Бино ба маълумотҳои гуногун дар Русия  аз 500000 то 2 миллион муҳоҷири Тоҷикистон ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, хулоса баровардан душвор аст, ки тоҷикон ба Русия ба осонӣ мутобиқ мешаванд ё не? Рӯзгори ин садҳо ҳазор нафар дар ин кишвари бегона гуногунранг мебошад.

Ҳолатҳое аст, ки муҳоҷирон қаҳрамони қиссаҳои ҷангу ҷидол мешаванд, яъне ҷиноят содир мекунанд ва дар натиҷа аз ин кишвар хориҷ (депортатсия) мешаванд. Аммо зиёдтар аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия номи халқи худро боло мебардоранд. Онҳо маҳорати эҷодӣ ва беҳтарин хислатҳои инсонии худро нишон дода, дар зиндагии худ ба муваффақият дастёб мегарданд. Дар матлаби мазкур дар бораи чунин шахсиятҳо қисса хоҳем кард.

Моҳи августи соли равон дар шаҳри Маскав мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия Елена Мухтиярова  доир гардид, ки дар он масъалаҳои сиёсати муҳоҷиратӣ баррасӣ гардиданд.

Кишвари сермиллат

Русия давлати сермиллат аст ва роҳбарияти ин кишвар чунин гуногунрангии этникию фарҳангиро нерӯи асосии худ дониста ва муносибати таҳаммулпазиронаро нисбат ба миллату мазҳабҳои гуногун асоси мавҷудияти худ меҳисобад. Ба андешаи президенти Русия Владимир Путин миллатпарастии мағора метавонад кишварро хароб кунад. Ин самти сиёсати давлат дар муносибат ба шаҳрвандони  хориҷӣ низ, ки дар  Русия зиндагӣ мекунанд,  зоҳир мегардад. Русия талош дорад, сиёсати муҳоҷиратиро такмил диҳад ва дар ин масъала бо роҳбарияти Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, то муҳоҷирон ва мардуми маҳаллӣ бароҳат кору зиндагӣ карда тавонанд.

Раиси диаспораи тоҷикон дар вилояти Пенза Олимҷон Шеров мегӯяд, ки роҳбарияти вилояти Пенза ба ҳамватанони мо пайваста ёрӣ мерасонад: “Он тафтишҳои муҳоҷирон, ки имрӯзҳо дар мавриди он сару садои зиёде ба миён омадааст, дар вилояти мо умуман вуҷуд надоранд. Намояндагони мақомот ба назди муҳоҷирон омада, дар мавриди ҳуҷҷатҳои зарурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд ва барои пайдо кардани ҷойи кор ба онҳо кумак мерасонанд. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба мо грантҳо ҷудо карда мешаванд ва аз ҳисоби он мо омӯзгорони забони русиро барои омӯзонидани ҳамватанонамон ҷалб мекунем. Зеро донистани забони русӣ омили аз ҳама муҳимми мутобиқшавӣ барои зиндагӣ дар ин кишвар аст.

“Ман оиди вазъияти тоҷикон дар кулли Русия сухан гуфта наметавонам, вале дар вилояти Пенза миллият ба имкониятҳои амалигардонӣ ва зиндагии шоиста таъсир намерасонад. Пенза минтақаи бисёрмиллата аст, инҷо тоторҳо, мордвинҳо, чувашҳо – ҳама якҷо зиндагӣ мекунанд” – мегӯяд, раиси диаспораи тоҷикон дар вилояти Пенза – Олимҷон Шеров.

Дар вилояти Пенза ҳудуди 40 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд ва метавон гуфт, ки имрӯз аксари онҳо на дар сохтмон ва ё дигар корҳои сиёҳ, балки бомуваффақият тиҷорати худро дар соҳаҳои хӯроворӣ савдо ва ғайра пеш мебаранд. Донишҷӯёни тоҷик  фаъолона дар олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунанд. Аксари донишҷӯён мактабҳои олиро бо дипломи сурх хатм мекунанд. Қаблан шаҳрвандони кишвари мо пас аз таҳсил дар Русия аксар вақт кӯшиш мекарданд, ки  дар Аврупо ва ё Амрико зиндагӣ кунанд, вале ҳоло чунин ҳолат мушоҳида намешавад. Духтурон, барномасозон ва мутахассисони соҳаҳои дигар дар Русия аз  рӯйи ихтисосашон кор карда, маоши арзанда мегиранд ва баъзеи дигарашон бошанд тибқи барномаи давлатӣ соҳиби манзили истиқоматӣ гардидаанд (барои амалӣ гардондани барнома тамоми имконияту шароитҳо вуҷуд дорад).”

Духтурон ва ходимони фарҳанг

Наметавон гуфт, ки муҳоҷирон дар Русия танҳо ба ҳайси сохтмончӣ, ронандаи таксӣ ва дигар корҳои одӣ кор карда метавонанд. Агар онҳо истеъдод, малака ё маълумоти зарурӣ дошта бошанд, пас имкон доранд, ки  дар ин кишвар ба мартабаҳои баланд бирасанд. Зеро дар Русия миллат ҳеч аҳамияте  надорад.  Қиссаҳои зиёде дар бораи муҳоҷирони тоҷик, ки фаъолияти худро дар Русия ҳамчун коргари одӣ оғоз карда ва имрӯзҳо дар ҷодаи худ муваффақияти зиёде ба даст овардаанд, мавҷуд аст.

“Ба Русия зуд мутобиқ шудам, зеро дар мактаби русӣ таҳсил кардаам. Барои бе мушкилӣ ба дигар ҷой кӯчидан бояд забонро омӯхт. Донистани қонунҳо ва қоидаҳои маҳаллӣ ҳаётро дар кишвари бегона осон мекунад” – мегӯяд соҳибкори рус аз Тоҷикистон Фарид Чакабоев.

Яке аз чунин шахсиятҳои муваффақ зодаи Тоҷикистон Фарид Чакабоев мебошад. Ӯ дар синни 18-солагӣ бо бародараш аз Душанбе ба Маскав рафт ва дар як анбор ба ҳайси боркунанда ба кор оғоз намуд. Ҳамзамон, ин ҷавони серғайрат дар талоши дарёфти пул  дар чанд ҷойи дигар низ кор мекард ва кӯшиш менамуд, хароҷоташро низ кам намояд. Ӯ дар муддати қариб 2 сол тавонист, барои хариди манзил барои модараш дар Тоҷикистон маблағ ҷамъ намояд. Дар тӯли чанд сол Фарид аз боркунанда то ба намояндаи савдо расида ва баъдан дар Агентии амволи ғайриманқул ва боз чун ронандаи таксӣ кор кардааст. Инчунин, ӯ тавассути фурӯши симкортҳо низ маблағи хубе ба даст овардааст.

Соли 2020 мудири шуъбаи бемористони вилояти Маскав, зодаи Тоҷикистон Фурқат Ғафуров соҳиби ҷоизаи раиси вилояти Маскав гардида, яке аз 180 дорандагони ҷоизаи “Мо наздикем” шуд.

Баъди чанд сол ин ҷавони пурталош тиҷорати худро оғоз карда ва намояндаи яке аз ширкатҳои мухобиротӣ гардидааст. Ниҳоят, Фарид тиҷоратро тарк карда, ҳамроҳи як дӯсташ маркази шиносномадиҳӣ ва раводид таъсис додааст. Инчунин, ӯ ба мактаби омодагӣ ба имтиҳони ягонаи давлатӣ ва истеҳсоли тӯҳфаҳо аз асал сармоягузорӣ кардааст.

Имрӯз ин ҷавони тоҷик  шароити молиявии хуб дошта, дар Маскав  соҳиби манзил ва чанд нуктаи даромад аст. Фарид қайд мекунад, ки муҳоҷирон дар Русия дур аз волидайну дӯстон бештар дар фикри дарёфти пул ҳастанд.

Соли 2019 Бахтиёр Усмонови 10-сола дӯсташро, ки  ба чоҳи (канализатсияи) обгузари обаш гарм афтода буд, берун овард. Барои ин, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва директори Хадамоти федеролии Қӯшунҳои гвардияи миллии Федератсияи Русия Виктор Золотов шахсан ба писарбача медали «Барои шуҷоат дар наҷот»-ро супориданд.

Тоҷикистониён инчунин, бо истеъдоди эҷодии худ  Русияро фатҳ мекунанд. Ҳамин тариқ, ровии телевизион ва радио Аслишо Акимбеков тариқи гранти давлатӣ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М.В. Ломоносов ба ихтисоси продюсер дохил шудааст. Аслишо қайд мекунад, ки донистани забони русӣ ба ӯ имкон додааст, робитаҳои иртиботӣ барқарор кунад ва ба осонӣ ба зиндагӣ дар  кишвари бегона мутобиқ шавад. Ӯ дар Русия  оила барпо карда, тиҷорати муваффақ ташкил кардааст. Аслишо оҷонсие оиди гузаронидани  чорабиниҳо бо назардошти анъанаҳои миллӣ таъсис додааст. Дар давраи пандемия бошад ӯ оҷонсии дигари консертӣ низ таъсис дода, нахуст корро аз онлайн – консертҳо оғоз кардаааст. Ӯ имрӯз барои ташкили консертҳои муштараки ситораҳои Русия ва Осиёи Марказӣ кумак мерасонад. Бояд қайд кард, ки Аслишо ба дӯстии халқҳои тоҷику рус, инчунин, омезиши фарҳангҳо корҳои муҳимеро ба сомон мерасонад.

Фаъолияти шахсони боистеъдоди тоҷик дар Русия дар сатҳи давлатӣ низ қадрдонӣ карда мешавад. Масалан, Парвиз Пӯлодӣ – ҳунарпеша ва оҳангсози тоҷик, ки тақрибан 5 сол боз дар филмҳои ин кишвар нақш мебозад, чанде қабл барои саҳмаш дар рушди фарҳанг ва санъат бо ҷоизаи давлатии Русия – Медали “Барои Хизматҳои шоиста дар назди ҷамъият» сарфароз гардонида шуд. Дар давраи пандемия Владимир Путин зодаи Тоҷикистон Сурайё Абдуллоеваро, ки дар бемористони назди шаҳри Маскав ба ҳайси табиби кӯдакон кор мекунад, барои саҳми фаъолаш дар мубориза бо коронавирус бо Ордени фахрии тиббии Пирогов сарфароз гардонид.

Қаҳрамонон ҷома намепӯшанд

Ҳамватанони мо дар Русия на танҳо бо истеъдоди хоси худ, балки бо нишон додани ҷасорату мардонагӣ ва ғамхорӣ дар рӯзҳои мушкили дигарон шӯҳрат меёбанд. Дар сомонаҳои хабарӣ  солҳои охир дар бораи қаҳрамониҳои тоҷикон маводҳои зиёде паҳн мешаванд. Чанде пеш дар шаҳри Екатеринбург сохтмончӣ – Манучеҳр Расулов (истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат) занеро бо кӯдакаш аз манзили оташгирифта наҷот дод. Ӯ фарёди занро шунида ва ба ошёнаи 25-ум баромада, бо асбобҳои дар зери дасташ буда дарро боз намудааст. Дар натиҷа аз байни дуди ғализ ба назди зану кӯдак гузашта, онҳоро ба даҳлез баровардааст.

Сокинони ВМКБ Итербек Тӯймамадов – «Барои саҳм дар ташкили кор бо ҷавонони миллатҳои гуногун» ва Масрур Музафарбеков аз ВМКБ – «Барои дили меҳрубон ва дастгирии одамони эҳтиёҷманд» қадрдонӣ гардиданд. Роҳбари намояндагии ташкилоти русиягии ҷамъиятии «Бародарии ҷанговарона» дар Тоҷикистон  Саидаҳмад Давлатов «Барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байни халқҳо» низ қадрдонӣ карда шуд.

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзодаро бо медали «Нишони фахрӣ» сарфароз гардонид ва ширкати сохтмоние, ки Манучеҳр дар он кор мекард, барои корнамоиаш ба ӯ мукофотпулӣ ва сипоснома тақдим намуд.

Соли 2020 муҳоҷирони тоҷик истиқоматкунандагони хонаи пиронсолони оташгирифтаро  наҷот доданд. Тақрибан 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар як хобгоҳи дар ҳамсоягӣ ҷойгирбуда зиндагӣ мекарданд,  нисбати ин офат бетараф намонда, ҳудуди 30 нафар, аз ҷумла маълулонро, ки роҳ гашта наметавонистанд, аз оташ берун карданд.

Инчунин, бояд гуфт, дар Русия на танҳо муҳоҷирони қаҳрамон, балки онҳое, ки дар ватани худ  қаҳрамонӣ нишон додаанд,  сазовори эътибор  ҳастанд. Аз соли 2013 инҷониб Ҷамъияти давлатии ташаббуси русиягӣ бо номи «Дили гарм» амал мекунад, ки ҷавонони то 23-соларо, ки фидокорона ба мардум кумак мерасонанд ва ё  вазъияти душвори зиндагиро паси сар кардаанд, сипосгузорӣ менамояд. Имсол барандаи ҷоиза Зафар Умарзодаи 16-сола аз шаҳри Бохтари Тоҷикистон гардид, ки дар баҳори соли 2022  як кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дода буд. Зафарро ба маросиме дар шаҳри Маскав даъват карданд ва дар он муовини аввали вазири маорифи Русия Александр Бугаев ва муовини раиси Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Алексей Серко ба ӯ медал тақдим карданд.

Барои ташаккули муносибатҳои мусбати байни миллатҳо мо бояд дар бораи чунин шахсиятҳо сухан ронем. Зеро имрӯз дар майдони иттилоотӣ  дар бораи даст доштани тоҷикон дар ҷиноятҳо ва ё дигар ҳолатҳои ногувор матлабҳои зиёде нашр мешаванд. Маҳз бо ҳамин мақсад дар Маскав озмуни «Қиссаҳои пойтахт» таъсис дода шудааст, ки дар он корнамоиҳои қаҳрамонона, хайрхоҳона ва ғайриодии шаҳрвандони хориҷии муқими Русия, ки омодаанд ба ҳамсоягони худ, ҳатто дар шароити вазнин ва зери хатар  кумак расонанд, инъикос меёбанд. Соли гузашта се шаҳрванди Тоҷикистон барандаи озмуни “Қиссаҳои пойтахт” гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки аввали моҳи августи соли 2023 қабули дархостҳо барои мавсими нави ин озмун оғоз гардид.

Чунин қиссаҳои нек зуҳуроти муқаррарии ҷомеаи солим мебошанд, ки ба арзишҳои ахлоқӣ нигаронида шудаанд. Тоҷикистону Русия солҳои тӯлонӣ ҳамчун узви як низоми бузурги ягона вуҷуд доштанд. Халқҳои мо тафаккури якхела, анъанаҳои умумӣ ва таърихи бузург доранд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин имкон медиҳад, ки русҳо дар Тоҷикистон худро ҳамчун меҳмони соҳибэҳтиром ва тоҷикон дар миёни русҳо дар Русия худро бегона  эҳсос накунанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь