(Ёдномаи гиромидошт ба дӯсти ҷониям, шодравон генерал Қурбоналӣ Ҳасанов бахшида мешавад…)

Рафтию гиря меояд, маро,

То бигӯям рози ту, бо дигаро.

«Марг»! Чӣ қадар вожаи даҳшатовар, ҳамаи оламиёнро ба коми бетаги худ мекашаду гуруснаю ҳарисона, боз ба бадунёомадагон менигарад»

Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Марг асрор аст, асрори Худованд.

Кай, дар куҷо, дар кадом соату дақиқа фаро мерасад, ғайри Худованд касе онро намедонад…

Ҳини аз назди хонаи иттифоқи нависандагон гузаштан, бо ҳамкори пешинаам Шарифхуҷа Ҳасанов, ки чанд сол боз он касро надида будам, вохӯрии самимонаю дӯстона намудам, зеро, ки он кас чанд сол пеш ба дигар донишгоҳ ба кор рафта буданду аз мо дур буданд…

Паси чанд лаҳзаи суҳбати хуши дидорбиниамон ба ман таклифи аҷибе намуда, гуфтанд, ки он ба таври зайл буд:

«Устод, маводеро ба хотири 70 – солагии гиромидошти шодравон генерал Ҳасанов Қурбоналӣ агар дошта бошед, зуд бароям дастрас намоед, то ман онро дар китоби шодравон, ки бахшида ба гиромидошти 70 – солагии эшон омода карда истодаем, ҷой диҳам…».

Ман хуб гуфта, ҳамзамон илтимос намудам, ки Шарифхуҷаҷон ду се рӯз бароям муҳлат диҳед, ки ман ба ин дӯсти ҷониям «Хотираҳои рангини» худро нависонам, то мутолиагар аз он каме ҳам бошад, баҳравар гардад…

Шарифхуҷа бо лаҳни ба худ хос, хушнудона хандида, гуфтанд, ки майлаш устод, барои Шумо ду се рӯз муҳлату агар аз ду се рӯз гузарад, маводатонро қабул карда наметавонем, зеро китоб омадаи чоп аст…

Хулоса, паси ин суҳбати кутоҳи мондагори сари роҳ, мо бо ҳам Худоҳофизӣ намудем…

Ашкрезии ҳамкорон

Ба фикрам бузургии ҳар як инсонро аз ҷойи кораш мефаҳманд…

Чанд сол пеш ман вориди Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба дидорбинии шодравон генерал Қурбоналӣ Ҳасанов равон шудам, то бубинам ин дӯстам дар чӣ ҳол аст…

Ҳангоми баромадан ба ошёнаи дувум, нигарам, чандин нафар ҳамкорони Қурбоналӣ Ҳасанов бештар занҳо оби дидагони хешро бо дастрӯймол пок намуда, афсуси бисёре хурда истодаанд…

Ман дар ҳайрат монда, худ ба худ гуфтам: «Шояд нафаре аз кормандони прокуратура аз олам гузашта бошад? Шояд? Шояд? Кӣ медонад?»…

Паси пурсу пос баъдан фаҳмам, ки генерал Қурбоналӣ Ҳасановро аз вазифаи пешинааш ба вазифаи поёнтари дигар интиқол намудаанд, ки ин барои кормандони прокуратураи ҳамондавра ба мисли таъзиянома шуда будааст…

Хулоса, назди утоқи кории Қурбоналӣ Ҳасанов омадам, ки ӯро аз наздик бинам, вале ӯ дар дафтари кориаш набуд…

Ҳангоми аз кормандон пурсон шуданам, гуфтанд, ки ӯ ба сафари хизматӣ рафтааст…

Пасон, ба беруни ҳавлии Прокуратура баромада, нигарам Қутбиниссо Мирзоева, корманди Прокуратура, ки мо бо ҳам шиносоӣ доштем, сайру гашт намуда истодаасту шояд омадани касеро интизорӣ мекашид…

Паси салому алайк бо ҳам, ман аз ӯ пурсон шудам, ки назди генерал Қурбоналӣ Ҳасанов омадаму он кас нестанду ба сафари хизматӣ рафтаанд…

Ҷавобан  Қутбиниссо Мирзоева суханони аҷиби мондагореро гуфт, ки бароям то имрӯз фаромӯшнопазиранд:

«Шарифҷон, Қурбоналӣ Ҳасанов чандин мансабу баландиҳоро дидааст, аммо корҳои эҷодии ӯ дар мадди аввал меистанд, ки онҳоро ҳеҷ кас аз дасташ рабуда наметавонад. Ҳамаи эҷодиёти навиштаи генерал Қурбоналӣ Ҳасанов ӯро зиндаву ҷовид нигоҳ медоранд»…

Бале, чунин хирадмандоне, ки бениҳоят афзалиятҳои фарох доранд, барояшон мансабу маснад, ягон амалеро иҷро наменамояд, зеро, ки онҳо ҳама ҳастии худро софдилона баҳри халқу Ватан доданду медиҳанд…

Ин буд лаҳзаи «Ашкрезии ҳамкорон» барои Генерал Қурбоналӣ Ҳасанов…

Одамони наҷиб…

Одамони наҷибу инсонҳои накукору накуманд, шахсони хирадманду фозил, ки ҳама ҳастии худро софдилона баҳри халқу Ватан мебахшанд, ба садабурсе ё шоҳсутуни пуршукӯҳе шабоҳат доранд, ки онҳо бо гузашти солҳо қадру манзалаташон беш аз пеш афзун шуда, ба диёри арҷманди хеш ҳусну таровати тоза мебахшанд. Пасояндагон аз кору пайкори онҳо, ҳатто бо хатогии онҳо, ки шояд ин хатогӣ пур аз ҳикмат бошад, меболанду ифтихор мекунанд.

Инсонҳои наҷибу накӯкор, накуманду покизарӯзгор ҳамеша шарики ғаму шодии халқи худ буданду ҳастанду мемонанд. Талош бар он мекарданд, ки дардҳои ҳалқу ҷамъиятро сари вақт пеши дигарон ошкор созанд, роҳу равиши табобати онҳоро ёбанду нишон диҳанд, то ҷомеа аз ҳар гуна вабоҳои бад эмин бошаду пешрафту гулгулшукуфонӣ насибаш гардад.

Фозилону хирадмандони наҷибу накукор ҳаргиз аз кори ба субут расонидаи хеш розӣ набуданду нестанд, зеро дар дили хеш бо орзуҳои нав ба наву тозае доранд, барои пешрафти ҷомеа ва халқу Ватани маҳбуби хеш, ҳатто то вопасин нафаси хеш кӯшиш бад-он медиҳанд, ки ба ҳарфи хатое ё кори носазое роҳ надиҳанд.

Ҳастии ин гуна инсонҳо ба ҳастии сарнавишти халқу Ватани маҳбубамон пайванданд, зеро онҳо ҳар як кори ба субут расонидаи худро аввал ба тарозуи ақлу хирад бар мекашанду пасон онро ба қисмати ҳама мепайванданд ва пешравии ҷомеаро пешравии худ меҳисобанд.

Суханони дар боло зикр гардида, ба ҳаёту фаъолияти Генерал Қурбоналӣ Ҳасанов марбутанд. Дар бораи кору фаъолияти ин шахси оқилу доно ҳарфе беш аз ин нахоҳам гуфт, зеро ба гуфти мардум:

«Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест!».

Фақат дар байни фикронии минбаъдаам мехоҳам лаҳзае суҳбати вопасини сари роҳро, ки тахминан ду моҳ пеш аз вафоти эшон рух дода буд, манзури хонандагони арҷманду гиромиқадр гардонам, то мутолиагарон аз он бархурдор гарданд…

Суҳбати вопасини сари роҳ

Азбаски банда дар шаҳр бисёр пиёда мегардам, рӯзе паси шом аз назди Прокуратураи Генералӣ гузаштанам, тахминан ду моҳ пеш аз фавти эшон, бо ҳам вохӯрдему аз ҳамдигар саломатии фарзандону наберагонро пурсон шудем.

Зимни суҳбат бо Қурбоналиҷон чунон хушнуд гардидам, хушнудиам дар он буд, ки бо чунин хирадманди давру замони хеш, ҳамроҳу ҳамнишасту ҳамсуҳбат ҳастаму мебошаму мефахрам…

Аввалан маро аз муаллим (муаллим гуфта, хусурам Ёров Нарзӣ Қурбонович, доктори фанҳои тибб, профессорро, ки дар Русия кору фаъолият дорад) пурсиданд, ки саломатиашон чӣ хел аст. Ҷавобан гуфтам, ки хуб асту шуморо дар суҳбати телефонӣ мепурсанд…

Баъдан суҳбаташон дар атрофи шахсият ва санъати ромишгари нотакрори давру замони мо устод Ҷӯрабек Муродов рафт, ки он тахминан ба таври зайл буд…

«Шарифҷон, ба Шумо як суҳбати кутоҳи мондагореро нисбати ромишгари нотакрори давру замони мо устод Ҷӯрабек Муродовро мекунем, ки Шумо онро гӯш дореду агар лозим шавад ба матбуоти даврӣ чоп намоед…».

Ҷавобан ба Қурбоналиҷон хуб шудааст гуфтаму ҳушу гӯшамро ба ин гуфтор нигаронидам ва ин гуфтор ба таври зайл буд:

«Халқи тоҷик хушбахтаст, ки чунин ҳофизи нотакрори миллатро дорад…

Чанд сол пеш дар даврони шӯравӣ ман бо амри тақдир барои омӯзиши курси такмилихтисос ба шаҳри Тошканд рафтам. Баробари вориди шаҳри Тошканд шуданам, бинам, ки дар тамоми гӯшаву канори шаҳр овезаҳои консерти устод Ҷӯрабек Муродовро овехтаанд. Аз ин ҳолат чунон хурсанд шудаму худ ба худ гуфтам, ки ҳам консерти устодро тамошо мекунему ҳам курси такмилихтисосро мехонем, ки ин ҳолат бароям умре фаромӯшнопазир аст…

Хулоса, рӯзи дигар ба ошхонаи Марказии миллии шаҳри Тошканд барои хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ раҳсипор гардидам…

Ҳангоми ба ошхонаи номбурда ворид шуданам, бинам, ки устод Ҷӯрабек Муродов бо ҳамроҳи навозандаҳояшон нишаста, хӯрокхӯрӣ доранд. Аз ин ҳолати ба амал омадаи тасодуфӣ чунон хурсанд шудам, ки хурсандиам ҳадду канор надошт…

Устод Ҷӯрабек Муродов маро дидан замон, бо овози баланди борбадона Қурбоналиҷон сафарҳо ба хайр, биёед бо ҳам ҳамсуҳбату чойнушӣ мекунем.

Хушнудона, ман назди устод Ҷӯрабек рафта, ба ҳамаи онҳо салому алейк намуда, ҳамнишаст шудам, бинам дар кати дигари ин чойхона, якчанд муйсафедоне, ки дар дохили онҳо якеашон Қорӣ буд, нишаста бо ҳам суҳбат мекарданд…

Ногоҳ ин Қорӣ бо овози баланд, чунин изҳори ақида намуд, ки то ҳол бароям хотирмон аст:

«Ман ҳарчанд, ки Қориям, лекин аз овози ӯ фаҳмидам, ки дар ҳамин наздикиҳоямон Ҷӯрабекҷон Муродов нишастаанд.

Халқи тоҷик хушбахт аст, ки чунин ҳофизи нотакрор дорад. Ман симои Ҷӯрабекҷонро надидааму дида ҳам наметавонам, лекин ҳис мекунам, ки симояш ба мисли овозаш зебост…

Имрӯз мо бояд, аз гуфтору рафтору кирдори Ҷӯрабекҷон не, балки аз нафаскашии он бояд баҳраву ибрат гирем…» – гуфт дар рафти суҳбат ин Қорӣ.

Паси ин гуфтори Қорӣ устод Муродов хандида, аз ҷояшон хеста рафта, ҳамаи муйсафедони дар болои кат нишастаро зиёрат намуда, хусусан ба ин Қорӣ изҳори муҳаббат намуда, бегоҳӣ онҳоро ба консерташон даъват намуданд…».

Ин буд суҳбати вопасини сари роҳ бо дӯсти ҷониям шодравон Генерал Қурбоналӣ Ҳасанов.

Нолаи дил

Мегӯянд, ки дил дар чанд ҳолат нола мекунад. Шояд якум дар ҳолати вазнинӣ ба сари ҳар як инсон омада бошад. Дувум дар ҳолати шикасти ҳаёти оилавӣ. Севум дар ҳолати фавти дӯсту ҳамсолу ҳамсабақ ва ғайраҳо.

Занги телефонии дастӣ…

Тугмачаи пайвастшавии телефонро пахш намуда, – лаббай, садои шуморо гӯш медиҳам, – гӯён, интизори ҳамсуҳбат шудам…

Шарифҷон, маро шинохтед? Ман Саиди хабарчӣ! – Бале, Саидҷон шуморо шинохтам, тинҷимӣ?

Шумо Генерал Қурбоналӣ Ҳасановро мешиносед? Ҷавобан гуфтам, Саидҷон, о мо ҳамроҳи Қурбоналӣ монанди додару бародари ҷонӣ ҳастем…

– Ана ҳамин бародари ҷониатон аз олам даргузаштаанду пагоҳ соати як ҷанозаашон, дар масҷиди «Сари Осиё» баргузор мешавад…

Баробари шунидани ин шумхабар, телефонии дастиам аз даст афтоду чунон дилам тез задан гирифт, ки гумон кардам, ки дунё дар пеши назарам торикистон шудаасту беихтиёр оби дидагонам аз дидаҳо ҷорӣ шуд…

Дар ин асно нолаи дилро шунидам, ки мегуфт:

Нола дорад дили ман, рӯзи видоъ,

Бар сари турбати ӯ буд, сӯзи видоъ.

Пасон бо сад азобу нӯшидани дору худро ба даст гирифтаму худ ба худ гуфтам:

«Одамизод мебояд ҳамеша ба пазируфтани марг омода бошад, зеро як рӯзи тавлид асту як рӯзи марг.».

Бешак, дар зиндагӣ бо кору пайкори шоиста рафтан авлотар аст. Ба гуфти шоир:

Дардо, ки дар замонаи ғампарвард,

Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард.

Ҳар рӯз фироқи дӯст мебояд дид,

Ҳар лаҳза видои ҳама мебояд дид.

Дар охир фикри хешро бо чунин мисраҳо ҷамъбаст намуда, аз Эзиди пок орзумандам, ки шодравон Генерал Қурбоналӣ Ҳасанов ҷояшон ҷаннат гардонаду хонаи охираташон обод ва ба пайвандони марҳум сабри ҷамил ато фаромяд.

Ту будӣ раҳбалад, бо дарди мардум,

Ту будӣ раҳбалад, бо дарки мардум.

Бувад ҷовид ҳар дам, некиҳоят,

Ту будӣ раҳбалад, бо додӣ мардум.

Шарифи ГУЛЗОД,

омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь