Редаксияи азиз!

Ба қарибӣ аз сафари шаҳри Самараи Федератсияи Русия омадам. Муддати қариб ду моҳ ба қавле дар мусофирӣ будам. (барои табобатгирӣ) Дар вақтҳои холиам кӯшиш ба харҷ бурдам, ки тез-тез ба дӯкони рӯзномафурӯшӣ қадам ранҷа кунам. Ҳамин тавр ҳам шуд… Он ҷо як навигарие, ки мушоҳида кардам – ин ҳафтае якбор аз чоп баромандани нашрияҳои соҳавӣ (маорифу тандурустӣ, варзишиву кишоварзӣ ва ғайраву ғайра) хеле рангоранг ба чашм мерасиду аз хурсандӣ ба ҳайрат меомадам…

Хуб саволе ба миён меояд, ки чаро дар Тоҷикистон вазъият ин тавр нест ва ҳатто чун онҳо соҳавӣ нашрияҳоро дар дӯкон дучор мешавед?

Як мисоли оддӣ: дар соҳаи варзиш рангорангу хел ба хел он тараф истад мо як рӯзнома ва ё ҳафтаномаи “Варзиш” надорем.

Дар назар дорам танҳо бо забони аслии модарии худ тоҷикӣ, эй азизон! Ин ҷо Тоҷикистонку? Пас канӣ нашрияи алоҳидаи соҳавии “Варзиш” бо забони тоҷикӣ? Воқеан, танҳо дар нашрияи дӯстдоштаам “ФАРАЖ” бӯи ин муаммои ҷиддиро боре дар саҳифаи аввал ҳис карда гаштаву баргашта онро мутолиа карда будам. Воқеан замоне маркази тадқиқоти журналистӣ дар қатори “Фараж” нашрияи варзишии тоҷикие бо номи “Гол” дошт. Он нашрия куҷо шуд? Магар вақти он нарасидааст, ки онро дубора эҳё кунем? Хайр боз мо мехоҳем, ки Варзиш – хусусан намуди варзиши рақами аввали он, – футбол ба дараҷаи баланд тараққӣ кунаду ва кай футболи тоҷик ба сатҳи ҷаҳонӣ мебарояд мегӯем. Ман мегӯям, ки “Варзиш” – бо забони тоҷикӣ на фақат давлатӣ балки аз ҷониби саховатпешаҳои олиҳиммат дар шакли хусусӣ ҳам бо алоҳидагӣ нашр шавад. Мо дар асри 21 қарор дорем. Бигзор рақобат шавад. Агар хоҳем, ки “Варзиш” – ба пеш гӯем, пас корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар мадди аввал истад.

Пас, умед ба он мебандем, ки баҳри гул-гулшукуфоии соҳаи варзиш дар Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат ва ҳатто дар ҳудуди вилоятҳо таъсис додани як нашрияи соҳавии варзишӣ бо забони аслии модарӣ (тоҷикӣ) ба мақсад мувофиқ аст. Он чӣ дар шакли давлатӣ ва чӣ дар шакли хусусӣ таъсис бояд ёфт. Бале, мо ба ин қудрату тавоноӣ дорем. Барои ин танҳо хоҳиши самимӣ, ҷуръат, ҳаракат, якдилӣ ва аз ҷониби масъулону соҳибкорони саховатпеша андешаи беғаразоа карда ба як хулосаи даркорӣ ойем. Ин ҷиҳат чун обу ҳаво шарт ва зарур аст.

Алиҷон Маҳмудов, Узви Ассотсиатсияи шореҳони варзиши Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, шаҳри Конибодом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь