ДОД АЗ ДАСТИ ЯҒМОГАР

Ёдгор ба соли нав тайёрӣ медид. Барои базм гӯсфанди бӯрдоқӣ мепойид, дар сарой тахмин сад килограмм ноки аълосифатро нигоҳ медошт, нақша дошт, ки дар арафаи ид онро ба бозор мебарораду мефурӯшад ва ба пулаш барои бачаҳо туҳфа мехарад. Се рӯз пеш аз соли нав ба сарой даромаду ҳангу мангаш канд, ки чунинашро дар гӯшаи хаёл ҷой надода буд. Аз нок фақат думчаҳояш боқӣ мондаанд. Ёдгор занашро наздаш хонда, манзараи дилхарошро нишон дода пурсид:
– Нок куҷо шудааст?
Ҳамсараш аз ӯ бештар ҳайрон шуда, ин тарафу он тарафи анборро дида гуфт:
– Ҳамаашро муш хӯрдааст.
– Муш? Наход сад килоро муш хӯрда тавонад?
– Ин калламушҳои лаънатӣ тоннаашро мехӯранд. Онҳо базми солинавӣ кардаанду мо бехабар мондем.
– Не, ин ба ақл рост намеояд, калламуш ба рафи ду метр баланди дошта, баромада наметавонад,- ҷавоб дод Ёдгор.
– Онҳо ба шифт ҳам мебароянд.
Ёдгори аламзада аҳд кард, ки то мушҳоро дошта, қасос наситонад, тафси дилаш паст намешавад, бо ин ният вай дар анбор камераи назоратӣ васл намуда, болои раф тахмин як-якуним килограмм нок гузошту дарро пӯшид.
Шабона борҳо ба анбор омаду паси дар хомӯш истод. Як вақт ба гӯшаш чӣ-чии муш ва хароши нохун расид. Фаҳмид, ки ба анбор мушҳо даромадаанд. Дарро кушода, чароғро фурӯзон кард ва дид, ки чанд калламуши калони ба гурбача шабоҳат дошта, аз раф ба поён ҷаста роҳи гурезро пеш гирифтанд. Ёдгор бо мӯзаи соқдор болои онҳо ҷаст ва фақат як мушро пачақ карда, кушта тавонист, дигаронаш гурехта, ба шикофе даромада рафтанд.
Вақти камераи назоратиро муоина намудан диданд, ки калламушҳо аввал болои мизи дар тарафи муқобили раф истода баромаданд, баъд қариб ду метр ҷаҳида болои раф расиданду ба нокхӯрӣ даромаданд.
Ёдгор он мизро худаш аз ошхона оварда, болояш сатили обро гузошта буд, зеро медонист, ки назди себу нок сатили обро гузоранд, мева сифаташро гум намекунад. Вай дар гӯшаи хаёл ҷой надод, ки он мизи гузоштааш ба калламушон зина мешавад.
Мо дар бораи калламушҳои нокхӯри Деваштич сухан кардем, акнун нақл дар бораи муши пулхӯри Русия меравад.

МУШИ ПУЛХӮРИ РУСӢ

Камбағал халта ёбад, чиз намеёбад, чиз ёбад, халта намеёбад гуфтаанд, ки беҳуда набудааст. Тавассути Интернет мо ҳасрати як муҳоҷири тоҷикро дидем, ки дар Русия мардикорӣ мекунад. Вай бо алам ба муш лаънат мехонд, ки пулашро пора- пора кардааст.
Муҳоҷир дар арафаи Соли нав мехост ба Ватан омада, зану фарзанд, волидонашро хабар гирад ва ба онҳо туҳфа барад. Барои ин як миқдор пул ҷамъ намуда, дар кунҷи манзилаш тахт карда монда буд ва рӯзе палосро бардошта дид, ки пулҳояш пора-пора шудааст.
Мусофир атрофро кофта, дар кунҷи девор шикоферо дид ва тахмин кард, ки он хонаи муш аст. Асбобҳои дуредгариро гирифта тахтаи фаршро канд, аз он ҷо муше баромада чор тараф давид. Муҳоҷир мушро пахш карда, болои пораҳои пул гузошту онро хеле таъна кард ва дашном дод:
– Бар падарат лаънат мушак, ин чӣ кори кардаат, охир ту биступанҷ ҳазор рублро корношоям кардӣ, ман барои ин маблағ дар зимистони хунук чӣ қадар заҳмат кашидаам, нахӯрдаму напӯшидам. Акнун маҷбурам, ки боз маблағ ҷамъ карда ба аёдати фарзандонам равам. Ин ба гуфтан осон!
Рафиқони Толиб омада ба вай ҳамдардӣ карда гуфтанд, ки пул ёфт мешавад, ғам хӯрда бемор нашавад, ки харҷаш дучанд мегардад.
– Барои чӣ мушак пули маро пора – пора кардааст?- пурсид рафиқашро Толиб. – Чаро курта, пойафзол ё ҷӯробамро пора накардааст?
Азамат марди босавод буд, маълумоти олӣ дошт, ӯ каме фикр карда посух дод:
– Ин мубориза барои марз аст.
– Чӣ хел марз? – ҳайрон шуд Толиб.
– Охир марзи мушро вайрон карда, ба хонааш даромадӣ ва халали осоишаш шудӣ. Пештар мушак дар ин таҳхона танҳо ё бо бачаҳояш мезист, ҳарчӣ мехост мекард, барои ҳамин мушак туро ҷазо дод, чизи аз ҳама қимататро маҳв сохт.
– Аз куҷо фаҳмид, ки пул аз ҳама чизи гаронарзиши ман аст?- ҳайрон шуд Толиб.
– Ҷонварон дақиқсанҷанд, онҳо муносибати туро бо пул фаҳмиданд, диданд, ки ту пулро эҳтиёт мекунӣ ва он бароят арзишманд аст.
– Бар ивазаш ҷон дод, – гуфт бо алам Толиб.
Ин ҳам заду вай ҳам зад, пасмонада муш ҳам зад,- гуфт Толиб.

БОБО РОҲЗАН БУДААСТ

Бобои барфӣ бо ҷомаи дарозаш барфи кӯчаро рӯфта бошитоб мерафт. Вай ба бачаҳои сӯяш кунҷкобона нигариста аҳамият надода, ба тарафи дӯконе, ки дар пештоқаш навиштаҷоти «Ломбард» дошт наздик шуда, аз зинаҳо боло баромаду дарро кушод.
Дар дӯкон ҷавонзане нишаста, маҷалла мехонд. Ӯ сар бардошта Бобои барфиро диду хурсандона қарсак зада гуфт:
– Биёед Бобои барфӣ, ба табрики ман омадед?
– Овоз набароварда, сандуқро кушо, – аз бағалаш корд баровард Бобои барфӣ ва ба гулӯи ҷавонзан теғро наздик оварда афзуд. – Тезтар, агар «лом» гӯи мекушам.
Ҷавонзан тарсида дари сандуқро кушод ва Бобои барфӣ як каф ҷавоҳиротро гирифта ба кисааш заду боз таҳдид карда, хост қафо гардад. Ҳамин вақт ҷавонзан ба ғоратгар чангол зад, ниқоб аз рӯйи вай канд. Бобо ҷавонзанро як мушт зада афтонд ва ниқобашро аз дасти ӯ гирифта ба рӯяш кашиду аз дӯкон баромада рафт.
Ҷавонзан ба худ омаду аз ҷой хест ва варами рӯяшро молида ба оина нигаристу ғирев кард. Ба ӯ аз ғорат шуданаш кабудии чашмаш бештар алам кард, хориаш омад, акнун дар тантанаҳои солинавӣ чӣ тавр иштирок мекунад, худро бо ороиши беҳтарини дар «Ломбард» буда зиннат медиҳад. Акнун бо ин рӯйи вараму чашми кабуд куҷо меравад?
Ҳазор лаънат, ба Бобои барфӣ, ҳамаи нақшаҳояшро барбод дод! Ӯ ашкрезон ба милитсия телефон кард.
Навбатдори шуъбаи корҳои дохилӣ Сулаймонов, – шунида шуд аз гӯшак.
– Ман аз «Ломбард»-и шаҳр гап мезанам, – базӯр гуфт ӯ. – «Ломбард»-и моро ғорат карданд.
– Худро ба даст гиред, аввал ному насабатонро гӯед.
– Ман Назира Абдуллозода мебошам.
– Ломбардатон дар куҷо ҷой гирифтааст? – пурсид навбатдор.
– Назди даромадгоҳи варзишгоҳи Спартак.
– Акнун чӣ воқеа рӯй доданашро гӯед.
– Ба дӯкон Бобои барфӣ даромаду кордро ба гулӯям гузошта, талаб кард, ки сейфро кушоям, баъди онро кушодан ҷавоҳиротамро гирифту ба кисаи ҷомааш андохт.
– Шумо муқобилият накардед?
– Хостам, вале як мушт зада афтонд…
– Ҳамон ҷо бошед, ҳозир мо расида меравем. Чанд дақиқа пас се корманди милитсия расида омад. Онҳо маҳалли ҳодисаро муоина намуда, аризаю баёноти Назира Абдуллозодаро гирифтанд.
– Шумо гуфтед, ки ниқоби Бобои барфиро кашида гирифтеду рӯяшро дидед, бигӯед, ки вайро пештар дар ягон ҷо дида будед? – пурсид Назираро муфаттиш.
– Не, Боборо надида будам.
– Симои вай бояд дар камера монда бошад, хулоса баровард муфаттиш. Ҳозир мо ҳам андоми вайро мебинем, шояд ягон «шиносатон» бошад.
– Навори видеоиро аз назар гузарониданд. Муфаттиш хоҳиш намуд, ки бори дигар симои Бобои барфиро нишон диҳанд. Чанд маротибаи дигар андоми гумонбарро муоина намудан пас муфаттиш шарикашро пурсид:
– Боборо шинохтӣ?
– Ҳа, – гуфт афсари ҷавон.
– Ман вайро дар шаби торик ҳам мешиносам, охир ӯ қаллоби гузаро
Валӣ седой аст, борҳо суд шудааст, дар қайди мо мебошад.
– Офарин, – таъриф кард ҳамроҳашро муфаттиш, ҳозир тезтар вайро дошта, ҷавоҳироти тилловории бурдаашро мусодира намудан лозим, вагарна фурӯхта ба эҳтиёҷоти худ сарф менамояд. Муфаттиш, ба ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳр оид ба корҳои фаврӣ занг зада, аз рафти тафтиш маълумот дод ва гуфт, ки онҳо ба ҷустуҷӯи Валӣ седой мераванд.
– Офарин, – гуфт муовини сардор. – Ман ҳам ҳозир гуруҳи дигарро ба ҷустуҷӯи вай сафарбар менамоям.
Кори ҷӯяндагон омад кард. Бобои барфӣ либосашро иваз намуда, аз хонааш мебаромад, ки вайро дошта, кисаҳояшро кофтанду ба дасташ завлона заданд, корд ва амволи аз Ломбард ба яғмо бурдаашро қисман аз худаш, боқимондаашро аз манзилаш дарёб намуда, мусодира карданд.
– Ақалан як сол дар озодӣ бе моҷаро зиста натавонистед?- пурсид вайро муфаттиш.
– Одати ба шир омада бо ҷон барояд,- ҷавоб дод вай ва ба гуноҳаш пурра иқрор шуд.

Ромиши Фирдавс

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь