Дар ҳошияи мавлуди публитсист, журналист Шариф Ҳамдампур

Дар кору зиндагӣ бароям чанд шахс муътабаранд: волидайнам, ки ба дунё оварданду ба камол расониданд; бародари калониам, ки бо шарофати ӯ соҳиби маълумоти олӣ шудам ва устодам Шариф Ҳамдампур, ки ҳар чӣ дар кору рӯзгор тавфиқ ёфтам, бо дастгирии эшон аст…

 РУҶӮИ АВВАЛ

Оғози пайроҳа дар журналистика

Аз таҳсилам дар курси 1-уми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамагӣ чанд моҳ гузашта буд. Иттифоқан дар маъракае бо як нафари чеҳрааш ҷиддӣ, вале дар гуфтор хеле орому  ботамкин вохӯрдам. Бародарам, ки онҷо буданд, “додарам” гӯён, маро шинос карданд.

– Дар куҷо мехонӣ?

– Факултети журналистика.

– Рӯзноманигор шудан мехоҳӣ?

– Бале.

– Пагоҳ, пас аз дарс назди ман даро. Агар ягон мавзӯи бароят ҷолибро ҳам интихоб карда, навишта биёрӣ, хуб мешавад!, – гуфтанду бо мардуми дигар суҳбаткунон рафтанд.

– Ин кас кӣ ҳастанд?, – пурсидам аз бародарам.

Гуфтанд:

– Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”.

Раҳораҳ то ба хона омадан дар бораи навиштани мақола фикр мекардам. Ниҳоят, мушкилоти нақлиёти пойтахтро, ки он замон мо – донишҷӯён ҳар субҳ рӯ ба рӯ мешудем, рӯйи коғаз овардам. Мақола дастнавис буд, зеро он замон компютер надоштам.

Рӯзи дигар пас аз дарси донишгоҳ ба идораи “Тоҷикистон” шитофтам. Ошёнаи 11-уми Маҷмааи “Шарқи озод” дафтари кории эшон буд. Он рӯз маҷлиси редаксияи рӯзнома будааст. Дар даҳлези кушод мунтазир нишастам. Соате пас аз маҷлис баромаданд ва маро дида, наздашон хонданд. Мақоларо аз дастам гирифта, як пасу пеши дастнависро аз назар гузарониданд ва дубора ба дастам дода, гуфтанд, ки баланд -баланд хон, то гӯш кунем. Хондам. Чанд ҷумларо хондам ва супориш доданд, ки бурда, дар кабинети дигар, ки он ҷо редаксияи рӯзнома аст, дар компютер рӯбардор намоям. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, дар редаксия он матлабро қариб 1 соат зиёд рӯбардор кардам. Чунки он замон компютерро чандон дуруст сарфаҳм намерафтам. Охир дар шароити деҳот аз куҷо комютер буд? Мактаби деҳа он замон ҳамагӣ 5-6 компютери хурд дошт ва бинобар набудани барқи доимӣ қариб  истифода намешуд.

Хулоса, мақоларо дар комютер рӯбардор кардаму боз ба наздашон даромадам. Шакли компютериро хонданд.

– Минбаъд пас аз дарс ҳамарӯза бояд дар идораи рӯзнома бошӣ!,- хитоб карданд бо нигоҳи ҷиддӣ.

Ин оғози таҷрибаомӯзиву минбаъд фаъолияти банда дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистон” бо дастгирии устод Шариф Ҳамдампур буд. Инак, аз ин иртиботи ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” наздики ду даҳсола сипарӣ мешавад.

РУҶӮИ ДУЮМ

Мактаби журналистика

Воқеан ҳам, устод Шариф Ҳамдампур жарналисти касбӣ аст. Ӯ соҳибмактаб дар журналистика аст. Таҳти сарпарастии ӯ ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо сабку диди нав охири соли 1996 аз нав эҳё шуд. Тӯли  мавҷудият ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таҳти роҳбарии Шариф Ҳамдампур дар доманаш садҳо журналистро парваридааст. Имрӯз бархе аз онҳо худ соҳибрасона ҳастанд.

Ҳар касе дар командаи Шариф Ҳамдампур кор кардааст, хуб медонад, ки ӯ сахтгир, серталаб, бомасъулият аст. Аз рӯйи нақша кор карданро меписандад. Вақте ки рӯзноманигорони навҷода ба кор меоянд, бевосита барояшон нозукиҳои ин касбро мефаҳмонад. Ӯ маслиҳатгару роҳнамои хубест барои рӯзноманигорони ҷавон. Агар лозим ояд, матлаби муаллифонро мехонад, таҳрир мекунаду сарлавҳа мегузорад. Маводро ба қолаби журналистика мувофиқ месозад. Навқаламеро ноумеду сарзаниш намекунад, ки “аз ту журналист намебарояд ё қаламат суст аст”. Баръакс, бо сахтгириву роҳнамоӣ шуълаи умеду орзуро дар қалби рӯзноманигорони навроҳ бедор менамояд. Ӯ ҳамеша таъкид менамояд, ки журналист бояд навиштаашро ду-се маротиба хонад, то ҷумлаҳо суфтаву мавод пурмуҳтаво шавад. Ҳар ҷумлааш бояд бори маънӣ кашад.

Шариф Ҳамдампур бо таҷрибаи бойи рӯзноманигории беш аз 50-сола дар нигориши матлаб, гузоштани сарлавҳаҳо беҳамто аст. Таъкид ҳам менамояд, ки сарлавҳа, зерсарлавҳа 70 фоизи муҳтавои матлабро бояд фаро гиранд. Барои аудитория низ ҷолиби диққату хонданӣ бошад.

Таъкиди дигари Шариф Ҳамдампур он аст, ки рӯзноманигор дар баробари ба миён гузоштани масъалаи доғи рӯз, роҳи ҳалро низ ба роҳбарони мақомоти дахлдор пешниҳод намояд. Набояд ба таҳқиру туҳмат даст занад ва маводаш боиси рехтани обрӯи шахс гардад. Вагарна, ин амалаш ҳам ба имиҷи рӯзнома таъсир мерасонад ва ҳам боиси коста шудани обрӯву мартабаи худаш мегардад.

РУҶӮИ СЕЮМ

Менеҷери муваффақ

Ӯ менеҷери муваффақ низ ҳаст. Мақсаду маромаш ягона аст. Дар баробари таъсиси чандин нашрияву сомонаҳо, агентии реклама, ӯ аввалин нафарест, ки ба Тоҷикистон чопхонаи рангаро овардааст. Дар солҳои 2004-ум дар Осиёи Марказӣ чунин чопхона ягона буд. Бо ин иқдом ӯ мушкилоти садҳо рӯзномаву маҷаллаҳоро рафъ намуд. Ҳатто, метавон гуфт, ки як навъ дар фаъолияти чопхонаҳо монополияро аз байн бурд. Зеро он замон бештари нашрияҳо дар як ҷо чоп мешуданд, имкон барои чопу интихоби алтернативии нарх вуҷуд надошт. Баробари ба майдон омадани чопхонаи муосиру замонавии “Мега-принт” ин мушкилот аз байн рафт. Сифати нашрияҳои чопӣ, махсусан дар формати ранга ба маротиб беҳтар шуд.

 РУҶӮИ ЧОРУМ

Мусоҳиби касбӣ

Ӯ дар гирифтани мусоҳиба низ хеле маҳорати касбӣ дорад. Дар бисёр мусоҳибаҳо ӯро ҳамроҳӣ намудаам. Ӯ медонад, ки ҳамсуҳбатро чӣ гуна интихоб намояд ва чӣ тавр мавқеъ гирад. Чунон суҳбату саволгузорӣ мекунад, ки ҳамсуҳбати дар аввал хеле эҳтиёткор баъдан ҳарфи дилашро ошкоро, бепарда мегӯяд. Ҳамсуҳбату мусоҳибони муаллиф намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ – президенту вазиру сафир, муарриху муҳаққиқ, эҷодкору муҳандис ва дигарон ҳастанд. Ҳарчанд одоби касбиву инсонии муаллиф намегузорад, ки ба баъзе андешаҳои носолим рӯйирост эътироз намояд, аммо аз забони каҳрамону мусоҳибон муаллиф ба тарзи нозуке он чиро мегирад, ки худаш гуфтан мехост. Ва хонандаи нозукфаҳму мантиқшинос ба хубӣ пай мебарад, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Дар меҳвари суҳбатҳои муаллиф манфиати давлату миллати тоҷик, ормонҳои миллӣ дар мадди аввал меистанд.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Афроде, ки бо Шариф Ҳамдампур замоне ҳамкорӣ кардаанд ва ё ҳоло дар командааш ҳастанд, хуб медонанд, ки ӯ серталаб аст. Баъзан сахт мегӯяд.

Ҳамкори наве аз ман пурсид, ки чаро чунин аст ва бештари маврид ором менишиниву ҷавоб намегӯӣ?

– Ором нишастани ман нишони сархамӣ ва муттаҳамӣ нест. Ин баръакс, эҳтиром аст. Эҳтиром ба устод аст,- ҷавоб додам ба ӯ.

Воқеан, давоми чанд соле, ки дар командаи устод Шариф Ҳамдампур кор мекунам, аз эшон зиёд омӯхтам. Дар роҳи журналистика андак ҳам тавфиқ ёфта бошам, натиҷаи омӯхтану роҳнамоиҳои устод Шариф Ҳамдампур асту оғӯши ҳафтаномаи “Тоҷикистон”.

Дар остонаи 70-солагии журналист, публитсист, муассиси медиахолдинги “Оила” ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, устоду роҳнамои садҳо журналистони Тоҷикистон Шариф Ҳамдампур барояшон офияти комил ва илҳоми саршори эҷодиро таманно дорам.

Усмон РАҲИМЗОДА

Аз редаксия:Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва расонаҳои зертобеи он “Фараж”, “Самак”, “Ману ту”, сайти интернетии www.farazh.tj, оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”, шабакаи телевизиёнии “Фараж” журналисти соҳибном Шариф Ҳамдампурро бо ҳафтоди умр муборакбод гуфта, сари баланду тандурустӣ таманно мекунад! Ҳамеша бошанд ва комёр бошанд!

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь