Ҳар як инсон дар умқи дили худ орзуҳое дорад, ки амалӣ намешавад. На бо сабаби он, ки барои расидан ба он кӯшиш намекунанд, балки барои он ки он орзу шуданӣ нест. Банда ҳам дар дил бисёр орзуе дорад, ки алъон якеи онро ба хонандаи азиз гуфта медиҳад.

Саг!!! Ҳайрон нашавед, бале саг – як ҷонзоди хонагӣ, ки дӯсти вафодортарини инсон аст. Банда сагҳоро чунон дӯст дорад, ки чашми дидани озори ӯро ҳатто як дақиқа ҳам надорад. Чунон дӯст дорад, ки барои ин ҳайвони беозор ҳатто тайёр аст ҷони худро дареғ надорад. Чунон дӯст дорад, ки омода аст ҳатто охирин ғизояшро ба он диҳад ва худ гурусна бимонад. Шахси аз ҳама бадтарин барои ман дар ин дунё касе аст, ки сагҳоро озор медиҳад. Дили банда месӯзад ба ин ҷонзоди меҳрубон. Кош тавоноие медоштам, то ҳамаи сагҳои бехонаву гуруснаро гирди ҳам ҷамъ меовардам ва аз онҳо нигаҳбонӣ мекардам.

Бармегардем ба орзуе, ки амалӣ намешавад. Орзуи банда ҳамин аст. Ҳа, бале! Ҳайрон нашавед! Орзу дорам як паноҳгоҳи сагон ташкил кунам ва аз тамоми Тоҷикистон сагҳои бехонаро, ки ба кӯмаки инсон ниёз доранд ҷамъ оварам. Барои онҳо шароити зиндагии хуб ташкил кунам. Бигузор ин ҷонвари безабон чанд соле, ки мезияд, зебо зиндагӣ кунад. Дар аҷаб намонед, ман намехоҳам онҳоро зиндонӣ кунам, баръакс нақшаҳои хубе низ дорам. Аз қабили ҳафтае чанд маротиба ба гаштугузор баровардан, аз ташхиси ветеринарҳо гузарондан, озодаву зебо нигоҳ доштан. То шахси дида ҳавас кунад, ба сагон меҳраш афзояд. Дар натиҷа бо онҳо хуб муомила мекунанд. Ин орзуи ман, ки амалӣ шуданаш ғайри маҳол аст, тарафҳои мусбат низ дорад: Тоҷикистон аз сагони бехона, ки дар ҳама ҷои кишвар паҳн шуда, ба ифлосшавии муҳит таъсир мерасонанд,  халос мешавад.

Агар хонанда ба ҷаҳл ояд, ки дар айни замон одамон хона надоранд, чӣ тавр метавонад саг хона дошта бошад? Ин бисёр фикри бемаънӣ мешавад. Чун инсон ақл дорад, шуур дорад, забон дорад, имконият дорад, саг забон надорад. Ҳеҷ гоҳ инсон ва сагро бо ҳам баробар накунед. Саг беозор аст, вафодор аст. На ҳама инсон беозор  шуда метавонад. Саг дӯсти беҳтарин аст. Ин чизест, ки аз таҷрибаи худ мегӯям. Хонандаи азиз биёед бо ҷонвароне, ки забон надоранд меҳрубон бошем. Худованд онҳоро наофаридааст, то, ки мо бо онҳо бадӣ, бераҳмӣ ва ё золимӣ кунем. Орзу дорам ҳеҷ як инсони мусулмон ба саг осебе нарасонад.

Хонандаи азиз ин фақат як орзуи ман буд, интихоб бошад аз шумост.

Барно ТАҒОЕВА, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь