Саломи гарми маро баъди шаст сол пазиро бошед бобоҷони азиз!

Воқеан, 67 сол гузашт, ки шумо ин ҷаҳонро падруд гуфтед, лекин номатон ҳоло ҳам вирди забони тоҷикон аст. Магар мумкин аст, ки чунин набошад? На! Шумо гумон мекардед баъди 2 – 3 соли маргатон ғайри наздикон дигар касе ёдатон намекунад? Боз ҳам на! Шуморо як миллат, ки замоне барои вирди забонҳо шудани он кӯшидед, ёд дорад. На миллати зери итоати касе, балки ба пойи худ мустақил ва давлати соҳибистиқлол!

Аз замони марги Шумо ин дунё бисёр тағйир кард. Баъди чанд сол Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд ва давлатҳои он ба пойи худ шуданд, бисёриҳо ҳатто истиқлолияти худро ба даст оварданд, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам. Он дигар Тоҷикистони Советӣ нест, балки Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Замоне буд, ки халқи тоҷикро намешинохтанд, онро писанд намекарданд. Лекин ҳоло мо низ дар баробари дигарон фаъолият карда, ба ҷаҳони муосир роҳ ёфтаем. Ва такрор ба такрор мегӯям, ки саҳми шумо дар ин ҷода назаррас аст. Асари безаволатон “Тоҷикон” ҳоло дар хонаи ҳар шаҳрванди кишвар аст. Ҳатто дар доираи ин китоб озмун ҳам эълон кардаанд бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Ҳамаи ин барои баланд бардоштани меҳри ватандорӣ ва огоҳ намудани насли ҷавон аз таърихи миллаташ мебошад.

Муттаассифона, солҳои баъд низ дар таърихи халқи кишварамон лаҳзаҳои наҳс буданд. Аз ҷумла, ҷанги шаҳрвандӣ, ки садҳо шахсро ғӯрамарг кард. Дар он замон бародар бо бародар, дӯст бо дӯст мубориза мебурданд. Вазъи миллатамон хароб гардида буд. Лекин, хушбахтона, ҳоло ҳавои соф боло сарамон дурахшон аст ва мардуми Тоҷикистон дар давлати ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Баробари ҳамаи он корҳое, ки баҳри халқи худ анҷом додаед, бобоҷон, ман ба хоксориатон тан додаам. Вақте ки шуморо падари миллат гуфтанд, рад кардеду худатонро аз фарзанди миллат беш надонистед: “Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст” – гуфта будед.

Хизмати шуморо дар ҳаёти Тоҷикистону тоҷикон ба назар гирифта, соли 1997 ба шумо унвони фахрии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Дар охири номаам гуфтаниам, ки “Тоҷикон” беҳтарин асари таърихӣ ва сарчашмаи огоҳӣ пайдо кардан аз ҳаёти гузаштагонамон аз давраҳои хеле қадим мебошад. Мутолиаи он барои ҳар фарди баномуси миллат ҳатмӣ мебошад. Шумо бобоҷон, метавонед ором хобед ва дуои пайравони хешро кунед!

Бо эҳтиром набераатон Гулистон, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь