Ба таваҷҷуҳи Мудири Шуъбаи нақлиёти МҲИДи шаҳри Душанбе Хайрулло Камолов, директорони генералии “ХадамотнақлиётрасонҲамза Ғаниев ва ”ККВД-и “Троллейбус” Сорбон Акрамов

Бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти ҳукумати шаҳри Душанбе сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ҳудуди пойтахт ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, ба аҳолӣ дар доираи ба меъёрҳои замонавӣ ҷавобгӯ, фаъолияти густардаро анҷом медиҳанд. Мардум пеш аз кор ва баъди он бо дили пур метавонанд аз рӯи ҷадвали муайян ба роҳ бароянд ва ниёзҳои худро амалӣ гардонанд. Муҳтаво, дар сохтори мазкур мутахассисони ҳирфаӣ- донандагони касбу кори соҳаи нақлиёт барои боло бурдани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ заҳмат мекашанд.

Муддатест, ки дар мавзуи сатҳу сифати хизматрасонӣ таҳқиқоти журналистӣ мебарам ва гумон мекунам, ин ҳам ба роҳбарияти КВД “Хадамотнақлиётрасон” (Ҳамза Ғаниев) ва ҳам ККВД “Троллейбус” (Сорбон Акрамов) аз манфиат холӣ набуда, бад-ин васила метавон рушду такомули соҳаро болотар бурд. Ин амалро танҳо ба хотири риояи рисолати журналистӣ ва аз байн бурдани ноқисиҳои мавҷуда дар шохаи танзими нақлиёт дар пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе анҷом бахшиданием.

Чанд сол боз шабакаҳои садову симо аз хусуси тартиби роҳандозии кортҳои мусофирон дар нақлиёти мусофирбар ролликҳо пахш намуда, хизматчиён, кормандон, нафақагирон ва донишҷӯён бо ҳамин усул гузаштаанд. Дар навбати худ аз ронандагон талаб карда мешавад, ки бо мусофирон хушмуомила бошанду ҳангоми саворшавӣ ба маъюбону барҷомондагон поймонакҳои махсусро ба ҳаракат биёранду беосеб аз нақлиёт берун шаванд.

Таассуф, ки баъзе шаҳрвандон ба ин раванд одат накардаанд. Зеро ки дар ин маврид худи ронандагон айбдоранд. Дар кадом муқаррароти соҳаи нақлиёт омадааст, ки ронандагон аснои ҳаракат автобусҳоро дар гардишгоҳҳо ё миёнаи роҳ нигоҳ доранд? Ё ки дар ҷое, ки истоданашон мамнуъст, -махсусан, наздики чароғакҳо!- биистанду одамон аз дохили автобус осема парида фуроянд? Худо накунаду ягон фалокат рӯй диҳад, кӣ гунаҳкор аст? Ронанда ё мусофир?

Агар масъулони бахши танзими нақлиёт дар ин самт усулҳои гуногун (рейдгузаронӣ, санҷишҳои комиссияи соҳавӣ, ё худ назорати фаврии волонтёрҳо)-ро роҳандозӣ намоянд, аён мегардад, ки айб дар ош аст, ё дар мош. Бисёр дидаем, ки чанд волонтёр дохили автобус ё троллейбусҳо шуда, бо садои “Кортҳои худро омода созед, назорат мекунем!” мегӯянд. Вале як ё ду истгоҳ рафта, зуд мефуроянду бо ҳамин вазифаи худро анҷомёфта меҳисобанд. Намедонанд, ки ҳолати кор то охири хатсайр чӣ гуна хоҳад буд. Ҳатто дар дилхоҳ автобус ё троллейбус мусофирон аз дари пеш мефароянд, вале на ронанда ва на касе чизе намегӯянд, ба даҳон об гирифта менишинанд. Санҷишҳои сар-сарӣ натиҷаи мусбат ба бор намеоварад.

Ба андешаи мо, ронандагоне, ки дар хатсайрҳои ҳудуди пойтахт ҳаракат мекунанд, бояд курсҳои махсусро гузашта, баъди соҳиби шаҳодатномаи соҳавӣ шудан паси чамбари нақлиёт нишинанд. Дар муддати курсҳои омӯзишӣ оид ба сифати хизматрасонӣ: риояи одобу ахлоқи ҳамида доштани ронандагон, хушмуомила будан бо мусофирон, ба таври шифоҳӣ фаҳмондан ба наврасоне, ки бори аввал кортро истифода мебаранд, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба суҳбат ҷалб накардани одамон ва монанди инро ҳатман азбар намоянд. Ба мусофирон ҳамчун ҳамватан ё дӯст рафтор бикунанд. Шояд, ҳамин тавр бошанд, вале акси ҳолро бештар мушоҳида мекунем.

Анъанаи номатлубе расм шудааст, ки ақаллияти ронандагони нақлиёти мусофиркашон ба соҳибони кортҳои ройгон бо танаффур менигаранд. Борҳо ба мушоҳида гирифтаам, вақте ки дастгоҳи хурдаки автоматӣ “Корти ройгон” садо мебарорад, ронандаҳо лаб инҷ намуда, бедимоғ “Гузаред-е, гузаред! Ройгон…Ройгон…” баланду паст кинояомез хитоб мекунанд. Ин тарзи муносибат аз чӣ далолат менамояд? Аз бесаводӣ ё аз баднафсӣ барои пур кардани ҷиғилдон?!

Барои тақвияти мавзуъ бархӯрди касифонаи ба ном ронандаеро бароятон далел меорам. Санаи 16.03.2024, рӯзи шанбе, тахминан соати 9-30 дақиқаи рӯз аз истгоҳи Сирк ба троллейбуси №4 савор шудам. Болои дастгоҳи муоинавӣ кортамро гузоштам. Садои “ройгон” ба табъи ронанда нафорид, ки ба ман теғи нигоҳ заду гуфт:

-Ройгон! Тез гузаре! Гуза-ар!!

Дидам, ки рафтори аз тарбия дури ронандаи худобехабар табъи дигар мусофиронро хира мегардонд. Ӯ ба мусофирон дағалӣ зоҳир мекард, ба соҳибони “корти ройгон” бештар. Худро на чун хизматрасони халқ дар пойтахт, балки як муҷассамаи Аҳриманӣ нишон медод. Дар моҳи шарифи Рамазон ба ӯ ҷанҷолро эб надониста, ашхоси бе корт пул дода, гузашта мерафтанд.

Дар истгоҳи Кумитаи андоз аз троллейбус поин шудам. Интизори камшавии ҳаракати нақлиёт меистодам, ки ронандаи пастқад бо нияти   дуруст мондани “шохҳо”-яш аз кобин фуромад. Рақами троллейбусро донистан мехостам, ки бонг зад:

-Тъ киӣ?! Чӣ кор дорӣ, ба рақамаш? Бза бра!

-Ба мардум хизмати ношоиста расонида истодаӣ. Аз ин дағалрафторият ба мақомоти соҳаи нақлиёти шаҳр муроҷиат менамоям…

Ронандаи бефарҳанг ба ҳуҷум гузашта, бо таҳқиру тардид имкон намедод овози палидонаашро сабт намоям. Ӯ ҷангҷӯёна даст ба сари ман мебардошт, андак монда буд, ки гиребонгирам шаваду даст ба ҷиноят занад. Одамон ба шиддати ғурроси нақлиёт овозашро намешуниданд. Эҳтимол авбош ҳам ба ин дараҷа даҳони бадбӯй надошт. Ин зайл носолимро дар беморхонаи рӯҳӣ бо ҷурми осебпазирии асаб, ва ё дар маҳбас бо истифодаи маводди мухаддир дармеовардӣ. Ронандаи ҷиннӣ торафт шерак шуда, мегуфт:

-Хизматчии давлатӣ, низомӣ! Бра, ба ҳукумат мегӯӣ, ба куҷое меравӣ, бра-а… Ҳеъ, дар …!

Башараи хунуки ронанда пеши рӯям омада, сардардам ба фишорбаландӣ печид. Ба дорухонаи сари роҳ сар задам. Худи ҳамон рӯз ба Мудири Шуъбаи нақлиёти шаҳри Душанбе Хайрулло Камолов асли воқеаро гуфтам. Ӯ гуфт, ки нав аз Ҷумҳурии халқии Чин омадаасту хаставу роҳкуфта аст.

Ду рӯз пас ҳамин мавзуи доғро ба Х. Камолов гӯшзад намудам.  “Ба директори парки “Троллейбус” супориш дода будам. Ҳозир дар майлисам…”-гуфт Х. Камолов.

Ба корхонаи “Троллейбус” бо рақами 2334122 сим задам, касе ҷавоб надод. Охируламр, аз навбатдорони соҳа маълум намудам, ки троллейбуси №4 бо №2049-ро Кадам Ҷалолов гуфтанӣ “зӯр” мерондааст. Шигифтангез аст, ки чаро дар нақлиёти ҳудуди пойтахт шахси тасодуфро ба кор гирифтаанд? Қадам Ҷалолов намедонад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон вазифаи ҷонии ӯст, на ба соҳибони “корти ройгон” ҳаёҳӯи беасос бардоштану таҳқир намудан ва паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон-хизматчиёну дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар хатсайр. Ӯ бо чунин хислати зишт ҳуқуқи дар соҳаи нақлиёт кор карданро надорад. Ҳамоқати бадбӯяшро ба номи волидайни худаш баргардонда, аз роҳбарият ва масъули бахши кадри корхонаи “Троллейбус” тақозо дорем, ки қабл аз ҳама, якҷо бо комиссиюни тиббӣ ҷиҳатҳои ахлоқиву маънавӣ ва равонии довталабони ронандагиро омӯхта, дар марҳилаи санҷишӣ сиҳатмандонро ба кор гиранд. Ашхоси хастаруҳу носолимро дар хатсайр иҷоза надиҳанд. Ин бархӯрди ронандаи қонуншикан дар камераҳои назоратӣ эҳтимол сабт шудааст.

Ҳамчун ҳуқуқшинос мегӯям, ки бадахлоқии разилонаи Қадам Ҷалолов фаротар аз авбошӣ, ба таркиб ҷиноят низ дорад. Роҳбарияти соҳаи нақлиёт боистӣ подоши ин таҳқиру паст задани шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ба нишони мақомоти марбута алфози касифона гуфтааш нисбати ӯ чораандешӣ намоянд. Дар сурати акс, вай дар мақомоти додгоҳӣ посух мегӯяд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои шаҳрдори муҳтарам ҳар кадоми моро лозим меояд, ки дар пешрафти шаҳри азизамон, ки макони сайру гашти сайёҳони хориҷӣ гардидааст, саҳим бошем. Мабодо ин гуна бархӯрди ронандаи “говзӯр” Қ. Ҷалолов ба меҳмонон ё донишҷӯёни хориҷӣ рух диҳад, ба номи шарафманди тоҷик доғ мегузорад.

С. Абдуллозода,

узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон ва иттиҳодияҳои эҷодӣ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ,

собиқ хизматчии давлатӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь