Салому дуруди гарму ҷӯшонро баъди садсолаҳо ба шумо мерасонам, бобоҷони азиз, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ! Зиёда аз 10 аср аз замони зиндагии шумо гузаштааст ва дар ҳаёти халқи форсу тоҷик тағйироти куллӣ ба амал омадааст, ки яке аз онҳоро дар ин номаам гуфтаниям.

Замоне, ки шумо болои замин қадам мемондед, ҷаҳон тамоман шакли дигар дошт: шакли давлатдорӣ, ҳаёти мардум, омӯзиши илму дониш. Шумо давлати худро Сомониён ном мебурдеду мо давлатамонро Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бале, Тоҷикистон. Он халқи замоне кӯчак айни ҳол ба пойи худ мустақил ва соҳиби давлати соҳибистиқлол мебошад. Моро дигар халқи тоҷик гуфта ном мебаранд. Сомониёнро  амир ва давлати моро Президент идора мекунанд.

Шумо дар замони худ “маликушшуаро” будед, ки яке аз унвонҳои фахрӣ байни шоирон ҳисоб меёфт. Бо гузашти замон ҳазорҳо унвону орденҳо барои шоирону нависандагон пешбинӣ шудааст, ки беҳтаринҳоро бо он қадрдонӣ мекунанд. Дар масъалаи беҳтаринҳо сабки шумо дар дили мардум ҷои махсус дорад, зеро он сода ва оммафаҳм мебошад. Бояд қайд кард, ки баъди шумо ҳам шоирон аз сабкҳои гуногун истифода бурдаанд  ва дар қиёс бо шумо, тарзи эҷодашон нисбатан мураккаб будааст. Аммо имрӯз бузургтарин ҷойиза ба номи Шумо аст бобоҷон, бо ҷойизаи ба номи Рӯдакӣ беҳтарин нависандагону шоиронро қадрдонӣ мекунанд. Имрӯз ҳам қадри шеъру сухан кам нашудааст ва қадршиносӣ мешавад.

Масъалаи дигар, ҳаёти одамон мебошад. Воқеан, дар замони имрӯза одамон нисбатан озоданд ва метавонанд ба ҳар кори дӯстдоштаашон машғул гарданд. Агар дар замони шумо тоҷирон озод буданд, айни ҳол тамоми қишри ҷомеа фаъолона умр ба сар бурда истодааст ва барои беҳбудии ҳаёт тиҷорат дигар роҳи ягона ба ҳисоб намеравад. Гарчанде ки он яке аз роҳҳои беҳтарин бошад ҳам, ҷаҳони имрӯза мутахассисони ҳазорҳо касбу корро омода карда истодааст.

Бо дарназардошти ин мавзӯъ, барои ноил шудан ба мақсадҳои худ замони мо ва шумо ҷандон тафоввуте аз ҳамдигар надоранд, зеро дар ҳар ду ҳолат омӯзиши илму дониш мақоми марказӣ ва баъзан ягонаро мебозад. Тасаввур кунед, агар табиб дониши кофӣ дар соҳаи тиб намедошт, пас беморро чӣ хел муолиҷа мекард ва ё устоде, ки дониши мукаммал надорад, бо кадом роҳ метавонад саводи шогирдонашро барорад. Ҳамаи ин омӯзиши пайвастаро талаб мекунад. Лекин тавре ки болотар қайд намудам, ҳаёти имрӯзаи мо аз ҳаёти 10 аср пеш ниҳоят пеш рафтааст. Асбобҳои гуногуни омӯзишӣ, китобу васоити нави дастраскунии мавод барои истифодаи имрӯза ниҳоят қуллай мебошад.  Ҳатто он маълумоте, ки берун аз кишвар буда, бе технологияи имрӯза дастрас кардани он ғайриимкон аст, метавон дар 5 дақиқа ба даст овард. Магар ҳайратовар нест?

Вале дар адабиёти мо ҳамоно ҳодисаи чӣ гуна бо таъсири як шеъри Шумо ба асп савор шудану рӯ ҷониби Бухороро гирифтани амири Сомониён то ҳол ёд мешаваду аз он чун аз таъсири шеър ёдоварӣ мекунанд. Мо рӯзе дорем, ки бо номи Шумост. “Рӯзи Рӯдакӣ”. Он рӯз дилдодагони ашъори Шумо маҳфил меороянду ёдоварӣ аз Шумо мекунанд. Сари оромгоҳи Шумо, ба деҳаи зебоманзари Панҷрӯд мераванду пораҳо аз ашъоратонро месароянд.

Дар интиҳои номаам ман гуфтаниям, ки ниҳоят шодам, зеро чунин шоири номдор дорем. Ногуфта намонад, ки меҳри маро нисбати соҳаи адабиёт ва эҷоду эҷодкорӣ маҳз шумо бедор кардед ва маҳз ҳамин сабаб шуд, ки ман имрӯз ҳамин номаро навишта истодаам. Маҳорати нависандагӣ вақти зиёдеро талаб мекунад ва ман умед ва итминон дорам, ки замоне ман низ сабки худамро пайдо намояд ва барои хонандагони худам чизи арзишманде боқӣ гузорам. Боқӣ, аз шумо миннатдорам, бобоҷони азиз…

 Баъди гузашти зиёда аз 10 аср, мухлиси асарҳо ва дӯстдори эҷодиёти Шумо Гулистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь