Нест дар боғи ҷаҳон ғайри суханвар нахле,
Ки агар хушк шавад, тоза бимонад самараш.
Оре, Комил Ҷумъаев Инсони шариф, муаллими соҳибмактаб, олими асил ва шабеҳ ба боғбоне буданд, ки дар боғи маърифаташон ниҳолҳои пурсамар парвариш ёфтаву ба камол расидаанд. Устоди зиндаёд дар соҳаи илми математика ҷойгоҳи мондагор доранд. Маврид ба зикр аст, ки Ҷумъаев Комил Қобилович 06 – уми ноябри соли 1943 дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷ. Балхӣ) дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаанд. Падарашон Ҷумъаев Қобил (1916-1980) хизматчии давлатӣ буданд. Фаъолияти меҳнатиашонро соли 1938 дар мақомоти комсомолӣ сар кардаанд. Аз соли 1940 ба кори ҳизбӣ мегузаранд. Дар соҳаи маорифи халқ, дар кумитаҳои ҳизбӣ кор кардаанд. Модарашон Садриева Собира (1924 -2008) муаллимаи мактаби миёна шуда, фаъолият намудаанд. Таваллуди нахустин писари оилаашон ба падару модари ҷавон, хешону пайвандон хурсандиҳои пай дар пайро овардааст. Ҷавони хушқадду қомат, меҳнатдӯст, чеҳракушоду дилсафед, чолоку далер соли 1961 қадам ба синфи 1 – мактаби миёнанаи №14 ба номи Н. К. Крупскаяи деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ намуда, онро соли 1961 бо медали нуқра хатм намудаанд. Баъди хатми мактаби миёна соли 1961 ба факултети физика ва математикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1966 бомуваффақият хатм намудааст.
Аз соли 1966 то соли 1969 ассистенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ, муаллими калони ҳамин кафедра (1969) кор карда, соли 1969 аспиранти Пажӯҳишгоҳи педагогика ва психологияи СССР буданд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки он солҳо дар Тоҷикистон Шӯрои дифоъ оид ба методикаи таълими математика вуҷуд надошт, олими ҷавонро лозим омад, ки озими шаҳри Маскав гардад. Пас аз бомуваффақият хатм намудани аспирантура, соли 1973 диссертатсияи номзадиро ҳимоя менамоянд ва аз соли 1976 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математика кор карда, соли 1995 мудири кафедраи МТМ интихоб шудаанд, соли 1990 – 2002 дотсенти ҳамин кафедра ва соли 2002 то 2012 мудири кафедраи Геометрия ва методикаи таълими математика интихоб шудаанд. Дар тӯли солҳои кориашон дар ДМТ он кас худро чун муаллим ва тарбиядиҳандаи қобилиятнок ва боистеъдод нишон дода, аз ассистент, то ба дараҷаи муаллими калон, дотсент, муовини декан оид ба таълими факултети механикаю математика ва мудири кафедраи геометрия ва методикаи таълими математика расидаанд.
Зиндагиномаи инсони комил, устоди наҷиб, шахси ҳалиму ғамхор Комил Ҷумъаев чун боғи ҳамешасабз аст. Заҳмату кушишҳои устод дар боғи Ватан ва миллати тоҷик ҳосили фаровоне ба самар овардааст. Рӯзгор ва роҳи паймудаи устод Комил Ҷумъаев саропо ҳикмату ибрат аст. Ба гуфти Авҳадӣ:
Илм дорӣ, зи кас мадор дареғ,
Дар дили ташнагон бибор чу меғ.
Ҷумъаев Комил Қобилович то охири умр дотсенти кафедраи геометрия ва методикаи таълими математика буда, аз фанҳои тахассусии геометрия, тригонометрия, методикаи таълими математика, математикаи олӣ, назарияи эҳтимолият, методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ дар сатҳи баланд ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Ҷумъаев К. Қ. муҳаққиқи ботаҷриба ва донандаи хуби соҳаи усули тадриси математика буд ва барои рушду нумӯи ин соҳаи ба ҷомеа хеле зарур саҳми бориз доштанд. Ғайр аз ин, Ҷумъаев Комил Қобиловичро ҳамчун мунаққиди ҳассоси ба камбудию хатогиҳо оштинопазир, шахси боэътимод ва инсони асил ҳамагон мешиносанд. Хизматҳои он кас дар ислоҳу камбудиҳои китобҳои дарсии математика бисёр калон аст. Дар баробари ин, Ҷумъаев К. Қ. дар раванди таълим бо донишҷӯён чандин мақолаву дастурҳои таълимиву илмӣ методиро ба нашр расонидааст, ки миқдори умумии онҳо ба 200 адад мерасад. Чун ба фаъолияти омӯзгориашон менигарем, мебинем, ки табиат маҳз барои ҳамин кор, таълиму тарбияи насли наврас он касро офарида бошад, зеро сифату хислатҳоеро, ки табиат ба омӯзгор лоиқ дидааст дар симои ин марди наҷиб метавон дарёфт. Таълими хуб дидаву тарбия ёфта, дорои дониши амиқу ҳамаҷониба, серталаб, ҳалим, ширинсухан, камхобу пуркор, шикастанафсу бетамаъ, назарбаланду ҳадди хештаншинос ва зиёда аз ин дорои заковату табъу завқи баланди инсонӣ буданд. Эшон касби худро бағоят дӯст медоштанд ва ба шогирдонашон бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дарс мегуфтанд.
Он кас, ки ҳама ранҷи алам медонад,
Қадри сухану қадри қалам медонад.
Эшон на танҳо аз фанни математика дарс медоданд, ҳатто дарси хештаншиносӣ, одаму одамгарӣ, ватандӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳрубонию ҳалимиро низ меомӯзониданд. Яке аз пешаҳои писандидаи устод дурандешӣ буд. Дар тӯли умри ибратбахши хеш таҷрибаи фаровони рӯзгору зиндагӣ андухтаанд. Ҳақиқати ҳаётро дарёфта ва дар марзи оташи муборизоти ҳаёт обу тоб ёфтаанд. Шахсе буданд ҳақҷӯву ҳақгӯ, ҳалолкору фидокор ва заҳматкашу ҳоҷатбарори бузургу кӯчак.
Кимиёӣ буд суҳбатҳои ӯ,
Кам мабод аз хонаи дил пойи ӯ.
Ҷумъаев К. Қ. солҳои зиёд узви Шӯрои илмии факултет, сарпарасти гурӯҳҳоро ба уҳда доштанд. Ҷумъаев К. Қ. се навбат дар вазифаи мудири кафедраи геометрия ва методикаи таълими математика фаъолият намудааст.
Бо қалами Ҷумъаев К. Қ. китобҳои зерин аз чоп баромадаву дастраси устодону шогирдон гардидаанд:
«Ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои геометрия» (дастур барои муаллим), Душанбе: « Маориф», 1990, « Асосҳои математикаи элементарӣ ва маҷмӯи мисолу масъалаҳо», Душанбе: «Фурқат», 2010, «Ҳалли масъалаҳои мунтахаб аз математика», Душанбе, 2018, «Изучение геометрических задач в школе» Душанбе:ТГУ, 1975.
Ҷумъаев К. Қ. тӯли 14 сол (1971 – 1986) котиби масъули озмунҳои физика, математика ва химияро ба уҳда доштанд, ки дар он давра бисёр олимони маъруфи математика таълим гирифтанд, ки ҳоло онҳо худ устод ва олимон намоёну варзида мебошанд. Шогирдони зиёди устод Ҷумъаев К. Қ. дар донишгоҳу донишкадаҳо ҳамчун муҳаққиқони илми математика кору фаъолият мекунанд. Устод дониши фарохи андухтаи хешро ба шогирдон бо роҳу усулҳои содаву навин меомӯзонданд. Умри ибратбахши хешро барои омӯзонидани фанни математика ва методикаи таълими он бахшидаанд. Шогирдони зиёдеро ба камол расониданд, ки ҳоло дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар адои вазифа менамоянд.
Ҷумъаев К. Қ. ба адабиёт, ба шеър шавқу ҳаваси беандоза доштанд. Бо шоирону нависандагони муосир пайваста дар алоқа буданд ва дар хонаашон маҳфилҳои шеъру сурудхониро ташкил мекарданд. Шоирони зиндаёд Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ дар васфи устод Ҷумъаев К. Қ. бо як меҳру муҳаббат ва ихлоси баланд шеърҳо бахшидаанд:
Дӯсте бошад мисоли Комил бошад,
По то ба сараш муҳаббату дил бошад.
Лоиқ Шералӣ (1978)
***
Комилҷони азиз!
Аз ман на савобу на гунаҳ мемонад,
Бо ту ду – се пайди марди раҳ мемонад.
Лоиқ Шералӣ (1984)
***
Бӯи дил нест агар, маъракае Комил нест,
Бо чунин дӯст маро кори ҷаҳон мушкил нест.
Бозор Собир (1980)
***
То Комил аст, комилӣ дорад ҷаҳони мо,
Ҳарфу вафову меҳр бувад дар забони мо.
Гулназар (1981)
***
Ба Комил
Рӯзи мавлудат муборак ҷони ман,
Эй рафиқи фозилу пурдони ман,
Баски ҳамзодасти ту бо Инқилоб.
Роҳи ту равшан бувад чун офтоб.
Ман туро хоҳам зи ҷон умри дароз,
Бош умре сарбаланду сарфароз.
Гулназар (1981)
Агар шоирони фақид бо шеърҳои пурмазмуни худ маҳфилҳоро гарм созанд. Ҳунармандони шинохта Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев маҳфилҳояшонро боз ҷилои дигар медоданд. Худи устод низ асбобҳои мусиқиро хуб менавохтанд.
Устоди шеърдӯсти факултети механикаю математика, дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо Абдусабур Собиров дар васфи устод Ҷумъаев К. Қ. бахшида ба рӯзи зодрӯзашон шеъре гуфтаанд:
Ҷашни 70 муборак!
Ассалом, Эй Комили ширинбаён,
Ассалом, эй устоди некном.
Умри худ кардӣ фидо баҳри ҳисоб,
Кардӣ меҳнат, гаштаӣ олимақом.
Ин сафедиҳои мӯят пирӣ нест.
Ин бувад аз чангу бӯру тахтаат,
Бо ту ҳар кас гар нишинад лаҳзае,
Мебарад кайф аз каломи пӯхтаат.
Ман ба дасти ту надидам ҷувздон,
Чунки ҳастӣ рӯзу шабҳо бо адад,
Ҳар куҷо ман дидаам дарси туро,
Мекунад пиру ҷавонҳоро мадад.
Дарсро сар мекунӣ ту аз ҳисоб,
Гоҳ – гаҳ бо шеър пайвандӣ варо,
Гар зарур ояд, ту нақли тозае,
Аҳли суҳбатро ҳамедорӣ раво.
Бо ту ман умри паёпай дидаам,
Гармию сардии олам дидаам.
Зеби маҷлис, зеби суҳбатҳои мо,
Ман туро устоди ҳамдам дидам.
Зодрӯзи ту муборак, ҷӯраҷон.
Умри ҳафтоди ту бошад бехазон,
Эй Худои меҳрубон дар зиндагӣ,
Аз ҳама дарду дораш амон.
Кош чун Комил Қобилзода буд,
Дар ҷаҳон ҳар кас накӯкору расо.
Собирӣ дорад тафохур доимо,
То бувад ӯро чунин ошно.
Устод Ҷумъаев Комил Қобилович барои навиштани монография соли 1975 бо ҷоизаи «Комсомоли ленинӣ» – Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Ғайр аз ин, соли 1976 барои таълиму тарбияи насли наврас бо ифтихорномаи Вазорати маорифи СССР, 15 ифтихорномаи фахрии донишгоҳ солҳои 1973 – 1988. Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1978 ва бо дигар ифтихорномаҳову раҳматномаҳо қадр карда шудаанд. Барои меҳнати самаранок ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо медали ҷашнии идонаи 30 – солагии ДМТ мукофотонида шудаанд. Синни устоди устодон, олими асил, инсони комил, шахсияти рӯ ба водии дилҳо ниҳода, падари меҳрубон, мураббии ҷавонон ва зиёии дӯстдоштаи устодону донишҷӯён, агар умр вафо мекард имрӯз ба 80 мерасид. Устод дар замони зиндагиашон ҳар рӯзи 6 ноябр, рӯзи мавлудашон ҳасту тавъам ба рӯзи Конститутсия мебошад, суфрае меоростанд ва бо дӯстону шогирдон, ҳамсолону ҳамдиёронашон, ки ба табрик меомаданд, хурсандӣ мекарданд. Ҳарчанд устод Комил Ҷумъаев 9 сентябри соли 2023 олами фониро тарк карданд, вале бо дарсҳои ҷаззоб, маслиҳатҳои падарона, бо китобу мақолаҳои илмию методиашон, кору номи некашон ҳамеша бо мо ҳастанду аз хотираҳои шогирдону ҳамкорон, дӯстону пайвандон ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд гашт. Шогирдони устод ҳамеша аз фаъолияташон ёд мекунанду суханонашонро ба хотир меоваранд ва даст ба дуо кушода ба рӯҳи покашон ниёиш мекунанд, ки:
Намирад, гар бимирад некноме,
Ки дар фикраш бувад қоиммақоме.
Чу дар маҷлис чароғе ҳаст, агар шамъ,
Намирад ҳамчунин равшан бувад ҷамъ.
Ҳафизов Ҳасан Маҷидович,
номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ