Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён хабарнигори МТЖТ бо сардори он Чилазода Аъзамҷон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ” ва тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён фаъолият намуда, дар пайи иҷрои ҳадафҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Номбурда илова кард, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ҳаҷми умумии буҷети ноҳия дар соли 2024 ба маблағи умуми 166609858 сомонӣ, аз он ҷумла маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 86490572 сомонӣ, маблағҳои мақсаднок аз буҷети вилоят ба маблағи 1200000 сомонӣ ва даромади буҷети маҳаллӣ бошад ба маблағи 77022100 сомонӣ, касри буҷет ба маблағи 1897186 сомониро ташкил дода, дар асоси Қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия таҳти №210 аз 26-уми декабри соли 2023 тасдиқ карда шудааст.

 Иҷрои буҷет

 Чунончи гуфта шуд, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Кӯшониён бо назардошти тағйиру иловаҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 ба маблағи 18493302 сомонӣ буда, иҷроиш ба маблағи 20164458 сомониро ташкил медиҳад, ки 109%-ро дар бар гирифта, аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 1671156 сомонӣ зиёд ворид гардида аст.

Нақшаи қисми ҳароҷоти буҷет дар семоҳаи аввали соли 2024 ба маблағи 41508545 сомонӣ буда, иҷроиш ба маблағи 41277537 сомониро ташкил медиҳад, ки 99%-ро дар бар мегирад.

Ҳаҷми даромади маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳурӣ оиди пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2024 нақша ба маблағи 19827000 сомонӣ буда, иҷроиш ба маблағи 19827000 сомонӣ, яъне 100%-ро ташкил медиҳад.

Маблағҳои мақсаднок аз буҷети вилоят ба маблағи 300000 сомонӣ буда, иҷроиш ба маблағи 300000 сомонӣ мебошад, ки 100%-ро ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо назардошти тағйиру иловаҳо ба маблағи 41508545 сомонӣ нақшабандӣ шуда, дар асл бошад ба маблағи 41277537 сомонӣ хароҷот гардидааст.

Номбурда дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои сифатноки намудҳои андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2024 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти таъмини ӯҳдадориҳои давлатӣ, таъмини хароҷотҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, назорати доимиро дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда, нишондиҳандаҳои молиявиро дар оянда ҳам хуб ҷамъбаст менамоянд.

 Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь