Ояндаашро он миллате бунёд карда метавонад, ки ӯ созанда ва дар тӯли таърих нақши фарқкунандаи худро дошта бошад.  Ин суханҳо нисбати миллати тоҷик сазоворанд, зеро ки дар тӯли таърих фарзандонеро ба дунё тақдим намудааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо дониш, фазилат ва корҳои анҷомдодаашон ҷаҳонро таскинбахш ва бо сеҳри суханашон тарибиятгари давру замон мебошанд. Барои мисол: ақидаҳои Ибни Синоро дар бораи қадим будани олам Боетский Дакий, назарияи маърифатии ӯро Алберти Кабир, метафизикиашро Дун Скот, фалсафаи сиёсиашро Бэкон қабул ва инкишоф додаанд. Дастовардҳои Умари Хайём дар заминаи ҳандасаи Уқлидус ироа гардида, идеяҳои ибтикорӣ ва иктишофҳои ӯ дар илми риёзӣ мавқеъи бузург доранд ва саҳми ӯ дар инкишофи геометрияи алгебравӣ такони шадиди таълимоти математикаро ба вуҷуд овард ва ғояҳои риёзии Хайёмро математикони маъруфи ҷаҳонӣ пайгирӣ намудаанд.

Чунин далелҳоро доир ба таъсири дигар илмҳои табииву илмии Шарқ ва Ғарб низ мисол овардан мумкин аст. Бояд ёдовар бошем, ки худи истилоҳи «гуманизм», ки башардӯстӣ ва инсонпарварист бори нахуст аз тарафи “муаллими ахлоқ”- Саъдии Шерозӣ, то пайдоиши давраи Эҳёи Аврупо ироа гардидааст ва ин сухани фарзанди фарзонаи миллатамон ҳадя ва пандномаи оламиён гаштааст:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

К-аз офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бояд қайд кард, ки миллате дар гузашти қадим фалсафаю фарҳангу адабиёташ аланга дошт ва бо шӯълаю меҳри он ҷаҳонро гарм месохт, оташи он дар лахчакаш ниҳон мемонад ва боз баъди садсолаҳо аланга мезанад ва барои ҷаҳониён гармӣ ва нур мебахшад. Ин пасояндро дар нисбати шоир, мутаффакир ва шарқшиноси навбатии муосири  миллатамон Мумин Қанорат мебинем, ки баъди гузашти садсолаҳо машъали Фирдавсию Хаём, Синою Ҷомиро дубора фурӯзон ва пандномаи навинро дар фалсафаи шеърашон ба ҷаҳониён аз нав пешкаш сохтанд. Имрӯз шеъри Мумин Қаноатро дар давлати Русия барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва психологӣ дар ҷомеъа истифода месозанд, дар калисоҳои ин давлат намоишномаи “Сурӯши Сталинград” ба хотири тарбияи ватандӯстӣ-шинохти мазҳабии ҷавонон баҳри ҳимояи руси муқаддас истифода мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикору самимияти махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати нобиғаҳои гузаштаи таъриху адабиётамон, ки аз кӯлвори онҳо башарият бархӯрдор аст, арҷ мегузоранд ва ҳамеша дар суроғашон ҳастанд, барои мисол, дар сӯгвории Мумин Қаноат хизматҳои беназири шоирро нисбати рушди адабиёти муосири тоҷик, нақши шоирро дар бобати бамиёноварӣ ва тарбияти насли гуногуни адабиёти тоҷик қайд намуданд ва чунин хулоса доштанд: “Номи накӯ ва ашъори ватандӯстонаи Мӯмин Қаноат абадӣ дар хотираи мардум мемонанд. Имрӯз дар ҳошияи ин иқдом пайкараи гиромидошти шоирро дар ноҳияи Дарвоз мебинем ва осори гаронбаҳояш низ дар осорхонаи навбунёд дар ин ноҳия маҳфузанд ва маркази ноҳия шаҳраки зебои замонавиро мемонад.

Дар нисбати хизматҳои шоир нисбати ба миён овардан ва мустаҳкам сохтани пояи шеъри тоҷикӣ ва адабиёти муосири он чанд мисоли дигареро пешкаши хонанда месозам ва бояд насли имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик донанд, ки Мӯмин Қаноат дар миёни шоирон ва қаламдастони шӯҳратманди Тоҷикистон устоди устодони забардасти имрӯза ҳисоб меёбанд ва эътибору мартабаи калон доранд: маслан, шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ чунин мегӯяд: ”Устоди воқеии ман Мирзо Турсунзода ва устоди дигарам Мумин Қаноат мебошад ва дасти маро дар шиорӣ Мумин Қаноат рост кардааст”, шоири дигари забардастамон Камол Насрулло аз забони Лоиқ мегӯянд, ки “мо ҳама аз остини Мумин Қаноат баромадаем”, шоираи шиниркаломи миллатамон Гулрухсор мегӯянд: “яке аз охирон шоирон буданд, ки дар арсаи байналхалқӣ миллати моро муаррифӣ кардаанд, устод Қаноат моро аз гиребонамон нагирифт, ки биоед шогирди ман шавед, баъди устод Қаноат мо шарм доштем, ки шеъри бад нависем”. Ҳамзамон, устод Камол Насрулло мегӯяд, ки “моро устод Мумин Қаноат мисле, ки аз кӯча ва донишкадаҳо ҷамъ оварданд ва ба адабиёт дохил намуданд”.

Имрӯз, ки шоири ширинкалом Мӯмин Қаноат мӯҳлатест, ки меҳраш аз дида ба дилҳо рафтааст ва эҳсосоти хилват, холигоҳӣ, рӯҳафтодагӣ ҳанӯз ҳам фазои ҷомеъа ва шеъри тоҷикро фарогир аст, мехоҳам бузургии шоирро барои насли наврас ёдовар мешавам, ки Мӯмин Қаноат аз рӯи ашъори забардасти хеш шоири мардуми рус, украин, белорус, қазоқ, қирғиз, эрон, покистон ва афғон низ буданд. Асарҳои шоири ширинкалом дар Олмон, Лаҳистон, Чехия, Словакия, Юнон ва Тунис бо забони ин мардум ба чоп расидаанд, ки ин амал аз шӯҳрати баландпоя ва ашъори ҷаҳонгири шоир дарак медиҳанд.

Дар як навбат Мӯмин Қаноат ватанпарвари асри хеш буданд. Ногуфта намонад, ки шоири ширинкалом дар замони хеш аз рӯи ашъори баландпояашон байни давлат ва халқҳои олам рамзи алоқамандӣ ва дӯстии тоҷикон ва Тоҷикистон буданд ва аз ин амалашон муваффақиятҳои беназири замонро пеш овардаанд.

Дар охири суханам хонандаи азизро сари мақсадам мекашам ва  оварданӣ ҳастам ва пешакӣ аз авлодону пайвандони шоир ва мутаффакири замон узр мепурсам ва хостам пешниҳоде созам. Шояд қабул созанд ва ё инкор намоянд ва фақат пешакӣ иброз медорам, ки ин як пешниҳод асту халос ва бояд дар доираи қонунҳои давлатамон ҷойгир бошанд.

Сарзамини Дарвоз таърихи қадима доранд ва решаҳои он то ба Самарканду Чин мерасанд ва номи зебанда низ дорад. Аммо нисбати маркази он Қалъаи хумб, оварани ҳастам, ки ин ном муносиби таърих ва шӯҳрати имрӯзаи сарзамини Дарвоз нестанд ва дар ақидаи онам, ки ин мавзеъ аз рӯи гувоҳи таърихӣ манзили зист ва нишасти шоҳони Дарвоз будаасту халос. Масъалаи дигари носозоии ин ном дар он аст, ки он фақат барои қалъа дода шудааст ва маънои онро таърихнигорон чун «қалъа дар дарёи Хумб» ё «қалъа дар поёни кӯза» овардаанд ва дар худ “лаззат”-и тоҷикии созе нисбати ин сарзамин надоранд. Аз ҳама ноҷӯрии ин номро дар он мебинам, ки дар ин қалъа хунрезиҳои зиёди ноҳақи амири Бухоро сар задаанд, ғорати мардуми таҳҷоӣ низ дар ин макон вуҷуд доштаанд. Дар ибтидои замони шӯрави низ ин қалъа макон таҳқиру куштори рӯшанфикронии мардуми сарзамини Дарвоз низ будааст.

Дар охир оварданӣ ҳастам, ки имрӯз зебанда аст маркази ноҳияи Дарвоз бо ин зебогиашон, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои Презеденти мамлакат ба даст омадаанд, бо номи шаҳраки “Мӯмин Қаноат” номгузорӣ гарданд.

Мизроб Амирбеков

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь