Санаи 13-14-уми апрели соли равон ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли паёмак ба муштариёни худ аз болоравии нархи Интернет, ки бо қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сурат гирифтааст,хабар доданд. Мутобиқи қарори нав, муштариён барои истифодаи як мегабайт Интернет минбаъд на камтар аз 5 дирам бояд пардохт намоянд, ки ин ду баробар гаронтар аз нархи пешина аст.
Баланд шудани нархи Интернет дар Тоҷикистон интиқоду эътирози корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Аммо кам нафарон аз ин иқдоми мақомоти тоҷик пуштибонӣ намуданд.
Сари ин мавзуъ, мо хостем, миёни коршиносони тоҷик назарсанҷие гузаронем, ки ин иқдом чӣ паёмадҳо дорад ва ба манфиати давлату шаҳрвандони он хоҳад буд, ё не?
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ:
– Боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон, новобаста аз назари мардум ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт, як иқдоми нодуруст ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ мебошад, ки бар зарари Ҳукумат хоҳад шуд. Оқибати ин қарор дар муддати 3-6 моҳ муайян мегардад.
Аллакай дар Қирғизистон ширкатҳои мобилӣ ва хизматрасонҳои интернетӣ ҳарчи бештар симкортҳоро ба мардуми наздимарзӣ ва имконияти интернети бемаҳдудро барои муштариёнашон пешниҳод мекунанд. Онҳо ҳисоб кардаанд, ки дар як моҳ на камтар аз ду миллион доллари амрикоӣ метавонанд фоида ба даст оранд. Яъне ду миллион доллар пули мардуми тоҷик ба ширкатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ ирсол хоҳад шуд. Дар баъзе ҳолатҳо ба бозори хизматрасонии мобилӣ ворид шудани ширкатҳои Русия низ вуҷуд дорад.
Фикр мекунам, ки дар ин қарори пешгирифтаи ҳукумати кишвар манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ба инобат гирифта шуда, манфиатҳои мардум сарфи назар гардидаанд. Мо ҳаддалимкон кӯшиш мекунем, ки барои бекор кардани ин қарор аз ҷониби созмони худамон ва дигар созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иқдом кунем.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик:
– Пеш аз ҳама, он чӣ ки Ҳукумат ба доди мардум нарасид, ин як нишонаи беэҳтиромӣ нисбати мардум аст, нисбати онҳое, ки бо андозҳои худ ин ҳукуматро нигоҳубин мекунанд… Баъдан, баланд бардоштани нархи интернет ба он дараҷае барои пур кардани буҷети давлат дар муқоиса бо зарари расонидаи давлат кӯмак намекунад. Чун бо баланд кардани нархи интернет ва бо паст кардани суръати он мо муддати тӯлонӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар зарар мерасонем. Зеро иқтисодиёти ҷаҳон тариқи “онлайн” гузашта истодааст, аммо Тоҷикистон баръакс, онлайнро маҳдуд карда истодааст. Ин ҳама нишонаи он аст, ки мардуми дар сари ин мансаб нишаста мафкураи васеи давлатӣ надоранд. Онҳо танҳо дар доираи тафаккури дохилии ҳамон соҳаи худ маҳдуд шудаанд ва фикр намекунанд, ки агар мо имрӯз иқтисоди онлайнии худро рушд диҳем, фардо даромаде, ки аз он ба буҷаи давлат меояд, даҳҳо, садҳо маротиба аз ин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумат зиёдтар мешавад.
Ман фикр намекунам, ки дар ояндаҳои наздик нархи интернет поин равад, чунки Ҳукумат аллакай қарорашро қабул кард. Чун дар он сатҳ дарк карданд, ки имрӯз мардум қудрати фикрашро ба Ҳукуматаш гузаронидан надорад, аз ин сӯистифода карданд.
Рустам Гулов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ:
– Агар ба меъёрҳои байналмилалӣ нигарем, СММ дастрасӣ ба интернетро як ҷузъи ҷудонашаванда дар асри 21, ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои инсон эътироф мекунад, пас маҳрум кардани шаҳрвандон аз ҳуқуқи истифодабарӣ бе ягон асоси конститутсионӣ, пеш аз ҳама, поймол кардани ҳуқуқи инсон мебошад.
Як чизро мо бояд ба инобат гирем, ки худи мафҳуми интернети мобилӣ, ки қарор ба он равона гардидааст, то ҳол аниқу дақиқ муайян нашудааст, яъне чиро дар назар доранд зери мафҳуми “интернети мобилӣ”, яъне он симкорте, ки ман дар смартфони худ истифода мебарам, “интернети мобилӣ” маҳсуб меёбад ё ин ки ҳамон симкортамро дар модем тариқи вайфай истифода мебарам, он ҳам “иетренети мобилӣ” аст? Яъне то ҳол маълум нест, ки зери мафҳуми “интернети мобилӣ” чиро дар назар доранд.
Вале ба ҳар ҳол, алтернатива вуҷуд дорад. Имрӯзҳо аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони фаъоли Қирғизистон чунин пешниҳодҳое сурат мегирад, ки чаро ширкатҳои мобилии қирғизӣ маҳвораҳои худро ба ҷониби Тоҷикистон наздиктар наоранду ҳадди аққал сокинони наздисарҳадиро бо интернети арзони қирғизӣ таъмин накунанд ва даромади онро ба кисаи худ назананд? Аз ин бармеояд, ки алтернатива мавҷуд аст ва шаҳрвандон бо ин ё он роҳ имконияти истифодаи интернетро аз даст намедиҳанд.
Барои ман ҳамчун шаҳрванди оддие, ки интернетро фаъолона истифода мебарам, ин қарор ба маҳкам кардани даҳонам ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандиам ба изҳори ақида баробар аст.
Мутаассифона, Ҳукумати Тоҷикистон агар қароре ба тасвиб расонд, онро қарори дурусту саҳеҳ мешуморанд ва он тасмими ниҳоии онҳост. Инҷо танҳо ягона роҳи дубора поин бурдани нархи интернет вуҷуд дорад. Он ҳам бошад, Президенти кишвар аст, ки агар дахолат кунад, шояд баррасӣ ва тағйир дода шавад. Чӣ гунае ки ба баланд шудани нархи симкорт дахолат шуд ва дар фурсати кӯтоҳ онро тамдид карданд, ки то ҳол аз он ҳарфе нест.
Набиҷон Юсупов, рӯзноманигор:
– Баланд бурдани нархи интернет ин таҳқир ва масхараи мардум аст ва аз ҳамоқати мансабдорони тасмимгиранда гувоҳӣ медиҳад. Ин номумкин аст, ки ҳукумат аз ҳолати молиявии мардум бехабар бошад. Ҳамеша мешунавем, ки мегӯянд, бояд сатҳи донишро баланд бардорем, пас чаро худ садди роҳи он мешаванд? Мо тариқи интернет меомӯзем, тариқи интернет иттилоот мегирем, тариқи интернет ба донишгоҳҳои гуногун дохил мешавем ва айни замон барои ин ҳама маҳдудият пеш омадааст. Набояд чунин бошад.
Ин иқдом ба иқтисодиёти кишвар низ зарар мерасонад. Таҷрибаҳо буданд, вақте ки нархи сӯзишвориро баланд бурданд, дигар кишварҳо онро бо нархи дастрас пешниҳод мекарданд ва мардум аз он истифода мекард. Ҳамзамон, дар соҳаи маориф низ чунин ҳолат буд, ки нархи донишгоҳҳоро баланд бурданд ва кишварҳои наздисарҳадӣ донишгоҳҳо сохтанд ва донишҷӯёни мо бо нархи дастрас дар он ҷо таҳсил карданд.
Айни ҳол дар сарҳад чунин шарту шароитеро мегузоранд, ки сокинони мо аз он бо нархи арзон истифода мекунанд ва маблағи мо ба буҷаи дигар кишвар меравад. Мо бояд иқтисодиёти худро баланд бардорем, на ин ки аз дигар кишварҳоро.
Фароҳамсоз: Фарзонаи Умаралӣ