(ё мо чаро ба ҷайби муҳоҷирони худ бераҳмем?)

Иди Саиди Фитри имсол ҳам фаро расид. Моҳи Рамазон бо хушнудӣ кошонаи моро тарк мекунад.

Оростани хони идона ба муносибати иди Фитр дар ҷомеаи мо амри маъмулӣ гаштааст. Мутаассифона, ид фаро нарасида, сокинон аз болоравии чашмраси нархи маҳсулот лаб ба шикоят кушода буданд. Нархи маҳсулот сар карда аз гӯшту тухмӣ қимат, қиматтар гашт. Мева нархаш осмонӣ шуд. Хулоса инсофи инсон дар бозори мо тухми анқоро мемонд. Сокинон бо вуҷуди баландии нарху наво мехостанд, мусобиқаи қаблии дастархонороиашонро идома диҳанд. Хурду бузург ба бозор рехта буданд. Яке торту шириниҳо дар даст, дигарӣ меваҳои африқоии камёфт дар сабад ва саввумӣ мағзу мавиз ба хона мебурд. Шишаи обҳои рангобаранг дастахонро пурҷило карда буд. Нафароне ҳам буданд, ки бо илтимос ин бор ҳам номи худро дар дафтари қарздорҳои мағозачӣ сабт карданд.

Як моҳ рӯза доштему вале савдогарамон инсофро фаромӯш карду худамон исрофкориро ба ҳадди ифрод бурдем.

Мо-ку, чанд сол пеш Қонун дар бораи танзимро қабул карда будем.

Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст, – банди 4, моддаи 7 боби 3 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин муқарраротро таъкид карда буд. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили Иди саиди Фитр таъкид гашт,ки “бо дарназардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки мо ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҷиддӣ муносибат кунем.

Аммо мо ҳамоне ҳастем, ки будем.

Намехоҳем, ки аз ҳамсояи хеш ақиб монем. Ба ҳоли ҳамсару фарзанди ғариби худ раҳм накарда, дастархонороии пурхарҷ мекунем.

Чаро ҳолати муҳоҷирону машаққати онҳоро дарк намекунем, ҳайронам.

Дирӯз марди бузургсоле бо сабаби харҷи патенташ натавонист, маблағе зиёдтар аз 900 сомонӣ ба ҳамсараш фиристад. Сад узр пеш овард, ки шароити кор дар Русия мушкил шудааст. Дар рӯзи ид, харҷи пурдабдаба накунед. Ҳамсарш мағале бардошту телефонро ба рӯйи ҳамсараш кушт. Субҳи дигар аз Тоҷикистон на фарзандонаш на ҳамсараш ӯро ба рӯзи ид табрик нагуфтанд. То ҳол хотири он марди бузургсол хираву парешон аст. Дилам ба ночориву тангдастиаш сахт сӯхт.

Зимистон, дақиқан 16-уми январ дар наздикии кучаи Гринвич мегузаштам. Ҳарорати ҳаво -32 градус нишон медод. Нафасгирӣ мушкил буд. Дар ҳамин ҳавои хунук, чор тоҷики ҳамсоли ман барои 5 ҳазор рубл “калодетс” -и кафидаро таъмир мекарданд. Корфармо, ки марди рус буд, дар дохили худрав нишаста, корро назорат мекард. Ба азоби ҳамсолонам дилам сахт сӯхт.

Ду тоҷики дигар барои гузоштани қайди муваққатӣ хона ҷустуҷӯ мекарданд. Нав аз Тоҷикистон омада буданд. Ба ивази 16 ҳазор рубл дар хонаи як зани рус худро ба қайд монданд. Рӯзи дигар полиси рус бо сабаби қалбакӣ будани қайди ҷойи зист он ду муҳоҷирро ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Аз беинсофии пиразан ба ҳоли ҳамватанонам дилам сахт сӯхт.

Барои ороиши биноҳои баландошёна асосан муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҷалб мешаванд. Як моҳ пеш як ҷавони 19-солаи ҳунарманд аз ошёнаи 3-юми бино афтида бистарӣ дар беморхона гашт. Ба аёдаташ рафтем. Гуфт, барои зудтар кор кардани маблағи маҳри заншавандаш ба ин кори мушкил розӣ гаштааст. Дилам ба ноилоҷии ҳамнаслам сахт сӯхт.

Медонӣ, дӯсти азиз, ту азоби муҳоҷиратро дарк кардаву фаҳмида наметавонӣ. Медонӣ, барои пул то ба дасти ту рафта расиданаш бародару падарат чӣ қадар тавакалҳоро пушти сар мекунанд. Бояд барои арҷгузории заҳмати муҳоҷирон, муҷассамаи онҳо дар боғе гузошта шавад. Охир, шояд 60 фисади оилаи сокинони кишвар шояд аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон мечархад.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, ҳеҷ гоҳ барои худнамоӣ дар Иди Фитр дастархони пурхарҷ намеоростӣ.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, ҳар рӯз ба бозори “Корвон” барои колохарӣ намерафтӣ.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, арзиши маҳри духтар марзи 25 ҳазорро убур намекард.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ ҳеҷ гоҳ ҷайбатро пластикпораи “Айфон” – и гаронарзиш зеб намедод.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, ҳеҷ гоҳ ба ҷойи китобхона ба нуқтаҳои қиморбозӣ намерафтӣ.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, ба ҷойи дониш дар дохили дафтари имтиҳон маблағро ба устод пешниҳод намекардӣ.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, ба ҷойи сайр бо зебосанаме дар боғи ҷавонон таҷрибаомӯзиро дар коргоҳ мегузаронидӣ.

Агар ту азоби муҳоҷиратро медонистӣ, либоси шик намепӯшидиву саводу ҳунар меомӯхтӣ то худ низ муҳоҷир нашавӣ.

Бо умеди ба қадри падарону бародарони муҳоҷирамон расидан, Иди Фитрро ба ҳама ҳамсолони муҳоҷирам, ки ҷавонии худро барои ба даст овардани НОНИ ҲАЛОЛ дар ғурбат мегузаронанд ва кулли мусалмонони дунё табрик мегӯям.

Маҳкамзода Маҳкам,

махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь