Имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар кишвари Русия аз соати 8-и субҳ то соати 20-и шаб 12 соат дар шароити сангин кор мекунанд. Ин ҳама ранҷу машаққатро​ онҳо танҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзии аҳли оилаи худ тоқат мекунанд.

“Дурӣ аз ватан мушкил аст,​ аммо чӣ илоҷ”

Хонандаи азиз, мо дар ин матлаби худ оид ба​ ҳайёти якрӯзаи Алӣ Ҳасанов, як муҳоҷири тоҷик, ки чаҳор сол мешавад дур аз ватан, волидону пайвандон, ёру дӯстони худ зиндагӣ дорад, қисса мекунем.
Ӯ зимини суҳбат ба мо гуфт, ки аз​ соли 2019, яъне баъди хатми мактаби миёна аз сабаби паст будани шароити зиндагиашон​ рӯ ба муҳоҷират овардааст.
“Чаҳор сол мешавад, ки дар як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Москваи Русия ба ҳайси сохтимончӣ кор карда истодаам. Ҳар рӯз аз соати 8-и субҳ корро оғоз карда, то соати 20-и шаб дар шароити сангин: дар зимистон​ зери барфу борон, дар тобистон зери офтоби сӯзон кор мекунам”,-илова кард Алӣ Ҳасанов.
Ӯ гуфт, ки “дар як вагон, ки ҳамагӣ​ ду метр паҳноӣ ва шаш метр дарозӣ дорад, 6​ нафар зиндагӣ мекунем ва дар ҳамон ҷо се вақт хӯрок мехӯрем. Шароитамон хеле вазнин аст, аммо аз ночорӣ тоқат карда истодаам, то зану фарзанд ва падару модарам азоб накашанд.
Гоҳо аз тарси оне, ки шабона санҷиш мешавад ва ба хотири ихроҷ нашудан​ дар кӯчаҳо ҳатто зери чаҳор бетон шабамонро рӯз мекунем,​ то дастгирамон накунанд”.

“Қисми​ маошамон барои ҳуҷҷатҳо масраф мешавад”

Номбурда зикр​ кард, ки барои омода кардани ҳуҷҷатҳо аввал 50 ҳазор рубли русӣ,​ баъдан​ ҳар моҳ 6 ҳазор рубл барои патент ва​ ​ ҳар семоҳа боз барои ба қайд гузоштан 5 ҳазор рубл​ масраф мешавад. Ба замми ин ҳангоме, ки​ санҷиш мешавад, дасгир шудӣ, боз 5 ҳазор ҷаримаат мекунанд. Ҳамчунин, барои​ хурду хӯрок​ 10​ ҳазор рубли русии дигар харҷ мешавад.
“Дар як моҳ агар 30 рӯз кор кунӣ, баъд 60 ҳазор рубли русӣ маош мегирӣ ва аз ин ҳамагӣ 35 ҳазораш боқӣ мемонаду халос”, – гуфт ӯ.
Дар ин шаҳр​ иҷораи як хона барои як моҳ бештар аз 30 ҳазор рубли русӣ, муодили​ 5 ҳазор сомонӣ аст, ки муҳоҷирон агар аз вагонҳои бешароит бадар раванду ҳуҷра ё хона иҷора гиранд, дигар наметавонанд ба хонаводаи худ маблағи кофӣ фиристанд.

“Ҳунар бояд омӯхт”

Алӣ Ҳасанов мегӯяд, дар ширкати сохтмоние, ки ӯ кор мекунад, аз Тоҷикистон на кам аз 200 нафар кор карда истодаанд. Миёни онҳо нафароне  мебошанд, ки ҳунар доранд. Онҳо камаш 100 ҳазор рубли русӣ маош мегиранд. Бояд ҳар нафаре, ки ба муҳоҷират меояд, ҳунареро омӯзад ва ё забони русиро каме ҳам бошад, аз худ кунад, то дар мулки ғариб азоб накашад.

PS: хонандаи азиз,​ дар матлаби оянда оид ба дигар паҳлуҳои ҳаёти муҳоҷирони тоҷик қисса хоҳем кард.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, махсус барои рӯзномаиФаражаз шаҳри Москваи Федератсия Россия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь