3 нафар хонандаи мо дар озмунҳои вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гаштанд. Хонандаи синфи 11-и муассиса Абдуалимова Давлатбӣ аз фанни забони хориҷӣ дар вилоят сазовори ҷойи 3 гашт. Хонандагони синфи 7 ва 8-и мо аз фанҳои география ва таърих сазовори ҷойҳои 2 ва 3 дар вилоят гаштанд. Соли 2017 китоби худро бо номи “Ҳашаротҳои зараррасони дарахти тут ва чораҳои мубориза ба муқобили онҳо” нашр кардам, то омӯзгорони ҷавон аз он ҳамчун маводи таълимӣ истифода баранд”.

Муаррифиномаи “Фараж”:

Кабирова Зарҳалбӣ соли 1999 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм кардааст. Баъдан соли 2018 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси химия-биология хатм намудааст. Тӯли 22 сол дар самти маориф кору фаъолият дошта бошад ҳам, аз ин 13 солаш, аз соли 2000 то соли 2013 дар соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд гузаштааст. Ҳоло бошад, дар МТМУ №5-и ба номи Ҳабиб Сафарови ноҳияи Ховалинг ба ҳайси директор кору фаъолияти худро идома дода истодааст.

Дар рафти суҳбат инчунин Муминова Ширмоҳ – роҳбари Маркази ҳунарҳои мардумии ноҳияи Ховалинг зикр намуд, ки “аслан бонувони аз синни 14 то 50-сола дар ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд, вале занони калонсол низ дар маркази мо таҳсил мекунанд”.

Тавре номбурда афзуд, “дар маркази омӯзишии мо ҳунарҳое, ки қариб фаромӯш шуда рафта буданд, аз қабили гулдӯзиву тоқидӯзӣ омӯхта мешаванд. Инчунин, мо чакани дутарафаро, ки тамоман аз байн рафта буд, аз нав эҳё кардем. Айни замон ба дӯхтани армуғонҳо машғул мебошем, ки онро ба ба духтарон низ омӯзонида истодаем. Айни ҳол дар марказ 15 нафар духтарон ба дӯхтани армуғонҳо машғул мебошанд. Аз ин миён ба ғайр аз духтарону ҷавонзаноне, ки пас аз хатми мактаб ва ё хонадоршавӣ барои аз худ кардани ҳунар ба маркази мо меоянд, инчунин 6 нафар хонандагони мактаб ҳам мебошанд. Дар ин росто занони калонсол низ дар маркази мо таҳсил менамоянд. Бояд иброз намоям, ки устоди худи ман модарам Бадирова Моҳшариф мебошанд. Ҳанӯз дар синфи 2 таҳсил мекардам, ки ҳамроҳи модарам нақш медӯхтам. То ҳол ин ҳунарро напартофтаам. Ҳоло бошад, ман ин ҳунари худро ба дигарон омӯзонида истодаам. Зикр карданро ҷоиз мешуморам, ки дар ноҳияи мо ҳунармандони маҳаллие ҳастанд, ки ба равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд. Лекин ҳунармандоне, ки маҳорати баланд доранд, кам ба назар мерасанд. Иқрор бояд шуд, ки дар шаҳри Душанбе бо мусоидати ҳунармандони касбӣ, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада буданд, тӯли 10 рӯз мо ба духтарон ин ҳунарҳоро омӯзондем. Айни ҳол ягон чорабинии фарҳангиву ҷамъиятӣ бе иштироки мо намегузарад. Инчунин, бо майли том дар фестивалу озмунҳои сатҳи ноҳиявиву минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат меварзем. Байни ҷавондухтарон озмунҳои ноҳиявӣ гузаронида мешавад. Ба духтарони ҷавоне, ки маҳорати баланди ҳунармандӣ доранд, аз ҳисоби марказамон туҳфаҳо тақдим мекунем ва ҳамин тариқ онҳоро ҳавасманд мегардонем. Гарчанде ихтисоси асосиам омӯзгори фанни таърих аст, вале новобаста аз ин, ба фикри ман, зани зираку зиндагибохабар бояд ҳама ҳунарҳоро аз худ кунад. Дар баробари он ки кори давлат мекунад, ё ҷамъиятӣ, боз ҳамчун бону дар хона пухтупазу дигар ҳунарҳои занонаро бояд дошта бошад. Дар ноҳияи мо хушбахтона ягон зани бекор нест. Ҳатто занони аз синни 60 боло хоҳиши кор карданро доранд. Дар вақти истироҳат духтарони ҷавон барои аз худ кардани дӯхти куртаҳои миллӣ бисёр муроҷиат мекунанд. Ҳамаи онҳоро мо дастгирӣ мекунем. Ҳоло ман надидам занеро, ки ба ҳунарҳои мардумӣ диққат надиҳаду худашро дар канор гирад. Аз соли 2004, ки ман дар деҳаҳо бо бисёр занон кор кардаам, бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳамаи занони ноҳияи Ховалинг меҳнатдӯстанд. Ман миннатдори худамро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам, ки ба ҳунарҳои мо – бонувон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бо ташаббуси Сарвари давлат аксари ин ҳунарҳои мардумӣ, ки дар марҳилаи аз байн рафтан буд, дигарбора эҳё гардид. Ин барои эҳёи суннатҳои миллӣ ва нигоҳдории оташи фарҳанги ниёгонамон хеле муҳим аст”.

Хушбахтона, имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд, ки ин ҳама аз боло рафтани мақоми зан – модар дар ҷомеа башорат медиҳад.

Дар маҷмуъ, сафари кории хабарнигори МТЖТ ба ноҳияи Ховалинг собит намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2019-2022”-ро хуб ба роҳ монда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия бо мақсади тараққиёти иқтисодиёт, рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд бонувони ноҳияи Ховалинг минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи амалҳои созандаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамоянд ва баҳри муаррифии ҳунарҳои пурэъҷози бонувони тоҷик ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша ҷаҳду талош мекунанд.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь