Марг ҳодисаест воқеӣ, наметавон садди роҳаш шуд ва ё аз омаданаш огоҳ гардиду чизеро радди балояш гузошт, яъне мо хоҳем ё нахоҳем марг гирбони моро мегирад, аммо агар олиме ё донишваре, ки хидмати боистае баҳри худшиносии миллату рушди илми миллат анҷом додааст, марг ӯро ғофилгир мекунад, дар воқеъ, ҷои оҳу афсус аст, ҷои нолаву фарёд аст. Зеро замона аз ҷумла бихрад кам ораду аз ҷумлаи нобихрадон ҳазорон орад.

Тайи ду се ҳафта чанд тан аз ҳушмандони миллат, Ҳунарпешаи мардумии кишвар Сабоҳати Қосим, шоири номдори тоҷики ӯзбекистонӣ Асад Гулзодаи Бухороӣ, нависандаи номвари миллат Саттор Турсун,  устоди як насли журналистон, олиму муҳаққиқи варзида ва тоҷики асилзода Зафар Мирзоён аз дунё рахти сафар барбастанд. Барои миллат фоҷеа аст, ки чунин фарзонафарзони асили худро як-як аз даст барои ҳамеша бидиҳад ва ин талафот ҷуброннопазир асту сад афсӯс мехӯрем.

Ҷомеаи мадании кишвар аз ин талафот ҳар кадом андешаву азрёбиҳои хешро дар ВАО ироа доштанд ва нуктаи дареғ ин аст, ки ин зиёиёни номвар дар авҷи камолоти хеш аз ин дунё рафтанд, ки албатта, баҳри илму фарҳанги миллӣ зарбаи муҳкаме хонда мешавад.

Ба вижа устоди миллатдӯсту ғурури  миллидошта Зафар Мирзоён бо марги нобаҳангоми худ дар дили алоқамандони осорашон ғуссаи гарон ба ҷой гузоштанд.

Устод Мирзоён аз ҷумлаи зиёиёне буданд, ки манфиату сарбаландии миллат пеши он кас аз ҳама чиз боло меистод ва дар осори гаронбаҳои хеш ҳам кӯшидаанд миллатро бештар ба худшиносии ростин талқину раҳнамоӣ бинмоянд.

Дар мавриди марги нобаҳангоми устод Мирзоён “Ҷаҳони андеша” ҳам нигаронӣ карда, устодро яке аз сарсупурдагони роҳи худшиносии миллӣ хондааст ва воқеан, бо даргузашти ин шахсияти матраҳи миллӣ ҷомеаи адабӣ, илмӣ ва мадании тоҷик талафоти ҷиддиеро мутаҳаммил шуд. Устод нафаре сарсупурда буданд ва:

Ки то сарсабз бошад хомаи мо,

Ки то кӯтаҳ наояд ҷомаи мо,

Ки бошад ҷовидон “Шаҳнома”-и мо,

Расад то бар само ҳангомаи мо,

Кашида ранҷи ҷаҳли оммаи мо,

Чашида заҳри ширинкомаи мо –

то вопасин нафасҳо барои бедории фикрӣ ва пирӯзии ҳувияти миллӣ бар зулму ҷаҳолати мафкураи аҷнабӣ ҳадафмандона талош намуда, дар ин ҷодаи сангин бурдборона умрфарсоӣ кард.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки устод Зафар Мирзоён музаффарони роҳи илму адабу фарҳанги миллӣ буданд, ки барои аз ҷаҳолату худношиносӣ раҳонидани миллат муборизаҳои беамон бурдаанд ва дар маҳофилу конфренсияҳои илмӣ бо афроде, ки аз миллату фарҳангаш хурдагарӣ мекард даст ба гиребон мешуд ва бо истидлолу мадракҳо исбот мекард, ки миллаташ фарҳангу илми башариро поягузорӣ кардааст. Чунончи, “Ҷавҳони андеша” менависад, ҳанӯз аз нимаи дувуми солҳои ҳафтодуми садаи бист исми донишманди фарзона, шарқшинос ва рӯшангари муосири миллӣ устод Зафари Мирзоён вирди забони шахсиятҳои матраҳи муҳитҳои адабию маданӣ ва намояндагони барҷастаи ҳавзаҳои фикрию пажӯҳишии ватанӣ қарор гирифта буд. Аз ҳама муҳим, устод Мирзоён бидуни вақфа ва интизории подошу мукофоте умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи миллию ҳувиятӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Заҳмату талошҳои бардавоми илмӣ-эҷодӣ ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи миллӣ устод Мирзоёнро миёни доираҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва адабию мадании минтақа соҳибэҳтиром кардааст.

Махсусан, аз тариқи арзёбии ҳадафмандонаи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла: мушаххасоти таърихи аҷдодӣ; шинохти мероси адабию фалсафӣ; барқарориву таҳкими хотираи таърихӣ; ташхиси мушкилоти қавмӣ; бозбинии уқдаҳои ахлоқию равонӣ; таҳқиқи буҳронҳои ҳувиятӣ; муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори бумӣ; арзишгузории мероси гаронмояи адабию таърихӣ; дарки ҳассосиятҳои замонӣ; раванди миллатсозию ҳувиятпарастӣ ва таблиғи густардаи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ устод Мирзоён дар садри ҷадвали худогоҳию хештаншиносии миллӣ қарор дорад. Ташаббус ва ибтикороти устод Мирзоён дар заминаи шинохти “Шоҳнома” ва арзишҳои шоҳномаӣ ба унвони пружаи бузургу калидии миллӣ сазовори таҳсину офарин аст. Маҳз дар заминаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” устод Мирзоён мактаби фирдавсипажӯҳию шоҳномашиносии минтақавиро таъсис дода, китобу рисолаҳои зиёде ба табъ расонидааст, ки ҳамагӣ ба шинохту муаррифии шаҳкитоби аҷдодӣ иртибот доранд. Дигар ин ки устод солҳои тулонӣ дар минтақаи Кӯлоб маҳфили вежаеро ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ихтисос дода, дар доираи маҳфил ҳазорон алоқамандони мероси гаронмояи ниёконро аз ҳисоби насли наврасу ҷавони минтақа ҷамъ намуда, дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллию марзбумӣ тарбия карда, ба майдони илму адабу фарҳанги миллӣ ҳидоят фармудааст. Ин аст, ки шогирдони мактаби адабӣ ва илмию фарҳангии Зафари Мирзоён дар гӯшаву канори ватани азизамон машғулу масруфи хидмат ба миллату меҳананд. Ба ин маъно, устод соҳиби мактаби бузурги шоҳномашиносию фирдавсипажӯҳии минтақавист.

Воқеан, устод Мирзоёнро аз бузургтарин “Шоҳномашиносон” кишвар маҳсуб меёбад ва дар тӯли ҳаёти худ тавонистааст, ки “Шоҳнома”-ро ба миллати худ ҷиддӣ ошнову омӯзиш диҳад. Зеро ба ақидаи устод Мирзоён роҳе, ки моро ба худшиносии миллӣ мебарад, ин танҳо сӯи “Шоҳнома” раҳ гирифтану бо тамоми ҳастӣ омӯзиш кардани он аст.

Воқеан, устод Зафари Мирзоён улгӯ, символ ва ифтихори миллати мост.

Ба ин маънӣ, Устод Зафари Мирзоён андешаманд, миллатшинос ва рӯшангари матраҳи миллие буд, ки ба ҳассосиятҳои замонӣ ва буҳронҳои рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири миллатсозӣ, дунёмадорӣ ва давлатсолории миллӣ бардамона гом бардошт. Маҳз аз тавонмандиҳои фикрию эҷодии чунин рӯшангарони миллӣ ҷомеаи тоҷик ҳамеша истифода бурдаву мебарад. Зимнан, як моҳи қабл, дақиқтараш 5 май — рӯзи мелоди Зафари Мирзоён маҳфили “Ҷаҳони андеша” пораи манзумеро муносиби шахсияту ҳайсияти Устод дарёфта буд:

Тавони хомаат ҷуръат бубахшад руҳи Хатлонро,

Мадори Суғду Фалғар, Вахшу Раштону Бадахшонро,

Барафзояд талоши мавҷи дарёи Зарафшонро,

Навои кӯҳсоронро!

Бидонӣ сафҳа-сафҳа қисса-таърихи ниёконро,

Кушоӣ рози пирӯзӣ-шикасти қавми гурдонро,

Ва қисмат-сарнавишти зубдаи Сому Наримонро,

Ғурури Золу Дастонро!

Чу Фирдавсӣ кунӣ бедор ҷамъи ҳамтаборонро,

Дигаргун мекунӣ давру масири чархи гардонро,

Чу Афридун шикастӣ шохаи Заҳҳоки моронро,

Миёни мағзхоронро!

Ба ҳам меоварӣ, ай дӯст, ақвоми парешонро,

Ба ҳам меоварӣ Эрону Тӯрону Хуросонро,

Ба гӯши мардуми дунё расонӣ ҳарфи виҷдонро,

Садои Тоҷикистонро!

Бояд ёдовар шавем, ки устод Зафар Мирзоён саҳми боризи хешро натанҳо дар рушди илму худшиносиву фарҳанги миллӣ гузоштаанд, балки устод Мирзоён саҳми назарраси хешро дар пешрафти матбуоти тоҷик ҳам бо затҳои заррин гузоштаанд. Мисоли рушан ин аст, ки дар даъсис ёфтани ҳафтаномаи “Самак” устод Мирзоён саҳм гузоштаанд, ки бунёдгузори ҳафтаномаи бозикр устод Хуршед Атовулло чунин ёдоварӣ мекунад:

Устод дар он ки ман номи Самакро барои як нашрияи таърихӣ интихоб карда будам, хушҳолона пазируфта буд. Ва устод фармуд, ки “Самак”- аввалин детектив дар адабиёти мо аст. Маркази ту ки Маркази тадқиқоти журналистӣ аст, беҳтарин мешавад”. Бо Зафар Мирзоён баъди он ки сари таъсиси як нашрияи таърихӣ қарор гирифтем, аз устод Иброҳим Усмонов дар бораи Мирзоён суҳбат кардем, устод Усмонов аз Мирзоён чун як шахси фарҳангӣ, ҳамсабақи хеш, донишманди таърихдон тасвир карданд. Мирзоён чун ба редаксияи “Фараж” омаданд, аз баҳои Усмонов ёдовар шуда, эшонро ба ҳамкорӣ даъват кардам.

Чун Мирзоён номгузории маро писанд карданд, устодро хоҳиш кардам то барои “Самак” мавод нависанд. Зафари Мирзоён ва Султон Ҳамад воқеан, падарони маънавии Самак буданд. Ман танҳо бо маслиҳати онҳо ин ё он мавзуи таърихиро ба риштаи тадқиқ мекашидам.

Ба қавли хеш устувор буданд, аммо ман назди шодравон як гуноҳи нобахшиданӣ дорам:

Панҷ- шаш маротиба маро мегуфтанд то он кас ва ҳамсабақашон Усмоновро дар Ховалинг бояд рӯ ба рӯ кунам ва онҳо гӯянду ман нависам (он вақт мавқеи видиёӣ сусттар буд). Ман ваъда мекардаму аммо фаромуш мекардам ва ин ният ҳам амалӣ нашуд. Маро будахш, эй марди илму фарҳанг!

Ин як мисоле буд, ки бо мусоидату раҳнамоии устод Мирзоён як ҳафтанома рӯи кор омаду ҳам устод бевосита худ пажуҳишу таҳқиқотҳои худро нашр мекард ва муаллифи доимии ҳафтаномаи “Самак” буд. Ёдам ҳаст, ки чандин нафарон, ки пеш аз онҳо банда газетаро харидорӣ мекардам, мегуфтанд, ки дар шумораи навбати ягон мақолаи Мирзоён ҳаст? Агар на мегуфтам, аз харидории газет худдорӣ мекарданд, яъне ҳаводри навиштаҳои устод Мирзоён буданд, хонандангон. Албатта, устод дар ҳар мавзу, ки менавист, хеле ҷиддиву ҳам дар сатҳи баланд эҷод мекард, ки кас агар мутолиа мекард, баҳра мегирифт, мағзи шахшудааш ба ҷунбиш медаромад, аз худшиносии миллӣ воқиф мегардид, аз илму адаби бепаҳнои порсӣ огоҳ мегардид ва ҳазор маълумоти тозаи дигаре мегирифт, ки воқеан, аз пайи навиштаҳои устод мегардид то тавонад беш аз пеш худогоҳ гаридида бошад.

Мегӯянд устод Мирзоён аз хурди аз дигар ҳамовардону ҳамқаламонашу фарқ мекард. Талошҳои зиёде мекарда устод, ки бештар миллати худро бишносаду ҳам ба ҳаммиллатонаш бишносонад. Чӣ тавре, ки мо риштаи таҳсилоту фаъолияти устод мурур мекунем:

Хатмкардаи факултаи шарқшиносӣ (1972) ва иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1994), ассистенти кафедраи форсии факултаи шарқшиносии ДДТ (1972-1973), тарҷумон дар Афғонистон дар коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР (1970-1971, 1989-1986), мудири шуъбаи идеологии комитети партиявии н. Ховалинг (1986-1991), раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Митра» (1991-2003), роҳбари дастгоҳи раиси ш.Кӯлоб (2003-2007).

Чунончи, аз фаъолияту эҷоди устод Мирзоён бар меояд, беш аз 10 сол дар ш. Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудаст. Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс ва омӯзиш гузаронидааст. Мирзоён дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст.

Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расонидааст.

Мунтаҳо, даргузашти устод Зафари Мирзоён барои кулли алоқамандону ҳаводорону сарсупурдагону зиёиёни асили миллӣ сахт дарднок аст. Дар ин замина, аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”, так-таки фарҳангиёни миллӣ, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба тамоми хешу пайвандони устод Зафари Мирзоён  ва миллати тоҷик самимона таслият арз медоранд.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь