Марказияти манфиатҳои индивидуалӣ дар соҳаҳои муқаддасе аз қабили оила ва ҳаёти маҳрамона зоҳир мешаванд. Аз назари аввал ин озодиҳо аз тобеияти анъанавии оиладорӣ ва никоҳи маҷбурӣ бошад, амалан сабаби умуман нолозим шудани худи институи оила, тарбияи фарзандон, зану шавҳарӣ, меҳру муҳаббат ва ғ. гардидааст. Зану шавҳарҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилон баромада, аллакай шартномаҳои муайянеро ба имзо мерасонанд, ки имкони ҷудошавӣ, бефарзандӣ, тақсими молу мулк ва ғ.-ро пешакӣ муайн кардаанд. Аксари ҳолатҳо таваллуди фарзанду хоҳишҳои тарбияи ӯ ҳамчун «дарди сар», «нолозим» ва ғ. ҳисобида шуда, кӯшише ҳам барои нигоҳ доштани оила ва тифли ба дунёомада анҷом дода намешавад, зеро дар шартномаи «ҳаёти маҳрамонаи якҷоя» ё «никоҳи шаҳрвандӣ» ҳамаи ин шарту шароит бо тамоми ҷузъиёташ комилан зикр шудаанд.

Дастгоҳи муҳимтарине, ки онро фарҳанги инсонӣ барои ба танзим даровардани муносибатҳои байни ду ҷинс ба вуҷуд овардааст, оила мебошад. Маҳз дар он инсон бори нахуст таҷрибаи ишқро аз сар мегузаронад ва вобаста аз он ки вай то кадом андоза саршори меҳру муҳаббат аст, қобилияти дӯст доштани шахс оғоз меёбад.

Дар вазъияти оилавӣ тасаввуроти инсон дар бораи муносибатҳои байни-ҳамдигарии зану мард, падарон ва фарзандон, идеалҳо, меъёрҳои хайр ва шар ташаккул меёбанд. Оила дар заминаи муносибатҳои хуниву хешу таборӣ асос меёбад, аммо муносибатҳои оилавӣ дорои самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ низ мебошанд.

Оила ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ аз замонҳои қадимтарин вуҷуд дорад. Тамаддуни ҷаҳонӣ се шакли оиларо ташкил намудааст, ки вазифаҳои он қариб тамоми самтҳои эҳтиёҷот ва манфиатҳои инсониро дар бар мегиранд. Ин се шакли оила моногамия, полигамия ва полиандрия мебошанд.

Шакли моногамия (якзанӣ) шакли аз ҳама интишорёфтатарин ба ҳисоб меравад. Барои ахлоқи аврупоӣ, ки дар заминаи масеҳият ташаккул ёфта буд, ин шакли оиладорӣ барои баробарӣ, адолат ва муносибатҳои ошиқонаи байни ҷинсҳо мусоидат мекард.

Дар кишварҳои исломӣ ва дар байни аборигенҳои маданияти ибтидоӣ шакли полигамия (бисёрзанӣ) ривоҷ дошт. Дар чунин шакли оиладорӣ амалан занҳои танҳои озод вуҷуд надоштанд, аммо дар онҳо дар бораи баробарии зану мард ҳатто сухан рондан ҳам наметавон ва ишқи зану шавҳар табиати номутаносиб дошт.

Полиандрия (бисёршавҳарӣ) дар шакли теъдоди ками тамаддунҳо вуҷуд дошт (масалан, дар шоҳигарии тибетии Мустанг) ва аз омилҳои демографӣ ва хоҷагидорӣ ва қабл аз ҳама барои ҳифз намудани бақои насл ва зиёд гардонидани теъдоди аҳолӣ вобаста буд. Дар чунин низом аксари занҳо аз меҳру муҳаббат, никоҳ бастан ва таваллуд кардани фарзандон бенасиб мемонданд.

Дигар шакли оила моногамия нисбатан шакли эътирофшуда ба ҳисоб мерафт, зеро ба табиати инсонӣ созгортар ва мувофиқтар буд. Аммо на ҳама ҷуфтҳои оилавӣ ҳатто сидқан якдигарро дӯстдошта ҳам метавонанд оилаи комили ахлоқиро ба вуҷуд оваранд ва худи ҳамин раванд ҳам саъю талоши дуру дарози мураккабро барои ҳамоҳангии дуҷониба аз сар мегузаронанд.

Асоси ахлоқии оиларо соҳаи ахлоқии арзишҳо ташкил медиҳанд. Ҷавҳари онро ду нафаре, ки ҳар кадомашон барои дигаре аз ҳама арзишмандтар ба ҳисоб мераванд, ташкил медиҳад. Вайроншавии ин оила маҳз дар заминаи вайроншавии муносибати арзишии интихобӣ сурат мегирад. Новобаста аз он ки ин ҷуфт зиндагии якҷояи худро идома медиҳанд, вале ҳама гуна арзишҳои тарафайнро аз даст додаанд, оила аллакай вуҷуд надорад, вай танҳо дар ном вуҷуд дорад ва таъйиноти асосии ахлоқии худро дигар анҷом намедиҳад. Барои оила омодагии қабул намудани дигар инсон дар ҳамон шакли вуҷуд доштааш мебошад ва набояд кӯшиш кард, ки ӯро тибқи хоҳиши худ дигар кард, аз муваффақиятҳои ӯ шод шуду ва дар лаҳзаҳои буҳронӣ ӯро дастгирӣ кард. Танҳо ҳамон оилае устувору мустаҳкам шудан метавонад, ки вазифаҳо ва масъулиятҳои онҳо равшану возеҳ шуда бошанд ва механизми қабули қарорҳо бо назардошти манфиатҳои тамоми аъзоёни оила коркард шуда бошад. Оила тамоми механизмҳои танзими ахлоқии рафторро ҳамчун як ташкилоти ҷомеа ҷамъ меоварад, вале таъсири онҳоро пурзӯр менамояд, зеро робитаҳои он дорои табиати мустақими маҳрамона мебошанд.

Бӯҳрони оилаи муосир, ки дар нишондиҳандаҳои талоқ ва шахсони танҳо, пастшавии сатҳи таваллудшавии фарзандон, ҷудошавии наслҳо, ифода меёбад, ҳимояи ахлоқии инсон ва қаноатмандии онҳоро аз ҳаёт камтар менамояд. Дурнамои бартараф намудани ин ҳолат ҳанӯз норавшан боқӣ мемонад. Истиқрори зиндагӣ, сиёсати мақсадноки иҷтимоӣ ва мустаҳкам кардани рукнҳои маънавӣ умедвориҳои боэҳтиётонаро талқин менамоянд.

Зиёева Зебониссо Идибековна

ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь