Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Равшан Раҳимзода бар ин назар аст, ки тайи чанд соли охир бо супориш ва амрҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишвар рушди бесобиқа кардааст ва изҳор медорад, ки дар вилояти Суғд соҳаи мазкур ба таври назаррас пешрафт кардааасту натиҷаи фаъолияташ гувоҳӣ гуфтаҳо аст.

Бо ин мақсад хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли 2022 ва шашмоҳаи аввали соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012 №933, қарорҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои қоидаҳои сохтмонӣ ба роҳ монда, дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза чора ва тадбирҳо андешида истодааст.

Аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Истиқлол, Панҷакент, Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Ашт, Спитамен, Деваштич, Айнӣ, Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров бо нақшаи генералии нав таъмин буда, аз рӯи ин нақшаҳо корҳо амалӣ шуда истодааст.

Мудирони шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаҳои генералии тасдиқгардида қисм-қисм нақшаҳои муфассали маҳалҳоро тартиб дода, барои баррасӣ ба маҷлиси вакилони дахлдор барои тасдиқ пешниҳод намуда истодаанд ва дар оянда низ корро дар ин самт ҷоннок менамоянд.

Таъмиру тармими 12000 иншооти таъиноташон гуногун

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарорҳои раиси вилоят аз 11 феврали соли 2022, №41 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидаанд, ҳамаи тадбирҳоро андешида истодааст. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд теъдоди сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12000 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дошта, рӯз аз рӯз симои кӯчаву маҳалла, деҳаву деҳот ва шаҳраку шаҳрҳо зебо гашта истодаанд, – зикр кард номбудра ва афзуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Амалигардонии Нақшаи генералӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки то ба имрӯз ба пуррагӣ шаҳри Бӯстон, Истиқлол, маркази ноҳияи Деваштич ва қисман маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан ва Исфара бо нақшаҳои муфассали банақшагири таъмин карда шудаанд. Нақшаи муфассали банақшагирии маҳаллии шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе лоиҳабандӣ гардида истода, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва баъди мувофиқа гаридан бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал қисм-қисм амалӣ карда мешаванд.

Айни замон нақшаҳои муфассали банақшагирии шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара низ аз нав аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе бо талаботи имрӯза лоиҳабандӣ гардида истода, шартнома оид ба иҷро расонидани лоиҳаҳо бо мақомотҳои болозикр баста шудааст.

Бо дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ва ба пуррагӣ таъмин намудан бо нақшаи муфассали банақшагирӣ мактуб ирсол гардид.

Бо супориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳабандӣ намудани қисми нақшаи муфассали банақшагирии шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, бо ташаббуси кумита маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо нақшаи муфассал таъмин карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият дода шуда истодааст.

Фаъолияти Шӯрои шаҳрсозӣ

Оид ба фаъолияти Шӯрои шаҳрсозӣ ва шумораи масъалаҳои баррасишуда дар шӯрои мазкур мавсуф иттилоъ дод, ки ин шӯро тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд барои боз ҳам ободу зебо гардонидани вилоят ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардидани бинову иншоотҳо таъсис ёфтааст. Дар ин бора қарори раиси вилоят аз 30 ноябри соли 2018 “Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Шӯрои шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят” ба имзо расидааст. Шӯрои мазкур мақоми коллегиалӣ дар назди раиси вилоят мебошад. Он аз ҳисоби мутахассисони баландихтисос, меъморон, рассомон, ҳайкалтарошон, олимон ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.

Дар фаъолияти худ Шӯро қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои раиси вилоят ва низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

Вазифаи Шӯро ба роҳ мондани сиёсати ягонаи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва техникӣ дар соҳаи сохтмон, азнавсозии иншоотҳои шаҳр ва ноҳияҳо маҳсуб буда, ба ин мақсад Шӯро вазифадор аст, ки ба баррасии раиси вилоят масъалаҳои муҳими ҳалталаб, ки ба нақшагирӣ ва татбиқи прогрессии техникӣ дар маҷмуи сохтмони шаҳру ноҳияҳо марбутанд, ҳамчунин лоиҳаҳое, ки новобаста аз тобеъияти муассисавии фармоишгарон ва ташкилотҳои лоиҳакаши самтҳои асосии шаҳрсозӣ ва сиёсати техникиро муайян мекунад, пешниҳод менамояд.

Баррасии пешниҳоди ташкилотҳои илмӣ ва лоиҳакашӣ, ҳамчунин, таклифҳои шаҳрвандони алоҳида, ки ба инкишофи меъморӣ ва техникаи бинокорӣ, беҳбудии таҷрибаи лоиҳасозӣ ва сохтмон дар қаламрави вилоят равона шудаанд.

Протоколи Шӯро барои иҷрои қарор ва тавсияҳои Шӯро аз ҷониби бинокорон ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ҷиҳати пешниҳод аз ҷониби сохторҳои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои тасдиқ ба мақомоти болоӣ ё ирсоли лоиҳаҳо ба идораи меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, барои гирифтани иҷозатномаи корҳои сохтмонӣ ва ба тасвиб расонидани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ҷудо намудани қитъаи замин ва оғоз кардани корҳои сохтмонӣ.

Фаъолияти Шӯроро мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ вилоят сарварӣ менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ду маротиба ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозӣ баргузор гардида 40 адад лоиҳаи ангоравии бинову иншоотҳо ва нақшаҳои муфассали банақшагирӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳолати иншоотҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ

Номбурда иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-июни соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 9,7 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ наздик 1,3 млрд сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 108,8 фоиз баробар гардид.

Дар ин давра дар корхонаҳои сементбарории вилоят 491518 тонна семент истеҳсол гардида, 200854 тонна семент содирот гардид.

Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят солҳои охир содироти консентрат ва маъдан ба яке аз маҳсулоти асосии содиротии вилоят табдил ёфта, тибқи маълумот дар ин давра ба маблағи умумии 200,6 млн доллари ИМА ин маҳсулот содирот шудааст, ки ба 56,3 фоизи тамоми содироти вилоят баробар аст.

Дар “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” давоми моҳҳои январ-майи соли 2023 ба маблағи умумии 1,3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 млн сомонӣ зиёд буда, ба 101,1 фоиз баробар гардид.

Дар КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент дар давраи ҳисоботи ба маблағи умумии 1,8 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,1 млн сомонӣ кам буда, ба 95,8 фоиз баробар аст.

Дар КМ “Апрелевка”-и шаҳри Гулистон дар ин давра ба маблағи умумии 81,8 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ба 100,1 фоиз баробар мебошад.

Дар ин давра конҳои ангишти вилоят 486991,6 тонна ангишт истихроҷ ва ба хориҷи кишвар 45614,1 тонна, содирот карда карданд.

Шумораи руйхатии кормандони соҳаҳои саноати вилоят 30385 нафар буда, музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳои саноат 3140,6 сомониро ташккил медиҳад.

Тадбирҳои болозикр имкон доданд, ки ба ҳолати 1.06.2023 саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 58,0 фоиз баробар гардид.

Барномаҳои амалишуда дар самти рушди деҳот

Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, моҳҳои январ-майи соли 2023 аз ҷониби муштариён 1911,1 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 612,4 млн. сомонӣ истифода шуда, 927,0 млн. сомонӣ пардохт шудааст, ки 151,4 фоизро дарбар мегирад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, ба маблағи 229,1 млн. сомонӣ нерӯи барқ истифода шуда, 241,5 млн. сомонӣ пардохт шудааст, ки 105,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 тибқи нақшаи аз ҷониби раиси вилоят тасдиқгардида, таъмиру тармими 2002 км роҳ, аз ҷумла, 228,0 км таъмири асосӣ, 975,0 км таъмирӣ ҷорӣ, 799,0 км шағалпӯш мебошад, аз он ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмири асосӣ 40,0 км роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Ба санаи 23 июни соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 947,5 км роҳҳо аз таъмир бароварда шуд, аз ҷумла 75,4 км аз таъмири асосӣ, 466,7 км аз таъмири ҷорӣ ва 405,4 км роҳҳо шағалпӯш карда шудаанд.

Барои иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 53488,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1449,7 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 18204,6 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 3364,6 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 7423,4 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 6724,9 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 12960,8 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Дар соли 2023 барои таъмиру тармими 375,6 км қубурҳои оби нӯшокӣ, аз ҷумла 107,9 км таъмири асосӣ, 123,6 км таъмири ҷорӣ, 144,1 км кашидани хати нави оби нӯшокӣ, сохтмони 12 адад ҳавзҳои захиравӣ, таъмири 26 адад ҳавзҳои захиравӣ, сохтмони 15 адад чоҳи амудӣ, таъмири 107 адад чоҳи амудӣ, аз ҳамаи сарчашмаҳо 38490,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети маҳаллӣ 4951,5 ҳазор сомонӣ, сармоягузори хориҷӣ 8797,5 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 10703,3 ҳазор сомонӣ, буҷети мутамарказ 9345,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ 4693,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати 23 июни соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 67,9 км қубурҳои оби нӯшокӣ таъмиру тармим карда шуд. Аз ҷумла 6,7 км аз таъмири асосӣ, 36,0 км аз таъмири ҷорӣ, 25,2 км хатти нави оби нӯшокӣ, кофтани 6 адад чоҳи амудӣ ва 20 адад чоҳи амудӣ аз таъмир бароварда ба истифода дода шуд.

Барои корҳои иҷрошуда, аз ҳамаи сарчашмаҳо 8470,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 2309,0 ҳазор сомонӣ, сармоягузори хориҷӣ 200,0 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 1008,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ 1219,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Масъалагузорӣ дархост ва таклифу пешниҳодҳо

– Солҳои охир рушди соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ, алалхусус, дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он рушд ёфтаистодааст. Ҳамаи ин бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳал мебошад, изҳор дошт дар анҷоми суҳбат Равшан Раҳимзода ва афзуд, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо нақшаи генералии нав таъмин буда, амалишавии он низ ба дӯши мудирони бахш ва шуъбаҳои меъмории шаҳру ноҳияи вилоят вогузор карда шуда, онҳо дар ҳамаи маъракаҳои сиёсии кишвар фаъолона иштирок меварзанд. Онҳо, махсусан, ҷиҳати тартиб додани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ вобаста ба бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-*солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь