ҳдо ба ҳамсӯҳбат ва ҳамсояам акои Шуҷоатшоҳ Фозилов, ки ба синни мубораки ҳаштод расиданд)

Дигаронро намедонам, вале барои мани эҷодкор ҳамеша будани гурезгоҳе аз ҳама шиносу ношинос сахт муҳим аст. Бовар дорам барои кулли он нафароне, ки алами дилро фақат ба қалам гуфта метавонанд ин як қонуни нонавишта буду ҳасту мемонад.

Махсусан агар он нафар дардошнои ту бошад;

агар дарди туро дар ҷисму рӯҳаш ҳис кунад;

агар ба синну солу таҷриба даҳсолаҳо аз ту калонтар бошад;

агар ба дарди ту ришханд назанад, агар онро дарди кӯчаке ҳисоб накунад;

агар туро ҳамон тавре ки ҳастӣ, донад, дарк кунад, баробарат дард кашад;

агар хонандаи доимии ту бошад, ҳар ҷумлаеро ки менависӣ, ба сари баҳс кашад, барои андешаи хеш истодагарӣ кунад, агар қаҳрамони сохтаи туро як лӯхтаки гилие ҳисобад, агар дӯсти туро дӯсти хеш, душмани туро душмани хеш ҳисобад;

агар аз ҳар камбуди ту рӯирост ҳарф занад, пушти сояҳо наравад;

аз таҷрибаи хеш даҳҳо мисол оварда тавонад;

агар маслиҳат диҳад, агар барои хеш ва ту муқаддасоте насозад, агар зиндагиро бо чашми ту бубинад, агар ҷасорате азим дошта бошад, то ҳар мушкилатро бе ягон эҳсос баррасӣ кунад;

Агар дӯст, ҳамсоя, ҳамнишин, хонандаи доимии ту бошад!

Акои Шуҷоатшоҳ Фозилов, ки ба синни мубораки ҳаштод мерасад, барои ман чунин рисолат дорад!

… Боре аз як шахси мансабдор шиква кардам. Чун одат, акаи Шуҷоатшоҳ то ба охир шикваи маро гӯш карду баъд қиссаеро аз замони роҳбариаш ҳикоят намуд:

  • Замоне Шуҷоатшоҳ Фозиловро райиси кумитаи амнияти шаҳри Хуҷанд таъин менамоянд. Ҳокими вақт шодравон Ҳомидов як мошин тарбузу харбуза мефиристад. Онро райиси навтаъин, қабул накарда, бармегардонад. Вақте кормандонаш эрод мегиранд, бо тааннӣ мегӯяд:
  • -Ришвахорӣ ва пой гузоштан ба рӯйи қонун аз ана ҳамин қабули харбузаю тарбуз сар мешавад. Имрӯз харбуза мегирӣ, пагоҳ гӯсфанду фардо машина. Баъд он ҳоким бо тую қонун ҳар чӣ хоҳад, мекунад.

Бори дигар сари персонажҳои ман дар детективҳоям, – муфаттиш Амонов ва полковник Шоҳин Азизов баҳс кардем. Полковник бо ханда баҳсро ҷамъбаст кард:

  • Қаҳрамонҳои ту ба чеҳракушоии ту, ба саволи асосии он ки ҷинояткор чаро даст ба ҷиноят зад?, – аз журналисти ту Ҷамшеди Ҳабиб маслиҳат мепурсанду баҳс мекунанд. Аммо, ин андешаи дирӯз буд. Қаҳрамонҳои ту ҳам романтиканд, дар ҳаёти воқеӣ ҷустан ёфтани он қаҳрамонон маҳол аст.

Ёд дорам, ҷашни ҳафтодсолагии акаи Шуҷоатшоҳ буд. Қатори дигарон ба ман ҳам сухан доданд. Ман дар мизе менишастам, ки фақат генералҳо менишастанд. Аз одоби муносибати онҳо, аз назокати гуфтори онҳо, аз лутфи сухани онҳо ба ваҷд меомадаму гумон мекардам, ки дар кадом сайёраи дигарам.

Ҳангоми суханронӣ аз он гуфтам, ки бояд ин гуна шахсон ба пайравони имрӯзаи хеш дарс гузаранд, то ақалан одоби муносибатро омӯзонанд, чун он солҳо шахсони тасодуфӣ дар мақомоти ҳуқуқу қудратӣ зиёд буданду бо ҳар як корафтода чун бо як ҷинояткор муносибат мекарданд. Ин ҳарфҳоямро нарезондаю начаконда, рӯзи дигар ба кадом мансабдори сатҳи баланд расониданду маро даъват кард. Чун медонистам барои чӣ даъватам кардааст, худам ин мавзӯро кушодам. Он нафар табассуми аҷибе карду посух дод:

  • Охир , он ҳамнишинони ту дар компютер кор карда наметавонанд. Шабакаҳои иҷтимоиро сарфаҳм намераванд.
  • Агар хоҳед, ман дар муддати як ҳафта ба ҳамаи онҳо ин нозукии техникиро сабақ медиҳам – паст наомадам.
  • Онҳо аксаран шаҳрвандии Русия доранд. Ба инаш чӣ мегӯӣ?
  • Дар ин ҳолат шумо бояд барои он ки қонун фаъолияти детективи хусусиро иҷозат диҳад, нотариуси хусусиро иҷозат диҳад, мусоидат кунед – чун худам кайҳо орзуи боз кардани детективи хусусиро доштам, аз фурсат истифода бурдам. – Чун инҳо то нафақа ба сатҳи полковнику генерал расидаанд, барои худи шумо ҳам бояд айб бошад, ки камбағалона зиндагӣ кунанд. Бовар кунед, баъди нафақа шаҳрванди Русия шудани онҳо аз ночорӣ аст.
  • Тасаввур мекунам! Ана ҳозир ин қонунро қабул мекунем ё мухлисӣ мекунем то парлумони кишвар қабул кунад. Фардо масалан фалонӣ (мансабдор ному насаберо ном бурд, ки он замон адвокатҳои кирокардааш ба ҳар як айби эълоншуда даҳ посухи ҳуқуқӣ медоданд), ин детективи хусусиро киро мекунад, чун пул дорад.
  • Ин полковнику генералҳо бо алоқае, ки дар системаҳои гуногун доранд, бо он таҷрибаи корие, ки доранд, бо он обрӯе, ки доранд, медонӣ вазъи муфаттишони бечораро ба чӣ ҳол мерасонанд?
  • Ҳамин тавр, сӯҳбати мо напухт. Дар охир мансабдор, ки маълум мешавад кайҳо дар орзуи муттаҳам кардани ман будааст, нороҳатона гуфт:
  • Ту ҳамсояи хуб дорӣ. Полковник Фозилову дӯстонаш сари қадам ҳар як амали туро ислоҳ мекунанд, маслиҳат медиҳанд, оқибати амалатро мефаҳмонанд. Қанд зан бо ин гуна дӯстоне, ки эҳтиромат мекунанд. Ҳар як журналист инро орзу мекунад!
  • Медонам. Боре хостам ман ҳам барои онҳо дар дами пириашон кореро анҷом диҳам, ки нашуд- бо алам гуфтам ман ва берун шудам…

Маро ба ҳамсоягии акаи Шуҷоатшоҳ, шодравон Акбари Саттор оварда буд. Овард, шинос кард ва гуфт:

  • Рафиқ полковник, ин ҳамон Хуршеде аст, ки ҳар рӯз маводашро мехондию агар аз чизе нороҳат шудӣ, аламатро ба ман мегуфтӣ. Акнун ба худаш бигӯ!
  • Инак беш аз 10 сол аст, ки бо полковник Фозилов ҳамдаму ҳамнишинам ва ҳамеша медонам, ки вақте дилам пур шуд, вақте нола ба дил гиреҳ баст, вақте ба саволҳои худ посух наёфтам, вақте афсурдаю парешон шудам, гурезгоҳе дорам.
  • Нафаре, ки рози маро пеши каси дигар намекушояд;
  • Нафаре, ки дар кураи зиндагӣ он қадар об хӯрдааст, ки дигар наметавон ин пораоҳанро тофту тоб дод;
  • Нафаре, ки ҳама дӯстонаш шахсони меҳрубону дилсӯзанду ба вай эҳтиром мегузоранд ва табиист барои ман ҳам ки эркаи Фозилов ва дӯстонаш ҳастам;

Зодрӯз фирӯз бод рафиқ полковник!

Худованд сояи Шуморо аз сари мо кам накунад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь