Тамбашавии нақлиёт, савор кардани аз ҳад зиёди мусофирон, баланд гаштани нархи сӯзишворӣ, садамаҳои нақлиётӣ, муомилаи нохуби ронанда ва пулчинҳо имрӯзҳо аз мавзуҳои меҳварӣ ва обшӯстаи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардидаанд, ки қариб ҳамарӯза аз он мегӯем, менависем, мешунавему мебинем. Шояд бо инъикоси ин мушкилот ағлабашро “ҳал” кардем. Аммо ҳолати баръакс бештар ба назар мерасад.

 Панду насиҳат корагар нест

Боиси ҳайронист, ки аз садамаҳои нақлиётӣ мегӯему ронанда ё роҳгузарҳоро гунаҳкор мекунем, ба ҷароҳатдидагон шифои комилу оҷил ва ба фавтёфтагон равони шод мехоҳем, аммо роҳи ҳалли мушкилиро касе пешниҳод намекунад. Фақат панду насиҳат аз эҳтиёткориро мешунавему халос. Набояд фаромӯш кард, ки то мушкилот ҳалли худро наёбад, ин мусибатҳо ҳадди ақал кам намешаванд. Панду насиҳат бошад, кора намекунад.

Нописандӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Дар ҳафтаи охири моҳи июл ва ҳафтаи аввали моҳи август дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат се садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваст, ки дуи он бо фавтидани мусофирон анҷом ёфт. Чаро маҳз шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдатро мисол меоварем? Зеро маҳз дар ана ҳамин шоҳроҳ ҳамасола садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта мешавад ва чӣ гунае, ки дар боло ишора намудем, танҳо гунаҳкор ҷазои худро мебинад ва омадурафти нақлиёт чун қабл боқӣ мемонад. Аз ин шоҳроҳ аҳолии деҳаҳои Майсазор, Шаҳристон, Меҳан, Тезгари поён, Тезгари боло, Ганҷобод ва ғайра истифода менамоянд. Барои бехатарӣ ва гузаштан аз роҳ барои аҳолӣ роҳгузарҳо ҳастанд, ки аҳолӣ аз онҳо истифода мебаранд. Мутаассифона, шумораи зиёди сокинон маҳз ҳангоми гузаштан аз роҳ ба садама дучор мешаванд. Чунки дар ин шоҳроҳ мошинҳо бо суръати хеле баланд меоянд ва ҳатто ба аломати роҳе, ки барои аҳолӣ гузошта шудааст, эътибор намедиҳанд ва хоҳиши паст кардани суръатро надоранд. Сабаби ба вуқуъ омадани дигар навъҳои садамаҳои нақлиётӣ ҳам бо суръати баланд омадани ронандаҳо аст.

“Эҳтироми хоса”-и ронанда

Ҳангоми истифода аз нақлиёти мусофирбари Душанбе – Ваҳдат, чӣ мошинаи сабукрав бошад, чӣ маршрутка, ба мушоҳида мерасад, ки ронанда то дарвозаи маҳаллаи 9-ум км “шунаво” аст. Чун аз пеши чашми кормандони БДА бо суръати паст ва як одоби хоса гузашт, мусиқиро ба андозаи гӯшкаркунанда гузошта, ба ибораи худи ронандаҳо “газро зер мекунад”. Ҳангоми аз шаҳри Ваҳдат ба шаҳри Душанбе омадан ҳолати баръакс. Ҳангоми наздик омадан ба маҳали таваққуф мусофирони бечора бо тамоми овоз  дод мегӯянд, ки биистад. Ронанда бошад, бо “эҳтироми хоса” ҷумлаи “мембрӣ барвақт бгӣ?”-ро ҳам аз мусофир дареғ намедораду илова бар он, ки аз ҷои лозима 15 – 20 метр дуртар таваққуф кардааст, ҳатто ба гирифтани пойи дигари мусофир нигоҳ накарда, мошинро ба ҳаракат медарораду дигар на ба афтидану на ба тарсидани сокинон аҳамият намедиҳад. Мутаассифона, ин гуна ҳолат қариб ҳамарӯза ба мушоҳида мерасад.

Ҳангоми гузаштан аз роҳ бошад, бояд ним соати худро (бо вуҷуди будани роҳгузар ва аломат дар роҳ) ба гузаштан аз роҳ фидо намоӣ, ба истиснои рӯзҳое, ки гоҳ-гоҳе кормандони БДА ба тафтиши роҳ мебароянд ва мошинҳо бо суръати хеле муаддабона меоянд, ҳатто ишора мекунанд, ки роҳ роҳи пиёдагузар асту бемалол аз роҳ мегузарӣ. Дигар рӯзҳо бошад, ҷон дар рӯи каф гирифта, худою расулро ёд карда, номи ҳазрати Хизрро гирифта мегузарӣ. Оре, дигар чӣ чора? Ронанда, ки раҳматро нахӯрд, ҳамин хел мешавад…

Пешниҳод

Дар арафаи ҷашнҳо дар сари даромадгоҳи ҳар як деҳа плакатҳо гузошта мешаванд. Албатта хуб аст, ки шаҳрвандонро аз омадани ин ё он ҷашн огаҳ мекунем, ба роҳҳо ва гирду атроф зебоӣ мебахшем, аммо мушкилотро ҳам нодида набояд гирифт. Шумораи нақлиёт ва аҳолӣ рӯз то рӯз меафзояд. Сабаби ба садама дучор омаданро агарчи сокинони деҳаҳои дар боло зикршуда ба насибу тақдир рабт медиҳанд, вале хуб мешуд, ки барои гузаштан аз роҳ дар сари ҳар як роҳгузари деҳаҳои беруназшаҳрӣ чароғакҳои роҳнамо гузошта шаванд ва бо пахш намудани тугмача сокинон аз он истифода намуда, ҷони худро эмин нигоҳ доранд. Ба ин васила ҳам нақлиёт бо суръати паст меоянд ва ҳам чашмашон мебинад, ки роҳгузар ҳаст ва аз ин роҳ одам истифода  мекунад. Чунки ронандаҳо дигар аломати дар роҳ гузошташударо “писанд” намекунанд. Барои аз байн бурдани бемориҳои гуногун антибиотикҳо лозиманд, барои аз роҳ гузаштан чароғаки роҳнамо. Ба ин минвол шумораи садамаҳои нақлиётиро пурра аз байн набарем ҳам, ҳадди ақал шумори онҳоро коҳиш медиҳем.

Парвина САМАНДАРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь