Ҳайрон нашавед, бале, ин ҳамон қурутобхонаи “Нур”-и маъруфест, ки дар маҳаллаи 101-и пойтахт ҷойгир аст. Сабаби “Орухона” ном гузоштанамро ҳозир ба шумо мефаҳмонам. Омода бошед агар, рафтем…

Соат қариб ба вақти ифтор наздик шуда истодааст. Тими корӣ то ба ҳол дар ҷои кор. Чун мувофиқи маслиҳатҳо ин бегоҳ бояд якҷоя ифтор мерафтем. Ним соат пеш аз ифтор ҳамроҳи ҳамкорон аз ҷои кор баромадем ва раҳсипор гаштем ҷониби “Орухона”-и, узр, қурутобхонаи “Нур”. Чун вақти ифтор наздик омада буд, назди дар мардуми зиёдеро ба назар мерасиданд. Ба гуфти мардуми мо, “бо як азоб” ҷои нишаст пайдо намудем. Чун хаста шуда будем, рӯи кат нишаста, нафаси озоде кашидем. Бехабар аз он, ки ин нафаси озод аз даҳону биниамон мебарояд!

То ба ифтор дақиқаҳои башумор мондааст, аммо ҳанӯз назди кати худ ягон пешхизматеро намебинем. Пешхизматҳо аз назди кати мо мегузаранд, аммо ба суханҳоямон аҳамияте намедиҳанд. Бо зораву тавалло пешхизматеро баҳри хизматрасонӣ пайдо намудем. Ҳайрон нашавед, инҷо ҳамин хел аст, мизоҷ бояд пешхизматро пайдо намуда, фармоиш диҳад. На ин ки баръакс ва ин кор аллакай дар инҷо як моҳи Рамазон инҷониб маъмулӣ гаштааст.

Пас аз гирифтани фармоиш ва “брон” намудани мизи мо, баъд аз 15 дақиқа пешхизмат 10 фисади фармоишро овард. Об барои рӯзакушоӣ ва 3 пиёла барои 7 нафар. Баъдаи он салат барои ош бо 4 қошуқ. Баъд аз даҳ дақиқа интизории дигар худи ош омад, аммо нонро фаромӯш кардааст. Ҳамин тавр, бо шарофати кормандони ин макон тавонистем пас аз ним соати ифтор ба хӯрдан оғоз намоем.

«Ба ҳаминаш ҳам шукр» гӯён, ба хӯрдан оғоз намудем. Аммо ҳеҷ наметавонистем бароҳат хӯрок хӯрем. Чун дар масофаи тақрибан 5-6 метр дур аз мо макони қабули фармоиши хӯрок ҷойгир буд. Пешхизматҳо чунон баланд ва беист бо якдигар гап мезаданд, ки ин макон дар ҳақиқат “Орухона”-ро мемонд. Чанд бор хоҳиш кардем, ки каме паст ҳарф зананд, то мизоҷ ақаллан ҳангоми тановул осуда бошад. Аммо боз ҳамон “Аҳмади порина”. Аз кор, ки хаста шуда будем, бар замми ин, боз шуру мағали ин макон. Чӣ хӯрдем, дар хотир намонд. Саросемавор хӯрокро тановул кардем ва аз онҷо берун шудем.

Назди хазина як «орухона»-и дигареро мемонд. Хазиначӣ бо муомилаи дағали худ аз мизоҷон фарқ намуда меистод. Инҷо низ баръакси одатҳои маъмулӣ, мизоҷ бояд рафта пешхизматро ёфта ояд, то ӯ барои мизоҷ чек навишта диҳад ва баъдан мизоҷ мисли қарздорҳо “қарзашро” ба хазиначӣ супорад. Бале, аз муносибати хазиначӣ ҳаминро метавон дарк намуд, ки гӯё дар наздаш мизоҷ неву қарздор истодааст!

Бузургон гуфтаанд:

Як нукта бас аст, агар шуур аст,

В-арна чу чароғ пеши кӯр аст.

Масъулини “Орухона”-и мазкур, умед дорем, ки камбудиҳо ислоҳ мегарданд ва ин макон боз ба худ номи “қурутобхона”-ро мегирад.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

4 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь