Баҳсҳо дар мавриди он ки блогер ин журналист аст ё не хеле зиёданд. Баъзеҳо бар он назаранд, ки блогер ин ҳамон журналист аст, аммо андешаҳои муқобил дар ин маврид кам нест. Бо вуҷуди пешравии замона дидгоҳ, андеша ва назари ҷомеа тағйир меёбад.

Мавзӯи асосии трениги гузаштаи мо “Мушкили блогерони тоҷик ҳангоми инъикоси масъалаҳои вобаста ба терроризм” бошад ҳам, аммо яке аз дарсҳои сербаҳси он ин фарқи журналист аз блогер буд.

Таи рӯзҳо 28 – 30-юми октябр дар мавзеи “Гулобод”-и ноҳияи Варзоб бо ибтикори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Амрико тренинг баргузор гардид, ки дар он журналистон, донишҷӯёни риштаи журналистика ва нафароне, ки тоза ба блогнависӣ пайвастанд, иштирок доштанд.

Дар тренинг медиа-тренер, журналисти мустақил Раҷаб Мирзо аз таърихи терроризм ва экстромизм аз мушкилоти блогерон ва журналистони тоҷик ҳангоми инъикоси масъалаҳои вобаста ба терроризм суханронӣ намуд.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси шинохта дар соҳаи ВАО бошад аз омили аслии баҳсҳои судии блогерон дар Тоҷикистон ба иштирокдорон дарс гуфт, сониян моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ-ро ба блогерон ва журналистони ҷавон тафсир намуд то ки ҳангоми пешбурди фаъолият ба мушкилиҳо сар ба сар нагарданд.

Набӣ Юсуфов, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Машваратаи расонавӣ”, муассиси сомонаи иттилоотӣ – таҳлилии “Нуқтаи назар” ва собиқ директори ҳафтаномаи ҷамъиятӣ – сиёсии “Азия – Плюс” аз мушкилот дар бозори иттилоотӣ ва рақобатпазир гаштани блогерон суханронӣ намуд.

Субҳон Ҷалилов, журналист, наттоқ ва директори кулли барномаҳои радиои “Ватан” ба иштирокдорони семинар маълумот дар бораи блоги шахсӣ, корро аз чӣ бояд оғоз кард, чӣ тавр метавон блогери муваффақ шуд, омилҳои шӯҳратёрӣ, фарқи журналист аз блогер дар чист ва нақши асосиро дар омода кардани блоги шахсӣ чӣ мебозад, андешаронӣ намуд.

Дар идомаи тренинги омӯзишӣ Раҷаби Мирзо аз низоъ дар ВАО ва  блогерҳо аз таҷрибаҳои дохиливу хориҷӣ суҳбатҳо намуд. Баъдан барои таъсис ва пешбурди блог ба иштирокдорони машғулият аз таҷрибаҳои блогнависони дохиливу хориҷӣ суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки барои фаъолияти блогерӣ ва журналистӣ муҳимтар аз ҳама фаврият ва боварии хонанда мебошад.

Коршиносон оид ба паёмадҳои масоили терроризм, раванди воридшавии журналист ба низоъ, интихоби сарчашмаҳо ва қоидаи анҷом додани мусоҳибаро ба саҳми иштирокдорон расониданд.

Хушрӯз Ҷамолиён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь