Дар зиндагӣ баъзан бо инсонҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки саргузаштҳои аҷибе доранду рӯзгори ибратбахш. Яке аз чунин нафарон инсони хоксору ҳалим, марди асилу наҷиб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, полковники ВКД Имомалӣ Сайёдов мебошад, ки ҳаёте дорад ҷолиб ва омӯхтанӣ. Саргузаштҳои рангин, хотираҳои ширин, ҳаёт ва рӯзгори таҳсинбахши ӯ навори филмеро мемонад, ки ба воқеияти он кам андар кам касон бовар мекунанд. Шояд ангуштшумор инсонҳоеро дидан мумкин бошад, ки новобаста аз ятим мондан аз тифлӣ аз падар, мисли Имомалӣ бо саъю кӯшиш ва талошҳои пайваста ба мартабҳои баланд расида бошанд. Имомалӣ аз хурдӣ тамоми корҳои хонаро худ иҷро мекард: замин меканд, мол мечаронид, ҳезумкашӣ мекард, алаф медаравид ва дар баробари ин лаҳзае аз хондан дур намешуд. Вақти бузбонӣ ҳам бо худ китоб дошту вақти ҳезумкашӣ ҳам. Яъне бо вуҷуди зиндагии душвори кӯдакӣ ҳамеша шавқи хондан дошт ва маҳз ҳамин шавқу рағбат ба китоб дар ниҳоят ӯро ба орзуҳои ба назараш амалинашаванда расонид ва дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ сохт.
Рӯйи коғаз омадани ин очерк метавонад намунаи ибрат барои ҷавонон шавад, бахусус ҷавононе, ки шароит барои хондан надоранд, вале қобилияту дониш доранд, то ноумед нашуда, чун Имомалӣ дар расидан ба ҳадафҳои худ саъй кунанд, аз ҳама имкониятҳои доштаи худ истифода баранд ва муҳимтар аз ҳама, аз таваккал кардан наҳаросанд.
Имомалӣ фарзанди аз ҳама хурдии хонадон аст. Ӯ аз 2-солагӣ аз падар ятим монда, дар канори 2 бародар ва 7 хоҳар ба воя расидааст. Аз нақли бародараш Маҳмадалӣ Имомалӣ, аз хурдӣ бачаи чаққону коргар буд. Лаҳзае ором наменишаст. Кӯшиш мекард, ки ҳамеша ба корҳои модар кумак кунад. Алакай дар синфи 1 муаллимон ба қобилияти ӯ баҳои баланд дода буданд. Зеро ҳам бо баҳои хубу аъло мехонд ва ҳам хеле ҳозирҷавоб буд. Дар ҳисобу китоб аз ҳама ҳамсинфон пешдастӣ мекард. Вақте калонтар шуд, ба фанни риёзӣ таваҷҷуҳаш бештар гардид. Ба ғайр аз мусобиқаҳои мактаб, инчунин дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявӣ иштирок мекард.
Ҳамсинфони ӯ нақл мекунанд, ки вақте муаллимон ба дарс медаромаданд ва мавзуъро пурсиданӣ мешуданд, мегуфтанд:
– Ба ғайр аз Имомалӣ, боз кӣ ба дарс тайёр аст?
Ин маънои онро дошт, ки Имомалӣ ҳамеша ба дарс бо тайёрӣ меомад. Малакаи ӯро дида, муаллими фанни математика Мухторов Умарбек, ки дар тамоми водӣ машҳур буданд, мегуфтанд:
– Агар саъй кунӣ, аз ту математики хуб мебарояд.
Имомалӣ маълумоти 8-соларо дар мактаби №50-и деҳаҳои Мадовра ва Яккахона гирифта, соли 1982 мактаби миёнаи №18-и деҳаи Артучро хатм кардааст. Ӯ дар тарбия ва таълими хуб гирифтанаш саҳми устодон Юсуфбек Султонов, Шариф Исматӣ, Наҷмиддин Баҳриддинов, Умарбек Мухторов, Қаюм Каримов, Ҳасратшоҳ Алишоевро калон медонад. Бахусус аз муаллими синфи якуми худ Ҳақдодов Абдурашид ҳамеша ба некӣ ёд мекунад.
Падараш Дӯсталӣ Сайёдов деҳқон буда ва инчунин осиёббонӣ мекард. Дар ҷувозхонаи деҳа ба ҷувозкашӣ машғул буд. Аз эшон иборае бо номи “ман мисли обҷувоз, барояд, мебароям, фарояд, мефароям” боқӣ мондааст, ки то ҳанӯз мардум аз он ёд мекунанд. Ҳадиси ин гуфтор он аст, гӯё вақте пирони деҳа дар бораи фикру андешаи Дӯсталӣ – падари Имомалӣ оид ба ин ё он масъала мепурсидаанд, ҷувозкаширо мисол оварда, мегуфтааст:
– Ман мисли обҷувоз. Об ба ин самт равад, ман ҳам ба ҳамон самт меравам, самташро тағйир диҳад, ман ҳам тағйир медиҳам. Ҳар чӣ мардуми деҳа мехоҳанду қабул мекунанд, ман ҳам тарафдори эшонам.
Аз нақли Сайёдӣ маълум мешавад, ки ӯ падарашро тамоман дар ёд надорад.
Таваккали 1
Соли 1982 Имомалӣ Сайёдов мактаби миёнаро хатм кард. Ӯ низ, чун дигар ҳамсифнонаш орзуи қабул шудан ба донишгоҳро дошт. Хеле мехост, таҳсилро идома дода, соҳиби маълумоти олӣ шавад. Аммо, амалӣ намудани ин орзу барои ӯ кори саҳл набуд. Нахуст, намехост модарашро танҳо гузорад. Дар баробари ин, роҳбаладе надошт, ки ӯро то Душанбе роҳнамоӣ намуда, чанд рӯз барояш ҷойи хоб диҳад, дар супоридани ҳуҷҷатҳо кумак кунад.
Ӯ ин ҳолатро чунин тасвир мекунад:
– Ният хондан буду бору бун баста, роҳ буду роҳбалад не. То миёнаҳои моҳи июл қариб ҳама ҳамсинфонам ба Душанбе омаданду фақат ман дар деҳа монда будам. Новобаста ба хоҳишҳоям, касе маро бо худ нагирифт. То 25 -уми моҳи июл интизори он рӯзе будам, ки роҳбаладе меёбам, аммо бефоида.
– Моҳ охир мешуд,- гуфт аз он рӯз ёд карда.- Рӯз ба рӯз ноумедтар мешудам ва корам ҳар рӯз ба айлоқ назди модар рафтану аз онҷо ҳезум овардан буд. Рӯзи 25-уми июл чун ҳамеша аз овули Кӯли Чуқурак ҳезум гирифта, омадам. Дар роҳ, дар мавзее бо номи Хода, ки дар баромадгоҳи деҳаи Яккахона воқеъ аст, бо муаллими фанни таърих Каримов Қаюм рӯ ба рӯ шудам. Муаллим маро бо хару ҳезум дида, гуфтанд:
– Ҳама ҳамсинфони ту дар Душанбе, ту ҳанӯз думи хару ҳезум гаштаӣ ку. Даҳонат калон буд, ки мехонӣ, аммо ба фикрам калӯши сарпоӣ шуданиӣ-а?
“Калӯши сарпоӣ” киноя ба нафаронест, ки намехонанду дар деҳа бекор мегарданд ва ҳар нафар онҳоро кор мефармояд. Ба ҳезум мефиристад, сангкашӣ мебарад, ба алафдаравӣ фарёд мекунад. Яъне мисли калӯше, ки дар беруни дар мемонед ва ҳар касе хоҳад, пӯшида рафтан мегирад.
“Калӯши сарпоӣ” гуфтани муаллим Каримов Қаюм, ки имрӯз Имомалӣ аз эшон бо некӣ ёд мекунад, алами ӯро сахт меорад ва ба худ аҳд мекунад, ки “субҳ роҳи Душанберо пеш мегирам ва ба ҳар қимате бошад, мехонам”. Бо ин ният, ӯ ҳезумро дар хона фароварда, ҳамон замон бо нияти гирифтани дуои модар ба Кӯли Чуқурак бармегардад. Вақте ба Кӯли Чуқурак мерасад, аллакай шаб торик шуда буд. Дар назди каппа модараш бибӣ-Ёдгорой, ҳамроҳи ду ҳамсояи дигар бибӣ-Марям ва бибӣ-Зайнаб даври гулхан нишаста, ӯрчуқ мересиданд (ӯрчуқ як намуд дастгоҳи хурдакак, ки аз пашм ришта мебофанд). Модар дар ин вақти шаб Имомалиро дида, хавотир шуда, мепурсад:
– Тинҷӣ аст, писарам? Чаро ба торикии шаб нигоҳ накарда, бозпас омадӣ?
– Ман субҳ хондан меравам, модар,- мегӯяд Имомалӣ,- омадам, ки дуои шуморо гирам.
– Ту кӣ дорӣ, ки хондан меравӣ? Назди кӣ меравӣ? На ҷойи хобу на нафаре, ки кумак кунад,- мегӯяд модар ноумедона.
Вале Имомалӣ ҷиддӣ будани тасмимашро баён карда, мегӯяд:
– Модарҷон, ҳама ҳамсинфон хондан рафтанд, фақат ман мондам. Тасмимам ҷиддист. Шумо фақат дуо диҳед.
Модар гиреҳи гӯшаи рӯймолашро кушода, аз он пул бароварда, мегӯяд:
– Инҷо 80 сӯм аст. Ман инро аз нафақаам сарфа карда, барои рӯзи мабодо руст карда мегаштам. Насиби ту будааст, бояд барои роҳ ва чанд рӯзат басандагӣ кунад. Он тарафашро худо худаш дуруст мекунад.
Бибии Марям ва кампири Зайнаб низ, ҳар яке 3-рублӣ аз гӯшаи рӯймолашон гирифта, ба Имомалӣ медиҳанд ва барояш барор мехоҳанд. Он солҳо қариб ҳама кампирҳои деҳа кам-кам пул дар гӯшаи рӯймолашон баста мегаштанд ва дар чунин ҳолатҳо ҳатман бароварда, чун дастовез ба ин ё нафар медоданду дуои нек мекарданд.
Имомалӣ пул ва дуои модарро гирифта, аз назди каппа ҳезум бор карда, нисфишабӣ ба деҳа гашт. Тақрибан соатҳои 1-и шаб ба деҳа расида, ҳезумро фароварда, ҷомадонро гирифта, 2-3 либоси нисбатан беҳтарро ҷой карда, субҳ соати 4 ба роҳ баромад. Дар назди мактаб Қодиров Абдуҳаким, ки амакбачаи ӯст, бо ӯ рӯ ба рӯ шуда, пурсид:
– Ба куҷо меравӣ?
– Ба Душанбе. Ман бояд бахтамро санҷам, ако…
– Ман ҳам ба Душанбе рафта истодаам. Туро то Душанбе ҳамроҳӣ мекунам,- гуфт Абдуҳаким.
Абдуҳаким донишҷӯ буд. Он солҳо донишҷӯёнро бо гурӯҳҳои сохтмонӣ ба ин ё он шаҳри Русия мебурданд. Ӯ бояд бо гурӯҳе ба шаҳри Астрахан кор мерафт. Ҳамин тавр, онҳо то Душанбе якҷоя омада, шабро дар ҳуҷрае рӯз карда, саҳар ба чойхонаи “Роҳат” меоянд.
Кор ва зиндагӣ дар чойхонаи “Роҳат”
Субҳи барвақт Абдуҳаким ӯро ба чойхонаи Роҳат оварда, мегӯяд:
– “Роҳат” ҷойи хӯрокхӯрӣ ва нишасти ҳама ҳамдеҳаҳост. То бегоҳ ҳаминҷо ист. Агар худованд ҳидоят кунад ва ягон нафар шинос пайдо шавад, бо ӯ ҳамроҳ мешавӣ.
Аз нақли Имомалӣ:
– Дар пушти чойхонаи Роҳат катҳои чӯбини зиёде барои мизоҷон гузошта шуда буданд. Ман ҷомадонро ба рӯи яке аз он катҳо гузошта, чойу нон фармоиш дода, нишастам. Умедвор будам, ки касе пайдо мешаваду маро мебарад, аммо то бегоҳ ягон шинос наомад. Шом шуд. Чойхоначӣ дарҳои чойхонаро маҳкам карда, назди ман омадаву пурсид:
– Ту рафтанӣ нестӣ?
– Ман ба нияти хондан ба Душанбе омадам,- гуфтам,- аммо на ҷойи хоб дорам ва на касеро дар ин шаҳр мешиносам. Бинобар ин, ноилоҷ инҷо таваққуф кардам.
– Аз куҷо мешавӣ?
– Аз Панҷакент.
Чойхоначӣ даст дароз карда, бо ман вохӯрӣ карда гуфт:
– Номи ман Ҷамшед. Ман соҳиби ҳамин қисмати чойхонаям. Агар ҷойи рафтан надошта бошӣ, то ҷой ёфтанат дар ҳаминҷо мон. Рӯзона ба кори ман ёрдам медиҳӣ, шабона дар чойхона хоб мекунӣ. Чой ва хӯрокатро ман медиҳам.
Ҳамин тавр, Имомалӣ аз субҳи дигар ба ёрдамчии соҳиби чойхона табдил ёфт. Вазифаи ӯ қабули фармоишҳо ва бурдани чойу дигар хӯроквориҳо ба назди мизоҷон буд. Пулро худи соҳиби чойхона ҳисоб карда мегирифт. Кор дар чойхона 3 рӯз идома ёфт. Аллакай 28-уми июл фаро расида, ҳамагӣ 3 рӯзи дигар барои супоридани ҳуҷҷатҳо боқӣ монда буд. Нисфирӯзии рӯзи 3-юми корӣ ӯ ташна монда, бо нияти обнӯшӣ ба берун, ба назди фавворачае баромад, ки дуртар аз чойхона дар шафати роҳи калон махсус барои роҳгузарон сохта шуда буд. Об нӯшида, баргаштанӣ шуд, ки назараш ба зани калонсоле афтод. Зан ду халтаи калон дар ду даст, аз роҳ гузашта, меомад. Дили Имомалӣ ба ҳоли зан сӯхт ва бо нияти кумак ба ӯ наздик шуда, гуфт:
– Холаҷон, мехоҳед ба шумо ёрдам кунам?
– Бори ман гарону роҳам хеле дур аст, писар,- гуфт зан.- Ба ту вазнинӣ мекунад.
– Боке нест, ёрдам мекунам,- гуфта, борхалатаҳоро аз дасти зан гирифт.
– Ман дар қарибиҳои Донишкадаи омӯзгорӣ зиндагӣ мекунам,- гуфт зан.- Аз ин ҷо хеле дур аст.
Агарчи Имомалӣ намедонист, ки Донишкадаи омӯзгорӣ дар куҷост, вале “ҳеҷ гап не” гуфта, халтаҳо дар даст, бо ӯ равон шуд. Ин ҳолатро Имомалӣ чунин нақл кард:
– Ӯ дар роҳ аз киву аз куҷо будани ман пурсон шуд. Ба ӯ бо чӣ ният ва чӣ гуна ба Душанбе омаданам, чӣ тавр аз ноилоҷӣ дар чойхонаи “Роҳат” ҷой шуданамро пурра нақл кардам. Пурсид:
– Падару модарат чикораанд?
Гуфтам:
– Падарам дар кӯдакиам фавтиданд. Модар дар ҳаётанду саробони моянд.
Саргарми суҳбат ӯ чӣ гуна то назди бинои донишкада расиданашро нафаҳмид. Зан бинои донишкадаро нишон дода, гуфт:
– Ин аст Донишкадаи омӯзгорӣ. Хонаи ман ана дар он тараф, дар кӯчаи Павлов ҷойгир аст.
Онҳо ба назди дарвозае наздик шуданд, ки дар пештоқи он “Павлова 26” навишта шуда буд. Онҳоро марди калонсоле, ки шавҳари ин зан будааст, пешвоз гирифта, пурсид:
– Ин ҷавон кӣ аст? Аз куҷо овардӣ?
Зан ба ӯ он чиро, ки Имомалӣ гуфт, нақл карда, афзуд:
– Ин ҷавон алҳол ба ҷойи хоб эҳтиёҷ дорад. Биё ӯро низ бо дигар иҷорашинҳо ҳамроҳ кунем ва дар супоридани ҳуҷҷатҳо кумак намоем.
Зан ӯро ба ҳуҷрае оварда, бо ду нафар донишҷӯи дигар, ки ҳарду иҷорашин будаанд, шинос карда, гуфт:
– Алҳол дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунӣ.
Донишҷӯён ҳар яке бо ӯ вохӯрӣ карда, яке худро Шаҳобиддин Маллаев аз деҳаи Порвени шаҳри Панҷакент, дуюмӣ Шоимов Толибҷон аз деҳаи Хуҷапанҷи шаҳри Панҷакент муаррифӣ карданд. Аз суҳбат бо ҳарду маълум шуд, ки онҳо дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд.
Ба бахти Имомалӣ, соҳибхона шахси оддӣ набудааст. Ин шахс номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко Кавраков Акрам будааст (Кавраков Акрам, с.т. – 1912, соли вафот – 1989). Ӯ руҳияи Имомалиро бардоштанӣ шуда, даст ба китфаш гузошта, гуфт:
– Агар бемор шифо ёфтанӣ шавад, табиб ба пойи худаш меояд. Ту ҳам ҳамон бемори шифоёфтаӣ. Ғам нахӯр, мо дар супоридани ҳуҷҷатҳо ба ту кумак мекунем.
Имомалӣ миннатдорӣ карда, нархи ҷойи хобро аз соҳибхона пурсид. Ӯ гуфт:
– Ман аз дигарон ҳар моҳ 15-сӯмӣ иҷорапулӣ мегирам. Ту 10 сӯм медиҳӣ. 3 гӯсфанд дорам, ҳар субҳ бароварда, каме чаронидаву бармегардонӣ.
Имомалӣ бе ҳеҷ дудилагӣ розӣ шуд. Зеро, агар нахуст барои фарзанди кӯҳистон чаронидани чорво ҳеҷ мушкилие надошта бошад, дувум, ӯ ҳам соҳиби ҷойи хоб мешуд ва ҳам шонс барои супоридани ҳуҷҷатҳо пайдо карда буд.
Кӯчидан ба хонаи Кавраков
“Агар ният поку дил рост бошад, корро худо худаш дуруст мекунад”,-гуфта, Имомалӣ бо хурсандии зиёд яке аз иҷорашинҳоро ҳамроҳ гирифта, ба чойхонаи “Роҳат” омада, бо соҳиби чойхона Ҷамшед хайрухуш карда гуфт:
– Амакҷон, ман хонаи иҷора ёфтам. Барои чанд рӯз ҷой доданатон розӣ шавед ва як дуо диҳед.
Ҷамшед ба ӯ дуои нек дода, дар таҳсилаш муваффақият хоста, илова кард:
– Ту ҳам барои хизматҳоят розӣ шав ва ҳар вақт ки хостӣ, назди ман омадан гир.
Имомалӣ ҷомадонро аз он ҷо гирифта, ба хонаи Кавраков омад ва 2 рӯзи дигар омодагӣ дид. То ҳуҷҷатсупорӣ ҳамагӣ як рӯз боқӣ монда буд. Ӯ медонист, ки агар аз охирин шонс истифода набарад, ба имтиҳон роҳ намеёбад. Бегохирӯзӣ аз устод Кавраков пурсид:
– Муаллимҷон, ҳамагӣ як рӯз барои ҳуҷҷатсупорӣ вақт монд. Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Чӣ кор кунам?
Устод Кавраков пурсид:
– Ту ба куҷо ҳуҷҷат супоридан мехоҳӣ?
– Ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ),- бе ҳеҷ фикре ҷавоб дод Имомалӣ.
– Канӣ то шаб сабр кун, якҷоя маслиҳат мекунем,- гуфт дар ҷавоб Кавраков.
Шаб Абдунаъим Қодиров – писарамаки Имомалӣ, ки хатмкунандаи факултаи математикаиДонишкадаи омӯзгорӣ буд, ба дидани ӯ омад. Ҳама якҷоя бо Имомалӣ аз ҳама фанҳо суолу ҷавоб карданд. Имомалӣ аз ҳама бештар ба саволҳое дуруст ҷавоб дод, ки бевосита ба фанни математика тааллуқ доштанд. Баъди пурсиш ҳама бо як овоз гуфтанд:
– Аз фикри ҳуқуқшинос шудан баро. Онҷо талабот хеле вазнин ва ба як ҷой тақрибан 15 нафар рост меояд. Беҳтар он аст, ки ба факултаи математика-физикаи Донишкадаи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супорӣ. Шонси қабул шуданат ба ин факулта бештар аст.
Имомалӣ розӣ шуд. Бо кумаки Абдунаъиму устод Кавраков субҳи барвақти рӯзи 31-уми июл ӯ ба факултаи математика-физикаи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко ҳуҷҷат супорида, довталаб шуд. Дар ин ҷо ӯ инчунин бо ҳамдеҳаҳо Маҳмудов Каримулло Нарзиқулович аз Артуч ва Бурҳон ном ҷавоне рӯ ба рӯ шуд, ки ҳарду ба ҳамин факулта ҳуҷҷат супорида буданд.
4 имтиҳон буд. Дар давраи супоридани имтиҳонҳо Имомалӣ ҳам ба имтиҳонҳо тайёрӣ медид, ҳам шабона дар Вокзали роҳи оҳан борфарорӣ карда, аз 20 то 25 сӯм кор мекард.
– Дар супоридани имтиҳонҳо мушкилӣ накашидед?,- пурсидам аз Имомалӣ.
Гуфт:
– Имтиҳони нахустин иншо буд. Мавзӯе омад, ки ба он хуб омода будам. Ин аст, ки бе ҳеҷ мушкилӣ иншоро навиштам ва баҳои чор гирифтам. Ду имтиҳони дигарро низ бо баҳои 4 супоридам. Бали гузариш 15 буд. Ман бо 16 бал қабул шудам.
– Аз аввал боварӣ доштед, ки қабул мешавед ё ҳарос ҳам буд?,-пурсидам бо кунҷковӣ.
Гуфт:
– Боварӣ доштам, вале шубҳа ҳам буд. Зеро мешунидам, ки аксар бо восита қабул мешаванд. Вале хушбахтона ин тавр набудааст.
Писархонд
Имомалӣ шахси меҳнатдӯст буд. Ӯ, ҳам гӯсфандҳои соҳибхонаро мечаронид, ҳам дар харид ба зани соҳибхона ёрӣ медоду ҳам корҳои ҳавлиро иҷро мекард. Рӯзе зани соҳибхона гуфт:
– Имомалӣ, ман туро фарзанд мехонам. Минбаъд ту на чун иҷорашин, балки чун фарзанди ин хонадон, бояд дар яке аз ҳуҷраҳои хонаи мо зиндагӣ кунӣ.
Ҳамин тавр, соҳибхона дар хонаи худ барои ӯ ҳуҷраи алоҳида ҷудо карда, ӯро аз иҷорапулӣ озод кард.
Имомалӣ гуфт:
– Барои чун ман нафаре, ки бе ҳеҷ пушту паноҳе ба Душанбе омада, дар чойхона чанд рӯз хоб кардам, шинос шудан бо чунин оилае ва сазовори номи донишҷӯ шудан муваффақияти бузург буд. Баъди қабул дигар ҳамсинфони қабулшудаи ман бо хурсандӣ ба деҳа баргашданд, то аз падару модарашон шодиёна гирифта, бозпас ба хондан оянд, вале ман ба деҳа нарафтам. Дар чанд рӯзи боқимонда, шабона дар Вокзали роҳи оҳан кор карда, барои таҳсил пул ҷамъ мекардам.
Унвони фахрии донишҷӯ
Дарсҳо оғоз шуданд. Имомалӣ бо фахр ба хондан шуруъ кард ва назди худ ҳадаф гузошт, ки дар донишкада бо баҳои хубу аъло хонда, коре мекунад, ки модар аз чунин фарзанд ифтихор кунад. Чун ҳамеша субҳи барвақт кори Имомалӣ аз чаронидани гӯсфандҳо оғоз меёфт. Баъди он ба дарс мерафт. Ӯ барои таъмини худ дар ҷустуҷӯи кори ҳамешагии шабона шуд ва бо маслиҳати нафаре ба заводи ғишт рафт. Дар завод ӯро дар бахши шабона ба кор қабул карданд. Кор агарчи вазнин буд, вале даромади хуб дошт.
Ӯ аз рафти кор ва таҳсил бо шавқ нақл карда, гуфт:
– Даромадам хуб буд? Муаллим Кавраков винои “Помир”-ро дӯст медоштанд. Ман ҳафтае як маротиба рӯзҳои шанбе аз он вино як шиша харида, устодро зиёфат медодам. Баъзан майда-чӯйда харида, ба хона ҳам меовардам ва узви комилҳуқуқи оилаи Кавраковҳо гашта будам. Ба тайёр кардани дарсҳо ва супоридани имтиҳонҳо ҳам ҳамеша вақт меёфтам.
Баъзе ҳамкурсонаш бо ҳайрат мегуфтанд:
– Мо шаб ба рӯз ба имтиҳон тайёрӣ медидем, аммо баҳои паст мегирифтем ва гоҳо ҳатто аз имтиҳон мегаштем. Имомалӣ бошад, рӯз дарс мехонду шаб кор мекард ва боз баҳои хубу аъло мегирифт.
Чунин амал дар курси ду низ идома ёфт. Ӯ ҳам кор мекарду ҳам таҳсил. Модарро умуман ташвиш намедод, гоҳ-гоҳ баръакс ба модар пул мефиристод, ки ин барои донишҷӯ як қаҳрамонӣ буд.
Хизмат дар Афғонистон
Соли дуюми таҳсил ба охир мерасид. Моҳи майи соли 1982 Имомалиро ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябр (ҳоло И. Сомонӣ) даъват карда, баъд аз гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба як гурӯҳи 35-нафара, ки гурӯҳи 63 ном дошт, ҳамроҳ карда, ба шаҳри Тамбови Россия фиристоданд. Даъватшудагон он вақт намедонистанд, ки ин чӣ гурӯҳ аст. Танҳо вақте ба шаҳри Тамбов, ба қисми ҳарбӣ расиданд, фаҳмиданд, ки ин гурӯҳе будааст, ки барои Афғонистон тайёр мекардаанд.
Вақте чӣ гуна ба Афғонистон рафтани Имомалиро пурсидам, гуфт:
– То 10-уми октябр дар шаҳри Тамбов аз таълими ҳарбӣ гузаштем ва ба ман унвони сержант доданд. Моро бо нияти фиристодан ба Афғонистон бо тайёра ба шаҳри Чирчики Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварданд. 1 ҳафта дар як қисми ҳарбии шаҳри Чирчик мондем. Баъди як ҳафта 4-5-нафарӣ ҷудо карда, маро ба вилояти Қундуз фиристоданд. Дар Қундуз вақте аскарону афсарҳои автоматбадастро дидам, дарёфтам, ки мо ба ҷанг омадаему дигар ин сарулибоси оростаамон ба кор намеояд. Ба қавле, дар инҷо намунаи либоси №8 буд. Он чӣ ки ба даст овардӣ, ҳамонро мепӯшӣ.
– Мо 4 нафар, Фахриддинов Аюб (Душанбе), Мирзоев Саламшо (Ванҷ), Маҳмудов Боймаҳмад (Ваҳдат) ва Шакарбеков Олибек (Ванҷ)-ро ба Баталёни махсуси разведкавӣ чун тарҷумон ҳамроҳ карданд. Баъдан Фахриддинов Аюбро ба Багром интиқол доданду ман ва Мирзоев Саламшо (Ванҷ), Саломов Садриддин (Оби Қийиқ), Миров Фатҳулло (Восеъ) хизматро якҷоя оғоз кардем. На казармае доштем ва на шароите барои зиндагӣ. Шароити саҳроӣ буд, вале чун мо бачаҳои куҳистон будем, зуд ба он шароит одат кардем. Он вақт дар Афғонистон 3 пешво буд. Аҳмадшоҳи Масъуд, Гулбиддини Ҳикматёр ва Дӯстум. Аҳмадшоҳ тоҷиконро роҳбарӣ мекард. Дӯстум ӯзбекҳои Мазори Шариф ва Гулбиддин паштуҳоро.
Дар амалиётҳои зиёде ширкат кардам, вале амалиёти аз ҳама фаромӯшнашуданӣ амалиёте дар Панҷшер буд. Субҳе маро ба гуруҳе ҳамроҳ карда, ба Панҷшер фиристоданд, ки зери назорати Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Қувваҳои Шӯравӣ дар деҳаҳои Анова ва Руха қарор доштанд. Амалиёт шуруъ шуд. Ман дар деҳаи Анова ба мина бархӯрда, захмӣ шудам ва ба қавле “кантузия” гирифтам. Ҳамраҳонам маро зуд аз майдони ҳарб берун оварда, кумаки аввалияро расонида, барои табобат ба Госпитали шаҳри Тошканд фиристоданд. 3 моҳ дар Госпитали шаҳри Тошканд табобат гирифтам.
– Шумо контузия гирифтед, яъне аз сар захм бардоштед. То он ҷое огоҳем, агар сарбоз маҷруҳ шавад, ӯро бозпас ба хизмат намефиристанд. Вале чаро шуморо бозпас ба Афғонистон фиристоданд,- пурсидам аз Имомалӣ.
Гуфт:
– Воқеан ҳайати комиссияе, ки баъди табобат тасмими идомаи хизмат ва ё комиссия карданро мегирифт, ба ман пешниҳод кард, ки ба хона баргардам, вале қабул накардам.
– Чаро қабул накардед? Охир, ин шонси хуб буд, ки дигар ба ҷанг наравед,- гуфтам бо ҳайрат.
– Он вақтҳо,- гуфт ӯ,- ба назарам чун маъюб баргаштан ва ё хизматро буд накарда, ба деҳа омадан хуб набуд ва ҳатто бадномӣ ҳисоб мешуд. Қаҳарамонона, бо сари баланд баргаштан куҷову чун маҷруҳ баргаштан куҷо. Ман идомаи хизматро интихоб кардам. Аз тарафи дигар, ғурури ҷавонӣ ва ифтихори фарзанди кӯҳистон будан водор мекард, ки бо сари баланд ба ватан, ба деҳа баргардам.
11-уми ноябри соли 1985 Имомалиро аз госпитал аз нав ба Афғонистон ба шаҳри Ҷалолобод фиристоданд. 6 моҳи боқимондаи хизматро ӯ дар ин шаҳр адо кард. Ӯро ба ҳар куҷо мефиристоданд, чун разведкачӣ мефиристоданд. Штаби ҳамешагӣ набуд. Дар охир ба шаҳри Қундуз фиристоданд ва 22-юми июли соли 1986 бинобар анҷом ёфтани хизмат, тасмими ҷавоб доданаш гирифта шуд.
Ҳуҷум ба қатори мошинҳо
Замоне аснои суҳбат аз Имомалӣ пурсидам:
– Рӯзи ҷавоб шудан аз аскарӣ, бахусус аз ҷанг дар Афғонистон рӯзи аз ҳама беҳтарин ва деринтизор будагист? Шумо он рӯзро чӣ гуна истиқбол гирифтед? Оё ин сафар бе ягон хавфу хатар анҷом ёфт ва ё ягон ҳодисаи ғайричашмдошт ҳам рух дод?
– Бале,- гуфт ӯ,- ин рӯзи муборакро мо аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон бесаброна интизор будем. Он шаб мо хоб накардем ва то субҳ хурсандӣ мекардем. Субҳ ҳама бо хурсандӣ либосҳои сафариро пӯшида, ба сафар омода шудем. Моро бо қатори махсуси мошинҳо аз шаҳри Қундуз ба Термез ҳайати махсусе гусел кард. Ба назар дар роҳҳо оромӣ буд, вале мо ҳама яроқнок будем ва бояд яроқҳои худро танҳо баъди гузаштан аз сарҳади Афғонистон месупоридем. Ҳангоми ба шаҳри Хонобод ворид шудан, нохост ба қатори мошинҳо ҳуҷум шуд. Агарчи ҳуҷум ногаҳонӣ буд, вале мо тавонистем зуд мавқеи муҳофизатиро ишғол карда, муҷоҳидонро ба фирор маҷбур кунем. Бадбахтона, дар ин набард чанд нафар ҳамхизматҳои мо кушта шуданд, ки миёни онҳо 6 нафар тоҷикон буданд. Яке аз онҳо ҳамхизмати ман Мукаррам Абдуллоев, зодаи ноҳияи Вахш буд. Ҷавони лаёқатманду шӯх буд. Ӯ он рӯз хеле шӯхӣ мекарду сахт хурсанд буд, ки баъди 2 соли ҷанг, дар ниҳоят ба пеши падару модар бо сари баланд бармегардад. Аммо ба орзуяш нарасид ва ҷасадаш ба ноҳияи Вахш оварда шуд.
Медали “Барои хизмати шоиста”
Сайёдӣ аз Термез рост ба Душанбе ва аз он ҷо ба деҳа баргашт. Дар деҳа ӯро чун қаҳрамон пешвоз гирифтанд. Хурду калон, пиру барнои на танҳо худи деҳаи Мадовра, балки аз деҳаҳои ҳамсоя низ ба зиёраташ меомаданд ва аз ҷанги Афғонистон мепурсиданд. Бародаронаш Мирзоалӣ (равонашон шод бод) ва Маҳмадалӣ ба ифтихори соқу саломат омаданаш мол кушта, зиёфат оростанд.
Ҳамин тавр, бо гузашти чанд вақт ва истироҳат, моҳи сентябри соли 1989 Имомалӣ Сайёдов таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии декани факулта Усмонов Нурулло ва муовини декан Қурбон Ҷанобилов ба таҳсил дар курси сеюм оғоз кард.
– Моҳи октябр барои ман моҳи хотирмон ва фаромӯшнашаванда гардид,- нақл мекунад ӯ.- Як субҳ декани факулта Усмонов Нурулло ба аудитория даромада, эълон кард, ки баъди нисфирӯзӣ ҷаласаи калони тантанавии умумидонишгоҳӣ баргузор мегардад ва меҳмонҳо аз Комисариати ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Октябр (И.Сомонӣ) иштирок мекунанд. Мавзуъ “Иштироки донишҷӯён дар ҷанги Афғонистон” аст, бинобар ин, иштироки Имомалӣ Сайёдов чун ҷанговари интернатсионалист дар он ҳатмист.
Имомалӣ гумон кард, ки ягон маҷлиси оддӣ асту шояд ба ҷанговарони интернатсионалист ифтихорномаҳо тақсим кунанд ва ё сипосгузорӣ намоянд. Ӯ низ чун дигарон вориди толор шуда, дар гӯшае нишаста, интизори маҷлис шуд. Маҷлисро ректори донишкада оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ карда, ҳузури эшонро хайрамақдам гуфт ва суханро ба сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябр (ҳоло .И.Сомонӣ) полковник Харченко дод. Полковник Харченко нахуст роҳбарияти донишгоҳ ва баъдан ҳама аҳли нишастро барои иштирок дар ҷаласаи тантанавӣ сипосгузорӣ карда, гуфт:
– Ман имрӯз дар ҳузури шумо ба донишҷӯйи соли сеюми факултаи математикаи донишкада, ҷанговари интернатсионалист, сержант Сайёдов Имомалӣ барои хизматҳои шоёнаш дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ордени “Барои хизмати шоиста” -ро ба таври тантанавӣ месупорам.
Он лаҳзаро Имомалӣ чунин нақл кард:
– Зери кафкӯбиҳои ҳозирин ман ба минбар баромадам. Шояд аз хурсандӣ буд ва ё аз эҳсоси сахт, ки чанд лаҳза дасту по гум кардам, тамоми вуҷудам арақшор шуд ва ҳатто аз чашмонам об баромад. Полковник Харченко медалро ба костюми ман часпонида, шаҳодатномаи онро ба дастам дода, табрик ва дастфишорӣ кард.
Баъди ин муносибат бо Имомалӣ дар факулта куллан дигар шуд. Устодон ба ӯ чун ба қаҳрамон муносибат мекарданд. Баъди 2 рӯзи тақдими орден раиси бахши Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзгорӣ Фидотова ӯро ба идора даъват карда, ба сафи Ҳизби коммунист қабул кард ва шаҳодатномаи ҳизбиро ба ӯ супорид. Акнун Имомалӣ, ҳам дорандаи орден буду ҳам узви Ҳизби коммунист, ки барои донишҷӯ як ифтихор ва як муваффақияти бузург ба ҳисоб мерафт. Бо супориши ректори донишкада Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳорова Имомалӣ Сайёдовро раиси Шурои ҷанговарони интернатсионалист таъин карданд ва ӯ то хатми донишкада ин вазифаро пеш бурд. Дар доираи имтиёзҳо дар 3 соли боқимондаи таҳсил ҳуҷраеро дар хобгоҳ барояш ройгон ҷудо карданд.
Таваккали 2
Мубориза барои ба даст овардани дӯстдошта ё муҳаббате, ки ба бунёди оила пайваст
Таърихи шиносоӣ бо бонуе, ки баъдан Имомалӣ бо ӯ зиндагии якҷоя бунёд кард, аҷиб аст. Аз рӯйи нақли Имомалӣ, баъди барқарор кардан дар курси 3, агарчи ҳама аз хизмати аскарӣ баргаштаҳоро ба гурӯҳи алоҳида ҷой карда буданд, вале ӯро ба гурӯҳе барқарор карданд, ки сардори он духтари миёнақади зебо ва ҳалиму меҳрубоне буд. Ин духтар Зарофат ном дошт.. Дар рафтору кирдор ва дониш низ аз дигарон фарқ мекард. Ӯ дар паҳлуи Имомалӣ менишаст.
Ҳамкориҳои онҳо нахуст аз супоридани фарқиятҳо оғоз ёфт. Декани факулта Усмонов Нурулло ба ҳамин духтар, яъне сардори гурӯҳ супориш дод, ки дар супоридани фарқиятҳо ба Имомалӣ кумак кунад. Духтар роҳхатро мегирифту ҳарду ҳамроҳ назди устодон мерафтанд. Ҳамин тавр, ӯ ҳама фарқиятҳоро супорида, ҳамон вақт аллакай ба Зарофат меҳр баст.
– Агарчи Зарофат ба ман хеле писанд буд, он солҳо дар ин мавзуъ гапзаниву гаппартоӣ набуд,- нақл кард Имомалӣ.- Ҳар субҳ ӯро бо нигоҳ пешвоз мегирифтаму баъди дарс бо нигоҳ гусел мекардам. Агар гоҳе ба сӯям лабханде мекард, он рӯз барои ман беҳтарин рӯз буд. Ба қавли пирони деҳа, “аз хурсандӣ тоқиамро ба осмон мепартофтам”, яъне тамоми рӯз хурсанду мамнун мегаштам,- гӯён баланд хандида, идома дод:
– Бо Зарофат дар аввал муносибати самимӣ доштам. Ӯ ҳам бо ман хеле самимона рафтор мекард. Ман дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаму ӯ дар ҳавлии шахсии падараш – дотсенти кафедраи Адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ Давронов Субҳонҷон. Дар хобгоҳ ҳамсинфам Вафо Элбоев (ҳоло доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) бо ман дар як ҳуҷра зиндагӣ мекард. Зарофат ҳар ҳафта ба хобгоҳ омада, либосҳои моро бурда мешуст, аз хонаашон барои мо хӯрок меовард. Чунин тарзи муносибат 3 сол, яъне то хатми донишкада идома ёфт. Агарчи оҳиста-оҳиста дӯсташ доштам, вале боре ҳам изҳори муҳаббат накарда будам. Баъти хатми донишкада ва як соли кор дар мактаби миёна, вақте аз нав ба донишкада баргаштам, ба бахти ман он сол Зарофат ҳам ба донишкада ба кор омад. Ба назарам вақти хостгорӣ ва бунёди зиндагии якҷоя фаро расида буд. Тасмим гирифтам аз ин шонс истифода бурда, дар ин бора нахуст бо худаш маслиҳат ва баъдан хостгорӣ кунам. Вале, ҳарчанд кӯшиш кардам, дар суҳбати рӯ ба рӯ дар ин бора ба ӯ ҳарфе гуфта натавонистам. Ҳамеша вақте дар бораи хостгорӣ гап кушоданӣ мешудам, маро як ҳаяҷони махсус фаро мегирифту забонам лол мешуд.
– Пас чӣ гуна изҳори муҳаббат кардед?,- пурсидам бо кунҷковӣ.
– Рӯзе тариқи телефони кӯчагӣ ба ӯ занг зада, ниҳоят арзи дил кардам ва ҳадафамро кушоду равшан гуфтам,- гуфт Имомалӣ.- Зарофат “дер шуд. Хостгорҳо омадаанд ва падарам рӯзҳои наздик маро фотеҳа мекунанд” гуфт. Ӯ ҳатто рӯзи фотеҳаро низ гуфт.
Ин хабар чун сатили оби сарде буд, ки ба сари ӯ рехта шуд. Бо шунидани ин хабар ӯ тоқатро аз даст дода, худи ҳамон рӯз ба деҳа баргашт. Бояд одамони обрӯмандеро пайдо карда, ба хостгорӣ меовард, ки тавонанд хостгорӣ кунанд ва ба ҳар қимате бошад, падарашро розӣ карда, духтарро ба никоҳи Имомалӣ дароранд. Одамоне даркор буданд, ки гапашон гузарад.
Ба саволи “чунин одамро ёфтан осон буд?” Имомалӣ гуфт:
– Баъди расидан ба деҳа бе ҳеҷ андешае нахуст пеши тағоям Исмоил Оқилов рафта, фикрамро гуфтам. Тағоям оромона маро гӯш карда, гуфтанд:
– Парво накун. Агар он духтарро надиҳанд, ман беҳтарин духтари деҳаро бароят хостгорӣ мекунам.
– Тағоҷон,- гуфтам,- тасмими ман ҷиддист. Ман ин духтарро дӯст медорам ва ҷуз ӯ касеро намехоҳам.
– Оҳооооо, ошиқаму беқарор гӯ,- гуфтанд бо ханда.
Маслиҳат шуд, ки якчанд нафар мӯйсафедони деҳаро гирифта, ба хостгорӣ мераванд.
Ҳамин тавр, Имомалӣ тағояш Исмоил Оқилов, пири деҳа Мулло Амонбойи Ҷӯрабой, Мулло Маҳмаднасиби амакаш ва амакбачааш Сайёдов Сайфуллоро гирифта, ба Душанбе ба хостгорӣ меорад. Ӯ бовар дошт, ки сухани мӯйсафедон, ки обрӯву нуфузи хосае доштанд, рад намешавад.
Ҳама ба як мошин савор шуданд ва Имомалӣ, яъне домодшаванда низ бо онҳо якҷоя ба хонаи падари духтар Давронов Субҳонҷон хостгорӣ омад. Хостгории онҳо ба рӯзе рост омад, ки духтар бояд ба нафари дигар фотеҳа мешуд. Дар як хона хостгорҳои дигар ҷой шуда буданду хостгорҳои Имомалиро ба хонаи дигар дароварданд. Дар деге тақрибан 15 кило биринҷро ош карда, ҳақу ҳамсояҳоро низ даъват карда буданд. Вақте бобои Амонбой сухан сар карданду Маҳмаднасиб ва тағои Исмоил ҳадафро кушоду равшан баён карданд, падари духтар гуфт:
– Ин имкон надорад. Мо имрӯз ӯро фотеҳа мекунем. Хостгорҳои дигар дар ҳаминҷоянд ва ин деги ош ба ифтихори онҳо гузошта шуд.
Мулло Амонбой пурсиданд:
– Аллакай фотеҳа кардед?
– Ҳанӯз не.
– Пас фотеҳа накунед ва ҷавобашонро диҳед.
– Не, намешавад, ман ба инҳо ваъда кардам,- гуфт падари духтар.
Имомалӣ қариб ноумед мешуд, зеро ба ҳама суханҳо Давронов “не, ин ғайриимкон аст” мегуфтанд. Чун чораи дигар набуд, ӯ ҳама ғайраташро ҷамъ карда, лаҷоми суханро ба даст гирифта, гуфт:
– Устод, беҳуда духтарро ба онҳо надиҳед. Ман Зарофатро дӯст медорам ва ӯ маро. Агар надиҳед, ӯро медуздаму якҷоя мегурезем, вале иҷоза намедиҳам, ки ба каси дигар расад.
Давронов нахуст аз чунин шаккокӣ асабӣ шуд. Тағои Имомалӣ – Исмоил Оқилов ӯро ором карданӣ шуда, гуфт:
– Хубтараш як бор аз духтар пурсед, ки худи ӯ чӣ мегӯяд. Ба кӣ ба шавҳар баромадан мехоҳад? Ӯ духтари таълимдида аст. Агар духтар не гӯяд, мо бе ягон баҳс баромада меравем.
Давронов хуб гуфта, ба назди духтар рафт ва баъди чанде омада, гуфт:
– Духтар аз шумост.
Ҳамин тавр, хостгорони дигарро ҷавоб доданд. Ошу нони тайёрро онҳо хӯрда, дуо гирифта баргаштанд ва аз паси омодагӣ ба тӯй шуданд. Маълум шуд, ки Зарофат Имомалиро интихоб карда буд.
Ниҳоят он рӯзи деринтизор фаро расиду 11-уми августи соли 1990 Имомаливу Зарофат ба висоли ҳам расиданд.
Алъон Имомалӣ соҳиби як духтару ду писар ва шаш набера асту худро хушбахт медонад ва аз таваккали кардааш як умр розист.
Аз хотироти профессор Вафо Элбоев дар рӯзи тӯй:
– Тӯйи зангирии Имомалӣ оғоз ёфт. Дар рӯзи тӯй ман ҳамеша дар паҳлӯи Имомалӣ будам. Ҳар замон ба ӯ наздик шуда, дар бораи хароҷот мепурсидам. Тағои ӯ Исмоил Оқилов рафтори моро назорат мекарданд. Шояд фаҳмиданд, ки мо роҷеъ ба пул баҳс дорем, ба Имомалӣ муроҷиат карда, гуфтанд:
– Бачам, натарс. Ман аз Кобул то Душанбе пул коридагӣ. Роҳи поездба пул омада истодааст.
Имомалӣ ба ман нигариста, бо ханда гуфт:
– Ба фикрам тағои ман пули калон овардагӣ.
Туй ҷамъбаст шуд, тағои Исмоил боз такрор карданд:
– Бачам, натарс. Ман аз Душанбе то Кобул пул коридагӣ.
Намедонам чӣ қадар тӯёна доданд, вале минбаъд, ҳар вақте сухан дар бораи пул мерафт, Имомалӣ мегуфт:
– Парво накун, тағои ман аз Душанбе то Кобул пур коридагӣ.
– Оҳооооо, ошиқаму беқарор гӯ,- гуфтанд бо ханда.
Маслиҳат шуд, ки якчанд нафар мӯйсафедони деҳаро гирифта, ба хостгорӣ мераванд.
Ҳамин тавр, Имомалӣ тағояш Исмоил Оқилов, пири деҳа Мулло Амонбойи Ҷӯрабой, Мулло Маҳмаднасиби амакаш ва амакбачааш Сайёдов Сайфуллоро гирифта, ба Душанбе ба хостгорӣ меорад. Ӯ бовар дошт, ки сухани мӯйсафедон, ки обрӯву нуфузи хосае доштанд, рад намешавад.
Ҳама ба як мошин савор шуданд ва Имомалӣ, яъне домодшаванда низ бо онҳо якҷоя ба хонаи падари духтар Давронов Субҳонҷон хостгорӣ омад. Хостгории онҳо ба рӯзе рост омад, ки духтар бояд ба нафари дигар фотеҳа мешуд. Дар як хона хостгорҳои дигар ҷой шуда буданду хостгорҳои Имомалиро ба хонаи дигар дароварданд. Дар деге тақрибан 15 кило биринҷро ош карда, ҳақу ҳамсояҳоро низ даъват карда буданд. Вақте бобои Амонбой сухан сар карданду Маҳмаднасиб ва тағои Исмоил ҳадафро кушоду равшан баён карданд, падари духтар гуфт:
– Ин имкон надорад. Мо имрӯз ӯро фотеҳа мекунем. Хостгорҳои дигар дар ҳаминҷоянд ва ин деги ош ба ифтихори онҳо гузошта шуд.
Мулло Амонбой пурсиданд:
– Аллакай фотеҳа кардед?
– Ҳанӯз не.
– Пас фотеҳа накунед ва ҷавобашонро диҳед.
– Не, намешавад, ман ба инҳо ваъда кардам,- гуфт падари духтар.
Имомалӣ қариб ноумед мешуд, зеро ба ҳама суханҳо Давронов “не, ин ғайриимкон аст” мегуфтанд. Чун чораи дигар набуд, ӯ ҳама ғайраташро ҷамъ карда, лаҷоми суханро ба даст гирифта, гуфт:
– Устод, беҳуда духтарро ба онҳо надиҳед. Ман Зарофатро дӯст медорам ва ӯ маро. Агар надиҳед, ӯро медуздаму якҷоя мегурезем, вале иҷоза намедиҳам, ки ба каси дигар расад.
Давронов нахуст аз чунин шаккокӣ асабӣ шуд. Тағои Имомалӣ – Исмоил Оқилов ӯро ором карданӣ шуда, гуфт:
– Хубтараш як бор аз духтар пурсед, ки худи ӯ чӣ мегӯяд. Ба кӣ ба шавҳар баромадан мехоҳад? Ӯ духтари таълимдида аст. Агар духтар не гӯяд, мо бе ягон баҳс баромада меравем.
Давронов хуб гуфта, ба назди духтар рафт ва баъди чанде омада, гуфт:
– Духтар аз шумост.
Ҳамин тавр, хостгорони дигарро ҷавоб доданд. Ошу нони тайёрро онҳо хӯрда, дуо гирифта баргаштанд ва аз паси омодагӣ ба тӯй шуданд. Маълум шуд, ки Зарофат Имомалиро интихоб карда буд.
Ниҳоят он рӯзи деринтизор фаро расиду 11-уми августи соли 1990 Имомаливу Зарофат ба висоли ҳам расиданд.
Алъон Имомалӣ соҳиби як духтару ду писар ва шаш набера асту худро хушбахт медонад ва аз таваккали кардааш як умр розист.
Аз хотироти профессор Вафо Элбоев дар рӯзи тӯй:
– Тӯйи зангирии Имомалӣ оғоз ёфт. Дар рӯзи тӯй ман ҳамеша дар паҳлӯи Имомалӣ будам. Ҳар замон ба ӯ наздик шуда, дар бораи хароҷот мепурсидам. Тағои ӯ Исмоил Оқилов рафтори моро назорат мекарданд. Шояд фаҳмиданд, ки мо роҷеъ ба пул баҳс дорем, ба Имомалӣ муроҷиат карда, гуфтанд:
– Бачам, натарс. Ман аз Кобул то Душанбе пул коридагӣ. Роҳи поездба пул омада истодааст.
Имомалӣ ба ман нигариста, бо ханда гуфт:
– Ба фикрам тағои ман пули калон овардагӣ.
Туй ҷамъбаст шуд, тағои Исмоил боз такрор карданд:
– Бачам, натарс. Ман аз Душанбе то Кобул пул коридагӣ.
Намедонам чӣ қадар тӯёна доданд, вале минбаъд, ҳар вақте сухан дар бораи пул мерафт, Имомалӣ мегуфт:
– Парво накун, тағои ман аз Душанбе то Кобул пур коридагӣ.
Таваккали 3
Аспирант-муҳоҷир
Баъд аз хатми донишкада тибқи тақсимот Имомалӣ ба вилояти Қӯрғонтеппа барои кор роҳхат гирифт, вале ӯ хеле мехост дар Душанбе монад. Барои ин, ба ӯ даъватнома аз ягон мактаби шаҳр даркор буд. Бо ин ният ӯ таваккал карда, ба роҳбари Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Бозгул Додихудоева муроҷиат кард. Сардори Раёсати маориф ӯро назди мудири маорифи ноҳияи Роҳи оҳан (алъон Шоҳмансур) Файзулло Хушвақтов фиристод. Бо даъватнома ва роҳхати Файзулло Хушвақтов аз якуми сентябри соли 1989 Имомалӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №41-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллими фанни математика ва физика ба кор шуруъ кард. Ба ӯ якбора синфҳои 10 ва 11-ро доданд. Агарчи барои нафаре, ки нав донишкадаро хатм карда буд ва ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надошт, кор бо синфҳои 10-11 осон набуд, вале ӯ аз уҳдаи идораи синф хеле хуб баромад. Тибқи нақли худи Имомалӣ, охири соли якуми фаъолияташ, рӯзе ҳангоми таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ки дар дарсҳои ӯ иштирок мекарданд, як комиссия аз Донишгоҳи омӯзгорӣ низ омада, дар дарси ӯ ширкат карда, дарсро таҳлил намуда, пешниҳод карданд, ки Имомалӣ барои кор ба донишгоҳ фиристода шавад. Роҳбари комиссия ба ӯ гуфт:
– Муаллимони лаёқатманде амсоли ту бояд дар донишкада кор кунанд. Ту мехоҳӣ ба Донишгоҳи омӯзгорӣ баргардӣ ва дар омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ нақши худро гузорӣ?
Имомалӣ бо хушнудӣ ин пешниҳодро қабул карда, худи ҳамон сол бо ба итмом расидани соли хониш бо тавсияи комиссияи мазкур дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба ҳайси лабаранти калони кафедраи методикаи таълими математика ба кор шуруъ кард. То соли 1993 кор ҳамчун лабарант идома ёфт. Солҳои нооромӣ буд. Соли 1993 устоди Донишгоҳ Мансур Нуъмонов Имомалиро ба қабулаш даъват карда, гуфт:
– Сайёдӣ! Мебинам, ки саводи хуб дорӣ ва ҳам ташкилотчии хубӣ. Вазифаҳои ба зимаат гузошташударо хуб иҷро мекунӣ. Вале фаромӯш накун, ки як умр лабарант кор карда намешавад. Ту бояд аспирант шавӣ, мавзуъ гирӣ ва ҳимоя кунӣ.
Бо пешниҳод ва зери роҳбарии устод Нуъмонов Мансур соли 1994 Имомалӣ ба шуъбаи аспирантураи ДДОТ ба номи Қандил Ҷӯраев ҳуҷҷат супорида, худи ҳамон сол барои идомаи таҳсил ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи педагогии шаҳри Маскав ба номи В. И. Ленин фиристода шуд.
Бо оғози таҳсил дар Маскав дар ҳаёти ӯ дигаргунии нав оғоз шуда буд ва боз ҳам чун солҳои таҳсил дар Тоҷикистон Имомалӣ таҳсилро бо кор тавъам кард. Ӯ соли 1996 аспиратураро хатм карда, ба кори илмӣ оғоз кард ва то соли 1999 корашро пурра омода сохт. Яъне дар муҳлати 5 сол ҳам таҳсил кард, ҳам ба ҳимоя омода шуд ва ҳам мисли ҳазорҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба кор дар марказҳои гуногуни савдо, хӯрока ва ҳатто ошхонаҳо машғул шуд. Корро ӯ дар бозори Лужники бо пухтупаз дар ошхонае оғоз карда, баъдан дар метрои Вихино, метроҳои 1905, Савелёвский, Спортивная ва ғайра кор кард. Ба қавли худаш: “Пухтупаз мекардам, шоурма мефурӯхтам, савдо мекардам, бор мефаровардам. Хулоса, ҳар коре пайдо мешуд, иҷро мекардам ва кори илмиамро пеш мебурдам. Ҳам аспирант будам, ҳам ба ҳимоя омода мешудам ва ҳам муҳоҷир”.
19-уми ноябри соли 1999 Имомалӣ дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Маскав ба номи В. И. Ленин дар мавзӯи “Омӯзиши донишҷӯён-математикҳои муассисаи таҳсилоти олии омӯзгорӣ, коркард ва истифодаи адабиёти иловагӣ дар раванди омодасозии онҳо” (Обучение студентов-математиков педагогического вуза переработки и применению дополнительной литературы в процессе их подготовки) ҳимоя кард. Баъди як моҳи ҳимоя, 25-уми декабр ба Ватан баргашт ва ба ҳайси муаллими калони кафедраи МТМ-и ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев ба кор шуруъ кард.
Кор дар Академияи ВКД
ИмомалСайёдов дар ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев зиёд кор накард. 4-уми майи соли 2000-ум сардори Мактаби олии милитсияи ВКД Тоҷикистон полковник Шамсулло Саймиддинов, ки замони сардори ШКД ноҳияи Октябр (ҳоло И.Сомонӣ) буданаш бо ӯ дӯстӣ дошт, Имомалиро ба ВКД даъват мекунад. Дар он ҷо сардори Раёсати ВКД ҳам ҳузур дошт. Аз суҳбат бо онҳо маълум мешавад, ки ВКД нияти кушодани Академияро дорад ва барои ин устодони соҳибтаҷриба ва олимони унвондорро ҷамъ карда истодааст. Академияи ВКД худи ҳамон сол кушода шуда, Имомалӣ баъди гузаштан аз суҳбат аз моҳи сентябр дар он ба сифати муаллими калони кафедраи асосҳои идоракунии махсус ва техникаи электронии Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони дотсент ва майёр ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин ҷо инчунин дар вазифаҳои дотсенти кафедраи асосҳои идоракунии махсус ва техникаи электронии Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори факултети №2, сардори шуъбаи таълим ва иҷрокунандаи вазифаи сардори факултети №2-и Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Имомалӣ солҳои фаъолият дар Академияи ВКД-ро солҳои беҳтарини ҳаёти худ медонад. Зеро Академия мактаби мардонагие буд, ки ҳам ба шогирдон сабақ медод ва ҳам худ сабақ меомӯхт. Кор дар ин даргоҳи пурнуфуз бо нафароне чун генерал Дӯстов Файзиддин Дӯстович, генерал Солеҳов Карим Хоҷаевич, генерал Шарипов Файзалӣ (сардори имрӯзаи Академияи ВКД), генерал Розиқзода Абдулҳаким (раиси ВАК назди дастгоҳи Президенти ҶТ), полковник Раҷабов Равшан – доктори илмҳои ҳуқуқ (феълан раиси Кумитаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ) зиндагии ӯро куллан тағйир дод. Зеро ҳар як рафтору гуфтор ва фаъолияти онҳо худ дарс буд. Ба қавли Имомалӣ “Академияи ВКД фақат милитсия тайёр намекард. Академияи ВКД мактаби ҷасорат ва мардонагӣ буд, дар ин ҷо пеш аз ҳама ватандӯстони асил ба воя мерасиданд. Мактабе буд, ки ормонҳои давлату миллатро ҳифз мекард, кафили ҳифзи тинҷиву оромӣ буд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро кафолат медод”.
Нафақа ва вазифаву масъулиятҳои нав
Соли 2006 Имомалӣ ба нафақа баромад. Бо баромадан ба нафақа дар назди ӯ вазифаҳои нав ва уҳдадориҳои нав пайдо шуданд, ки масъулияти бештарро талаб мекарданд. Соли 2006 ӯро барои кор ба Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд ва то соли 2008дар ин муассиса дар вазифаи дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ фаъолият кард. Аз соли 2008 то соли 2011 муовини сардори Маркази тайёрии кадрҳо оид ба кор бо ҳайати шахсӣ ва кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2011-2012 ба ҳайси муаллими калони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият дошт. Соли 2012 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар вазифаи сардори шуъбаи таълим, сардори Раёсати таълим ва низоми кредитии таҳсилот корро оғоз намуда, то соли 2016 дар ин вазифа фаъолият дошт. Соли 2015 Имомалӣ Сайёдовро мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карданд ва то соли 2019 ӯ дар ин вазифа адои хизмат кард.
Аз соли 2019 то имрӯз Сайёдов Имомалӣ ба ҳайси дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кору фаъолият карда, ба шогирдон дарс гуфта истодааст. Ӯ шогирдони зиёд тайёр кардааст, ки феълан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият доранд ва барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз содиқона хизмат мекунанд.
Хислатҳо
Имомалӣ шахси некхоҳ аст. Ӯ некӣ карданро дӯст медорад ва ҳар вақт чун нафареро мебинад, ки ба мушкилӣ дучор шуд, ҳатман ба ӯ дар доираи имконият дасти ёрӣ дароз мекунад. Фарқ надорад, ки муроҷиаткунанда худӣ аст ё бегона ва аз куҷост.
Боре аз ӯ пурсидам:
– Ба худиҳо кумак карданатонро мефаҳмам, аммо чаро ҳатто ба онҳое дасти ёрӣ дароз мекунед, ки боре надидаед ва намешиносед?
Гуфт:
– Ман вақте ба Душанбе омадам, касе надоштам, ки дастгириам кунад. Маҳз кумаки шахсони бегона ва ношинос буд, ки ман донишҷӯ шудам, маълумоти олӣ гирифтам ва ба ин мартабаҳо расидам. Ана барои ҳамин ман ҳам, ба шиносу ношинос дасти ёрӣ дароз мекунам. Ҳар кумак вокунише дорад. Ман инро дар ҳаёти худам дидам ва таҷриба кардам. Барои ҳамин, ман ҳам то метавонам, ҳатман ба дармондагон кумаку ёрии худро дареғ намедорам…
Имомалӣ нотарсу ҷасур аст. Ба гуфти доктори илмҳои педагогӣ, профессор Элбоев Вафо, Имомалӣ ҷасорати хубе дорад. Ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ ҳар тасмиме мегирифт, то иҷро шудан, ақиб намегашт.
Имомалӣ меҳрубон аст. Ӯ бо ҳама бо меҳрубонӣ сухан мегӯяд ва ба дитгарон низ тавсия медиҳад, ки меҳрубон бошанд.
Ӯ ҳақи касеро намехӯрад. “Ин хислатам аз тағоям Исмоил Оқилов ба ман мерос мондааст. Тағоям на ҳақи касеро мехӯрд ва на мемонд, ки ҳаққашро касе хӯрад”,- мегӯяд ӯ.
Имомалӣ зудранҷ нест. Аз ҳар сухан намеранҷад. Дар шодӣ ҳам чунин аст. Аз ҳар муваффақият зуд хурсанд намешавад. Инро аз насиҳати Унсурмаолии Кайковус ба фарзанди худ дар “Қобуснома” ба худ шиор карда, бо табассум мегӯяд: “Ба ҳар неку бад зуд шодмону зуд андуҳгин машав, ки ин феъли кӯдакон аст”.
Ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед намешавад. Ҳатто дар лаҳзаҳои вазнин ҳамеша умед мебандад ва ба Худо такя мекунад. Вақте “ин хислатро аз куҷо гирифтед?” гуфтам, гуфт:
– Инро ҳам аз “Қобуснома” гирифтам, ки Унсурмаолии Кайковус дар насиҳат ба фарзандаш гуфтааст: “Ба вақти навмедӣ умедвортар бош!”.
Ӯ ҳеҷ гоҳ аз касбу ҳунари худ намеболад ва ғарра намешавад.
Боре савол додам:
– Дар вақти дармондагӣ ба дӯстон такя мекунед ё ба душман?
Хандиду гуфт:
– Такя бар дӯст кардан зарур аст, вале ман кӯшиш мекунам ба душманам такя кунам.
– Барои чӣ?
– Дӯст бе ин ҳам дар паҳлуят аст, ба душман такя кун, ки ӯ низ ба ту эътимод кунаду дӯст шавад. Аз ҷиҳати дигар, айби инсонро дӯстон намегӯянд, айбро аз душман мефаҳмем ва дар пайи ислоҳаш мешавем. Ин аст фалсафаи ҳаёти ман.
– Ба ҷавонон чӣ тавсия медиҳед?
– Ҳамеша кӯшиш кунанд ва аз муваффақият саргарму аз шикаст ноумед нашаванд. Зеро саргарми муваффақият шудан ба шикаст мебарад. Бештар ба ҳунар диққат диҳанд. Аз донои беҳунар ҳунарманди нодон беҳтар аст. Барои ҳамин, ҳунар омӯзанд, ки маҳз ҳунар одамро обрӯманд мекунад.
– Ба ҷавонони навоиладор чӣ маслиҳат медиҳед?
– Ба бегона оиладор шавед, ки бегона хеш шавад ва сафи хешон бештар гардад. Агар бо хеш оиладор шаведу муносибат вайрон шавад, як хеш кам мешавад.
– Боз ба муҳоҷират меравед?
– Агар гӯянд, ки дар фурудгоҳи Маскав як халта пул гузошта шудааст, ту бирав ва бигир, ман намеравам. Зеро Ватан Ватан аст ва ман ҳамеша дар Ватан будан ва дар Ватан кору зиндагӣ карданро авлотар медонам.
Ба ҷои охирсухан
Хотимаи суханро мехоҳам бо суханони устод Мансур Нӯъмонов –роҳбари кори илмии Имомалӣ Сайёдов ҷамъбаст кунам, ки ӯро “устоди соҳаи кори таълиму тарбия” номида, “ба гавҳаре аз хазинаи нурбахш” монанд кардааст. Ин бесабаб нест. Зеро Имомалӣ Сайёдов пайваста барои пешравии кори соҳаи педагогӣ саҳми худро мегузорад ва роҳу услҳои нав ба нави тарбияро дар кори худ истифода мебарад.
Ин буд чанд намунае аз рӯзгори аҷиби нисони наҷиб, ки воқеан намунаи ибрат аст.
Холиқназар ҶУМЪАЕВ