Абдусамад муҳоҷири 28-солаи тоҷик аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мебошад, ки ҳамагӣ дар чор моҳ дар шаҳри Маскави Русия 740 ҳазор рубли русӣ, муодили 124 ҳазор сомонӣ кор кардааст.

Аз мушкилӣ то муваффақият
Абдусамади Маҳмадсаид беш аз 10 сол боз ба Русия меояд ва аз ҳамин ҷо ризқу рӯзии пайвандонашро меёбад: “Солҳои аввал,- мегӯяд ӯ,- кор бароям мушкил буд ва бо азобу машаққати зиёд 50 ҳазор рубли русӣ кор мекардам. Аз чунин кор хаста шудам ва тасмим гирифтам, ки усто шавам ва муваффақ ҳам шудам”.
Ин муҳоҷир гуфт, ки ҳоло дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Москваи Русия кор мекунад ва дар муддати чор моҳи корӣ 740 ҳазор рубли русӣ, яъне 124 ҳазор сомонӣ ба даст овардааст.
“Як сол дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки сардиҳояш тӯлонӣ ва сахт буд, дастонамро сармо зад. Хеле азоб кашидам, вале ҳамааш гузашт. Чанд сол боз дар фасли гармо омада кор мекунаму дар зимистон ба ватан меравам”,- қайд кард номбурда.

“Ният дорам дар ватан дорухонаву мағоза кушоям
Абдусамад дар идомаи суҳбат илова кард, ки ният дорад ками дигар кор карда, дар ватан мағоза ва ё дорухона кушода, дигар ба муҳоҷират наояд.
Ин муҳоҷир соҳиби ду фарзанд аст ва ҳоло ҳамроҳи ду бародари дигараш дар хонаи падараш зиндагӣ дорад. Ӯ ният дорад, ки барои худаш хонаи алоҳида харад.
“Гарчанде маблағи нағз ба даст меорӣ, аммо дурӣ аз ватан, волидон ва  зану фарзанд бароям хело мушкил аст. Агар моҳе дар кишвари худам 3 ҳазор сомонӣ ёбам, дигар асло ба муҳоҷират намеоям”,- афзуд ӯ.

“Чанд каси дигарро соҳиби касб кардам
Ба қавли Абдусамад, баъди кори устоиро омӯхтан, чанд муҳоҷири дигари тоҷикро, ки 12 соат дар сардиҳо ва гармиҳо корҳои сангин мекардаанд, кори устоиро омӯзонидааст ва ҳоло онҳо низ маоши хуб ба даст меоранд.
Бояд гуфт, ки агар ҳар муҳоҷири тоҷик мисли Абдусамад корҳои устоиро ба дигар муҳоҷирони тоҷик омӯзонад, дигар ҷавонони мо азоб накашида, ё камтар заҳмат кашида, маблағи хуб ба даст меоранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
махсус барои ҳафтаномаиФаражаз шаҳри Маскави Федератсияи Русия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь