Андешаи он,  ки  дар Русия бояд  танҳо русҳо зиндагӣ кунанд, фақат аз ҷониби тарафдорони идеологияи  радикалии миллатгароӣ  садо медиҳад. Хушбахтона, ин ақида дар ҷомеаи Русия паҳн нашудааст ва дастгирӣ ҳам намеёбад, зеро Русия кишвари таҷассумгари дӯстии халқҳост.

Тибқи маълумоти пурсише, ки дар соли 2023 дар байни мардуми рус гузаронида шуд, тақрибан нисфи русҳои пурсишшуда муҳоҷирати кориро барои Русия як падидаи мусбат медонанд, дар ҳоле ки 10 сол қабл ҳамагӣ 14 дарсади аҳолии Русия чунин мешумориданд.

Кишвари бисёрмиллат

Аҳолии Русия тақрибан 150 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз он на бештар аз 80 фисадаш шаҳрвандони худи Русия мебошанд. Тибқи маълумотҳои охирини барӯйихатгирии аҳолӣ, дар Русия намояндагони 195 миллат зиндагӣ мекунанд ва дар Конститутсияи ин кишвар низ махсусан бисёрмиллат будани Русия оварда шудааст. Илова бар ин, дар ин кишвар ҳудуди 5 миллион шаҳрванди хориҷӣ зиндагӣ мекунанд. Русия аз рӯйи шумори муҳоҷирон дар ҷаҳон  ҷойи 4-умро ишғол мекунад.

Ҷомеаи Русия бар асоси синтез ва ҳамкории байни халқҳо бунёд гардидааст. Роҳбарияти кишвар боварӣ доранд, ки қувваи асосӣ маҳз дар ҳамин аст. Аз ин рӯ, роҳи ризоияти байни миллатҳоро пеш гирифтааст. Тибқи маълумотҳои назарсанҷие, ки Департаменти таҳқиқотҳои сиёсии Маркази русиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ анҷом додааст, 91 дарсади аҳолии Русия нисбати намояндагони ягон миллат кинаю адоват надоранд, 68 дарсади русҳо бар он назаранд, ки бисёрмиллатӣ кишварро боз ҳам қавитар  мегардонад.

Ба меҳмоннавозии  Русия на танҳо омилҳои идеологӣ, балки иқтисодӣ низ мусоидат мекунанд. Дар бисёр бахшҳои иқтисодиёти ин кишвар мушкили норасоии қувваи корӣ вуҷуд  дорад. Ба ҳайси кишварҳои донори муҳоҷирони меҳнатӣ асосан кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро ном бурдан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, муҳоҷират яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Русия ва ин кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Зиёда аз 25 дарсади ММД-и Тоҷикистонро маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ташкил медиҳанд.

Чанд рӯз пеш  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ба Маскав  сафар намуд ва дар онҷо бо ҳамтои русаш Владимир Путин вазъ ва дурнамои рушди ҷанбаъҳои гуногуни ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Дар рафти  мулоқот  масъалаи муҳоҷират низ баррасӣ гардид. Владимир Путин саҳми муҳоҷирони  тоҷикро дар рушди иқтисодиёти ду кишвар қайд кард: “Тоҷикон  дар Русия  дар соҳаҳои гуногун  кору фаъолият  мекунанд  ва ба рушди иқтисодиёти кишвар  саҳми бузург мегузоранд. Маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба ватан кумаки ҷиддӣ барои иқтисодиёти  ин кишвар мебошад, ки ин омили бисёр муҳим аст.

Дар Русия ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатии  Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Бахусус,  барои шаҳрвандони Тоҷикистон қонунан муҳлати давомноки будубош дар қаламрави Русия бидуни сабти ном (то 15 рӯз) ва ҳамчунин, имкони гирифтани патент барои то се сол пешбинӣ шудааст”.

Қонун дар бораи патентҳо имкониятҳои коргарони хориҷиро васеъ кардааст, зеро акнун коргар метавонад, на  бо даъвати корфармо, балки бо  патент кор кунад. Имрӯз дар Русия барои шаҳрвандони тоҷик бозори калони меҳнат  боз аст ва озодии кӯшиш вуҷуд  дорад. Илова бар ин, пайваста ташаббусҳои гуногун, ки ба ворид кардани тағйиротҳои мутақобилан судманд дар сиёсати муҳоҷиратӣ мусоидат мекунанд,   амалӣ карда мешаванд.

Ҳуқуқҳои баробар

Муҳоҷирони тоҷик  баробари сокинони маҳаллӣ аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Фарзандони онҳо ба таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ дастрасӣ доранд, мавҷудияти патент мавҷудияти полиси суғуртаи ихтиёрии тиббиро дар назар дорад, ки ин ба шаҳрвандони хориҷӣ барои  гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон имкон медиҳад.

Муҳоҷироне, ки ба таври расмӣ кор ё дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ҳуқуқи гирифтани кумакпули давраи ҳомила ва пардохти яквақта барои таваллуди кӯдакро  доранд. Шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Федератсияи Русия барои корношоямии муваққатӣ ва нигоҳубини кӯдак кӯмакпӯлӣ (маблағ) мегиранд.

Дар аввали соли ҷорӣ қонуни нави муҳоҷират имзо шуд, ки тибқи он ҳама шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, барои пайвастан ба низоми бимаи тиббии ҳатмӣ, ки хидматрасонии тиббии ройгонро дар саросари Русия кафолат медиҳад, муроҷиат кунанд. Барои гирифтани чунин ҳуҷҷат, шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз 3 сол дар Русия ба таври қонунӣ кор кунад.

Муҳоҷироне, ки дар Русия ба таври қонунӣ кор кардаанд ва беш аз 15 сол андоз  супоридаанд, ҳуқуқи нафақа гирифтанро доранд. Соли ҷорӣ байни кишварҳо шартнома баста шуд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия метавонанд, барои таъйини нафақа ба мақомоти давлатии  яке  аз ду кишвари иқоматашон  муроҷиат намуда, қонунгузории кишварро, ки дар  асоси он нафақа мегиранд, интихоб намоянд. Дар созишнома инчунин, танзими масъалаҳои интиқоли пул  барои пардохти нафақа байни кишварҳо, аз ҷумла табдили асъор, расонидани  маблағҳо ба гирандагон, баргардонидани пардохтҳои зиёдатӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо  пешбинӣ  шудааст.

Аҳамияти мутобиқшавӣ

Соли 2022 дар Душанбе намояндагии Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии шаҳри Маскав ба кор шуруъ кард. Дар он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, барои гирифтани патент пешакӣ ариза пур кунанд,  тамоми санҷишҳои заруриро гузаранд ва машварат гиранд.

Тибқи маълумоти Институти тадқиқотҳои демографии Институти ҷомеашиносии Академияи илмҳои Русия, айни ҳол дар Русия  беш аз 3 миллион муҳоҷири тоҷик (аз он ҷумла ғайриқонунӣ) ба сар мебаранд, ки ҳар кадоми онҳо дар ин кишвар сарнавишти  худро доранд. Ва албатта, дар байни онҳо  муҳоҷироне  ҳастанд, ки бо сабаби  риоя накардани қонунҳо қоидаҳои рафтор ва меъёрҳои ахлоқии ин кишвар натавонистанд, ба шароити Русия мутобиқ шаванд.

Ҳукумати Русия ба масъалаи ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад – ҳар ҷомеа, ҳатто дар дохили як кишвар, меъёрҳои ахлоқиву рафтори худро дорад. Аз ин рӯ, ташкили раванди хирадмандонаи мутобиқсозӣ  барои зиндагии бароҳат дар шароити ғайриодатӣ хеле муҳим аст. Дар Русия курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ торафт маъруфият пайдо мекунанд. Ба  муҳоҷирон дар бораи қонунгузории Русия лексияҳо хонда мешавад ва қоидаҳои рафтор дар ҷамъият ва тарзи дуруст тартиб додану  пур кардани ҳуҷҷатҳоро мефаҳмонанд. Дар ноҳияву вилоятҳо барномаи машғулиятҳо  аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ таҳия карда мешаванд. Моҳи сентябри соли 2023 дар Русия  барои муҳоҷирон курси таълимии ягона таҳия карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Русия ба муҳоҷирон барои пардохти андоз аз даромад дар сурати дониши хуби забони русӣ доштанашон тахфифҳо пешниҳод кардааст.

Яке аз омилҳои асосии ҳамгироии бомуваффақият ба ҷомеаи Русия барои муҳоҷирон ин донистани забони русӣ  мебошад. Аз ин рӯ, яке аз тадбирҳое, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит барои мутобиқшавии муҳоҷирон андешида мешавад, ин ёрӣ расонидан ба онҳо дар омӯзиши забони русӣ  аст. Яке аз чунин тадбирҳо чанде пеш қабул шудани қарор дар бораи зарурати санҷидани дониши  забони русии мактаббачагони аз хориҷи кишвар  омада  ва ташкили минбаъдаи  курсҳои иловагӣ  барои онҳо мебошад.

Ниёз Мирзоев, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  мегӯяд: “Дар Русия  системаи маориф хеле пеш рафтааст. Аз ин рӯ, тоҷикон, бахусус ҷавонон, майли ба онҷо рафтан доранд, зеро  дар ин кишвар имкониятҳои бештар  ҳам барои  кор ва ҳам барои болоравии касбӣ ба назар мерасад.  Ғайр аз ин, мавҷудияти  доираи васеи фарҳангӣ — муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ғайра.  Дар Русия барои тоҷикон имконият барои болоравии касбӣ фароҳам оварда шудааст, ман тоҷиконеро медонам, ки дар Сибир ва Урал  ба туфайли хислатҳои касбии худ дар вазифаҳои баланд кор мекунанд, барои мисол, зодагони кишвари мо дар байни вакилони Думаи давлатӣ  низ ҳастанд.

Ҳамасола шумори квотаҳои қабул ба донишгоҳҳои Русия меафзояд ва ҷавонони мо барои таҳсил ба ин кишвар мераванд. Ва бояд гуфт, ки ба донишгоҳҳои Русия на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ низ довталабон зиёданд.

Русия кишвари бисёрмиллат аст. Ман дар Русия таҳсил ва зиндагӣ кардаам ва ягон хел фишору зулмро нисбати тоҷикон эҳсос накардаам. Ман бисёр тоҷиконеро медонам, ки то ҳол бо ҳамкасбон ва дӯстони руси худ робита  доранд. Русҳо мардуми хеле инсондӯст ҳастанд».

Аксари  муҳоҷирон ба туфайли кор дар Русия сатҳи зиндагии  худро беҳтар карда, бисёре аз онҳо дар соҳаи худ  хеле муваффақ гардидаанд. Аксари муҳоҷирони тоҷик дар ин муддат шаҳрвандии Русияро гирифта, узви ҷомеаи ин кишвар гардидаанд. Таҷрибаи онҳо намунаест барои бисёр ҳамватанони мо, ки  дар ин кишвари бародар кору зиндагӣ карда ва мехоҳанд муваффақ  шаванд.

Фаъолон ва қаҳрамонҳо

Дар байни намояндагони кишварҳои ИДМ, ки талабгори гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд, тоҷикон пешсафанд. Дар соли 2022-юм 175 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 45 ҳазор кас шиносномаи русӣ гирифтанд.

Дар ҷомеаи Русия ба муҳоҷирон, ба монанди сокинони маҳаллӣ  одилона муносибат мекунанд. Ҷинояткорон тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд;  шахсоне, ки мавқеи шаҳрвандии фаъол нишон медиҳанду дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд ва ба бадбахтии дигарон бепарво нестанд, ҳатман  подош мегиранд.

Соли 2022 барои нахустин бор озмуни “Ҳикояҳои пойтахт” барои муҳоҷирон баргузор гардид. «Аксар вақт дар бораи  муҳоҷирон хабарҳои нохуш  мешунавем. Вале дар бораи амалҳои беғаразона ва фидокоронаи онҳо кам менависанд, гарчанде, дар асл чунин воқеаҳо бисёранд. Ҳадаф аз баргузории озмун маҳз  бартараф кардани ин  фосилаҳо (камбудӣ) ва шинос намудани халқи рус бо амалҳои неки шаҳрвандони хориҷӣ аст”, – мегӯяд роҳбари кумитаи ташкилии озмун Эмма Рождественская.

Гузашта  аз ин, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аксар вақт бо рафтору амалҳои ғамхорона ва қаҳрамононаи худ  шӯҳрат пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли 2023 ронандаи таксӣ Шокирҷон Раҳматов дар шаҳри Калуга  як духтарчаи нӯҳсоларо  аз ҳамлаи саги ҷангӣ наҷот дод. Пас аз он раиси шаҳр Дмитрий Денисов дар бораи тасмими бо мукофот сарфароз гардонадани ин ронандаи таксӣ  аз ҷониби мақомоти шаҳри Калуга  иттилоъ дод.

Соли 2022 се шаҳрванди Тоҷикистон лауреати озмуни «Ҳикояҳои пойтахт»-и Маскав гардиданд: сокини ВМКБ Итербек Тӯймамадов – «Барои саҳмгузорӣ дар ташкили кор бо ҷавонони миллатҳои гуногун», Масрур Музафарбеков аз ВМКБ – «Барои қалби меҳрбор ва кумак ба ниёзмандон”, Саидаҳмад Давлатов – “Барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими робитаҳои байни халқҳо.”

Боз як зодаи Тоҷикистон, табиби бемориҳои қалб Мукомил Сангинов  дар дохили қатораи электрикии аз Нижний Тагил ба Екатеринбург  ҳаракаткунанда давоми якуним соат  зани  аз ҳуш рафтаро эҳё кард. Ба шарофати кордонии ин табиб ва ғамхории атрофиён  зан ба ҳолати мӯътадил оварда шуда, ба ёрии таъҷилии ба истгоҳ расида супорида шуд. Дар аввали моҳи август бинокори тоҷик Манучеҳр  Расулов барои қаҳрамониаш аз ҷониби консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода  бо медали фахрӣ сарфароз гардонида шуд: Манучеҳр Расулов аз дохили  манзили оташгирифта як занро бо кӯдакаш берун  бароварда наҷот дод.

Тоҷикистону Русияро таърихи муштараки чандинасраи зиндагӣ дар як давлат, тафаккури монанд ва анъанаҳои умумӣ муттаҳид мекунанд, гузашта аз ин, ба туфайли ҳамкориҳои байни кишварҳои мо муҳоҷирони тоҷик  Русияро ватани дуюми худ  меҳисобанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь