Сари суфраи ҳама аз нӯшу неъматҳо ва хӯрокҳои гуногун пур буд. Касе парвои касеро надошт. Ҳама гирди суфраи пур аз нозу неъмати худ нишаста, ба наздик шудани вақти ифтор дақиқашуморӣ мекарданд. Танҳо фикри «аз кадомаш шуруъ кунам?» дар зеҳнашон чарх мезаду халос.

 “Ризқро Худо мерасонад”

Аммо бехабар аз он, ки кунҷи хонае дастурхони хурдакак буду рӯйи он пораи нони хушк ва чойники чойу гирдаш бистари бемори зани дардманд ва духтару набераи хурдсолаш. Он пораи нони хушк охирин умеди онҳо буд, зеро аз охирин орди боқимонда пухта шуда буд. Ин дам омадани ҳамсоя бо зарфи хӯрок дили онҳоро каме ҳам бошад, таскин дод. Ва ин таскин танҳо барои ин бегоҳ буду халос. Зеро онҳо таваккал ба Худо карда буданд. Модари беморро каме хурсандӣ дар рухсора дамиду бо худ гуфт: “Ризқро Худо мерасонад”…

Ӯ модари ду писари маъюб буд ва ҳар кӣ ба аёдаташ меомад, модарона дуои хайр медод. Рӯз аз рӯз саломатиаш бад мешуд. Духтурҳое, ки омада ташхисаш мекарданд, рӯйхати доруҳои зиёдеро менавиштанду барои бистарӣ шудан дар беморхонаи маркази шаҳр тавсия медоданд. Зани бемор худро бо ҷумлаи «Рамазон тамом шавад, мардум фитри рӯзаашонро медиҳанд ва ҳатман ба беморхона меравам» тасалло медод.

Агар ӯ сари вақт табобат мегирифт, шояд то ин дараҷа саломатиаш бад намешуд…

Хайру саховат барои шуҳрат

Ниҳоят пулдору сарватманд буд, чандин корхонаҳоро дар ихтиёри худ дошт, ҳамагон гирдаш мегашанду таърифаш мекарданд. Ҳатто ба ҳамин наздикӣ дар оинаи нилгун барои ким-кадом кори хайр тавсифҳо мекардандаш. Ва ин дар ҳоле буд, ки амакаш дар кулбаи фақиронае бо кампири худ бурдаи нонеро базӯр ёфта, рӯзашонро сипарӣ мекарданд.

Ин замон ҳама хайру саховати худро назди телевизион мекунанд, барои ба даст овардани шуҳрат. Сад афсӯс!

Рамазон низ бо рӯзҳои пурбаракоти худ меҳмони хонадони дорову нодор аст. Зиёд одамон дар ин моҳ бо умеди фитри рӯза, бо умеди ифтори мардум рӯзашонро сипарӣ мекунанд.

То субҳ гиря мекунад

Кӯдакон шодикунон бо либасҳои нави худ ба идгардак мебароянд. Аммо он кӯдак шаб то субҳ хоб намеравад, барои надоштани либос гиря мекунад. Ӯ кӯдак аст, намедонад, ки ба даст овардани пул чиқадар барои модараш душвор, ба танҳоӣ бори зиндагиро мекашад, хело барояш сахт аст. Саҳар кӯдак бо либосҳои куҳна, дили ғамгин, чеҳраи шармгин ва халтаи селофанӣ дар даст ба идгардак меравад…

Ба хонаи онҳо касе наомад

Маъмулан дар ид ҳамсояҳо ба хонаи якдигар  равуо карда, аз пухтупаз ва дастархонҳои якдигар мечашанду ноншиканӣ мекунанд.

Бегоҳии иди гузашта барои табрик ба хонаи ҳамсоя рафтам. Кунҷи хона дар рӯи бистар зани бемор ва дар рӯи дастархони хонааш ҷуз нону чой, қанд ва чормағз дигар чизе набуд. Он субҳ то шом аз дари хонаи онҳо касе надаромада буд, зеро ҳама аз чизе надоштанашон огаҳ буданд. Кӯдакон низ аз канори хонаи онҳо мегузаштанду барои идгардак намедаромаданд.

Рӯи дастархон чизе набуд

Гуруҳи ҳамсинфоне, ки соли охири таҳсилашон буд, дар ид ба хонаи якдигар рафтанд. Хонаву дастархони яке аз дигаре зеботару пурнозу неъматтар буд. Охирин навбат ба хонаи духтаре расид, ки ӯ аз бурдани ҳамсинфон ба хонаашон шарм медошт, зеро хона хона нею вайрона буд ва медонист, ки рӯйи дастархон ба ҷуз нону қанд ва якчанд ширинӣ чизи дигаре надоштанд.

Оё мерасад рӯзе, ки…

Пас, оё мерасад рӯзе, ки ҳақиқат, адолат пештозу шаҳсавори зиндагӣ шавад? Оё мешавад рӯзе, ки мардони ба ном дорандаҳо нону ҳалвои худро байни мардум бо ҳам бихӯранд?

Ҳалима ШОБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь