Бо ибтикори директори Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахурон ва маъюбони шаҳри Душанбе Муҳаббат Зарипова, директори генералии ширкати хайриявии “Rukh-aganсy” Рухшона Мирзоширинова ва директори генералии тарабхонаи “Яккасарой-Family” Абдураҳмон Абдуҳамидов 1-уми октябри соли 2023 дар тарабхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон чорабинии хайриявӣ-фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати бузург таҷлил гардид.

Собирҷон Ташрифзода, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни суханрониаш таъкид бар он дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ ҷойгоҳи хос дорад. Барои ҳифзи иҷтимоии пиронсолон-ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ва сармояи бебаҳои инсонии миллат, ки ба таваҷҷуҳи хамешагӣ ниёз доранд, аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда мешаванд.

“Беҳтар кардани некӯаҳволӣ ва шароити зисту зинадгонии шахсони маъюб ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошта, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби таваҷҷӯҳ, ташаккули муносибати мусбӣ ва ҳисси эҳтиром нисбати шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва пиронсолон мебошад”- афзуд С.Ташрифзода.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби дастандаркорон барои шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва пиронсолон дастархони идона ороста шуд, ҳофизони шинохта ва маҳбуби кишвар Мадина Ақназарова ва Иззат Шарифӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири эшонро болида гардониданд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва пиронсолон ба сайру саёҳат баромада, аз мавзеъҳои зебои пойтахти кишвар дидан намуданд.

Дар фарҷом ҳар кадоме аз онҳо ба Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе барои дастгирии пайвастаи табақаи ниёзманди ҷомеа арзи сипос намуданд.

​Директори генералии ширкати хайриявии “Rukh-aganсy” Рухшона Мирзоширинова зимни суҳбат ба хабарнигори ҳафтаномаи “Самак” иброз дошт, ки чунин чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ барои пиронсолон ва маъюбон аз ҷониби ташкилоти мазкур ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад, то ки онҳо худашонро танҳо эҳсос накунанд.

“Ростӣ, беш аз 10 сол аст, ман ба корҳои хайриявӣ машғул ҳастам ва барои баргузории чунин чорабиниҳо маро ҳамеша шариконам, ки намехоҳанд аз онҳо ном барем, дастгирӣ мекунанд, ки ман аз ҳамаи онҳо миннатдорам. Ман танҳо васила миёни хайрхоҳон ва ниёзмандонам. Барои зиндагии рангоранг, пурарзиш ва қаноатмандонаи шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва пиронсолон мо кӯшиш мекунем ин гуна чорабиниҳоро дар тарабхонаҳои зебову барҳаво гузаронем.

Бар замми ин, онҳоро ба намоишномаҳои театрӣ ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки яке аз муассисаҳои фарҳангию дилхушии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебарем. Табъи болида ва руҳияи болидаи онҳо, хотири мо-дастандаркоронро шод гардонида, ҳамеша шукри сулҳу оромии давлатамонро менамоем.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь