Руҳияи замон хоҳу нохоҳ дар тамоми офаридаҳои он инъикос меёбад. Агар замони қаҳрамониву мардонагӣ бошад, оҳанги паҳлавонӣ ҳама ҷойро фаро мегирад. Замона андешапарвар бошад, фикррониҳо жарфтару серпаҳно мегарданд. Вақти шеърхонӣ ҳама бо тақлид ба шоирон сухан мегӯянду замони ирфон бо равиши орифон. Замони мо ҳам ба худ хусусиятҳои хос дорад ва дар асарҳои илмии ба публитсистика шабоҳатдоштаву шеърҳои мазмунашон аз сармақолаҳои рӯзномаҳои соҳавӣ гирифта, инъикос мегарданд. То чи андоза он дархӯри ҷомеаи рӯ ба таҳаввулот мебошад, замона нишон хоҳад дод. Аз ҳамзамони мо баштар амалкарди фаврӣ тақозо мешавад, ки он натиҷаи таҳлили сарсарӣ ва мутолиаи кӯтоҳ низ ҳаст. Як шинос бо алам иброз дошт, ки талабот ба маводи расмии илмӣ мушкил шудааст. Акнун бояд 10 саҳифа матни холиси илмӣ пешниҳод кард. “10 саҳифа, мефаҳмед, 10. Ман намедонам, дар 10 саҳифа чи бояд навишт”, – мегуфт бо таассуф ӯ. Кӯтоҳбаёнӣ, мағзи гапро гуфтан, аз таҳлилҳои жарфи ҳирфаӣ даст кашидану хулосаро пеш аз таҳлил гуфтан хоси замони мо шудааст. Аз ин ҷост, ки ҷойи таҳлили муфассал ва боҳавсалаи осору рӯзгори адибону олимонро маҷмуи мақолаҳо гирифтаанд. Шояд ин ҳам хуб бошад, зеро ин гуна маҷмуаҳо баъдан барои офаридани асарҳои калонҳаҷми бунёдӣ замина хоҳанд гузошт.

Ин андешаҳо моро ҳини мутолааи матолиби маҷмуи нави мақолаҳои муҳаққиқ Ҷумъахон Темурзода “Ахтарони илм” ба сар омад. Миёни матолиби ба абармардони сиёсат ва илму маърифат бахшидаи журналист таваҷҷуҳи хоссааш ба адабиёт аз чашм ниҳон намемонад. Аз ин ҷост, ки дар раванди матраҳ намудани ин ё он ҷараёни илмиву адабӣ назари хоси худро доштану аз анвои зиёд истифода бурданаш аз чашми хонанда пинҳон нахоҳад монд. Агар ҳамин як паҳлуи эҷодии қаламкашро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар ин ҷода заҳмати хеле зиёде кашидаву чанд сухани тару тоза ҳам аз ин боб гуфтааст. Чизи муҳимтарине, ки ба чашм мехӯрад, мактабдида будани худи муаллиф аст. Воқеан, замоне ки мавсуф донишҷӯи факултаи машҳури филологияи тоҷики Университети давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд, он яке аз марказҳои муътамадтарини илми филология дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Агар матолиби дар ин самт офаридаи муаллифро аз тақризу хабар то портретҳои эҷодиву хулосаҳои ҳунарии офаридааш ҷамъоварӣ намоед, чанд ҷилд маводи арзишмандро ташкил хоҳад кард, ки аз он метавон бемамониат дар корҳои бунёдии бадеиву илмӣ истифода бурд. Завқи хос ва назари тозааш ба шеър, шоир, адиб ва замон бо раванди солҳо дигар нагашта, таҷрибаи рӯзгор ӯро водор сохта, ки ҳар дафъа дар мавриди нақши калидӣ доштани ин қишри ҷомеа дар ташаккули афкораш таъкид намояд. Симои олимони барҷастаи соҳа Абдулғанӣ Мирзоев ва шогирдаш Соҳиб Табаров маҳз аз ҳамин зовия офарида шудаанд.

Вале андешаронӣ ва завқи ӯ хеле фарохтар аст. Ӯ бе мушкилӣ ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фалсафӣ ва адабиву ҳунарӣ сарфаҳм рафта, бо чеҳраҳои саршиноси ин соҳаҳо ошноӣ дорад. Ҳамин ошноӣ ва ҳавасмандиаш аст, ки ба аксари масъалаҳои ин соҳаҳо сарфаҳм меравад ва назари хоси худро дорад. Аз ин ҷост, ки вақте дар бораи сиёсатмадороне чун Эмомалӣ Раҳмон, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ ва Талбак Назаров менависад, ҷойгоҳ ва мақоми ҳар кадомеро дар рушди давлатдории миллӣ ва тафаккури давлатмеҳварии он бе мушкилӣ ва бо дақиқияти том мушаххас сохтааст. Ҳамин гуна бе мушкилӣ дар бораи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ рақам мезанад.

Масоили маънавии ҷомеа ва ҷаҳонбии он ҳамеша дар мадди назари Ҷумъахон Темурзода қарор доранд. Ин нуктаро ҳини мутолааи маводи ҷолиби маҷмуаи “Ахтарони илм”, ки ба тадқиқоти сиёсатмадор ва олими шинохта Кароматулло Олимов бахшида шудааст, метавон дарёфт. Дар ин матлаб нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки шахсияти муаллиф аз офаридаҳояш ҳеҷ гоҳ ҷудо набуда. Ҳар қадар шахс некманиш бошад, ҳамон қадар нури шахсияташ дар офаридаҳояш мунъакис хоҳад шуд. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, устод К. Олимов ба масоили зиёде аз таърихи фалсафа сар карда то назария ва амалияи он сари кор грифтаанд. Дар маркази диққати Ҷ. Темурзода офаридаи охирин ва муҳимтарин, ки ба як ҷанбаи муҳими ҷаҳонбинии миллӣ – тасаввуф бахшида шудааст, қарор дорад. Имрӯзҳо бо ҷурми экстремизми динӣ ҳар кас дар мисоли сӯфиён, ҳатто асримиёнагӣ бошанд ҳам, душман мекобаду аз онҳо экстремист метарошад. Гӯйӣ тасаввуф пас аз чанд қарн боз ба ҳамон нуктаи аввали пайдоиши хеш баргаштааст. Замони моро чун имом Ғаззолӣ шахс лозим буд. Ҳамин гуна шахс устод Кароматулло Олимов гардиданд. Агар Ғаззолӣ тасаввуфро бо ислом оштӣ доронда бошад, К. Олимов онро ба миллати тоҷик шиносонд.

Диққати маро дар ин маҷмуаи гуногунпаҳлу, ки ба таври худ тамоми паҳлуҳои илму маърифтаи замони моро дар худ таҷассум ба қавли маъруф баҳогузорӣ ҳам намудааст, ҷузъи муҳими маънавиёти мардум қарор доштани фарҳанг ва ҳунари он мебошад. Адабиёт ҳам ҳунар аст. Чун дар яке аз анвои ҳунар шахс дасти қавӣ дошта бошаду қобилияти дарк, дар ташхиси дигар соҳаҳо низ мушкилӣ нахоҳад кашид. Ду матлаби бисёр чашмраси ин маҷмуаро қаҳрамонҳояш ҳам аҳли тадқиқанду ҳам аҳли эҷод. Маълум мегардад, ки ҳангоми нигоштан муносибати фардии нигоранда бо объекти тадқиқ хеле муҳим аст. Ин нукта ҳини мутолааи мавод дар бораи файласуф ва киношиноси шинохта Саъдулло Раҳимов бармало намоён мегардад. Муаллиф дар ин матлаб тавонистааст аз доираи муҳаббат ва эҳтироми хоссаи худ ба қаҳрамонаш фаротар рафта, шахсияти наҷиби устодро дар офаридаҳояш ҷустуҷӯ намояд. Ҳарчанд ки ин услуб дар корбасти аксари маводи маҷмуа риоят шудааст, дар ин маврид асоси муҳим дорад. Як ҷузъи тафаккури миллӣ қарор додани фарҳангу ҳунари он яке аз рукнҳои муҳими худшиносӣ ба шумор меравад. Санъати кино дар ин самт нақши бориз дорад. Тафаккури намоишии миллати мо дар замони муосир ҳамқадам ва ҳаммарому ҳамнафаси синамоӣ бояд бошад. Ин андеша, ки асоси китоби “Кинои хуб – имиҷи давлат”-и устод С. Раҳимовро ташкил додааст, дар нигоштаи муқарриз такмил ёфта, зарурати он дар мисоли сарсупурдагии муаллифаш ба касби хеш тасвир гашта.

Ҳамин гуна муносибат дар нигоштаи дигари муаллиф, ки ба ҳаёт ва фаъолияти бунёдгузори мактаби санъатшиносии миллӣ Низом Нурҷонов бахшида шудааст, риоя мегардад. Муаллиф андешаҳои хешро аз зовияи дудмони муаллиф ба тарафи халлоқияти ҳунар ва ҳамин тавр, дар асоси таҳлили асари бунёдии олим “Мактаби актёрии тоҷик” ба сӯйи ҷанбаи муҳими фалсафиву маънавии он мекашад.

Дар маҷмуъ, маҷмуаи нави мақолоти журналист Ҷумъахон Темурзода, аз ҷанбаи муҳими илмӣ ҳам орӣ набуда, дар худ маҷмуи муҳими масъалаҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа ва вокуниши беҳтарин афроди онро ба ин мушкилот бозгӯ намудааст. Маҷмуа, бе шакку шубҳа,  арзандаи Ҷоизаи илмии ба номи Муҳаммад Осимии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  мебошад.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь